Шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия (3)

Матни китоб:

نقول في توحيد الله معتقدين بتوفيق الله: إن الله واحد لا شريك له، ولا شيء مثله، ولا شيء يعجزه، ولا اله غيره

* * *

Тарҷумаи матн:

(Имом Таҳовӣ (Раҳматуллоҳи алайҳи) гӯяд:) Дар бораи тавҳиди Худо (1) дар ҳоле ки мӯътақидем ба он, ба тавфиқи илоҳӣ мегӯем: Худо воҳид аст, шарике надорад, ҳеч чиз ҳамонанди ӯ нест, ӯро чизе оҷиз насозад ва худое ҷуз ӯ вуҷуд надорад…

* * *

Шарҳ:

Пеш аз баҳс дар бораи ин ки Худо шарик надорад ва ҳеч чиз ҳамонанди ӯ нест ва худое ҷуз ӯ вуҷуд надорад, шоиста аст як баҳси куллӣ дар бораи сифоти Худованд ва тақсимоти он ба амал оварем.

Донишмандони исломӣ сифоти Худоро аз ҷиҳатҳои гуногун ба чанд қисм тақсим кардаанд:

1. Сифоти ҷамол (субутӣ) ва ҷалол (салбӣ):

“Сифот ҷамол” ё “сифоти субутӣ” сифоте ҳастанд, ки бар вуҷуди сифате дар Худованд далолат мекунанд; монанди илм, қудрат, халқ, ризқ ва ғайра…

“Сифоти ҷалол” ё “сифоти салбӣ” сифоте ҳастанд, ки чун бар нуқсон далолат мекунанд, аз Худованд салб мешаванд; монанди таркиб, ҷисмоният, ҷиҳатдор будан, зулм ва ғайра… Масалан, онҷо, ки гуфта мешавад, Худованд ҷисм нест ё мураккаб нест, дар воқеъ ду сифати ҷисмоният ва таркиб аз Худо салб шуда.

2. Сифоти зотӣ ва сифоти феълӣ:

“Сифоти зотӣ” сифотест, ки пайваста зоти Худованд бо онҳо ҳамроҳ аст ва салби онҳо аз зоти Худованд мумкин нест. Яъне ҳар гоҳ аз ҳама чиз чашм бипӯшем ва танҳо ба зоти ӯ таваҷҷӯҳ пайдо кунем, боз ӯро бо ин сифот ҳамроҳ хоҳем дид; монанди сифати ҳаёт ва ғайра…

“Сифоти феълӣ” он ришта аз сифотест, ки дар ҳақиқат феъл ва кори Худованд маҳсуб мешаванд ва зеҳни мо бо дидани афъоли вай, ба вуҷуди ин сифот мунтақил мегардад, ба гунае ки агар ӯ ба чунин коре даст намезад, ҳаргиз наметавонистем ӯро ба ин авсоф тавсиф кунем. Албатта баъдан хоҳем гуфт, ки маншаъ ва сарчашмаи тамоми сифоти феълӣ сифоти зотӣ аст, аз ин рӯ наметавон гуфт, сифоти феълӣ бар зоти ӯ ориз шуда ва масалан Худованд то замоне ки наёфарид, холиқ набуд, наметавон чунин гуфт. Дар ин мавзӯъ дар оянда ба тафсил баҳс хоҳем кард. Сифоти феълӣ монанди холиқ будан ва розиқ будан ва ғайра…

3. Сифоти зотӣ ва хабарӣ:

“Сифоти зотӣ” сифотест, ки бар камолоти Худованд далолат дорад (ва дар боло маънояш омад) ва аммо “сифоти хабарӣ” сифоте ҳастанд, ки дар Қуръон ва суннат ворид шудаанд; ки агар дар ин ду манбаъ наомада буданд, барои Худованд исбот намешуданд; монанди ваҷҳ (чеҳра), яд (даст), истиво ва ғайра… Дар ин бора низ дар оянда ба тафсил баҳс хоҳем кард.

Чаро Худованд шарик надорад ва ҳеч чиз ҳамонанди ӯ нест ва худое ба ҷуз ӯ вуҷуд надорад?

Аввалин шинохте, ки ҳар мӯъмини муваҳҳид бояд дар мавриди Худо дошта бошад ин аст, ки бидонад, Худованд зоти комил аст ва ҳеч нақс ва камбуде дар ӯ нест. Худованд, ҳам дар вуҷудаш комили мутлақ аст ва ҳам дар сифоташ. Ӯ олим аст ба илми мутлақ (на ин ки илмаш мисли илми мо инсонҳо маҳдуд бошад). Ӯ қодир аст ба қудрати мутлақ ва бепоён ва ғайра…

Ҳол, чаро Худованд шарик надорад ва ҳеч чиз ҳамонанди ӯ нест ва худое ба ҷуз ӯ вуҷуд надорад?

Зеро, бар фарзи маҳол, агар шарике дошта бошад, яъне барои олам масалан ду Худо фарз кунем, бояд байни ин ду фарқ бошад, зеро бо набуди ҳар гуна фарқ ва тамоюз, фарзи ду будан аз баён меравад. Имкон надорад ду Худо дошта бошем, ки айни ҳам дар ҳама чиз бошанд.

Пас, барои ду то будани ду мавҷуд, лозим аст, ки лоақал дар як чиз бо ҳам тафовуте дошта бошанд.

Дар ин сурат ва бо фарзи вуҷуди ихтилоф дар байни ин ду Худо — яъне яке аз ин ду чизе дорад, ки дигарӣ надорад — пас мо бо ду эҳтимол рӯ ба рӯ ҳастем:

а) Ё ин ки яке аз он ду комили мутлақ аст ва дигарӣ ноқис. Дар ин сурат равшан аст, ки фақат ҳамон комили мутлақ Худои ҳақиқӣ аст ва дигаре аслан Худо нест; зеро Худованд комили мутлақ ва бидуни нақс аст, дар ҳоле ки Худои дуввум нақс ва камбуд дошт.

б) Ва ё он ки ҳар як аз ин ду Худои фарзшуда, дорои камоле бошад, ки дигарӣ надорад. Яъне ҳар ду аз ҷиҳати надоштани камоле, ки дигарӣ дорост, ноқис аст. Дар ин сурат ҳеч як Худо нестанд. Чун ҳар як аз он ду ноқис буда ва тибқи фарз, ноқис наметавонад Худо бошад; зеро Худо комили мутлақ аст ва ҳеч нақсе надорад.

Агар бигӯед, эҳтимоли севвуме ҳам ҳаст, ва он ин ки: ҳар як дорои тамоми камолот бошад. Дар посух мегӯем: дар ин фарз дигар дуият маъно надорад, чун фарқ ва тамоюзе дар байн нест ва шумо як зотро дар воқеъ ду то пиндоштаед.

Ин ки дар Қуръон мефармояд:

لَيس كَمِثْلِهِ شَيْءٌ

Ҳеҷ чизе ҳамонанди ӯ нест…” (Шӯро/11) Ин оят дар ҳақиқат пояи аслии шинохти тамоми сифоти Худост, ки бидуни таваҷҷӯҳ ба он, ба ҳеҷ як аз сифоти парвардигор наметавон пай бурд. Зеро хатарноктарин партгоҳе, ки бар сари роҳи як муваҳҳид қарор дорад, партгоҳи “ташбеҳ” аст, ки Худоро дар васфе аз авсоф шабеҳи махлуқоташ бидонад ва сабаб мешавад, ки ба дараи ширк суқут кунад.

Ба таъбири дигар: Худованд вуҷудест бепоён ва номаҳдуд аз ҳар назар, ва ҳар чӣ ғайри ӯст маҳдуд аст аз ҳар назар; аз назари қудрат, илм, ҳаёт, ирода, феъл ва хулоса ҳама чиз. Ва ин ҳамон хатти “танзеҳ” ва пок шумурдани Худованд аз нақоиси мумкинот аст.

Ба ҳамин далел, бисёре аз мафоҳиме, ки дар мавриди ғайри Худованд собит аст, дар мавриди зоти поки ӯ аслан маънӣ надорад. Масалан, баъзе аз корҳо барои мо осон аст ва баъзе сахт, баъзе аз ашё аз мо дур аст ва баъзе наздик, баъзе аз ҳаводис дар гузашта воқеъ шуда ва баъзе дар ҳол ё оянда воқеъ мешавад, ҳамчунин баъзе кучак аст ва баъзе бузург; чаро ки вуҷуди мо маҳдуд аст ва бо муқоисаи мавҷудоти дигар бо он ин мафоҳим пайдо мешавад. Аммо барои вуҷуде, ки аз ҳар назар бениҳоят аст, ин маъонӣ тасаввур намешавад. Дуру наздике дар бораи ӯ нест, ҳама наздиканд. Мушкилу осоне вуҷуд надорад, ҳама осон аст. Оянда ва гузаштае нест, ҳама барои ӯ ҳол аст.

Ба ҳамин далел мегӯем: шинохти асли вуҷуди Худо осон аст, аммо шинохти сифоти ӯ мушкил.

Азалӣ ва абадӣ будани Худо

Матни китоб:

قديم بلا ابتداء، دائم بلا انتهاء، لا يفنى ولا يبيد

* * *

Тарҷумаи матн:

(Имом Таҳовӣ (Раҳматуллоҳи алайҳи) гӯяд:) Худо қадимест бе оғоз, доимест бепоён, на фонӣ гардад ва на нобуд…

* * *

Шарҳ:

Қадими беоғозро “азалӣ” ва доими бепоёнро “абадӣ” низ мегӯянд. Ва аммо ин ки чаро Худои Субҳон азалӣ ва абадист, бад-ин шарҳ аст: агар мавҷуде дар вуҷудаш ниёзманд ба мавҷуди дигаре бошад (мисли ҳамаи махлуқоти ҷаҳони ҳастӣ, ки дар истилоҳ ба онҳо маълулҳо гуфта мешавад, ки дар вуҷудашон ниёзманд ба иллати худ — ки падидоварандаи онҳост — мебошанд), вуҷудаш тобеъи он хоҳад буд ва бо набудани он мавҷуд (ки иллаташ аст), ба вуҷуд нахоҳад омад. Ба дигар сухан: маъдум (нобуд) будани мавҷуде дар лаҳзае аз замон, нишонаи ниёзмандии он аст. Ва аз онҷо, ки зоти Худои Субҳон, зоти бениёз аст ва худ ба худ вуҷуд дорад ва ниёзманд ба ҳеч мавҷуде нест, ҳамеша мавҷуд хоҳад буд.

Ба ин тартиб, ду сифат барои зоти Худои Субҳон исбот мешавад: яке азалӣ будан, яъне дар гузашта собиқаи адам (нобудӣ ва нестӣ) надоштааст, ва дигаре абадӣ будан, яъне дар оянда ҳеч гоҳ маъдум ва нобуд нахоҳад шуд.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия

Реклама


Рубрики:Ақоиди исломӣ, Ислом

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: