Чанд достони омӯзанда аз зиндагии ҳазрати Муҳаммад (с)

Наҳй аз суоли беҷо

Анас ибни Молик мегӯяд: рӯзе Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) хутбае хонд бисёр амиқ ва машрӯҳ, ки ҳаргиз монанди онро нашунида будам. Дар зимни хутба фармуд:

Агар шумо он чиро ман огоҳӣ дорам, огоҳ будед, ханда кам мекардед ва гиря бисёр менамудед!

Ҳозирон таҳти таъсир қарор гирифта ва шарм доштанд, ба тавре ки сар дар гиребон фурӯ бурда ва гиря мекарданд.

Дар ин миён шахсе пурсид: падари ман кист?

Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) фармуд: фалон кас. (Ва бо шунидани посух ӯро шарм фаро гирифт.) Дар ин ҳангом ояти 101 сураи Моида нозил гардид:

يا أيُّهَا الَّذينَ آمَنُوا لا تَسْئَلُوا عَنْ أشْياءَ إنْ تُبْدَ لَكُمْ تَسُؤْكُمْ

Эй мӯъминон! Аз чизҳое пурсуҷӯ накунед, ки чун бар шумо ошкор шавад, шуморо андӯҳгин кунад…

(Саҳеҳи Бухорӣ)

Паёми ин достон:

Яъне, эй мӯъминон! Аз масоиле суол накунед, ки агар барои шумо ошкор гардад, шуморо нороҳат мекунад. Ислом аз суолҳои беҷо ва беҳосил, ки зиёнаш беш аз нафъаш мебошад, наҳй фармудааст.

* * *

Фазилати саҷда

Марде ба Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) арз кард: дуо кунед, ки Худо маро ба биҳишт барад. Ҳазрат Фармуданд: ман дуо мекунам, аммо ту маро бо ин амр кӯмак кун, ки дуои ман мустаҷоб шавад. Ва он зиёд саҷда кардан ва саҷдаҳои тӯлонӣ кардан аст.

(Достонҳое аз зиндагии Паёмбари Акрам (с))

Паёми достон:

Шарти мустаҷоб шудани дуо, ҳатто дуои касе мисли ҳазрати Паёмбар (с) барои касе, қобилияти тараф аст. Яъне агар шумо аз касе бихоҳед бароятон дуо бикунад, ки масалан бар рӯзиатон афзуда гардад, шарташ ин аст, ки шумо ба навбаи худ ҳаракате бикунед.

* * *

Садақа бидуни пул

Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) фармуданд: бар ҳар мусалмоне дар ҳар рӯз садақа лозим аст!

Бархе аз асҳоб суол карданд: ё Расулаллоҳ! Чӣ касе тоқат ва тавони ин корро дорад?! (Яъне касе ки тавони садақа доданро надорад, чӣ кунад?!)

Ҳазраташ фармуданд: (Садақа, ки фақат ба пул нест, балки) бартараф кардани мавонеъи роҳи мардум садақа аст. Роҳнамоии ҷоҳил, иёдати бемор, амр ба маъруф ва наҳй аз мункар ва ҷавоби суол, (инҳо ҳама) садақа аст ва бо ин ҳисоб ҳамагон метавонанд садақа бидиҳанд.

(Достонҳое аз зиндагии Паёмбари Акрам (с))

* * *

Марде, ки кӯмак хост

Ба гузаштаи пурмашаққати хеш меандешид, ба ёдаш меафтод, ки чӣ рӯзҳои талх ва пурмароратеро пушти сар гузошта; рӯзҳое, ки ҳатто қодир набуд қути рӯзонаи зану кӯдакони маъсумашро фароҳам намояд. Бо худ фикр мекард, ки чӣ гуна як ҷумлаи кӯтоҳ — фақат як ҷумла — ки дар се навбат пардаи гӯшашро навохт, ба руҳаш нерӯ дод ва масири зиндагониашро иваз кард ва ӯ ва хонаводаашро аз фақр ва никбате, ки гирифтори он буданд, наҷот дод.

Ӯ яке аз саҳобаи Расули Акрам (с) буд.

Фақру тангдастӣ бар ӯ чира шуда буд. Дар як‏ рӯз, ки ҳис кард дигар корд ба устухонаш расида, бо машварат ва пешниҳоди занаш тасмим гирифт биравад ва вазъи худро барои Расули Акрам (с) шарҳ диҳад ва аз он ҳазрат‏ истимдоди молӣ кунад.

Бо ҳамин ният рафт, вале қабл аз он ки ҳоҷати худро бигӯяд, ин ҷумла аз забони‏ Расули Акрам (с) ба гӯшаш хӯрд:

Ҳар кас аз мо кӯмаке бихоҳад, мо ба ӯ кумак мекунем, вале агар касе бениёзӣ биварзад ва дасти ҳоҷат пеши махлуқе дароз накунад, Худованд ӯро бениёз мекунад.”

Он рӯз чизе нагуфт ва ба хонаи хеш баргашт. Боз бо ҳаюлои маҳиби фақр, ки ҳамчунон бар хонааш соя афканда буд, рӯ ба рӯ шуд. Ночор рӯзи дигар ба ҳамон ният ба маҷлиси Расули Акрам (с) ҳозир шуд. Он рӯз ҳам ҳамон ҷумларо аз Расули Акрам (с) шунид:

Ҳар кас аз мо кӯмаке бихоҳад, мо ба ӯ кумак мекунем, вале агар касе бениёзӣ биварзад ва дасти ҳоҷат пеши махлуқе дароз накунад, Худованд ӯро бениёз мекунад.”

Ин дафъа низ бидуни ин ки ҳоҷати худро бигӯяд, ба хонаи хеш баргашт. Ва чун худро ҳамчунон дар чанголи фақр заъиф ва бечора ва нотавон‏ медид, барои севвумин бор ба ҳамон ният ба маҷлиси Расули Акрам (с) рафт. Боз ҳам лабҳои‏ Расули Акрам (с) ба ҳаракат омад ва бо ҳамон оҳанг — ки ба дил қувват ва ба руҳ итминон‏ мебахшид — ҳамон ҷумларо такрор кард.

Ин бор, ки он ҷумларо шунид, итминони бештаре дар қалби худ эҳсос кард. Ҳис‏ кард, ки калиди мушкили хешро дар ҳамин ҷумла ёфтааст. Вақте, ки хориҷ шуд, бо қадамҳои мутмаинтаре роҳ мерафт. Бо худ фикр мекард, ки дигар ҳаргиз ба дунболи кӯмак ва мусоидати бандагон нахоҳам рафт. Ба Худо такя мекунам ва аз нерӯ ва истеъдоде, ки дар вуҷуди худам ба вадиъат гузошта шуда истифода мекунам ва аз ӯ мехоҳам, ки маро дар коре, ки пеш мегирам муваффақ гардонад ва маро бениёз созад.

Бо худаш фикр кард, ки аз ман чӣ коре сохтааст? Ба назараш расид, феълан ин қадр аз ӯ сохта ҳаст, ки биравад ба саҳро ва ҳезуме ҷамъ кунад ва биёварад ва бифурӯшад. Рафт ва тешае ория кард ва ба саҳро рафт, ҳезуме ҷамъ кард ва фурӯхт. Лаззати‏ ҳосили дастранҷи хешро чашид. Рӯзҳои дигар ба ин кор идома дод, то тадриҷан тавонист аз ҳамин пул барои худ теша ва ҳайвон ва соири лавозими корро бихарад. Боз ҳам ба кори худ идома дод, то соҳиби сармояи азиме шуд.

Рӯзе Расули Акрам (с) ба ӯ расид ва табассумкунон фармуд:

Нагуфтам, ҳар кас аз мо кӯмаке бихоҳад, мо ба ӯ кӯмак медиҳем, вале агар бениёзӣ биварзад, Худованд ӯро бениёз мекунад.”

(Достони Ростон)

Паёми достон ба назарам чунон ошкор аст, ки дигар ниёз ба тавзеҳ надорад.



Рубрики:Барномаи зиндагӣ, Достон ва ҳикоёт, Инсони муваффақ, Омӯзаҳои набавӣ, Суннат

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: