Равобити Эрон-Тоҷикистон пас аз марги Каримов

Ёддоште дар хабаргузории Форс

Тайи як даҳаи ахир ҳарчанд бо иттихози рӯйкарди “нигоҳ ба шарқ” ба унвони меҳвари сиёсати хориҷии Эрон дар давлати 9-ум ва 10-ум (давлати Аҳмадинажод), интизор мерафт, ки тавваҷӯҳ ба минтақаи Осиёи Миёна низ афзоиш ёфта ва пайвандҳо миёни Теҳрон ва ин минтақа таҳким ва тасбит шавад, аммо он чӣ дар амал рух дод, акси ин раванд буд ва Осиёи Миёна ҳеч гоҳ аз вазн ва аҳаммияти лозим дар сиёсати хориҷии Эрон бархӯрдор нашуд.

Фуруде, ки акнун дар сатҳи ҳамкорӣ ва иртиботи Эрон ва Тоҷикистон ба мудирияти давлати Душанбе дар ҳоли анҷом аст, ба лиҳози урфӣ хориҷ аз мантиқи ҳоким бар равобити байналмилал буда ва боистӣ посухе мутаносиб ва дархӯр низ дошта бошад.

Ин рафтори Душанбе дар ҳолест, ки Эрон тайи 2 даҳаи ахир барномаи мунсаҷиме бо танҳо кишвари ғайри туркзабони минтақа яъне Тоҷикистон дошта ва беш аз ҳар кишваре, бар рӯйи равобит бо ин кишвар сармоягузорӣ кардааст.

Дар айни ҳол, агар бо рӯйкарде натиҷагароёна ба дастоварадҳои ин ҳамкорӣ тайи ду даҳаи гузашта нигоҳ кунем, шароити феълӣ вазъияте таъассуфборро нишон медиҳад. Эрон, ки тайи солҳои гузашта дар ҷалби назар ва ҳамкории Тоҷикистон гузинаҳо ва фурсатҳои худ дар Осиёи Миёнаро бо авлавияти афзоиши сатҳи равобит, дар сабади сиёсати Душанбе гузошта, акнун на танҳо ҳимоят ва ҳамроҳии ин кишварро ба ҳамроҳ надорад, балки тирагии равобити пурдомана бо Ӯзбакистонро низ насиби худ кардааст.

Тошканд, ки тайи як даҳаи гузашта танишҳоеро бо Тоҷикистон доштааст, Теҳронро ҳамвора ҳомии Душанбе медонист ва бар ҳамин асос ҳар рӯз бар фосилаи худ бо сиёсатҳои минтақаии Эрон афзуд.

Акнун, ки умедвориҳое ҳарчанд заъиф аз Ӯзбакистон пас аз Ислом Каримов ҳатто дар миёни тоҷикон низ пайдо шудааст, Ҷумҳурии Исломии Эрон низ боистӣ бо тағйири бархе мавозеъ, зимни муқобилагарии диплумосимаобона бо рафтори давлати Тоҷикистон, бори дигар ба беҳбуди равобит бо Тошканд ба унвони кишваре, ки дорои нақше меҳварӣ дар ин минтақаи истротежик аст, иқдом кунад ва даст аз ҳимоятҳое, ки дар гузашта аз мавозеъи Душанбе дар мавориди ихтилофаш бо ин кишвар дошт, бардорад.

Мавозеъи Эрон дар мавориди ихтилофи Тоҷикистон-Ӯзбакистон

Аз ҳудуди 25 соли пеш, яъне ҳамзамон бо эъломи истиқлоли кишварҳои пасошӯравӣ, ҳамвора ахборе марбут ба ихтилофот миёни ду кишвари Ӯзбакистон ва Тоҷикистон мавзӯи собити ахбори минтақа будааст. Дар идома бархе аз муҳимтарин мавориди ихтилоф мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Аз ҳудуди як даҳа қабл ва пас аз ҷиддитар шудани талоши кишварҳои болодастии об дар хусуси эҳдоси нерӯгоҳи Роғун дар Тоҷикистон ва Қамбарота дар Қирғизистон, Ӯзбакистон аз роҳҳои мутафовит талош мекунад, то бар сари роҳи сохти нерӯгоҳҳои мазкур монеътарошӣ кунад ва барои пешбурди сиёсати худ низ, баҳонаҳои мухталифе мисли “таҳдидоти зистмуҳитӣ” ва ё “қарор гирифтани ин нерӯгоҳ бар рӯйи заминҳои зилзилахез” ва “таҳдиди ҷони мардумони ин минтақа”-ро матраҳ кардааст. Ҳамчунин мақомҳои ӯзбак иддаъо мекунанд, ки Душанбе бо эҳдоси ин нерӯгоҳҳо, оби минтақаро ба инҳисори худ дармеоварад.

Дар солҳои авҷи ин таниш, ки Каримов Тоҷикистонро таҳдид кард, мақомоти тасмимгирандаи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ҳимояте тамомқад дар соли 2011 қавл доданд, ки алорағми маҳдудиятҳо ва бархе таҳдидот, ин пружаи азими минтақаӣ ба итмом хоҳад расид.

Дар он мақтаъ, Тоҷикистон танҳо кишвари минтақаи Осиё Миёна буд, ки бо Эрон равобити низомӣ барқарор карда буд. Ин навъ ҳамкорӣ бар табодули доимии ҳайъатҳо ва ройзанӣ дар хусуси мушкилоти амниятӣ мубтанӣ буд ва танҳо кордори низомии Эрон дар минтақа дар Душанбе қарор дошт. Алорағми ин ки тарафайн ҳамвора таъкид доштанд, ки ҳамкориҳои низомии онҳо ҳеч кишвари севвумеро таҳдид намекунад, мунтаҳо Тошканд аз ин навъ равобит бисёр хашмгин буд.

Албатта, мавориде, ки Ӯзбакистон ҳамвора матраҳ мекард, на мавзӯъҳои чароии ҳамкории низомӣ ва наздики Эрон ва Тоҷикистон, балки интиқод аз Теҳрон дар кӯмак ба сохти нерӯгоҳ буд, ки ҳар рӯз бар дурии ду кишвар аз якдигар доман мезад.

Ба гуфтаи бархе коршиносон, Эрон дар он мақтаъ ҳатто моил буд пойгоҳе низомӣ дар Тоҷикистон эҷод кунад, то ба мизони қобили таваҷҷӯҳе, аз таъсири амалиёти нерӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистон бикоҳад. Ин фарзия то ҷойе пеш рафт, ки Теҳрон ҳатто вомҳое барои рафъи ниёзҳои артиши ин кишвар ва хариди таҷҳизоти низомӣ ва иртиботӣ дар ихтиёри Душанбе қарор дод ва омодагии кӯмак ва ироаи хадамоти пизишкӣ ба низомиён ва эъзоми мушовирони низомӣ ба манзури омӯзиши сарбозони ин кишвар бо ҳазинаи худро ҳам дошт.

Эрониҳо ҳамчунин омодагии худро барои бозсозии фурӯдгоҳи низомии Айнӣ дар наздикии Душанбе низ эълом карда буданд.

Ҳамаи ин маворид дар ниҳоят боис шуда буд, равобити Эрон бо танҳо кишвари ғайри туркзабони минтақа яъне Тоҷикистон, дар сояи эҳсоси ноамнӣ ва дурии дигар кишварҳои минтақаи Осиёи Миёна афзоиш ёбад, дар ҳоле ки дастгоҳи диплумосӣ барномае барои тавсиъаи равобит бо дигар кишварҳои минтақа надошт.

Хадамоти Тоҷикистон ба Эрон

Дар изои ҳамроҳӣ ва кӯмаки Теҳрон ба Душанбе, тарафи тоҷикӣ низ дар тӯли солҳои гузашта бархе таъаҳҳудот дар қиболи Эронро дар дастури кор дошт:

— Тарҳи хатти лӯлаи интиқоли об аз дарёчаи Сарез аз Тоҷикистон ба Эрон. Ин тарҳ, ки аз солҳо пеш матраҳ будааст, барои аввалин бор дар соли 2007 дар сафари раисиҷумҳури вақти Эрон ба Тоҷикистон матраҳ ва аввалин санад дар он замон ба имзо расид.

Дар он мақтаъ, аз ҷузъиёти ин ҳамкорӣ хабаре мунташир нашуд, то ин ки аввалин ҷузъиёти ин тарҳ охирҳои моҳи майи соли 2012 дар ҷаласаи даҳуми Кумисиюни давлатии иқтисод ва тиҷорати ду кишвар ошкор шуд ва санади интиқоли оби дарёчаи Сарези Тоҷикистон ба Хуросон дар Эрон амалан ба ҷараён афтод.

Эрон пешниҳод кард, ки дар қиболи интиқоли оби ин дарёча, ба ин кишвар нафт, гоз ва ё пул пардохт кунад ва бар ҳамин асос Теҳрон мутаъаҳҳид шуд як лӯлаи об дар масири 600 километрӣ аз Бадахшони Тоҷикистон то Хуросон насб намояд.

Бар асоси он қарордод, боистӣ то шурӯъи соли 2013 рӯзона як милёрд метри мукаъаб оби ошомиданӣ ба Эрон мунтақил мешуд, ки ин амр то имрӯз муҳаққақ нашудааст.

— Аз ҷумлаи дигар ҷозибаҳои Тоҷикистон барои Эрон, ба ғайр аз таъаллуқоти густардаи фарҳангӣ ва тамаддунии муштарак, майдонҳои ғании урониюми ин кишвар буд, ки бар асоси омори мухталиф, байни 14 то 40 дарсади захоири урониюми ҷаҳонро ташкил медиҳанд.

Дар мақтаъе, ки мавзӯи камбуди урониюм ҷиҳати тавсиъаи истифода аз энержии ҳастаӣ, аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Эрон буд, ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар ин замина метавонист, то ҳудуде мушкилоти мавҷудро муртафаъ намояд.

— Тоҷикистон дар тӯли солҳои гузашта, бар хилофи соири кишварҳои Осиёи Миёна, ки мавзеъи худро дар мавриди барномаи ҳастаӣ ба таври аланӣ эълом накардаанд, мавзеъи худро ба таври аланӣ дар замони сафари соли 2012-и Эмомалӣ Раҳмон ба Теҳрон ва эълом ва таъкид кард, ки Душанбе ба унвони муттаҳиди роҳбурдии Эрон, аз барномаи ҳастаии сулҳомези он дар тамомии мароҳил ҳимоят мекунад. Ин мавзӯъ шояд яке аз муҳимтарин далоили наздикӣ миёни ду кишвар дар бархе солҳо талаққӣ мешуд.

Фосилагирии Тоҷикистон аз Эрон дар сояи сукути Теҳрон

Аз соли 2014 рафта-рафта равобити Теҳрон-Душанбе вориди фози тозае шуд. Ба тавре ки масаълаи зиддият бо Эрон ва эронӣ, бар фазои сиёсӣ ва ҳатто иҷтимоии кишвари Тоҷикистон соя андохт.

Бисёре аз соҳибназарон дар нигоҳе калон нуфузи нарми ҷараёни мавсум ба салафиятро дар таҳлиле теуримеҳвар ба унвони фарзия гирифтанд. Гурӯҳе дигар низ, бебарномагии Эрон дар минтақаи Осиёи Миёнаро далеле бар ин рафтори Душанбе эълом карданд ва бархе ҳам, бар таъсироти лобии саудӣ-ғарбӣ дар мавзӯъи Эронҳаросӣ ишора мекунанд.

Муҳимтарин иқдомоти танишофарини Тоҷикистон дар тайи 2 соли гузашта

— Таътилии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки ба унвони танҳо ҳизби исломии фаъол дар минтақаи Осиёи Миёна, ки хадамоти бисёре дар бозёбии сулҳи тоҷикон дошт;

— Иттиҳомзанӣ ба мақомоти эронӣ дар ҳимоят аз мавзӯи афзоиши теруризм дар Тоҷикистон;

— Эҷоди маҳдудият дар фаъолият ва нақшофаринии мусалмонон ва анҷоми иқдомоти зиддидинӣ;

— Таътилии марокизи фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчун намояндагии Кумитаи Имдоди Имом Хумайнӣ (р);

— Эҳзори сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон ба баҳонаи ҳимоят аз теруризм;

— Иттиҳомзанӣ ба Эрон дар мавзӯи кӯмак ба мухолифони мусаллаҳ ва опозисиюн;

— Талош барои таътилии ройзании фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон;

— Лағви эътои тасҳилоти фурудгоҳӣ ба мусофирони эронӣ;

— Наздикӣ ба Арабистон ва имзои қарордоди амниятӣ бо Риёз.

Маҷмӯи ин рафторҳо, ки то ҳудуди бисёре амале якҷониба аз сӯйи мақомоти тоҷик менамояд, акнун мӯҷиб шудааст Эрон илова бар ин ки бисёре аз зарфиятҳои тавсиъаӣ бо соири кишварҳои ин минтақаро низ аз даст додааст, муттаҳиди ҳамзабон ва наздики худро ҳам дар оғӯши рақиби суннатии минтақаӣ яъне Арабистон бибинад.

Албатта, дар ин миён заъфи барномаии Ҷумҳурии Исломии Эрон низ комилан машҳуд аст.

Ҳақиқат ин аст, ки тайи як даҳаи ахир ҳарчанд бо иттихози рӯйкарди “нигоҳ ба шарқ” ба унвони меҳвари сиёсати хориҷии Эрон дар давлати 9-ум ва 10-ум (давлати Аҳмадинажод), интизор мерафт, ки тавваҷӯҳ ба минтақаи Осиёи Миёна низ афзоиш ёфта ва пайвандҳо миёни Теҳрон ва ин минтақа таҳким ва тасбит шавад, аммо он чӣ дар амал рух дод, акси ин раванд буд ва Осиёи Миёна ҳеч гоҳ аз вазн ва аҳаммияти лозим дар сиёсати хориҷии Эрон бархӯрдор нашуд.

Дар мавриди Осиёи Миёна ва ба таври куллӣ ҳавзаи ҳамсоягони шимолӣ низ ба сабаби барқарории робитае вижа миёни Эрон ва Русия, метавон гуфт, ки авлавиятҳои Теҳрон бо дар назар гирифтани мулоҳизоти Маскав тадвин мешавад.

Албатта, вазъи таҳримҳо алайҳи Эрон аз сӯйи ғарб фазое монувр ва амали Теҳрон дар минтақаи Осиёи Миёнаро низ маҳдуд сохта буд, аммо дар фазои феълӣ ҳам, ки ин маҳдудиятҳо то ҳудуде муртафаъ шудааст, боз ҳам шоҳиди тағйире дар раванди нигоҳ ба ин минтақа нестем.

Ба ҳар тартиб, ба унвони гомҳои аввал барои ислоҳи шароити мавҷуд, шояд тағйироти ҳарчанд сатҳӣ дар навъи сиёсати хориҷии Ӯзбакистони пас аз Каримов, фурсати муносибе бошад, то Эрон зимни даст бардоштан аз ҳимояти Душанбе дар мавориди ихтилофангези ин кишвар бо кишварҳои ҳамсоя ҳамчун масаъалаи нерӯгоҳи Роғун, ба ҳаллу фасли мантиқӣ ва бо барнома соири мушкилоти мавҷуд бо Тошканд пардохта ва битавонад ин кишварро, ки дар ҳавзаи сиёсӣ ва иқтисодӣ муҳимтарин кишвари Осиёи Миёна маҳсуб мегардад-ро ба ҳамкорӣ бо Эрон ҷалб намояд.

Farsnews

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: