Инфиҷор дар Диёрбакри Туркия ҳамзамон бо боздошти раҳбарони курд

Манобеи хабарӣ аз вуқӯи инфиҷор дар маркази шаҳри Диёрбакр воқеъ дар ҷануби шарқи Туркия хабар доданд. Ва ин дар ҳолест, ки дишаб ҷамъе аз раҳбарон ва намояндагони узви Ҳизби демукротики Халқи Туркия, ки аз аҳзоби мутаъаллиқ ба курдҳои ин кишвар ба ҳисоб меояд, ба иттиҳоми даст доштан дар фаъолиятҳои теруристӣ дастгир шуданд.

Бар асоси гузориши манобеи хабарӣ, дар маркази шаҳри Диёрбакр воқеъ дар ҷануби шарқи кишвари Туркия, инфиҷор рух додааст ва чандин омбулонс ба маҳалли ҳодиса эъзом шудаанд. Шабакаи CNN-турк эълом кард, ки ин инфиҷор дар наздикии сохтмони идораи пулиси шаҳри Диёрбакр сурат гирифтааст.

CNN-турк ҳамчунин нахустин тасвир аз ин инфиҷорро низ мунташир кардааст. Ҳанӯз иллати аслии ин инфиҷор эълом нашудааст, аммо Туркия дар 18 моҳи гузашта ҳадафи ҳамалоти теруристии маргборе қарор гирифтааст.

Ин инфиҷор соати 8 субҳ ба вақти маҳаллӣ рух додааст. Шабакаи NTV-Туркия эълом кард, ки дастикам як нафар дар ин инфиҷор кушта ва 30 нафари дигар захмӣ шудаанд. Дигар расонаҳои туркияӣ то пеш аз ин шумори захмиёнро 6 нафар гузориш карда буданд.

Гурӯҳи теруристии Ҳизби коргарони Курдистон (ПКК) масъулияти инфиҷори субҳи имрӯз дар Диёрбакрро бар ӯҳда гирифт.

Раҳбарони Ҳизб демукротики Халқи Туркия дастгир шуданд

Инфиҷори Диёрбакр дар ҳоле аст, ки ҷамъе аз раҳбарон ва намояндагони узви Ҳизби демукротики Халқи Туркия, ки аз аҳзоби мутаъаллиқ ба курдҳои ин кишвар ба ҳисоб меояд, ба иттиҳоми даст доштан дар фаъолитҳои теруристӣ дастгир шуданд.

Ҳар ду раҳбари Ҳизби демукротики Халқи Туркия яъне Салоҳуддин Демиртош ва Фиган Юксукдоғ барои баррасии иттиҳомоташон дар хусуси даст доштан дар иқдомоти теруристӣ боздошт шуданд.

Он гуна ки рӯзномаи  Daily Sabah гузориш дода, Демиртош бо истифода аз Твиттер хабар дода, ки пулис дар вурудии манзилаш дар Диёрбакр таҷаммӯъ карда ва қасди вуруд ба манзил ва дастгирии вайро доранд.

Пулиси Туркия эълом карда Демиртошро барои баррасии иттиҳомоти воридаи муртабит бо фаъолиятҳои теруристӣ боздошт кардааст.

Нерӯҳои амниятии Туркия дар амалиёте ҷудогона дар Онкоро, бо ҳамла ба манзили хонум Юксукдоғ дигар раҳбари Ҳизби демукротики Халқи Туркия, вайро дастгир карданд.

Daily Sabah мегӯяд, тане чанд аз намояндагони порлумон вобаста ба Ҳизби демукротики Халқи Туркия ҳам боздошт шудаанд.

Ҳизби демукротики Халқи Туркия севвумин ҳизби бузурги порлумони ин кишвар аст, ки дар интихоботи ахир 6 милюн раъй ба даст овард.

Пулиси Туркия ба дафотири Ҳизби демукротики Халқ дар Онкоро низ ҳамла кардааст. Аз назари давлати Туркия, ин ҳизб ба далели иртибот бо ПКК, мабнои қонунӣ барои ҳузур дар арсаи сиёсии Туркияро нахоҳад дошт.

Вазорати кишвари Туркия соате пас аз боздоштҳои густарда, бо судури баёнияе, дастгирии 2 раҳбар ва 11 намояндаи порлумон муртабит бо Ҳизби демукротики Халқи Туркияро таъйид кард.



Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: