“Мавлоно мутаъаллиқ ба ҳамаи қаламрави форсизабонон аст”

Муҳаммадкозими Козимӣ, шоири номвари афғонистонӣ гуфт: “Ин тафаккур, ки Мавлоно зодаи Балх аст, пас ба Афғонистон ва ё ба кишвари дигаре таъаллуқ дорад, нодуруст аст, Мавлоно мутаъаллиқ ба ҳамаи қаламрави форсизабонон аст ва набояд ба инҳисор дарбиёяд.”

Муҳаммадкозими Козимӣ, шоири афғонистонӣ, дар барномаи “Китоби боз” дар робита бо вазъияти китоб ва забони форсӣ дар Афғонистон ва муштаракоти забонии ду миллати Эрон ва Афғонистон гуфт: “Дар китобе ба номи “Ҳамзабонӣ ва безабонӣ” ба ин мавзӯъ пардохтаам, ки тоҷикӣ, дарӣ ва форсӣ як забони муштарак ва воҳид ҳастанд.”

Козимӣ ҳамчунин гуфт: “Ин тафаккур, ки Мавлоно зодаи Балх аст, пас ба Афғонистон ва ё ин ки ба кишвари дигаре таъаллуқ дорад, нодуруст аст, Мавлоно мутаъаллиқ ба ҳамаи қаламрави форсизабонон аст ва набояд ба инҳисор дарбиёяд.”

Козимӣ дар ин барнома ҳамчунин гуфт: “Зиндагии ман бо китоб гиреҳ хӯрдааст ва аз даврони кӯдакӣ бо китоби “Достони Ростон”-и шаҳид Мутаҳҳарӣ ошно шудам ва осори шаҳид Мутаҳҳарӣ дар таквини шахсияти ман нақши муҳимме доштааст.”

Вай, бо ишора ба осор ва таълифоти нависандагон дар Афғонистон афзуд: “Осор ва таълифоти Афғонистонро камтар дар Эрон шоҳид ҳастем, дар ҳоле ки ин фарҳанг бояд дусӯя бошад ва матоъи китоби Афғонистон дар Эрон густариш ёбад.”

Ин шоири афғонистонӣ дар робита бо осор ва адабиёти муҳоҷират дар Эрон гуфт: “Нависандагон ва шоирони зиёде аз ҷумла Абӯтолиби Музаффарӣ — нависандаи китоби “Пойтахти париҳо”, Заҳро Ҳусайнзода ва Туктами Ҳусайнӣ дар Эрон ҳастанд, ки осори дурахшоне дар заминаи шеър ва адабиёти муҳоҷират халқ карданд.”

Вай гуфт: “600 унвон китоб аз муҳоҷирин дар ҷашнвораи Балх, ки 6 соли гузашта баргузор шуд, аз муҳоҷирини афғонистонӣ ба намоиш гузошта шуд ва дар ин чанд сол ин омор афзоиш ёфтааст.”



Рубрики:Забон ва адабиёт

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: