Шарҳи Маснавӣ (137)

Ҳам дар баёни макри харгӯш (6)

* * *

Он зи тезӣ мустамиршакл омадаст,

Чун шарар, к-иш тез ҷунбонӣ ба даст.

Мисол барои матлаби пешин: агар пораи оташеро дар дасти худ бо шитоб бигардонӣ, хоҳӣ дид, ки як доираи муттасил аз оташ падид меояд. (Дар ҳоле ки оташгардон доираи муттасили оташин нест, балки суръат ва таъоқуби ҳаракат сабаб шуда, ки мо онро ба сурати доирае оташин бибинем.)

Нукта: Дар қисмате аз ояти 88 сураи Намл омадааст:

وَتَرَى الْجِبَالَ تَحْسَبُهَا جَامِدَةً وَهِيَ تَمُرُّ مَرَّ السَّحَابِ

Ту кӯҳҳоро бинӣ ва гумон дорӣ, ки истода ва рокиданд, ҳол он ки онҳо ҳамчун абрҳои гузарон дар ҳаракатанд...”

Шохи оташро биҷунбонӣ ба соз,

Дар назар оташ нумояд бас дароз.

Мисоли дигар: агар шохаеро, ки сараш оташ гирифта бо суръат ҳаракат диҳӣ, ба сурати хатти мумтадди оташин ҷилва мекунад.

Ин дарозимуддат аз тезийи сунъ,

Менумояд суръатангезийи сунъ.

Ин байт дар ҷавоби суоле муқаддар аст. Гӯё касе мепурсад: ё ҳазрати Мавлоно! Чӣ гуна мумкин аст умри одамӣ як лаҳза ва муддати дунё соате бошад? Дар ҳоле ки ин ҳама айём ва моҳҳо ва солҳои тӯлонӣ сипарӣ мешавад? Ҷавоб: ин дарозии муддат, нисбат ба инсон аст, ки ба ҳақиқати амр воқиф нест. Ҳазрати Ҳақ ба иқтизои исми “Сареъ” суръатангезӣ мекунад ва дар натиҷа як нафасро замоне тӯлонӣ ва як лаҳзаро чандин ҳазор рӯз нишон медиҳад. (Шарҳи Кабири Анқуравӣ, ҷ.2, с.493)

Нукта: Ҳазрати Ҳақ дар ояти 77 сураи Наҳл мефармояд:

 وَمَا أَمْرُ السَّاعَةِ إِلاَّ كَلَمْحِ الْبَصَرِ أَوْ هُوَ أَقْرَبُ

Ва кори соати қиёмат нест, магар ба андозаи чашм баҳам задан ё (ҳатто) кӯтоҳтар аз он…

Толиби ин сирр агар алломаест,

Нак Ҳусомуддин, ки соминомаест.

Ин ҳақоиқ ва асрорро наметавон бо улуми иктисобӣ ва қилу қол дарёфт, балки бояд ҷӯяндагони ин асрор бираванд ва аз вуҷуди шарифи Ҳусомуддини Чалабӣ, ки дар воқеъ нусхаи волои илоҳист он ҳақоиқ ва асрорро дарёбанд.

Нукта: Мавлоно ин фасли пурнуктаро, ки дарбардорандаи нағзтарин матолиби ирфонӣ ва ақлӣ аст, бо номи муриди худ Ҳусомуддин ба поён овардааст, то дараҷаи волои ӯро ба толибони асрор ва соликони атвор нишон диҳад. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.390)

* * *

Омадани харгӯш назди шер ва хашми шер бар вай

* * *

Шер андар оташу дар хашму шӯр,

Дид, к-он харгӯш меояд зи дур.

Шер аз гуруснагӣ ва аз таъхири харгӯш, дар оташи хашм фурӯ рафта буд, ки ногаҳон дид, он харгӯш аз дур меояд.

Медавад бедаҳшату густох ӯ,

Хашмгину тунду тезу туршрӯ.

Вале он харгӯш бидуни ҳеч гуна тарс, дар камоли густохӣ медавид. Ва дар айни ҳол, хашмгин ва парешонҳол буд.

Даҳшат: тарс ва дағдаға.

К-аз шикаста омадан тӯҳмат бувад

В-аз далерӣ дафъи ҳар райбат бувад.

Зеро бо ҳолати нигаронӣ ва тарс омадан, нишондиҳандаи эҳтимоли тақсир ва гуноҳи шахс аст. Вале бо ҳолати густохӣ ва бебокӣ омадан, ҳар гуна шакку иттиҳомеро аз одамӣ мезудояд.

Шикаста омадан: маҷозан ба маънои нигарон ва тарсон омадан аст. Райбат: шакке тардид.

Чун расид ӯ пештар наздики саф,

Бонг барзад шер: ҳон, эй нохалаф!

Ман, ки говонро зи ҳам бидридаам,

Ман, ки гӯши пили нар молидаам.

Нимхаргӯше кӣ бошад, ки чунин

Амри моро афканад ӯ бар замин?

Ҳамин ки харгӯш ба остонаи шер наздик шуд, шер фарёд зад: ҳон, номарди нохалаф! Мане, ки говҳои қавиҳайкалро поре-пора кардаам, ва мане, ки филони нари нерӯмандро мағлуб кардаам ва онҳоро гӯшмолӣ додаам, харгӯше хурдандом кист, ки фармони маро итоат накунад?

Сафф: манзур “саффи ниъол” аст, яъне маҳалли кафшкунӣ, остонаи маҷлис. Гӯш молидан: киноя аз таъдиб кардан.

Тарки хобу ғафлати харгӯш кун,

Ғурраи ин шер, эй хар, гӯш кун.

Эй ғофил! Хоби харгӯширо раҳо кун! Ва эй хар! Ғурришу хурӯши ин шерро бишнав!

Нукта: Маъруф аст, ки харгӯш дар ҳолати хоб чашмонаш боз мемонад ва ҳар кас ӯро бибинад, гумон медорад, ки ин ҳайвон бедор аст, дар ҳоле ки хобидааст ва аз худаш ғофил. Бисёре аз одамиён низ ба зоҳир бедоранд, зеро чашмонашон боз аст, вале дар ҳақиқат ғофиланд ва дар хоб. Аз ин рӯ, ба хоби харгӯшӣ таъбир кардаанд. (Шарҳи Кабири Анқуравӣ, ҷ.2, с.496)

Идома дорад



Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: