Ба хотири “таҳқир” ё “интиқод”?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Яке аз номаъқултарини қавонине, ки давлатмардони баъзе аз кишварҳо дар қонуни ҷиноӣ (кодекси ҷиноӣ)-и худ ҷой додаанд, ин қонуни муҷозоти афроде аст, ки раисиҷумҳур ё подшоҳ ва ё ҳокими кишвари худро таҳқир ва тавҳин бикунанд. Аммо чаро якчунин қонуне номаъқул ва лағв аст?!

Бо таваҷҷӯҳ бо чанд нукта, ки дар зайл хоҳам овард, номаъқул ва лағв (беҳуда) будани инчунин қонуне, мисли хуршед барои ҳар инсони оқиле рӯшан мешавад:

1. Нуктаи аввал ин ки: “таҳқир” дар луғат ба маънои “хурд ва хор доштани чизе” ва “хурд ва ҳақир шумурдани касе” омадааст. (Луғатномаи Деҳхудо, вожаи таҳқир). Ин хӯй ва хислат, ки касеро ҳақир шуморед ва хораш бикунед, сарфи назар аз ин ки барои соҳибаш муҷозот муқаррар шуда бошад ё на, як хӯйи паст ва нописанд ва зишт аст ва соҳибаш инсоне бадахлоқ ба шумор меояд. Аз ин рӯ, таҳқири ҳар касе, чӣ ҳоким ва раисиҷумҳур бошад ва ё як одами оддӣ, амале накӯҳида ва нописанд аст.

2. Нуктаи дуввум ин ки: бо таваҷҷӯҳ ба зишт ва нописанд будани таҳқир ва тавҳин, дар қонуни ҷиноии тамоми кишварҳои ҷаҳон, чӣ шарқияш ва чӣ ғарбии он, асле ҳаст, ки бар мабнои он, таҳқиркунанда бояд муҷозот бишавад. Масалан, агар шумо Худой нокарда касеро таҳқир кунед ва ӯ аз болои шумо ба додгоҳ шикоят бибарад, дар ин сурат, додгоҳ метавонад шуморо маҳкум кунад; ё масалан шуморо ба чанд сол зиндон маҳкум намояд ва ё ҷарима бибандад ва ғайра. Ва фарқе ҳам надорад, ки таҳқиршаванда чӣ касе ва чӣ мақоме дорад, раисиҷумҳур аст, як чӯпон аст, як муаллим аст, хулоса фарқе намекунад.

3. Ҳол, вақте як қонуни омм мубтанӣ бар муҷозоти ҳар таҳқиркунандае вуҷуд дошта ва бар асоси ҳамин қонуни омм, расиҷумҳур битавонад аз болои касе ки ӯро таҳқир мекунад ба додгоҳ шикоят бибарад ва ӯ муҷозот бишавад, хуб, дар ин сурат, чӣ ниёзе ҳаст, ки қонунгузорони як кишвар қонуне ҷудогона дар мавриди муҷозоти касоне, ки раисиҷумҳур ва ҳокимро таҳқир мекунанд қабул намоянд?

Оё ин як кори лағв ва беҳуда ва номаъқул нест?

* * *

Бинобар ин, маънои тасвиби инчунин қонуни беҳудае дар як кишвар, аз ду ҳол хориҷ нест: ё ин ки давлатмардони он кишвар ба сурати зимни пазруфтаанд, ки таҳқири ҳар шаҳрванде ба ҷуз раисиҷумҳур ҷоиз аст; вагарна бо вуҷуди қонуни омм ва фарогир, чӣ ниёзе ба қабули қонуне ба ҳамон мазмун вуҷуд дошт? Ва ё ин ки ҳадаф аз тасвиби инчунин қонуне, муқаррар кардани муҷозот аз барои “таҳқир” нест, балки зери унвони “таҳқир” як маънои дигаре нуҳуфтааст, ки аз барои соири шаҳрвандон “ҳалол”, аммо аз барои ҳоким ва ё раисиҷумҳур “ҳаром” аст.

Ва аммо ин амали “ҳаром”, чизе ҷуз “интиқод” нест, на “таҳқир”. Инки порлумони Тоҷикистон чунин қонунеро тасвиб карда ва имрӯз ба имзои раисиҷумҳур ҳам расидааст, дақиқан дарбардорандаи ҳамин маъност. Яъне, аз ин ба баъд ҳар навъ интиқод аз раисиҷумҳур – ки “Пешвои миллат” ҳам шумурда мешавад – номи “таҳқир” ба худ гирифта ва интиқодкунанда ба 5 сол зиндон маҳкум хоҳад шуд.

Якчунин қонуни номаъқул агар дар қонуни ҷиноии ҳар кишваре ҷой дошта бошад, манзури давлатмардони он кишвар ҳаргиз ва абадан “таҳқир” нест, балки интиқод аст, чӣ он кишвар унвони демукросӣ дошта бошад ва ё исломӣ. Ва ин дар ҳолест, ки дар ислом ҳаргиз аз интиқод манъ нашудааст, балки он чӣ мавриди наҳй аст, таҳқир ва тавҳин аст. Ҳазрати Алӣ (а) дар замони хилофаташ хитоб ба мардум мефармояд:

فَلاَ تُكَلِّمُونِي بَمَا تُكَلَّمُ بِهِ الْجَبَابِرَةُ، وَلا تَتَحَفَّظُوا مِنِّي بِمَا يُتَحَفَّظُ بِهِ عِنْدَ أَهْلِ الْبَادِرَةِ وَلاَ تُخَالِطُونِي بالْمُصَانَعَةِ، وَلاَ تَظُنّوا بِيَ اسْتِثْقَالاً فِي حَقّ قِيلَ لِي، وَلاَ الْاتمَاسَ إِعْظَام لِنَفْسِي، فَإِنَّهُ مَنِ اسْتَثْقَلَ الْحَقَّ أَنْ يُقَالَ لَهُ أَوْ الْعَدْلَ أَنْ يُعْرَضَ عَلَيْهِ، كَانَ الْعَمَلُ بِهِمَا أَثْقَلَ عَلَيْهِ. فَلاَ تَكُفُّوا عَنْ مَقَال بِحَقّ، أَوْ مَشُورَة بِعَدْل، فَإِنِّي لَسْتُ فِي نَفْسِي بِفَوْقِ أَنْ أُخْطِىءَ، وَلاَ آمَنُ ذلِكَ مِنْ فِعْلِي، إِلاَّ أَنْ يَكْفِيَ اللهُ

Бо ман чунон ки бо подшоҳони саркаш сухан мегӯянд ҳарф назанед. Ва чунон ки аз одамҳои хашмгин канора мегиранд дурӣ наҷӯед. Ва бо зоҳирсозӣ ва тамаллуқ бо ман рафтор накунед. Ва гумон мабаред, ки агар ҳаққе ба ман пешниҳод диҳед, бар ман гарон ояд, ё дар пайи бузург нишон додани хешам. Зеро касе ки шунидани ҳақ ё арза шудани адолат бар ӯ мушкил бошад, амал кардан ба он барои ӯ душвортар хоҳад буд. Пас, аз гуфтани ҳақ ё машварат дар адолат худдорӣ накунед. Зеро худро бартар аз он, ки иштибоҳ кунам ва аз он эман бошам намедонам, магар он ки Худованд маро ҳифз фармояд…” (Наҳҷул-балоға, хутбаи 217)



Рубрики:Нақду назар, Наҳҷул-балоға, Таҳлилот

Метки: , , , , ,

1 reply

  1. Kасе ки шунидани ҳақ ё арза шудани адолат бар ӯ мушкил бошад, амал кардан ба он барои ӯ душвортар хоҳад буд.

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: