“Эрон ба дунболи эҳёи имперотурии бостонии худ аст”

Раиси собиқи дастгоҳи амниятии режими саҳюнистӣ (Шобок) ва раиси кумитаи умури низомӣ ва байналмилалии Кнессет гуфт: “Эрон 2 ҳазор сол пеш як имперотурӣ буда ва имрӯз ба дунболи эҳёи муҷаддади ҳамон имперотурӣ аст.”

Ба гузориши хабаргузории Reuters, Ови Дихтер (Avi Dichter), раиси собиқи дастгоҳи амниятии режими саҳюнистӣ (Шобок) ва раиси кумитаи умури низомӣ ва байналмилалии Кнессет, ҳамчунин иддаъо кард, ки 25 ҳазор нерӯи мусаллаҳи мардумии ҳозир дар Сурия, аз Эрон фармонбардорӣ мекунанд.

Бар асоси ин гузориш, Дихтер дар гуфтугӯе муштарак бо намояндагони порлумони Суис (Швейтсария) ҳамчунин иддаъо кард, ки нерӯҳои таҳти ҳимояти Эрон дар Сурия, муттаҳиди Башшор Асад ба ҳисоб омада ва бо нерӯҳои мухолифи давлати Асад меҷанганд.

Вай гуфт: “Ин сипоҳи 25 ҳазорнафарӣ умдатан аз кишварҳои Афғонистон ва Покистон ҳастанд. Онҳо дар Сурия алайҳи мухолифони давлат меҷанганд.”

Дихтер ҳамчунин дар идома гуфт: “Эрониҳо Ҳизбуллоҳро барои мубориза дар Сурия ва ҷанг бо “Исроил” баргузидаанд, чаро ки артиши Эрон беҳтар аст дар ҷанг бо артише дигар вориди амал шавад, дар ҳоле ки шибҳинизомиёни Ҳизбуллоҳ ба эътиқоди Эрон, барои ҷанг алайҳи “Исроил” муносиб ҳастанд.”

Вай муддаъӣ шуд: “Ҳама бояд ин суолро аз худ бипурсанд, ки чаро Эрон мушакҳое бо бурди 2 ҳазор километр тавлид мекунад, дар ҳоле ки ин бурд ду баробари фосилаи Исроил аз Эрон аст… Миср ва Арабистони Саудӣ низ дар ин бурд қарор мегиранд. Эрон 2 ҳазор сол пеш як имперотурӣ буда ва имрӯз ба дунболи эҳёи муҷаддади ҳамон имперотурӣ аст.”

Ин саҳюнист ҳамчунин дар хусуси барномаи ҳастаии Эрон гуфт: “Исроил мӯътақид аст, ки Эрон барномаи ҳастаии худро аз байн набурдааст, балки танҳо онро мутаваққиф карда, то барои муддате тӯлонӣ бо ғарб бозӣ кунад.”

Реклама


Рубрики:Сиёсат

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: