Фалсафа ва равиши реализм (46)

Муқаддима барои ҷилди дуввуми китоб

Ҳеч фанне ба андозаи фалсафа ба таҷзия ва таҳлилҳои ақлонӣ ниёзманд нест ва фалсафа низ бо ҳеч чизи дигар ба андозаи ин таҷзия ва таҳлилҳо сару кор надорад ва ҳамин амр мӯҷиб шуда, ки масоили фалсафа табиатан дорои як навъ ғумуз ва печидагӣ буда бошад. Ниёзмандии шадиди фалсафа ба мантиқ низ аз ҳаминҷо сарчашма мегирад.

Сару кор доштани зиёди фалсафа бо таҷзия ва таҳлилҳои ақлонӣ, ҳукамо ва ба хусус ҳукамои ҷадиди Урупоро мутаваҷҷеҳи ин нукта сохт, ки қабл аз вуруд дар ҳаллу фасл ва таҷзия ва таҳлили мабоҳиси фалсафӣ, бояд инсон ва афкор ва идрокот ва тарзи аъмоли зеҳнӣ ва ақлонии инсонро мавриди баррасӣ ва мутолеа қарор дод, то онҷо, ки баъзе якбора мӯътақид шуданд, ки: “фалсафа худи инсон аст.”

Ин таваҷҷӯҳ таваҷҷӯҳи бисёр баҷо ва бамавқеъест ва зимнан аҳаммияти шигарф ва азими мантиқро, ки бахше аз ин қисмат аст равшан месозад.

Дар ин китоб низ ин асл комилан мавриди таваҷҷӯҳ ва иноят воқеъ шуда ва қабл аз ҳар чиз, идрокот ва тарзи аъмоли зеҳнӣ ва ақлонии инсон бо як равиши махсус ба худи ин китоб мавриди баррасӣ қарор гирифта. Ва чунонки дар ҷилди аввал мулоҳиза фармудед, се мақола аз маҷмӯъи чаҳор мақолаи он ҷилд, мабоҳиси марбут ба идрокот буд ва ҷилди дуввум низ, ки акнун аз назари хонандаи мӯҳтарам мегузарад, марбут ба ҳамин қисмат аст.

Ин ҷилд муштамил бар ду мақола аст, ки яке (мақолаи 5) таҳти унвони “Пайдоиши касрат дар идрокот” ва дигаре (мақолаи 6) таҳти унвони “Идрокоти эътиборӣ” тарҳ шудааст.

Ҳарчанд мақолаи 5 таҳти унвони “ҳиссу ақл” тарҳ нашуда, вале натоиҷе, ки аз мабоҳиси ҳиссу ақл ва таҷриба ва таъаққул интизор меравад, аз ин мақола гирифта мешавад. Ва ҳамон тавре ки хонандаи мӯҳтарам огоҳ аст, мушоҷираи ҳиссӣ ва ақлӣ қисмати муҳимми мубоҳисоти фалсафӣ ва мантиқӣ ва илмуннафси ҷадидро ташкил медиҳад.

Дар мақолаи 5, ба матолибе бармехӯрем, ки ҳамон тавре ки мавриди таваҷҷӯҳи комили қудамо набуда, фалсафа ё мантиқ ва илмуннафси ҷадид низ роҳе барои он бознакарда. Яъне таҳқиқоте, ки дар ин мақола шуда як гоми тозаест, ки дар олами фалсафа бардошта шуда.

Мақолаи 6 ӯҳдадори як мабҳаси фалсафии нав ва бесобиқаи дигарест, ки то онҷо, ки мо иттилоъ дорем, (дар торихи фалсафа) барои аввалин бор ин мабҳас дар ин силсиламақолот тарҳ шуда ва он мабҳас марбут ба тамйиз ва тафкики “идрокоти ҳақиқӣ” аз “идрокоти эътиборӣ” аст ва ин матлаб аз мутолеаи худи мақола равшан хоҳад шуд…

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Исфандмоҳи 1333 шамсӣ (марти соли 1955)

* * *

Мақолаи панҷум

Пайдоиши касрат дар идрокот (1)

Муқаддима (1)

Мабҳасе, ки дар ин мақола мехоҳем вориди он бишавем, монанди мабоҳиси мақолоти 2, 3 ва 4 аз мабоҳиси марбут ба улум ва идрокоти башарӣ аст. Дар ин мақола аз ҷанбаи хоссе идрокоти зеҳнӣ мавриди мутолеа ва таҳқиқ воқеъ шудааст ва он ҷанба иборат аст аз: баррасӣ дар бораи “кайфияти ҳусули касрат дар идрокот.” (Хонандаи мӯҳтарам дар зимни ҳамин муқаддима чӣ будани манзур аз “ҳусули касрат дар идрокот”-ро хоҳад фаҳмид.)

Мумкин аст ибтидо хонандаи мӯҳтарам пеши худ тасаввур кунад, ки ҷанбаи ҳусули касрат дар идрокот эҳтиёҷ ба баҳсу таҳқиқ надорад. Зеро касрати идрокот тобеъи касрати мудракот аст ва ин ки мо идрокот ва тасаввуроти зиёде дар зеҳни худ дорем, маълули он аст, ки ашёи зиёде дар моварои зеҳни мо вуҷуд дорад ва чун он ашёи воқеии хориҷӣ касир ва мутаъаддиданд ва ҳам онҳо ҳастанд, ки дар асари бархӯрди вижа бо қувваҳои идроккунанда идрокотро тавлид мекунанд, қаҳран ва ҷабран маншаъи пайдоиши идрокоти касира мешаванд.

Вале мо назари хонандаи мӯҳтарамро ҷалб мекунем, ки дар ин мақола назар ба ин қисми касрат дар идрокот нест; зеро ин қисми касрат дар идрокот биззот марбут ба касрати мудракоти хориҷия аст ва биттабъ марбут ба идрокот аст. Он чӣ дар ин мақола дар бораи он баҳсу таҳқиқ мешавад, касратҳоест, ки бизззот марбут ба худи идрокот аст ва рабте ба касрати воқеии мудракот надорад.

Ва ба иборати дигар: он касрате, ки мавриди таваҷҷӯҳи хонандаи мӯҳтарам аст — яъне касрате, ки идрокот ба воситаи касрати мудракот доранд — аз ҷанбаи инфиъолии зеҳн сарчашма мегирад, ва аммо он чӣ мавриди баҳсу таҳқиқи ин мақола аст, касратҳоест, ки аз ҷанбаи фаъолияти зеҳн ношӣ мешавад ва омили аслии он, таксири худи зеҳн аст.

Дар зимни ташреҳи кайфияти ҳусули касрат дар идрокот, роҳи ҳусули идрокот — яъне ин ки идрокот ва тасаввурот аз чӣ маҷрое вориди зеҳн мешавад ва ҳамчунин ҳудуди тавоноии зеҳн дар касби маҷҳулот ва ин ки дар чӣ ҳудуде зеҳни башар қудрати мудохила ва қазоват дорад — низ ташреҳ мешавад.

Ҳарчанд дар ин мақола таҳти унвони “ҳиссу ақл” баҳсе нашуда, вале натиҷае, ки аз баҳси ҳиссу ақл интизор меравад, аз мабоҳиси мухталифи ин мақола метавон гирифт. Зеро дар зимни матолиби ин мақола, ташреҳ мешавад, ки чӣ синх идрокот аст, ки зеҳн мустақиман аз роҳи яке аз ҳавосси хориҷӣ ё дохилӣ аз як падидае суратгирӣ ва аксбардорӣ менамояд ва чӣ синх идрокот аст, ки аз ин қабил нест ва зеҳн аз ғайри роҳи эҳсоси мустақим ба он идрокот ноил мешавад.

Аз он ҷое, ки на дар фалсафаи қадим ва на дар фалсафа ва равоншиносии ҷадид собиқа надорад, ки таҳти унвони ”кайфияти пайдоиши касрат дар идрокот”, зеҳн ва идрокоти зеҳнӣ мавриди наққодӣ ва таҷзия ва таҳлил қарор бигирад, мумкин аст ибтидо то андозае матолиби ин мақола бо завқи хонандаи мӯҳтарам ғайримаънус ҷилва кунад, вале мо дар поварақиҳо саъй мекунем матолибро бо истилоҳот ва матолибе, ки азҳони хонандагони мӯҳтарам бо онҳо маънус аст, тақриб ва тафҳим кунем ва махсусан ҳарҷо, ки бо назариёти фалосифаи ҷадид тамос пайдо мешавад, то онҷо, ки мақдури мост ва бо вазъи ин мақола мутаносиб аст, дар тақриб ва муқоиса ва қазоват ва интиқод саъйи бештаре мекунем.

Ҳамон тавре ки дар муқаддимаи мақолаи 4 гуфта шуд, масоили марбут ба илм (идрок) чӣ дар фалсафаи қадим ва чӣ дар фалсафа ва улуми ҷадид, бисёр ҳоизи аҳаммият аст ва ба хусус фалосифа ва муҳаққиқини урупоӣ дар чаҳор қарни ахир бештар ҳиммати хешро сарфи таҳқиқ дар ин масоил кардаанд, ба тавре ки метавон гуфт, се масъалаи зер:

(1) Арзиши маълумот;

(2) Роҳи ҳусули илм;

(3) Таъйини ҳудуди илм.

… меҳвари масоили фалсафии Урупо ба шумор меравад. Ва ҳамоно ихтилофи назар дар масъалаи аввал аст, ки фалосифаро аз суфастоиён, ва ҷазмгароёнро аз шаккокон ҷудо кардааст. Ва ихтилофи назар дар масъалаи дуввум аст, ки донишмандони Урупоро ба ду дастаи муҳимми “ақлгароён” ва “ҳиссгароён” мунқасим ва мушоҷираи азиме байни ду даста бапо кардааст. Ва ихтилофи назар дар масъалаи севвум аст, ки ақоид ва назариёти донишмандонро дар бораи фалсафаи таъаққулӣ — ки боризтарин мисдоқаш фалсафаи уло (метафизик) аст ва қудамо онро “илми куллӣ” ва “фалсафаи ҳақиқӣ” мехонданд — мухталиф кардааст, ба тавре ки гурӯҳе таҳқиқ дар ин фан ва қазоват дар бораи масоили марбут ба онро нафян ва исботан аз ҳудуди тавоноии зеҳни башар хориҷ донистаанд ва гурӯҳе баръакс ин фанро яқинитарин ва бениёзтарини фунун донистаанд.

Аз се масъалаи боло, масъалаи аввал дар мақолаи 4 таҳқиқ шуд ва ду масъалаи дигар ба изофаи як ришта матолиби асосии дигар, дар зимни матолиби ин мақола таҳқиқ мешавад. Ва барои ин ки хонандаи мӯҳтарам собиқаи зеҳнии кофӣ дошта бошад ва мавриди гуфтугӯро дар ин ду масъала дарёбад, ба шарҳи зайл мепардозем.

Идома дорад



Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: