Кишвардорӣ ва сиёсат дар осори Саъдӣ – Ойини бархӯрд бо душман

Саъдӣ аҳли ҷангу пайкор нест ва ҳамвора ин падидаи иҷтимоиро — ки аз дидгоҳи торих бо бани башар даст ба гиребон буда ва масоиби ҷонгудоз ба бор овардааст — маҳкум мекунад. Ӯ ихтилофоти бадфарҷоми мазҳабиро, ки намунаи ҷангҳои онро ба чашми хеш дида мазаммат мекунад ва башариятро ба ҳамбастагӣ ва ҳамдардӣ мехонад. Мазмуни ҷовидонии:

Бани Одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

… аз ҷараққаҳои андешаи ӯст; мазмуне, ки ҳамчунон матлуб ва азиз аст.

Саъдӣ, ки ҳамеша дар нақши як муслиҳи иҷтимоӣ бо ҳукком ва шоҳон сухан мегӯяд, мӯътақид аст, раҳбарон бояд дар бархӯрд бо ҳаводис нармхӯӣ пеша кунанд:

Мазан, то тавонӣ, бар абрӯ гиреҳ,

Ки душман агарчи забун, дӯст беҳ.

* * *

Агар пилзӯрӣ в-агар шерчанг,

Ба наздики ман сулҳ беҳтар, ки ҷанг.

* * *

Бояд донист, ки:

Ҳаме то барояд ба тадбир кор,

Мудорои душман беҳ аз корзор.

* * *

Агар бозуи душманро бо зӯр наметавон шикаст, бо зар бояд баст:

Чу натвон адӯро ба қувват шикаст,

Ба неъмат бибояд дари фитна баст.

Гар андеша бошад зи хасмат газанд,

Ба таъвизи эҳсон забонаш бибанд.

Адӯро ба ҷойи хасак зар бирез,

Ки эҳсон кунад кунд дандони тез.

(Бӯстон, боби 1, с.248)

(Таъвиз: он чӣ аз дуоҳо ва оёти қуръонӣ, ки ҷиҳати ҳусули мақсад ва ё дафъи балоҳо навишта мешавад.)

Душманро ҳар андоза ҳам, ки хурд бошад, набояд ночиз шумурд:

Ҳазар кун зи пайкори камтар касе,

Ки аз қатра селоб дидам басе.

Пазириши сулҳ ва напазируфтани панди душман

Агар душман аз дари сулҳ дарояд, ба хушунат ва хусумат ва пайкор набояд кӯшид:

В-агар мебарояд ба нармиву ҳуш,

Ба тундиву хашму дуруштӣ макӯш.

* * *

Чу душман дарояд ба аҷз аз дарат,

Бадар кун зи дил кину хашм аз сарат.

Чу зинҳор хоҳад, карам пеша кун,

Бибахшою аз макраш андеша кун.

Вале ба хости душманон ё дар ростои масолеҳи онон, набояд гом бардошт:

Насиҳат аз душман пазируфтан хатост, ва лекин шунидан равост, то ба хилофи он кор кунӣ, ки айни савоб аст:

Ҳазар кун, з-он душман гӯяд: “Он кун!”

Ки бар зону занӣ дасти тағобун.

Гарат роҳе намояд рост чун тир,

Аз ӯ баргарду роҳи дасти чап гир.

(Гулистон, боби 8, с.175)

Дар ҷаҳони сиёсат ва пайкор ҳамеша бояд бедор ва огоҳ буд:

Чу кардӣ бо кулӯхандоз пайкор,

Сари худро ба нодонӣ шикастӣ.

Чу тир андохтӣ бар рӯйи душман,

Ҳазар кун, к-андар омоҷаш нишастӣ.

(Гулистон, боби 1, с.59)

Риояти эҳтиёт дар бархӯрд бо душман

Дар равобит бо инсонҳо, дар бораи ҳатто хурдтарин душманон, ба вижа онон, ки аз ту бим доранд, бояд ҷониби эҳтиётро риоят намуд:

Ҳурмузро гуфтанд: вазирони падарро чӣ хато дидӣ, ки дар банд фармудӣ? Гуфт: хатое маълум накардам, ва лекин дидам, ки маҳобати ман дар дили эшон бекарон асту бар аҳди ман эътимоди куллӣ надоранд. Тарсидам, аз бими газанди хеш оҳанги ҳалоки ман кунанд. Пас, қавли ҳукаморо кор бастам, ки гуфтаанд:

Аз он к-аз ту тарсад, битарс, эй ҳаким!

В-агар бо чун ӯ сад бароӣ ба ҷанг.

Набинӣ, ки чун гурба оҷиз шавад,

Барорад ба чангол чашми паланг.

Аз он мор бар пойи роъӣ занад,

Ки тарсад, сарашро бикӯбад ба санг.

(Гулистон, боби 1, с.45)

Қабули ҳеч хорӣ ва забунӣ писандида нест ва душмани моҷароҷӯро сабук шумурдан маслиҳат на. Аммо дар инҷо низ аз тадбир ва мудоро ғофил набояд буд:

Адӯро ба фурсат тавон канд пӯст,

Пас ӯро мудоро чунон кун, ки дӯст.

* * *

Агар душмане пеш гирад ситез,

Ба шамшери тадбир хунаш бирез.

Вале:

Чу даст аз ҳама ҳилате даргусаст,

Ҳалол аст бурдан ба шамшер даст.

Агар сулҳ хоҳад адӯ, сар мапеч,

В-агар ҷанг ҷӯяд, ъинон бармапеч.

Ки гар вай бибандад дари корзор,

Туро қадру ҳайбат шавад як ҳазор.

* * *

Ту ҳам ҷангро бош чун кина хост,

Ки бо кинавар меҳрубонӣ хатост.

* * *

Гар ӯ пешдастӣ кунад ғам мадор,

В-ар Афросиёбаст, мағзаш барор.

* * *

Ба аспони тозиву мардони мард,

Барор аз ниҳоди бадандеш гард…

Саъдӣ ҷанговариро бар ду навъ медонаду бас:

Яке пеши хасм омадан мардвор,

Дувум ҷон ба дар бурдан аз корзор.

(Бӯстон, боби 4, с.315)

Пинҳонкорӣ ва иститор низ аз фунуни ҷанг аст:

Ба тадбири ҷанги бадандеш кӯш,

Масолеҳ бияндешу ният бипӯш.

Манеҳ дар миён роз бо ҳар касе,

Ки ҷосус ҳамкоса дидам басе.

Сикандар, ки бо шарқиён ҳарб дошт,

Дари хайма, гӯянд, дар ғарб дошт.

Чу Баҳман ба Зобулистон хост шуд,

Чап овоза афканду аз рост шуд.

Агар ҷуз ту донад, ки азми ту чист,

Бар он рою дониш бибояд гирист.

Душмани сарсахтро дар ҳар лаҳзаи мумкин бояд аз байн бурд ва ҳатто иҷозаи дуруст кардани камон ба ӯ надод, чун ин оташи кина ҷаҳонро хоҳад сӯзонд ва зиндагонии туро низ ба бод хоҳад дод:

Чу аз кори муфсид хабар ёфтӣ,

Зи дасташ баровар чу дарёфтӣ.

Ки гар зиндааш монӣ, он беҳунар,

Нахоҳад туро зиндагонӣ дигар.

В-агар сар ба хидмат ниҳад бар дарат,

Агар даст ёбад, бибуррад сарат.

Фиребандаро пой дар пай манеҳ,

Чу рафтиву дидӣ, амонаш мадеҳ.

(Бӯстон, боби 8, с.376)

Бояд донист, ки тафриқа дар сипоҳи душман, навиди пирӯзист. Бинобар ин, дар эҷод ва ташдиди он бояд кӯшид:

Чу дар лашкари душман афтад хилоф,

Ту бигзор шамшери худ дар ғилоф.

* * *

Чу душман ба душман бувад муштағил,

Ту бо дӯст биншин ба ороми дил.

Ва дар муқобили тафриқаи сипоҳи душман, бояд ба иттиҳоди сипоҳи худ андешид, зеро:

Пашша чу пур шуд, бизанад пилро,

Бо ҳама тундию салобат ки ӯст.

Мӯрчагонро чу бувад иттифоқ,

Шери жаёнро бидаронанд пӯст.

(Гулистон)

Вагарна:

Чу бинӣ, ки ёрон набошанд ёр,

Ҳазимат зи майдон ғанимат шумор.

Дар гармои ҷангу ҷидол аз ҷустуҷӯи роҳи сулҳ низ ғофил набояд буд, ба хусус агар сипоҳиёни хасм беш аз сипоҳи худӣ бошанд:

Чу шамшери пайкор бардоштӣ,

Нигаҳ дор пинҳон раҳи оштӣ.

Бояд огоҳ буд, ки дар оҳанги сулҳи душман мумкин аст фитнаҳо хуфта бошад:

Нагӯям зи ҷанги бадандеш тарс,

Дар овозаи сулҳ аз ӯ беш тарс.

Басо кас ба рӯз ояти сулҳ хонд,

Чу шаб шуд, сипаҳ бар сари хуфта ронд.

Бинобар ин, ҳамвора бояд омода буд:

Зиреҳпӯш хусбанд ҷанговарон,

Ки бистар бувад хобгоҳи занон.

Ба хайма дарун марди шамшерзан,

Бараҳна нахуспад чу дар хона зан.

Бибояд ниҳон ҷангро сохтан,

Ки душман ниҳон оварад тохтан.

Дар сурати тасхири кишвари душман, хилофи ойини ваҳшиён ва тиҳимағзон, ки гуноҳи моҷароҷӯии фирориро ба пойи мардуми шаҳр менависанд ва оташи интиқомро бо хун менишонанд, бояд ба рифоҳи халқ кӯшид ва авзоъро ба сомон расонид; зеро:

Ки гар боз кӯбад дари корзор,

Бароранд ом аз димоғш дамор.

Асосан табъи Саъдӣ аз размҷӯӣ ва пайкорситоӣ ба дур аст. Табъи мулойим ва оромишталаб ва оштиҷӯии Саъдӣ ва руҳи хаста ва ранҷдида ва ситамкашидаи муҳити иҷтимоии ӯ, ба салобат ва устуворӣ дар ашъори ӯ мунъакис шудаанд. Саъдӣ руҳияи сулҳталаби худро дар як байт сареҳан баён намудааст:

Ба мардӣ, ки мулки саросар замин,

Наярзад, ки хуне чакад бар замин.

(Бӯстон, боби 1, с.222)

Идома дорад

* * *

Манбаъ: Доиратулмаорифи Таҳур



Рубрики:Ахлоқи писандида, Барномаи зиндагӣ, Достон ва ҳикоёт

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: