Шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия (2)

Худо зотест ягона

Матни китоб:

نقول في توحيد الله معتقدين بتوفيق الله: إن الله واحد

* * *

Тарҷумаи матн:

(Имом Таҳовӣ (Раҳматуллоҳи алайҳи) гӯяд:) Дар бораи тавҳиди Худо (1) дар ҳоле ки мӯътақидем ба он, ба тавфиқи илоҳӣ мегӯем: Худо воҳид аст…

* * *

Шарҳ:

Чаро баҳсро аз тавҳид шурӯъ карда?

Одатан уламои муосир агар китобе дар заминаи ақоид ба нигориш дароваранд, аввалин матлабе, ки ба он мепардозанд, исботи вуҷуди Худои Субҳон аст аз тариқи далелҳои мӯътабар. Аммо чунин равишеро назди бисёре аз уламои қадим намебинем. Онҳо баҳси ақоидии хешро бо “тавҳиди Худо” шурӯъ мекунанд; гӯӣ ин ки масъалаи вуҷуди Худо дар наздашон, як масъалаи мусаллам буда ва ниёзе ба пардохтан ба он намедидаанд. Чаро?

Бархе мӯътақиданд, уламои пешин дар ин равиш, аз Қуръони Карим пайравӣ кардаанд, зеро ба назари эшон, Қуръони Карим дар ҳеч сура ва ҳатто ҳеч ояте бевосита барои исботи вуҷуди Худои Субҳон истидлол накардааст. (2) Ва ҳатто оятҳое ҳам, ки гоҳе ба онҳо барои исботи вуҷуди Худо истидлол мешавад, агар дар онҳо нек диққат ба амал ояд, маълум мегардад, ки он оятҳо бе восита дар садади исботи тавҳиди Худои Субҳон ҳастанд, ҳарчанд бо восита метавон аз онҳо дар масъалаи исботи вуҷуди Худо низ истифода намуд.

Рози ин масъала дар он аст, ки бовар ба вуҷуди Худо, аз масоили фитрист ва ҳар касе бо фитрати беолоиши худ Худоро меёбад ва ниёзе нест барои вуҷуди ӯ далелу бурҳон иқома кунем. Аз ин рӯст, ки ҳангоме ки ба торихи гузаштаи башар муроҷеъа мекунем, мебинем эътиқод ба Худо дар тамоми давронҳои гузашта, ҳатто дар он рӯзҳое, ки башар ба сурати нимаваҳшӣ зиндагӣ мекард ва бо фарҳангу омӯзиш сару коре надошт, вуҷуд доштааст. Албатта, гоҳе дар ташхиси Худо дучори иштибоҳ мешуданд, масалан хуршед ва ё бархе аз ситорагон ва ё мавҷудоти заминиро Худо мепиндоштанд, аммо асли эътиқод ба офаридгор ва Худоро доштанд.

Ба ҳамин хотир аст, ки оятҳои қуръонӣ омадааст то ваҳдоният ва ягонагии Худоро исбот намояд, на асли вуҷуди Худоро. Худо дар Қуръони Карим аз забони паёмбарон хитоб ба мушрикон мефармояд:

Оё дар вуҷуди Худо, ки офаринандаи осмонҳо ва замин аст шакке ҳаст?” (3)

Ва дар ҷойе дигар мефармояд:

(Эй Расули Мо!) Мушриконро бигӯ: Кист, ки аз осмон ва замин ба шумо рӯзӣ медиҳад?! Ва кист, ки молики гӯшу чашмон аст?! Ва кист, ки зиндаро аз мурда берун ва мурдаро аз зинда хориҷ месозад?! Ва кист, ки тадбири кори олам мекунад?! Он гоҳ (мушрикон) хоҳанд гуфт, ки Худост (ки чунин мекунад). Ба онҳо бигӯ, ки пас чаро аз Худо наметарсед?!” (4)

Мулоҳиза мекунед, ки мушрикон мӯътақид буданд, ки офаридгоре ҳаст ва ӯст, ки тадбири умури олам ба дасти ӯст, вале мушкиле, ки доштанд, дар масъалаи тавҳид ва ягонагии Худо буд.

Аммо чун дар гузари торих касоне пайдо мешуданд, ки ба хотири бархе аз шубаҳот, ба асли вуҷуди Худо тардид раво дида ва он шубаҳотро барои оммаи мардум матраҳ мекарданд ва гоҳе ҳам чунин мешуд, ки ин шубҳаҳо баъзе аз заъифуннафсҳоро таҳти таъсир қарор медод, ба ҳамин ҷиҳат, уламо бо кӯмак аз далелҳои ақлӣ, ба исботи вуҷуди Худо мепардохтанд.

Ва бо таваҷҷӯҳ ба ин ки дар ду се асри ахир бединон, хусусан дар ғарб, бо чанг задан ба пиндорҳои пуч ва беасос, вале дар зоҳир пурранг, бар зидди диндорӣ ва диндорон бархоста ва бо сар додани шиорҳое чун “Дин афюни халқ аст!”, иқдом ба маҳви дин ва ба хусус шубҳаафканӣ дар мавриди асли вуҷуди Худо пардохтанд, баҷо буд, ки уламои мо даст ба кор шаванд ва бо ниҳояти саъйу талош, ба радди чунин пиндорҳо ва посух ба шубаҳот камар банданд. Ба ҳамин сабаб будааст, ки уламои муосир дар китобҳои ақоидии хеш, ибтидо ба далелҳои исботи вуҷуди Худо пардохтаанд.

Нигоранда низ дар як китоби мустақилле ба номи «Ин аст дини Ислом«, баҳси муфассале дар заминаи роҳҳои исботи вуҷуди Худо намудаам, бинобар ин, хонандагони азиз барои ошноӣ метавонанд ба он китоб муроҷеа кунанд.

Ва аммо далел бар ягонагии Худо

Донишмандони исломӣ далелҳои ақлии зиёде бар ягонагии Худованд зикр карданд. Мо аз миёни онҳо, фақат ба зикри як далел, ки Қуръони Карим низ ба ишора кардааст, басанда мекунем:

Ва он ин ки: мо дар ҳастӣ низоми воҳидеро ҳукмфармо мебинем; низоме, ки дар ҳамаи ҷиҳот ҳамоҳанг аст. Ин ҳамоҳангӣ аз ин ҳикоят мекунад, ки аз мабдаъи воҳиде сарчашма гирифтааст; чаро ки агар мабдаъҳо мутаъаддид буд ва иродаҳо мухталиф, ин ҳамоҳангӣ ҳаргиз вуҷуд надошт.

Мо агар каме аҳли таҳқиқу мутолеа бошем, аз баррасии як китоби содда ба хубӣ метавонем бифаҳмем, ки оё онро як нафар навиштааст ё чанд нафар? Китобе, ки таълифи як нафар аст, шумо ҳамоҳангии махсусе миёни иборатҳо, ҷумлабандиҳо, таъбирҳои мухталиф ва тарзи вуруду хуруҷ дар баҳсҳоро мебинед, ба гунае ки тамоми қисматҳояш якпорча ва ҳамсадост; чаро ки зоидаи як фикр ва таровуши як қалам аст.

Аммо агар ду ё чанд нафар ҳар кадом таълифи бахше аз онро бар ӯҳда гирад, боз дар аъмоқи иборот ва алфоз ва тарзи баҳсҳо, осори ин дугонагӣ ва чандгонагӣ намоён аст.

Китоби бузурги олами офариниш, ки азаматаш ба қадрест, ки мо бо тамоми вуҷудамон дар лобалои иборатҳояш гум мешавем низ машмули ҳамин қонун аст.

Дуруст аст, ки мо ҳатто дар тамоми умр наметавонем тамоми ин китобро мутолеа кунем, аммо ба ҳамин андоза, ки тавфиқи мутолеаи низоми офариниши ҷаҳон насиби мо шудааст, он чунон ҳамоҳангӣ дорад, ки аз ваҳдати муаллиф ба хубӣ ҳикоят мекунад. Мо ҳар чӣ ин китоби аҷибро варақ мезанем, дар ҳамаҷо осори як назми олӣ ва ҳамоҳангии ғайри қобили тавсиф дар миёни калимот ва сутур ва сафаҳоташ намоён аст.

Агар дар идораи ин ҷаҳон иродаҳо ва мабдаъҳои мутаъаддиде дахолат дошт, ин ҳамоҳангӣ имконпазир набуд.

Кӯтоҳи сухан ин ки: агар дар ҳастӣ ду Худо ва ё бештар мебуд, мебоист дар идора ва тадбири олам ду ирода ва ду машият ва ё бештар дахолат дошт ва ҳамаи он машиятҳо дар корҳои олам муассир мебуд ва он гоҳ низоми ҳастӣ ба табоҳӣ кашида мешуд.

Қуръони Карим мефармояд:

لَوْ كَانَ فِيهِمَا آلِهَةٌ إِلَّا اللَّهُ لَفَسَدَتَا

Агар худоёни мутаъаддид (якчандто) ғайр аз зоти ягонаи Ӯ вуҷуд медошт, осмон ва замин табоҳ шуда буданд.” (5)

Идома дорад

* * *

Поварақӣ:

(1) Тавҳид, яъне шинохтани зоти Ҳақ ба ягонагӣ ва ин ки ҷаҳон ва тамоми падидаҳои он кори ӯ ва бархоста аз иродаи ӯст ва ҳам дар ҷиҳати парастиш фақат ва фақат Худоро парастиш кардан.

(2) Истидлол кардан, яъне далел овардан барои исботи матлабе.

(3) Сураи Иброҳим, ояти 10.

(4) Сураи Юнус, ояти 31.

(5) Сураи Анбиё, ояти 22.

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия



Рубрики:Ақоиди исломӣ, Ислом

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: