Оё сабаби қатъи фаъолияти ин ҳафтанома “Президлент” буд?

Ду рӯз пеш дар хабаре омада буд, ҳафтаномаи мустақилли “Нигоҳ” ба далели як иштибоҳи бисёр кучак нашраш муваққатан мутаваққиф шуда, аммо имрӯз Созмони иҷтимоии “ИНДЕМ” – бунёдгузор ва ҳомии ин ҳафтанома, дар баёнияе, бо ибрози таассуф хотирнишон карда, ки маҷбур аст нашри ҳафтаномаро “бино ба адами мавҷудияти шароити лозим қатъ намояд.”

Дар торихи 31 октябри соли ҷорӣ, яъне ду се рӯз пеш, сойти Payom, бо баёни ин ки “ҳарчанд то ҳол дастандаркорони ин нашрия (“Нигоҳ”) расман сабаби онро шарҳ надодаанд, аммо як манбаъ гуфт, “Нигоҳ” дар чопи як калима ба хатои кучаке роҳ додааст, яъне як ҳарф изофа рафтааст” навишт: “Он хато дар калимаи “Президент” буда, як ҳарф изофа гардидаву “Президлент” шудааст. Вазорати фарҳанг дар бораи ин, ки барои хатои ду ҳафта қабл чаро шумораи навро аз чоп боз медорад, чизе нагуфтааст.”

Дар баёнияи имрӯзи Созмони “ИНДЕМ” – ки дар хабаргузории Tojnews омада – гуфта шудааст: “Раёсати Созмони иҷтимоии “ИНДЕМ” – бунёдгузори ҳафтаномаи иттилоотиву таҳлилии “Нигоҳ” бо таассуф изҳор медорад, ки нашри ҳафтаномаро маҷбур аст, бино ба адами мавҷудияти шароити лозим, қатъ намояд.”

Машрӯҳи ин баёния ба нақл аз ин хабаргузорӣ ба шарҳи зерин аст:

Даҳ сол, аз моҳи декабри соли 2006 “Нигоҳ” ба унвони як нашрияи миллӣ, ки ҳадаф аз таъсиси он — эҷоди манбаъи мустақили иттилоъот ва таҳлил барои одамони фаъол буд, дар хидмати ҷомеа буд ва рисолати хешро пеш мебурд.

Нашрияи “Нигоҳ” талоше буд, ки бо шеваю усулҳои муҷоз, муҳимтарин масоили сарнавиштсозро мавриди баррасӣ қарор медод. Бунёдгузор ва аҳли қалами нашрия ҳаргиз ба масоили мубрами зиндагии мардум ва андешаҳои миллӣ бетафовут набудаанд.

Мо вазифаи инсонӣ ва миллии худ медонистем, ки ин гуна фаъолият дошта бошем. Ба мардум иттилоъи дақиқ расонем, таҳлилҳои дорои бурҳон ва далелҳои боварибахш пешниҳод намоем. Маъмулан хунсардона, гоҳо бо эҳсоси дард ва гоҳо бо ифтихор, баъзан ба нармиву баъзан огоҳона бо тундӣ, вале ҳамеша бо мантиқ ва эҳтиром ба хонанда аз имрӯзу ояндаи миллати дерина ва сахтҷони тоҷик менавиштем.

Кӯшиш менамудем, ки воқеияти зиндагии кунунии мардум ва вазъи кишвари азизамонро огоҳона ва ба дурустӣ ба мардум бирасонем. Дар давоми фаъолият борҳо бо мушкилоти мухталиф рӯ ба рӯ мешудем, вале ҳама сахтиҳоро таҳаммул мекардем, то нашрия фаъолияти хешро идома бидиҳад. Масоили иҷтимоию иқтисодӣ, вазъи сиёсӣ ва фарҳангӣ, аҳволи мардуми кишвар дар чунин вазъият ҳамеша меҳвари аслии матолиби таҳлилии нашрияи мо будааст.

Мо талош менамудем, аз як сӯй беҳтарин ойинҳо ва суннатҳои хабарнигорӣ ва рӯзноманигории миллиро нигаҳ дорем ва аз сӯи дигар посухгӯ ба ниёзҳои кунунии ҷомеа ва мардуми кишварамон бошем ва аз абзорҳои кунунии журналистикаи муосир дуруст истифода кунем.

Барои мо бешакк мактаби устод Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров ва устод Улуғзодаю Отахон Латифӣ ва дигарон нуқтаи муҳиме буд, ки бо такя ба таҷриба ва арзишҳои он, хостем дар пешрафти кишвари азизамон саҳм дошта бошем. Умедворем ,ки то ҳадде гомҳои муассир дар ин роҳ бардошта бошем.

Ҳарчанд барои таърих даҳ соли фаъолият чандон дарозе нест, боз ҳам тақрибан ними умри давлатдории навинамон аст.

Роҳе ки мо тай кардем роҳи осон набуд, пастию баландиҳои зиёде дошт. Вале вақте ба гузаштаамон назар меандозем, гоҳо ифтихор мекунем, ки “Нигоҳ” ва дастандаркорони он ин роҳи борикро беҳуда напаймудаанд.

Соҳибмансабон ва ниҳодҳои вежа борҳо кӯшиш ба харҷ доданд, то ба сиёсати нашрия дахолат кунанд. Манофеъи шахсии хеш ё ҳаммаслаконашонро тавасути ин ҳафтанома таблиғ намоянд, ё ашхос ва ниҳодеро сияҳном кунанд, вале мо ҳаргиз ба худ иҷоза надодем, ки он чӣ хилофи инсоф, адолат, қонун ва манофеи миллии мо бошад, ба чоп бирасонем.

Зеро барои мо садоқат ба арзишҳои инсонӣ, таъмини авлавияти қонун, ҳифзи манофеи ҷомеа ва давлатдории миллии тоҷикон вазифаҳои муқаддас мебошанд.

Бунёдгузор ҳифзи ҳуқуқи инсон ва рушди матбуоти тоҷикро аз рисолатҳои худ дониста, зиёни моддӣ аз чопи нашрияро ҷуброн мекард. Рискҳои гуногунеро таҳаммул менамуд, вале манофеи ҷомеаро болотар медонист. Хидмат ба Ватану Миллат барои мо ҳамин буд.

Ҳамакнун, ки шароит барои табъу нашри як ҳафтаномаи мустақил мавҷуд нест, бунёдгузори нашрия ва аҳли эҷоди он тасмим гирифтанд, чопи онро қатъ кунанд.

Ин тасмим барои мо, бисёр ҷиддӣ ва басо душвор аст. Зеро марбут ба умеду интизориҳои ҳазорҳо хонанда, кормандон ва муаллифони нашрия мебошад.

Бо сипос аз ҳамаи онҳое, ки ин муддат бо мо буданд, заҳмати аҳли қалами “Нигоҳ” буданро доштанд, замоне онро раҳбарӣ мекарданд, дар ҳамоишу идораҳо аз ин тарҳи барои миллату ҷомеа муҳимм ошкору ниҳон пуштибонӣ мекарданд, гӯшаву бахш, сиёсати иттилоотӣ ё фаъолияти идораи нашрияро мавриди таҳқиқи илмиву назариявӣ қарор медоданд, мунтазам ё гоҳе рӯзнома мехариданд, огоҳ мекунем, ки шароити таҳия ва нашри “Нигоҳ” дигар мавҷуд намебошад.”

Реклама


Рубрики:Пароканда, Ҷомеа

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: