Шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия (4)

Матни китоб:

ولا يكون إلا ما يريد

* * *

Тарҷума:

(Имом Таҳовӣ (Раҳматуллоҳи алайҳи) гӯяд:) Ва таҳаққуқ намепазирад ҷуз он чӣ Худо ирода намояд…

* * *

Шарҳ:

Чунонки дар баҳси пешин гуфтем, уламои исломӣ сифатҳои Худоро дар як тақсимбандӣ ба ду даста: “сифатҳои зотӣ” ва “сифатҳои феълӣ” тақсим кардаанд. Ва ҳамон тавре ки гуфтем, “сифатҳои зотӣ” сифатҳоест, ки бо таваҷҷӯҳ ба зоти Худо — бо қатъи назар аз феъли ӯ — аз зоти ӯ гирифта мешаванд; монанди сифати ҳаёт, илм ва қудрат… Ва “сифатҳои феълӣ” сифатҳоест, ки бо таваҷҷӯҳ ба навъе робита байни Худои Таъоло ва махлуқоташ ва бо таваҷҷӯҳ ба феъле аз афъоли Худои Субҳон гирифта мешаванд; монанди сифати холиқият (офаридгорӣ) ва розиқият (рӯзӣ додан).

Фарқ байни ин ду даста аз сифатҳо он аст, ки дар дастаи аввал таваҷҷӯҳ фақат ба зоти муқаддаси илоҳист ва назаре ба афъоли Худо надорад. Аммо дастаи дуввум ҳикоят аз нисбате байни Худои Таъоло ва махлуқоти ӯ дорад ва зоти илоҳӣ ва махлуқот, ба унвони ду тарафи ин нисбат дар назар гирифта мешаванд; монанди сифати холиқият, ки аз вобастагии вуҷудии махлуқот ба зоти илоҳӣ гирифта мешавад, ва Худо ва махлуқоти офаридашуда, ду тарафи ин нисбатро ташкил медиҳанд.

Албатта, Худои Мутаъол дар зоти худ қудрат бар офаридан дорад, ки аз сифатҳои зотӣ аст. Ва аз ин рӯ, бо ин ки “холиқ” ва “офаридгор”, аз сифатҳои феълия ба шумор меояд, аммо агар “холиқ” ба маънои “қодир бар офаридан” дар назар гирифта шавад, бозгашт ба сифати қудрат мекунад, ки аз сифоти зотӣ аст. Ин ҳамон нуктае аст, ки дар баҳси пешин ёдовар шудем, ки тамоми сифоти феълӣ ба сифоти зотӣ бармегарданд.

Бинобар ин, васф шудани Худои Мутаъол ба сифатҳои феълия, бад-ин маъно нест, ки тағйире дар зоти илоҳӣ ҳосил шавад, ё ҳолате дар зоти покаш падид ояд. (Чӣ хеле ки дар мо инсонҳо чунин аст, зеро масалан агар мо ба сифате аз сифатҳо васф шавем, ҳолате дар вуҷудамон пайдо мешавад, ки қаблан онро надоштем.) Балки бад-ин маъност, ки нисбате байни зоти илоҳӣ ва махлуқоташ лиҳоз шуда, он гоҳ аз он нисбат, “мафҳуми изофии муайяне” ба унвони яке аз сифатҳои феълӣ гирифта мешавад.

Иродаи илоҳӣ

Имом Таҳовӣ (Раҳматуллоҳи алайҳи), ки мегӯяд: “Ва таҳаққуқ намепазирад ҷуз он чи Худо ирода намояд”, муродаш ин аст, ки ҳеч чиз ва ҳеч кор ва ҳодисае агар иродаи илоҳӣ ба он таъаллуқ нагирад, ба вуҷуд намеояд.

Дар бораи “иродаи илоҳӣ” метавон аз ду ҷиҳат баҳс ба амал овард: яке ин ки мурод аз иродае, ки барои Худои Субҳон собит аст чист ва оё ирода аз сифатҳои зотӣ аст, ё аз сифатҳои феълӣ?

Ва баҳси дигар он ки бино ба таълимоти исломӣ, агар ҳеч чиз ва ҳеч кор ва ҳодисае ҷуз ба иродаи илоҳӣ таҳаққуқ напазирад ва ҳар чӣ ҳаст ва ҳар чӣ ба вуҷуд меояд, тибқи иродаи илоҳӣ сурат бигирад, дар ин сурат, чӣ гуна метавон корҳои ихтиёрии мо инсонҳоро, ки ба равшанӣ дарк мекунем, ки ба ихтиёр ва иродаи худамон таҳаққуқ мепазиранд ва ҳеч шакке дар онҳо надорем, тафсир ва тавҷеҳ намоем?

Зоҳиран, сухани Имом Таҳовӣ (Раҳматуллоҳи алайҳи) нозир ба баҳси дуввумист. Ва мо инҷо ба баҳси аввалӣ мепардозем ва дар бораи баҳси дуввумӣ (ки манзури Имом Таҳовӣ аст) дар баҳсҳои оянда, онҷо, ки дар бораи “қазо ва қадар” баҳс менамоем, хоҳем пардохт.

Ҳоло, ирода аз ҷиҳати аввал:

Калимаи “ирода” ба ду маъно ба кор меравад: яке “дӯст доштан” ва дигаре “тасмим гирифтан бар анҷоми кор.”

1. “Ирода” ба маънои аввал (муҳаббат ва дӯст доштан) ҳарчанд дар мавриди инсон яке аз кайфиятҳои нафсонӣ аст (1), аммо ақл метавонад бо ҷудо кардани ҷиҳатҳои нақс мафҳуми оммеро аз он ба даст оварда ва онро бар зоти Худои Субҳон итлоқ намояд.

Тавзеҳ ин ки: сифатҳои камолӣ (мисли илм, қудрат, ирода, раҳмат ва ғайра…) дар мавриди инсонҳо ба гунае собит аст, ки омехта бо як ҷиҳати нақс мебошад ва он ҳам, ба хотири маҳдуд будани инсонҳо. Ба унвони мисол: агар инсонеро ба сифати “раҳмат” васф карда ӯро “раҳим” (меҳрубон) бихонем, ҳусули ин сифат барои ӯ чунин будааст, ки масалан агар як манзараи шафқатангезеро мушоҳида кунад (кӯдаки ятимеро бибинад, ки аз надорӣ дасти ниёз ба мардум дароз мекунад), дар ин сурат як ҳолат дар вуҷуди ин инсон ҳосил меояд, ки қаблан онро надошт, ва он ҳолатро метавон ҳолати шафқат ва дилсӯзӣ номид. Ва баъд аз ҳусули чунин ҳолате дар вай, ин ҳолат ӯро ба як феъл водор мекунад. Ва он феъл, феъли бахшоиш ва атост. Яъне шафқаташ ӯро водор мекунад, ки ба он ятим чизе ато кунад. Чунин аст сифати “раҳмат” дар мавриди инсонҳо.

Аммо вақте Худоро бо сифати “раҳмат” васф карда ӯро “раҳим” меномем, аз онҷо, ки Худо зоти комил ва тағйирнопазир аст, яъне чунин нест, ки чизе ва ё ҳолате бар зоти муборакаш ориз шуда ва аз ҳолате ба ҳолати дигар тағйир ёбад, ақли инсон меояд ва аз мафҳуми “раҳмат” — ки барои инсон исбот намуда буд — ҷиҳати нақс ва камбуди онро (ки ҳамон ҳолати якумист ва он, ориз шудани ҳолати шафқат ва дилсӯзӣ бар ӯст) аз ҷиҳати камолии он (ки ҳамон ато ва бахшиш аст) ҷудо намуда ва он гоҳ ҷиҳати камолии ин мафҳумро барои Худо исбот менамояд.

Ва аммо мавриди таъаллуқи иродаи илоҳӣ ба ин маъно, ва ба иборати дигар, он чӣ “иродаи илоҳӣ” ба ин маъно (яъне муҳаббат ва дӯст доштан) ба он таъаллуқ мегирад, дар мартабаи аввал, зот ва камолоти бепоёни худаш аст. (Яъне Худо зоти худ ва камолоти худро дӯст дорад). Ва дар мартабаи баъдӣ, камолоти дигар мавҷудот — аз он ҷиҳат, ки осоре аз камолоти Худо ҳастанд – мебошад. (Яъне Худо камолоти мавҷудоти худро дӯст дорад). “Ирода” ба ин маъно, яке аз сифатҳои зотӣ ба шумор меравад.

2. Аммо “ирода” ба маънои “тасмим гирифтан бар анҷоми кор”, бешак аз сифатҳои феълӣ мебошад; зеро аз таваҷҷӯҳ ба як робита ва нисбате байни Худо ва офаридаҳояш гирифта шудааст. Ва он робита ин аст, ки ҳар махлуқе — аз он ҷиҳат, ки дорои камол, хайр ва маслаҳате буда ва лизо офарида шудааст, пас вуҷуди он — дар замон ва макони хос ва ё кайфияти махсус, мавриди таъаллуқи илм ва муҳаббати илоҳӣ қарор гирифта ва Худо ба хости худаш онро офаридааст, на ин ки касе ӯро маҷбур карда бошад. Мулоҳизаи ин робита ва нисбат, сабаб мешавад мафҳуми изофие ба номи “ирода” аз он гирифта шавад, ки ба ҷиҳати таъаллуқ ба як чизи маҳдуд ва муқайяд, дорои ҳудуд ва қайдҳое мебошад.

Истеъмоли ирода ба ҳамин маъно, дар ин оят (ва монанди он) ба равшанӣ мулоҳиза мешавад:

إِنَّمَا أَمْرُهُ إِذَا أَرَادَ شَيْئًا أَنْ يَقُولَ لَهُ كُنْ فَيَكُونُ

Ҳамоно амри Худо чунин аст, ки ҳаргоҳ иродаи чизе кунад, мегӯяд: “Мавҷуд бош”, ҳамон дам он чиз мавҷуд мешавад.” (2)

Идома дорад

* * *

Поварақӣ:

(1) Кайфиятҳои нафсонии инсон мисли муҳаббат, нафрат, ғазаб, ҳилм, бурдборӣ, тарс, шуҷоат ва монанди инҳост, ки дар забони урф ба онҳо ҳолатҳои инсонӣ низ мегӯянд.

(2) Сураи Ёсин, ояти 82.             

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия

Реклама


Рубрики:Ақоиди исломӣ, Ислом

Метки: , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: