Чаро аъроб барои омадани Клинтун рӯзшуморӣ мекунанд?

Маҳофили сиёсии кишварҳои арабӣ зимомдории Борок Убоморо як фоҷеа барои худ арзёбӣ мекунанд. Нозирони араб мегӯянд, ки “сиёсати адами дахолат”-и Убомо, заминае барои тақвияти душманони онҳо дар минтақа шуда ва инак аъроб ба риёсати ҷумҳурии Ҳилори Клинтун умед бастаанд.

Бо ин ки кишварҳои арабии ҳошияи халиҷи Форс худро муттаҳиди Иёлоти Муттаҳида медонанд, аммо маҳофили сиёси ин кишварҳо ақида доранд, ки дар ҳеч замоне ба андозаи даврони Борок Убомо, ба онҳо камтаваҷҷӯҳӣ нашудааст. Як коршиноси масоили кишварҳои арабӣ мегӯяд, ки ин кишварҳо барои рафтани Убомо ва омадани Клинтун рӯзшуморӣ мекунанд.

Маҳофил ва соҳибназарони сиёсии араб ақида доранд, ки дар замони Убомо Иёлоти Муттаҳида худро аз тамоми бӯҳронҳои муҳимми Ховари Миёна ақиб кашид ва натиҷаи он ин буд, ки Эрон ба сурати бузургтарин қудрати минтақа даромад.

Ба ақидаи маҳофили сиёсии арабӣ, Омрико ба умеди расидан ба тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон, аз ҳар гуна рӯёрӯӣ бо Теҳрон дар манотиқи бӯҳронӣ худдорӣ кард ва имрӯз низ аз тарси ба хатар афтодани ҳамон тавофуқ, бо Эрон мумошот мекунад.

Оғози фоҷеа бо суқути Саддом

Нозирони ҷаҳони араб мегӯянд, Убомо сиёсати худро бар пояи шикасти Иёлоти Муттаҳида дар Ироқ танзим кард. Ба дунболи суқути Саддом дар соли 2003, Ироқ ба демукросӣ нарасид, балки дар ғарқоби ҷанги дохилӣ фурӯ рафт; ҷанге, ки аз дили он ДОЪИШ берун омад; як гурӯҳи теруристии бениҳоят ваҳшӣ ва хашин. Борок Убомо барои поён додан ба бӯҳрон, мушкилоти аъробро ба худашон вогузор кард.

Аъроб ва интихоботи пеши рӯй

Deutsche Welle (Олмон), бо ишора ба ин ки бештари нозирони сиёсии араб, ки худро аз сӯйи Убомои демукрот раҳошуда мебинанд, ҳукумати ҷумҳурихоҳонро тарҷеҳ медиҳанд, зеро бовар доранд, ки онҳо беҳтар метавонанд бо Эрон муқобила кунанд”, менависад: “Аммо дар шароити феълӣ, ки номзади аслии ҷумҳурихоҳон касе монанди Дунолд Тромп аст, онҳо тарҷеҳ медиҳанд, аз Ҳилори Клинтун ҳимоят кунанд.”

Абдулхолиқ Абдуллоҳ, устоди улуми сиёсӣ дар Донишгоҳи Дубай ақида дорад, ки дар ҷаҳони араб касе Тромпро ҷиддӣ намегирад. Ӯ дар бораи Клинтун мегӯяд: “Мо ӯро хеле хуб мешиносем, ба хубӣ бо ӯ кор кардаем. Ӯ сиёсатмадоре коркушта аст ва Ховари Миёнаро ба хубӣ мешиносад.”

Ин коршиноси араб орзу дорад, ки Ҳилори Клинтун аз ҳамон аввалин рӯзи риёсати ҷумҳурӣ, ба Ховари Миёна бипардозад. Ӯ мегӯяд: “На танҳо дар баробари Эрон, балки дар баробари нуфузи Русия низ дар ин минтақа бояд муқобила кард.”

Абдулхолиқ Абдуллоҳ интиқод мекунад, ки Убомо ба хотири он ки худро «марди сулҳ» медонад, аз даргирии фаъол дар бӯҳрони Сурия иҷтиноб варзид ва майдони бозиро ба Русия ва Эрон вогузошт.

Ба ақидаи нозирони араб, давлати Убомо на танҳо аз дахолати фаъол дар Сурия худдорӣ кард, ки қудратҳои минтақаро низ аз ёрии бештар ба шӯришиёни Сурия боздошт.

Бар асоси ин гузориш, онҳо умед доранд, ки бо омадани Клинтун ва бозгашти Омрико бо иродае қавӣ ба минтақа, кишварҳои араб битавонанд ниёзҳои молӣ ва таслиҳотии қиёми мардуми Сурия алайҳи Башшор Асадро таъмин кунанд.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: