Меҳмоннавозтарин мардуми ҷаҳон

Гузориши CIF мегӯяд, ироқиҳо ва либиёиҳо бо вуҷуди солҳо ҷангу даргирӣ дар ин кишвар, меҳмоннавозтарин мардуми ҷаҳонанд.

Ба гузориши ВВС форсӣ, натоиҷи тозатарин таҳқиқи «Бунёди имдоди хайрия» (CIF) нишон медиҳад, мардуми ду кишвари пора-пора аз ҷанг ва мардуми сарзамине, ки даҳаҳо таҳти сайтараи низомиён буда, меҳрубонтарин ва саховатмандтарин мардуми ҷаҳонанд.

Мабнои санҷиши «бахшандагӣ» дар ин таҳқиқ: 1) кӯмак ба ғариба; 2) эҳдои пул ба хайрияҳо ва 3) кори довталабона аст — ки байни шаҳрвандони болои 15 сол баррасӣ мешавад.

Тибқи гузориши соли 2016-и CIF (ки ҳар сол гузорише дар ҳамин робита мунташир мекунад), дар як моҳи гузашта, ки ин таҳқиқ анҷом шуда, дар Ироқ ва Либӣ аз ҳар 10 нафар 8 нафарашон ба як ғариба кӯмак кардаанд. Ва дар Миёнмор 91 дарсади мардум ба хайрияе пул додаанд.

Ин дар ҳолест, ки дар Омрико — ки дар маҷмӯъ дар радаи дуввуми гушодадасттаринҳои дунё қарор гирифта — аз ҳар 100 нафар 73 нафар ба ғариба кӯмак кардаанд ва 63 нафар ба хайрия пул додаанд.

Дар радабандии ниҳоӣ, Миёнмор барои севвумин соли паёпай аввал шуда. Беш аз ниме аз ҷамъияти болои 15 соли ин кишвар дастикам як бор дар моҳе, ки таҳқиқ анҷом шуда, кори довталабона кардаанд ва 63 дарсад ба касе, ки намешинохтаанд, кӯмак кардаанд.

Нависандагони гузориши CIF мегӯянд, бахшандагии миёнмориҳо баромада аз суннати «Сонгҳо Доно» аст, ки тибқи он, аксарияти будоии ин кишвар ба касоне, ки зиндагии риёзатмандона доранд, кӯмак мекунанд.

Тибқи ин гузориш, бритониёиҳо бахшандатарин мардуми Урупо ҳастанд, аморотиҳо бахшандатарин дар Ховари Миёна, кениёиҳо бахшандатарин дар Офриқо ва гвотемолоиҳо бахшандатарин дар Омрикои Ҷанубӣ.

Байни 140 кишваре, ки дар ин таҳқиқи байналмилалӣ баррасӣ шудаанд, Чин мақоми охирро касб карда.

Албатта, бояд ба ёд дошт, ки ҷамъияти намуна дар ҳар кишвар миёнгин 1000 нафар буда. “Бунёди кӯмаки хайрия” (CIF) ҳам мӯътариф аст, ки таҳқиқаш ҷойи хато дорад.

Бо ин ҳол, аз баъзе нукоти ин гузориш — мисли меҳрубонии мардуми Ироқ ва Либӣ бо вуҷуди солҳо ҷанг ва истибдод дар кишварҳояшон — наметавон бетафовут гузашт. Ҳарчанд хабарнигорони ВВС, ки ин кишварҳоро мешиносанд, мегӯянд, суннати меҳмоннавозӣ байни ин мардумон дерпост ва таъаҷҷубе надорад.

Раъно Ҷавод, хабарнигори ВВС дар шимоли Офриқо мегӯяд: «Мардуми Либӣ гоҳ дар бархӯрди аввал ба хориҷиҳое, ки нашиносанд машкуканд. Аммо бахшандагӣ дар зоти фарҳангашон аст

Ӯ мегӯяд: «Ин мавзӯъро баъд аз суқути Қаззофӣ беҳтар мешавад дид. То соли 2011, даҳаҳо таблиғоти зидди ғарбӣ ва моҳияти пулисӣ ва саркӯбгари ҳукумат чеҳраи меҳмоннавозии либиёиҳоро махдуш карда буд. Ин тавр нест, ки он мавқеъ номеҳрубон буда бошанд, сирфан метарсиданд ба хориҷиҳо ё ҳамватаноне, ки намешинохтанд кӯмак кунанд.”

Вай афзуда: “Баъд аз инқилоб шароит иваз шуд. Мардум ҳам пазиротар шуданд ва дар ҳар фурсате инро нишон доданд. Баъид нест, ки фурӯпошии ҳукумат ва вазъияти ҷангии доими кишвар ба боло рафтани Либӣ дар радабандӣ кӯмак карда бошад, чун ҷойе, ки давлат нест, мардум худашон бояд ҳавои ҳамдигарро дошта бошанд

ВВС форсӣ

Реклама


Рубрики:Инсони муваффақ, Ҷаҳони ислом, Ҷомеа

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: