Мисриҳо хоҳони канорагирии Ассисӣ шуданд

Мухолифони кудето дар Миср дар эътироз ба сиёсатҳои иқтисодии раисиҷумҳури ин кишвар, дар устонҳои мухталиф даст ба тазоҳурот заданд ва хостори барканории Ассисӣ шуданд. Ҳамчунин гурӯҳе аз мухолифони мисрӣ дар баёнияе, мардуми ин кишварро ба иқдом барои сарнагунии давлат даъват карданд; иттифоқоте, ки хабар аз бозгашти таниши сиёсӣ ба Миср медиҳад.

Ба гузориши сойти шабакаи хабарии Алҷазира, мухолифони кудетои низомии Миср дар чандин устони ин кишвар дар эътироз ба нотавонии давлат дар муқобила бо бӯҳрони иқтисодии мавҷуд ва судури дастуроте барои озодсозии нархи арз (дулор) ва қимати сӯхт ва низ камбуди колои асосӣ даст ба тазоҳурот зада ва барканории Абдулфаттоҳ Ассисиро хостор шуданд.

Мӯътаризон тасовири Муҳаммад Мурсӣ, раисиҷумҳури зиндонии Миср ва шиорҳои “Робиъа Аладавия”-ро дар даст доштанд.

Ин тазоҳурот як ҳафта пеш аз фарохонҳо барои тазоҳуроти густарда дар торихи 11-уми моҳи ҷорӣ баргузор шуд.

“Эътилофи ҳимоят аз қонун” вобаста ба Ихвонулмуслимини Миср, пештар аз мардуми Миср даъват карда буд, алайҳи тасмимоти ахири давлат тазоҳурот кунанд.

Ин эътилоф дар баёнияе дар сафҳаи расмии худ дар Фейсбук, хитоб ба мардуми Миср эълом кард: “Ба хиёбонҳо биёед ва аз ҳуқуқи худ ва Инқилоби Январ дифоъ кунед. Мо дар баробари шикасте ҳастем, ки ҳар рӯз бузургтар мешавад.”

Бонки марказии Миср субҳи панҷшанбе эълом кард, ки нархи пунди Миср дар бозорҳои дохилӣ тибқи созукори арза ва тақозо аз сӯйи тоҷирон ва шаҳрвандон таъйин хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки қимати сӯхт тибқи тасмими ҳайъати кулли энержии Миср дар ҷойгоҳҳои сӯхтгирӣ ҳудуди 47 дарсад афзоиш ёфт.

Ин дар ҳолест, ки фарохонҳо барои баргузории тазоҳуроти эътирозӣ ба шакле густарда дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир шуда ва дар ин фарохонҳо аз мардуми Миср барои тазоҳурот дар торихи 11 ноябр таҳти унвони «Инқилоби фуқаро алайҳ гаронӣ» даъват шудааст.

Аз сӯйи дигар мухолифони мисрӣ аз ҷумла Айман Нур, дар баёнияе Қоҳираро масъули вахомати шароити иқтисодӣ ва маҳдудияти озодиҳо дониста ва аз мардуми ин кишвар хостанд барои сарнагунии ин давлат иқдом кунанд.

Дар баёнияи мазкур омадааст, мудирияти кишвар тавассути давлати кунунӣ боис шуда, ки Миср ба ин дараҷа аз суқут бирасад ва бо судури даҳҳо дастури аҷулона, ки мӯҷиби ҳадар рафтани амволи мардум ва зойеъ шудани ҳуқуқашон шуд, бузургтарин ҳомиёни худро нисбат ба саломати ақлӣ ва ишқаш ба кишвар мураддад кард.

Дар ин баёния омадааст, раҳбари кишвар ба назари мухолифон ва орои мардум таваҷҷӯҳе надорад ва ҳамин амр миллигароҳоро нисбат ба вазъияти ҳоли ҳозир ва ояндаи кишвар бо таваҷҷӯҳ ба истимрори моҷароҷӯиҳои ҳисобнашуда, нигарон кардааст.

Мухолифони мисрӣ давлатро ба супурдани бахши иқтисоди Миср ба дасти як гурӯҳи нолоиқ муттаҳам ва таъкид карданд, онҳо боиси хуруҷи сармояҳо аз кишвар ва вахомати шароити иқтисодӣ шуданд. Ба наҳве, ки бо қарордодҳои нодуруст, арзиши пули кишвар пойин омада ва қимати коло ва хадамот ва нархи бекорӣ афзоиш ёфт.

Имзокунандагони ин баёния таъкид карданд: “Ҳазинаҳо дар бахши амниятӣ ва барои саркӯби мардум ба унвони ҳазинаҳои лозим барои таҳияи колоҳо ва хадамоти асосӣ афзоиш ёфтааст. Мо аз мардуми Миср мехоҳем, дар эътирозоти худ хостори барканории давлат ва бозгардондани он ба мардум шаванд, чаро ки давлати кунунӣ шоистаи Миср нест.”

Ин баёния аз сӯйи гурӯҳе аз чеҳраҳои сиёсии Миср, ки худро «Ҳайъати муқаддамотии Анҷумани Миллии Миср” номидаанд, имзо шуд. Ҳайъати мазкур шомили Айман Нур, Иҳоб Шиҳа, Сарват Нофеъ, Ҳотам Аззом, Сайфуддин Абдулфаттоҳ, Абдурраҳмон Юсуф, Ториқ Аззумар, Муҳаммад Камол ва Муҳаммад Маҳсуб мешавад.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: