Нерӯҳои ироқӣ сохтмони телевизиюни давлатӣ дар Мавсилро ба контроли худ дароварданд

Сохтмони телевизиюни давлатии Ироқ дар соҳили чапи Мавсил ба контроли нерӯҳои ироқӣ даромад.

Ба гузориши хабаргузории Associated Press, нерӯҳои ироқӣ сохтмони телевизиюни давлатӣ дар соҳили чапи Мавсилро ба контроли худ дароварданд.

Телевизиюни Ироқ имрӯз ҳамчунин аз вуруди нерӯҳои ироқӣ ба рустои Кукҷалӣ дар муҷовирати аввалин маҳаллаҳои шарқии Мавсил хабар дод.

Абдулғанӣ Асадӣ, фармондеҳи мубориза бо теруризми Ироқ, субҳи имрӯз гуфт, ки тайи соатҳои оянда, аввалин манотиқи соҳили чапи Мавсил озод хоҳанд шуд.

Артиши Ироқ рӯзи гузашта аз оғози амалиёти низомии густардае барои озодсозии соҳили чапи Мавсил аз се меҳвар хабар дод ва нерӯҳои мубориза бо теруризми Ироқ рӯзи гузашта муваффақ шуданд рустои Базвоия дар меҳвари шарқии соҳили чапи Мавсилро аз чанги теруристҳо озод кунанд.

Ҳайдар ал-Ибодӣ, нахуствазири Ироқ, бомдоди душанбе (31 октябр) аз оғози амалиёти озодсозии шаҳри Мавсил аз чанги гурӯҳи ДОЪИШ хабар дод.

Нерӯҳои ироқӣ шомили нерӯҳои артиш, пулиси федерол ва довталаби мардумӣ ва Пешмарга, аз оғози амалиёти озодсозии Мавсил то кунун садҳо километри мураббаъ ва даҳҳо русторо аз чанги теруристҳои ДОЪИШ озод карданд ва ба маркази ин шаҳр наздик шудаанд.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: