Омрико дар остонаи ҷанги дохилӣ?

Як гурӯҳи шибҳинизомии мусаллаҳи Омрико эълом кард, ки агар Ҳилори Клинтун ба унвони раисиҷумҳури Омрико эълом шавад, худро ба нафъи Дунолд Тромп барои муборизаи мусаллаҳона омода мекунанд.

Рӯзномаи ангилисии Independent дар гузорише навишт, ки шибҳинизомиёни тарафдори Дунолд Тромп, номзади ҷанҷолии ҷумҳурихоҳон дар интихоботи риёсати ҷумҳурии 2016, дар ҳоли омодасозии худ ҳастанд, ки агар Ҳилори Клинтун ба унвони раисиҷумҳури Омрико баргузида шавад, эъломи набарди низомӣ ба нафъи Тромп кунанд.

Дар ин гузориш омада, ки дар бахше аз Ҷурҷиё (Georgia) аъзои шибҳинизомии гурӯҳи ”Нерӯи амниятии седарсадӣ” барои набарди мусаллаҳона дар сурати пирӯзии Клинтун омода мешаванд ва ҳамакнун таҳти омӯзиши размӣ ҳастанд ва кампинеро ба нафъи Тромп ба роҳ андохтаанд.

Дар ҳоле ки се рӯз то баргузории интихоботи риёсати ҷумҳурии Омрико замон боқӣ мондааст, ин гурӯҳҳои шибҳинизомии мусаллаҳ мегӯянд, ки худро барои эҳтимоли тақаллуб дар интихобот ва нооромиҳои умумӣ, ки баъд аз эъломи пирӯзии Ҳилори Клинтун ба вуҷуд меояд, омода мекунанд.

Ин афроди мусаллаҳ мегӯянд, ки аввалин гулӯларо шиллик намекунанд, аммо қасд ҳам надоранд силоҳҳои худро баъд аз пирӯзии эҳтимолии Клинтун дар хонаҳояшон раҳо кунанд.

Ин гурӯҳҳои шибҳинизомӣ аз тарафдорони сиёсатҳои Тромп аз ҷумла ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонунӣ, ҷилавгирӣ аз вуруди мусалмонон ба Омрико ва сохти деворе дар имтидоди марзи Мексик мебошанд.

Тромп ба таври мукаррар ҳушдор додааст, ки имкони тақаллуб дар интихобот вуҷуд дорад ва таъкид кардааст, ки агар пирӯз нашавад, ба натиҷаи интихобот эҳтиром намегузорад.

Яке аз ин гурӯҳҳои шибҳинизомӣ ба номи Oath Keepers аз тамоми аъзои худ хостаанд, то дар ҳавзаҳои ахзи раъй муроқиб бошанд, то аз ҳар гуна тақаллуб ҷилавгирӣ кунанд.

Гурӯҳҳои шибҳинизомии мусаллаҳ барои аввалин бор аҳаммияти худро авоили 1990 ба даст оварданд ва дар ҳаводорӣ аз бомбборони 1995-и як сохтмони дафтари федерол дар шаҳр Уклоҳумо, ки 168 нафар дар он кушта шуданд, ба авҷи худ расиданд ва дар солҳои ахир гурӯҳҳои мусаллаҳ бо мақомоти федерол дар як силсила ҷидолҳо дар ғарби Омрико ширкат доранд.

Ин хабар дар ҳоле мунташир шудааст, ки назарсанҷиҳои ахир аксаран ҳикоят аз пештозии Тромп дар муқобили Клинтун дорад ба тавре ки чанд рӯзи қабл рӯзномаи омрикоии Los Angeles Times аз бартарии 6 дарсадии Дунолд Тромп аз Ҳилори Клинтун хабар дода буд.

Бино бар натоиҷи ин назарсанҷӣ, ки рӯзи душанбе баргузор шудааст, Тромп бо касби 48 дарсади оро, аз номзади демукроти интихоботи риёсати ҷумҳурии Омрико пеш аст.



Рубрики:Сиёсат

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: