Ардуғон: “Ҷаҳонисозӣ шакли ҷадиди истеъмор аст”

Раисиҷумҳури Туркия ҷаҳонисозиро шакли ҷадиди истеъмор ва бардадории навин донист ва таъкид кард, ки Туркия ва Офриқо ҳаргиз иҷоза намедиҳанд мустаъмара шаванд.

Ба гузориши сойти хабарии Habertürk, Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия, дар нишасти “Ҳамкориҳои иқтисодии Туркия ва Офриқо” дар Истонбул, аз ғарб ба далели сиёсатҳои истеъморгароёнааш дар Ховари Миёна ва Офриқо интиқод кард ва гуфт: “Аз назари ман, ҷаҳонисозӣ шеваи ҷадиди истеъморгарӣ ва бардадории навин аст. Туркия ва Офриқо ҳаргиз иҷоза нахоҳанд дод ба як мустаъмара ва ё шаҳрванди дараҷаи ду табдил шаванд. Дӯстони офриқоии мо бо шуҷоат ва равшангарии раҳбароне чун Лумумбо, Кенёто ва Мондело ба ҷойгоҳи имрӯзи худ расидаанд.”

Вай тасреҳ кард: “Ғарб аз бӯҳронҳои инсонӣ ба унвони абзори истисмор истифода мекунад.”

Ардуғон бо ишора ба иқдомоти урупоиҳо дар қиболи паноҳҷӯён гуфт: “Ин иқдомот аз рӯйи самимият анҷом намегирад. Адолат ин гуна наметавонад барқарор шавад. Мо ба онҳо, ки худ дар баробари имтиҳони бӯҳрони инсонии Сурия мардуд шудаанд, ҳаргиз иҷоза нахоҳем дод ба мо дарс бидиҳанд. Дар ҳоли ҳозир мудели ҷадиди истисмор дар ҷаҳон дар ҳоли анҷом аст. Бархе кишварҳои ғарбӣ тасаввури иштибоҳе аз ҷаҳонӣ шудан доранд.”

Вай сипас ба нақши теруризм дар ба ақиб андохтани тавсиъаи иқтисодӣ ишора кард ва аз раҳбарон ва мақомҳои офриқоӣ хост, аз Туркия ва муборизааш бо гурӯҳи теруристии Гулен ҳимоят кунанд.

Раисиҷумҳури Туркия таъкид кард: “Кишварҳои офриқоӣ бояд нисбат ба фаъолиятҳои “Ҷунбиши Фатҳуллоҳ Гулен” ҳассос бошанд. Мумкин аст фардо бисёр дер бошад. Дар ин бора ба бародарони худ ҳушдор медиҳем. Ин ҷунбиш бо истифода аз номи ислом таҳдиде барои кулли ҷаҳон буда ва ҷавонони 170 кишвари ҷаҳонро масмум кардааст.”

Ардуғон гуфт: “Бунёди маориф дар вазорати омӯзиш кори худро барои бозпасгирии мадориси гуленистҳо дар саросари ҷаҳон оғоз карда ва ман аз мақомҳои омӯзиши Офриқо мехоҳам бо ҳамтоёни туркии худ дар ин росто ҳамкорӣ кунанд.”

Раисиҷумҳури Туркия бо зикри ин нукта, ки Онкоро 39 намояндагии диплумотик дар Офриқо дорад, гуфт, ки тавофуқномаҳои тиҷорӣ бо 40 кишвари офриқоӣ мунъақид шудааст. Дар тӯли 14 соли гузашта тиҷорати хориҷии кишварро ба мизони 350 милюн дулор расондаем ва бо 40 кишвари офриқоӣ тавофуқномаҳои тиҷорӣ имзо кардаем.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: