Шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия (5)

Матни китоб:

لا تبلغه الأوهام ولا تدركه الأفهام ولا يشبه الأنام

* * *

Тарҷума:

(Имом Таҳовӣ (Раҳматуллоҳи алайҳи) гӯяд:) (Худо зотест, ки) на пиндорҳо тавонанд ба ӯ расанд ва на фаҳмҳо тавонанд даркаш кунанд ва на халқ шабеҳи ӯ бошанд…

* * *

Шарҳ:

Дар бораи қисмати дуввуми каломи Имом Таҳовӣ (Раҳматулоҳи алайҳи) яъне ин ки Худо шабеҳи ҳеч халқе нест, тавзеҳаш дар баҳсҳои гузашта, онҷо, ки перомуни ягонагии Худо баҳс намудем, гузашт.

Зоти Худо қобили дарк нест

Қисмати аввали каломи Имом Таҳовӣ ин аст, ки мегӯяд, зоти муқаддаси илоҳӣ қобили тасаввур барои инсон нест. Мурод аз ин сухан он аст, ки башар қодир бар дарки зоти Худо нест, на ин ки аслан қодир бар шинохти Худо набошад. Зеро шакке нест, ки одамӣ қодир аст пай ба вуҷуди муқаддаси илоҳӣ ва низ сифатҳои ӯ бибарад.

Қабл аз баёни ин ки чаро одамӣ метавонад ба вуҷуди Худо пай барад, вале қодир бар дарки зоти ӯ нест, шоиста аст андаке перомуни васоили огоҳиҳои инсон баҳс намуда ва бибинем, ки чаро ин васоил аз дарки зоти муқаддаси илоҳӣ оҷизанд.

Васоили огоҳии инсон

Огоҳиҳои инсон аз хориҷ, ё 1) ба яке аз ҳоссаҳои панҷгонаи ӯст, ки иборат ҳастанд аз ҳоссаи биноӣ (чашм), ҳоссаи шунавоӣ (гӯш), ҳоссаи ламс карданӣ (мисли даст), ҳоссаи чашоӣ (забон) ва ҳоссаи бӯёӣ (бинӣ); ва ё 2) ба василаи қувваи ақл аст; ва ё 3) ба воситаи илҳом аст; ва ё 4) ба василаи ваҳй. Пас, васоили огоҳии инсон иборат ҳастанд аз: ҳисс, ақл, илҳом ва ваҳй.

Огоҳӣ аз тариқи ваҳй, ки фақат махсуси паёмбарон аст ва низ огоҳӣ аз роҳи илҳом, ки аз қабили огоҳиҳои ҳузурист, (1) феълан аз доираи баҳси мавриди назари мо хориҷ аст. (2)

Боқӣ мемонад огоҳиҳои ҳиссӣ ва огоҳиҳои ақлӣ.

Ва аммо огоҳиҳои ҳиссӣ дар натиҷаи тамоси мустақими яке аз ҳоссаҳои панҷгона (биноӣ, шунавоӣ, чашоӣ, буёӣ ва ламс шуданӣ) бо мавҷудоти маҳсус ҳосил мешаванд. Ин қисм аз огоҳӣ наметавонад ҳадафи моро таъмин намояд. Зеро зоти муқаддаси илоҳӣ мавҷуди маҳсус нест, ки мавриди таъаллуқи яке аз ҳоссаҳои инсон қарор гирифта, тасаввуре аз зоти илоҳӣ дар пиндори ӯ эҷод гардад.

Чаро Худо маҳсус нест?

Аммо ин ки чаро зоти Худо маҳсус нест, ба тафсил дар оянда баҳсаш хоҳад омад. Вале ба гунаи мухтасар ва бо овардани яке аз далелҳои содда барои он, дар инҷо ҳам баён мекунем. Ва он ин ки: ҳар мавҷуди маҳсус ҷисм аст (тӯлу арзу умқ дорад), ва ҳар ҷисме мураккаб аст яъне таркибёфта аз аҷзоъ аст (мисли “об”, ки мураккаб аст аз гидроген ва оксиген) ва ҳар чизи мураккабе ниёзманд ба аҷзоъи худ аст. Масалан “об”, дар об буданаш, ниёз ба аҷзоъи худ — ки оксиген ва гидроген аст — дорад ва бидуни яке аз аҷзояш, об дигар об нест. Ва аз тарафе ҳам, ба далелҳои ақлӣ собит шудааст, ки зоти муқаддаси илоҳӣ зоти бениёз аст ва ба фармудаи Қуръон “ғанӣ” аст; ҳамон тавр ки дар баҳсҳои гузашта баёнаш гузашт.

Албатта ин яке аз соддатарин далелҳо дар ин замина ба шумор меравад ва далелҳои фаровони дигаре ҳам вуҷуд дорад, ки бояд дар ҷойи худаш ба онҳо пардохта шавад.

Пас, натиҷа ин шуд, ки зоти муқаддаси илоҳӣ ҷисм нест, то маҳсус буда ва он гоҳ мавриди таъаллуқи яке аз ҳоссаҳои инсон қарор гирифта ва дар натиҷа тасаввуре аз он дар зарфи пиндори ӯ эҷод шавад.

Ҳоло боқӣ мемонад нерӯи ақли инсон.

Нерӯи ақли инсон (3)

Инсон ҳарчанд ба воситаи нерӯи ақл метавонад пай ба вуҷуди муқаддаси Худо бибарад, вале наметавонад зоти ӯро дарк намояд. Яъне инсон қодир нест ҳатто аз тариқи нерӯи ақли худ бар дарки зоти муқаддаси илоҳӣ ноил гардад.

Инҷо чунин суоле матраҳ мешавад, ки чӣ фарқе ҳаст байни дарки зоти Худо ва байни пай бурдан ба вуҷуди ӯ, ки аввалӣ барои ақли инсон муяссар нест ва дуввумӣ барояш мумкин аст?

Тавзеҳ ин ки: тасаввури зот ва ҳақиқати ҳар чизе навъе иҳотаи илмӣ пайдо кардан ба он чиз аст. Иҳотаи илмӣ пайдо кардан ҳам, ба ин аст, ки ҳадду марзи он чизро — ки ӯро аз дигар чизҳо ҷудо мекунад ва ташкилдиҳандаи моҳияти (4) ӯст — бишносем ва битавонем ба василаи мафҳуме аз мафоҳими зеҳнии худ онро тасаввур намоем.

Масалан: агар аз мо бипурсанд, ки инсон чист ва мо дар посух бигӯем, ки “инсон ҳайвони нотиқ аст”, ҳайвони нотиқ будан нишондиҳандаи ҳадду марзи инсон аст, ки ӯро масалан аз наботу ҷамод ҷудо мекунад ва мафоҳиме чун “ҳайвон” ва “нотиқ” — ки баёнкунандаи моҳияти ӯст — қобили тасаввур барои зеҳни мост.

Ҳоло, чаро моҳияти чунин мавҷудоте бароямон қобили шинохт ва барои зеҳн қобили тасаввур ҳастанд? Посух ин аст, ки чунин мавҷудот мисли худамон мавҷудоти маҳдуд ҳастанд ва зеҳни мо аз роҳи яке аз ҳоссаҳо қаблан ба мисдоқи (5) онҳо расидааст.

Аммо агар мо мавҷудеро дар назар бигирем, ки номаҳдуд ва бепоён бошад ва бо мо ҳеч синхияте надошта бошад ва зеҳни мо ҳам ҳеч роҳе барои расидан ба мисдоқи он дар ихтиёр надошта бошад, оё метавонад чунин мавҷуде қобили тасаввур барои зеҳни мо қарор гирад? Равшан аст, ки посух манфист.

Аз ин ҷост, ки равшан мешавад, ки маҳол аст зоти номаҳдуд ва бепоёни Худо мавриди тасаввури зеҳни инсони маҳдуд — ки сару кораш ҷуз бо мавҷудоти ҳамсинхи худаш намебошад — қарор бигирад.

Худои Субҳон мефармояд:

وَلَا يُحِيطُونَ بِهِ عِلْمًا

Халқро ҳаргиз ба Ӯ (Худо) иҳота ва огоҳӣ нест.” (6)

Хулоса, ақли башар ҳудуди муайяне дорад, ки аз он ҳудуд наметавонад таҷовуз кунад.

Аммо бо вуҷуди ин ки инсон ба хотири маҳдудият, қодир бар иҳотаи илмӣ бар зоти Худои Субҳон нест, вале метавонад пай ба вуҷуди муқаддаси Худои Субҳон бибарад. Зеро чӣ басо инсон аз моҳият ва ҳақиқати чизе ҳеч хабаре надошта бошад, вале ба далеле аз далелҳо, вуҷуди ӯро тасдиқ намояд. Ин як масъалаи бадеҳӣ ва хеле равшан аст ва ҳатто ниёзе надорад барои исботи он далеле оварда шавад. Мисоли равшани он ҳам, вуҷуди худи Худои Субҳон аст, ки аз роҳи далелҳои қатъӣ ва тардиднопазир (ё аз роҳи дил, ё аз роҳи табиат ва ё аз роҳи ақл) мавриди тасдиқи мо қарор гирифтааст, вале бо ин вуҷуд, ҳақиқаташ бароямон пӯшида мебошад.

Ишкол ва посух

Шояд дар ин миён чунин суоле худнамоӣ кунад: мо инсонҳо, ки Худои Субҳонро бо мафоҳиме чун “вуҷуд”, “илм”, “қудрат” ва “номаҳдуд будан” тавсиф намуда мегӯем: “Худо вуҷуд дорад”, “Худо олим аст”, “Худо қодир аст”, “Худо номаҳдуд аст” ва ғайра.. магар ин мафоҳим мафоҳими зеҳнӣ нестанд? Магар мафоҳими зеҳнӣ баъд аз дастрасии зеҳн (аз роҳи яке аз ҳоссаҳо) ба мисдоқи онҳо, пайдо нашудаанд? Агар чунин аст, пас ба чӣ далел Худоро, ки вуҷуди номаҳдуд ва бепоён аст, бо ин мафоҳими зеҳнӣ — ки реша дар мавҷудоти маҳдуд доранд — тавсиф менамоем?

Посухи чунин ишколе он аст, ки тасаввуроти зеҳнии инсон (ва ё ҳамон мафҳумҳои зеҳнӣ) гоҳе мафҳумҳое ҳастанд, ки баёнгари ҷиҳати нақси мисдоқи худ мебошанд. Ва гоҳе мафҳумҳое ҳастанд, ки ҳикояткунандаи ҷанбаи камолии мисдоқашон мебошанд.

Масалан: агар мо инсонро чунин тавсиф намоем, “инсон ҷисмест ҳаракаткунанда, нумӯкунанда, огоҳ, тавоно ва соҳиби ирода”, дар ин мисол мафоҳиме чун “ҳаракаткунанда”, “нумӯкунанда” ва “ҷисм” баёнгари ҷиҳати нақси ӯ мебошанд, вале мафоҳиме чун “огоҳ”, “тавоно” ва “боирода” ҳикояткунандаи ҷанбаи камолияш ҳастанд.

Ва бо таваҷҷӯҳ ба ин ки тамоми камолоти махлуқ, аз Худои Таъолост ва ҷанбаҳои нуқсон бархоста аз худи махлуқ мебошад, бинобар ин мафоҳимеро, ки ҳикоят аз сифати камолӣ мекунанд, метавон ба Худо ҳам нисбат дода ва ба онҳо Худоро васф кард. Вале чун мисдоқи аввалияи ин мафоҳим мавҷудоти маҳдуд ҳастанд (яъне зеҳн барои аввалин бор ин мафоҳимро аз мисдоқи маҳдуд дарёфт кардааст; масалан, мафҳуми камолие чун “илм”-ро аввалин бор аз як нафар инсоне, ки дорои сифати илм аст дарёфт кардаем), аз ин рӯ вақте бихоҳем Худоро ба сифате аз сифатҳои камолӣ васф кунем, ба он сифат ҷанбаи “мутлақ будан”-ро изофа мекунем. Масалан: вақте бихоҳем Худоро ба сифати вуҷуд васф карда бигӯем: “Худо вуҷуд дорад” ва ё бо сифати илм тавсиф намуда бигӯем: “Худо дорои илм аст”, бояд “вуҷуди мутлақ” ва “илми мутлақ”-ро дар мавриди Худои Субҳон дар назар бигирем.

Идома дорад

* * *

Поварақӣ:

1) Илм ё огоҳии инсон ба як тақсим ду гуна аст: илми ҳузурӣ ва илми ҳусулӣ. Илми ҳузурӣ, яъне илме, ки айни воқеияти маълум (яъне он чӣ инсон мехоҳад аз он огоҳӣ ёбад) пеши инсон ҳозир аст ва инсон воқеияти маълумро меёбад; монанди огоҳии инсон ба худ ва ҳолоти виҷдонияш (мисли ғазаб, муҳаббат, нафрат, хушҳолӣ ва аз ин қабил), ки худи ғазаб, ё муҳаббат, ё нафрат, ё хушҳолӣ бо вуҷудии хориҷияш пеши инсон ҳозир аст.

Ва аммо илми ҳусулӣ, яъне илме, ки воқеияти маълум пеши инсон ҳозир нест, балки фақат сурате аз маълум пеши инсон ҳозир аст; мисли огоҳии инсон ба мавҷудоти хориҷӣ аз қабили осмон, замин, дарахт, инсонҳои дигар ва ғайра.

Дар илми ҳузурӣ илм ва маълум якест, яъне вуҷуди илм айни вуҷуди маълум аст ва инкишофи маълум пеши олим ба воситаи ҳузури худи маълум аст дар назди олим ва аз ин ҷиҳат ин илмро “ҳузурӣ” меноманд. Ба хилофи илми ҳусулӣ, ки воқеияти маълум ғайр аз воқеияти илм аст ва инкишофи маълум пеши олим ба воситаи сурате аст, ки вай дар пеши худ дорад. Ва ба иборати дигар: ба воситаи ҳусули суратест аз маълум дар назди олим ва аз ин ҷиҳат ин илмро “ҳусулӣ” меноманд.

(2) Зеро баҳси мо дар ин аст, ки оё зоти муқаддаси илоҳӣ қобили дарк барои инсон аст ва ба иборати дигар: оё зоти илоҳӣ дар зарфи пиндори инсон ҷой мегирад, ё на? Ва зарфи пиндор олами зеҳн аст ва ҳар он чӣ зеҳн зарфи онро ташкил диҳад, аз қабили огоҳиҳои ҳусулист, на ҳузурӣ. Ва гуфтем, ки илҳом аз қабили илми ҳузурист. Ва аммо ваҳй, ки махсуси паёмбарон аст ва инсони оддӣ ба он роҳ надорад, худ аз худ аз доираи баҳс хориҷ аст.

(3) Сазовор аст қабл аз ҳар чиз миқдоре дар бораи худи нерӯи ақл ва огоҳиҳои ақлӣ баҳс намоем. Тавзеҳ ин ки: яке аз имтиёзҳои инсон аз ҳайвон, ки инсон будани инсон ба он аст, бархӯрдории ӯст аз нерӯи ақл. Инсон дар огоҳиҳои ҳиссӣ бо ҳайвон муштарак аст. Ҳам инсон ва ҳам ҳайвон ба василаи ҳоссаҳои худ аз маҳсусот огоҳ мегарданд. Вале инсон як даста огоҳиҳое ҳам дорад, ки ба воситаи ҳоссаҳояш онҳоро ба даст наёвардааст. Ва ин огоҳиҳо огоҳиҳои ақлист. Масалан: инсон шакке надорад, ки ҳар обе агар дар дараҷаи 80% гузошта шавад, ба ҷӯш меояд ва агар аз ӯ пурсида шавад, ки оё обе, ки фардо бароят биёварем, он ҳам дар ҳамин дараҷа ба ҷӯш хоҳад омад? Ба қотеият посух хоҳад дод, ки оре. Агар аз ӯ бипурсем далелат чист, хоҳад гуфт, ки далелаш ақл аст, яъне ин ақл аст, ки чунин мегӯяд.

Натиҷае, ки аз ин мисол ба даст меояд, ин аст, ки мо як даста огоҳиҳое дорем, ки аз синхи огоҳиҳои ҳиссӣ нест ва мо онҳоро, на дидаем ва на шунидаем ва на ламс кардаем, вале бо ин вуҷуд, кучактарин шакке дар ҳаққонияташон надорем.

Аммо дар бораи ин ки огоҳиҳои ақлӣ чӣ гуна ва ба чӣ тартиб ҳосил мешаванд, худ ба як баҳси тӯлонӣ ниёз дорад, вале мо ба гунаи мухтасар дар инҷо ба баёни он мепардозем. Тавзеҳ он ки: зеҳни инсон пас аз дарки чанд сурати ҷузъӣ (аз тариқи яке аз ҳоссаҳояш), қодир аст як маънои куллӣ бисозад, ки қобили интибоқ бар афроди зиёд бошад; ба ин тартиб, ки пас аз он ки чанд фардро дарк намуд, илова бар сифатҳои хусусии ҳар як аз афрод, ба порае аз сифатҳои муштарак ноил мешавад, яъне як маъноро, ки дар як фард дида, ду мартаба мутаваҷҷеҳ мешавад, ки айни ҳамин маъно дар фарди дуввум низ ҳаст ва ҳамчунин дар сеюм, дар чаҳорум ва… Ин ба такрор дидани як маъно дар афроди мухталиф, зеҳни инсонро омода мекунад, ки аз ҳамон маъно як сурати куллӣ бисозад, ки бар афроди номаҳдуде қобили интибоқ бошад. Ин қисм аз тасаввурро “тасаввури куллӣ” ва ё “мафҳуми куллӣ” меноманд ва ақл, ҳамон нерӯест, ки чунин мафҳумҳои куллиро дарк мекунад.

Дар таърифи “мафҳуми куллӣ”, ки дар муқобили “мафҳуми ҷузъӣ” ба кор меравад, гуфтаанд: “мафҳуми куллӣ” мафҳумест, ки қобили интибоқ бар беш аз як маврид бошад (мисли мафҳуми зеҳнии “инсон”, ки қобили татбиқ бар Зайд, Бакр, Содиқ, Саид ва ғайра аз инсонҳост). Ва аммо “мафҳуми ҷузъӣ” мафҳумест, ки бар беш аз як маврид қобили интибоқ набошад (мисли мафҳуми зеҳнии Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи), ки фақат бар як маврид, ки ҳамон паёмбари хотам аст татбиқ мешавад).

(4) Моҳияти ҳар чиз, ки дар посух ба суол аз “чистӣ”−и он чиз оварда мешавад, таъйинкунандаи ҳадду марзи он мебошад. Масалан: агар “инсон” ё “асп” ва ё “дарахт” бароямон ношинохта бошад, ба ин маъност, ки мо як тасаввури комиле аз ҳақиқати онҳо надорем ва ҳадду марзашон, ки онҳоро аз чизҳои дигар ҷудо мекунад, бароямон маҷҳул аст.

(5) Дар истилоҳ он чиро, ки мафҳуми зеҳнӣ аз он ҳикоят мекунад, мисдоқ гӯянд. Масалан, дар тасаввури инсоне ба номи “Зайд” сурати зеҳнии онро мафҳум, вале Зайди хориҷиро, ки мафҳуми мазкур аз он ҳикоят мекунад, мисдоқ мегӯянд.

(6) Сураи Тоҳо, ояти 110.

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия



Рубрики:Ақоиди исломӣ, Ислом

Метки: , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: