Моҳи асали Раҳмон дар роҳ аст

Ёддошти Маҳмудхон Бурҳонов

Ҳамон тавр ки бар ҳамагон рӯшан аст, мардуми Тоҷикистон мардуми сиёсӣ нестанд, ва ба иборати дигар, дағдағаҳои сиёсӣ ҳанӯз вориди зиндагии рӯзмарраи мардуми мо нагаштааст. Агар ҳам имрӯз мардуми Тоҷикистон аз ҳукумат норозӣ ҳастанд, ин ба хотири масоили сиёсӣ нест, балки ба хотири масоили иқтисодӣ аст.

Яъне ин норизоятиҳо реша дар масоили иқтисодӣ дорад, ки заминаи иҷтимоъии мухолифат бо Раҳмонро фароҳам намуда ва фақат дар қолиби шиъорҳои сиёсӣ баён шуда истодааст. Бинобар ин, чунин нест, ки яккатозии ҳизби ҳоким ва риёсати дарозмуддати Раҳмон ва ё набудани озодиҳои сиёсӣ ва маданӣ ва хулоса масъалаи диктатура, барои мардум ба андозаи масоили иқтисодӣ ва набудани ҷойи кор ва лимити барқ ва дар як калом таъмини маъишаташон аҳаммият дошта бошад.

Асосан дар як чунин шароити сахти иқтисодӣ дигар фурсате барои пайгирии масоили сиёсӣ боқӣ намемонад ва худ ба худ арзишҳои сиёсӣ ва озодиҳои маданӣ ба масъалаи дуввуминдараҷа таназзул мекунад. Ба қавли маъруф: кӯр аз Худо чӣ мехоҳад? Ду то чашм. Ҳамин тавр шиками гурусна ҳам як бурида нон мехоҳад.

Бинобар ин, агар фурсате барои Раҳмон пеш ояду камтар шароити иқтисодии мардум беҳбуд ёбад, ин норозигии мардум худ ба худ аз байн меравад ва садои мухолиф якшаба ба садои мувофиқ табдил меёбад.

Бо таваҷҷӯҳ ба тағйири ахири сиёсати Ӯзбакистон бо ҳамсоягонаш, ки аллакай таъсири худро дар пружаи нерӯгоҳи Роғун гузошт, метавон ҳадс зад, ки заминаҳои иҷтимоӣ ба нафъи Раҳмон дорад варақ мехӯрад. Он чӣ ин эҳтимолро тақвият мекунад, шароити сиёсии минтақа аст.

Ҳамон тавр ки медонед, яке аз барномаҳои стратегии муҳим барои Русия ин пружаи “иттиҳодияи воҳиди гумрукӣ“ аст, ки ба тозагӣ кишвари Қирғизистон ҳам шомили он гашт. Танҳо баҳона барои шомил нашудани Тоҷикистон ба ин иттиҳодия кишвари Ӯзбакистон буд. Ва ҳоло ки дар Ӯзбакистон афроди наздик ба Кремлин сари кор омадаанд, қоъидатан Ӯзбакистон ҳам ба зудӣ вориди ин иттиҳодия хоҳад шуд.

Албатта ба назар мерасад, ҳукумати Раҳмон чандон майле барои вуруд ба ин иттиҳодияро надорад, чун дар сурати шомил шудан ба он, худ ба худ дар як чорчӯб ва системаи бузургтари гумрукӣ қарор мегирад ва маҷбур аст аз он система пайравӣ кунад. Ва ин масъала дасти ҳукуматро аз хеле даромадҳо ва суистифодаҳои гумрукӣ кӯтоҳ хоҳад кард. Аммо агар Ӯзбакистон вориди ин иттиҳодия бишавад, ҳукумати Раҳмон амалан дигар ҳеч баҳонае барои шомил нашудан нахоҳад дошт.

Ба назар мерасад, то камтар аз як соли оянда Ӯзбакистон вориди ин иттиҳодия бишавад ва пас аз муддате худ ба худ Тоҷикистон ҳам ба он дохил мешавад. Дар ин сурат он девори оҳанине, ки солҳои сол мардуми Тоҷикистону Ӯзбакистонро аз ҳам ҷудо карда ва монеъи рафту омади хешутаборӣ шуда буд, аз миён бардошта мешавад ва ҳамчунин бузургтарин монеъи транзитии Тоҷикистон ҳам аз сари роҳаш гирифта мешавад.

Ин аз як тараф ва аз тарафи дигар, ҳамон тавре ки зикр шуд, бо эҳдоси нерӯгоҳи Роғун зарфи чанд соли оянда эҳтимолан мушкили бебарқии мардум ҳам ҳалли худро меёбад. Вақте мушкили барқи мардум ҳал гардад ва заминаҳои фаъолияти иқтисодӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва куллан ҳамаи аъзои ин иттиҳодияи гумрукӣ фароҳам гардид, ба таври худкор заминаҳои иҷтимоии ризояти мардум ҳам аз режими Раҳмон ба вуҷуд меояд.

Чӣ хеле ки дар боло гуфта шуд, озодиҳои сиёсиву маданӣ ва арзишҳои демократӣ ҳанӯз дар қомуси зиндагии мардуми мо ба таври бояду шояд ҷойи худро пайдо накардааст. Ва ин яъне “моҳи асали Раҳмон.”

Агар имрӯз мардум камубеш бо мухолифини режим ҳамсадо ҳастанд ва гурӯҳҳои мухолифи сиёсӣ нисбатан аз пойгоҳи мардумӣ бархӯрдор мебошанд, бояд инро хеле-хеле ғанимат бишуморанд. Зеро агар имрӯз мухолифин ибтикори амалро ба даст нагиранд ва ҳамакнун барои бедории сиёсии мардум коре накунанд, фардо қатъан дер хоҳад шуд ва бе ҳеч шакку тардид пойгоҳи имрӯзаи мардумиро аз даст хоҳанд дод.

Ба назар мерасад, муҳимтарин рисолати гурӯҳҳои мухолиф имрӯз эҷоди иртиботи мустақим бо мардуми дохили кишвар ва савқ додани зеҳни мардум ба самти решаи мушкилот ва дамидани руҳи озодихоҳӣ дар баданаи ҷомеъа аст.

Имрӯз, ки мардум ба хотири мушкилоти иқтисодӣ ва шиками гурусна, аз дасти ин ҳукумат ба дод омадаанд, мешавад аз фазои хафақони сиёсӣ ва диктатура ҳам бо онҳо сухан кард ва руҳияи озодихоҳии онҳоро бедор намуд. Вале он гоҳ ки каме шароити иқтисодӣ беҳбуд ёбад ва шиками мардум сер гардад, шӯълаи эътирозу интиқоди мардум фурӯкаш мекунад, дар натиҷа дигар заминае барои бедории сиёсӣ дар мардум боқӣ нахоҳад монд.



Рубрики:Таҳлилот, Ҷомеа

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: