Раисиҷумҳури Белорус ба дунболи маврусӣ кардани қудрат дар ин кишвар

Дар моҳи октябри имсол раисиҷумҳури Белорус ба таври ғайримунтазирае аз тағйироти эҳтимолии қонунии асосӣ дар ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, Олександр Лукошенку дар тавҷеҳи ин иқдоми худ гуфт: “Дунё пайваста дар ҳоли тағйир аст, мо бояд худро бо шароити дар ҳоли тағйир вифқ диҳем, то ҷойгоҳи имрӯзамонро аз даст надиҳем ва имконот ва фурсатҳои бештаре ба даст оварем, бояд аз ҷиҳоти мухталиф мавзӯи қонуни асосиро баррасӣ кард. Дар айни ҳол бояд муроқиб бошем, ки вазъ бадтар аз ин нашавад. Имрӯз мушкилот ва чолишҳои ҷадиде пеши рӯйи мост ва ниёз ба иқдомоти ҷадиде дорем. Бояд аз муҳимтарини онҳо шурӯъ кард ва мо азмамонро дар ин масир ҷазм кардаем. Мо бояд гурӯҳе аз афроди мутахассис ва ҳуқуқдон ташкил бидиҳем, то қавонин ва мабонии онро таҳлил кунанд.”

Раисиҷумҳури Белорус то кунун се бор қонуни асосиро тағйир додааст. Бори аввал дар соли 1995, бори дуввум дар соли 1996 ва бори севвум дар соли 2004 ин кор сурат гирифтааст.

Реферондуми қонуни асосӣ дар соли 1996 барои Лукошенку чандон ризоятбахш набуд, аммо бо дахолати Русия вай тавонист бар сари қудрат бимонад.

Бо тағйироте, ки соли 2004 дар қонуни асосӣ ба вуҷуд овараданд, баҳси маҳдудияти давраи раёсати ҷумҳурӣ бардошта шуд.

Имрӯз раҳбари Белорус ихтиёроти зиёде дорад. Порлумони кишвар амалан дар тамоми мавзӯъҳо фақат раъйи мусбат медиҳад. Илова бар ин, бахши қонунгузории ҳукумати Белорус баъд аз ислоҳоти қонуни асосӣ дар соли 1996, фаъолиятҳои худро ба пойинтарин ҳадди мумкин расонд ва намояндагон дар тамоми тӯли давраи кориашон, танҳо се лоиҳаи қонунӣ ба тасвиб расонданд.

Суханони Лукошенку дар хусуси зарурати бознигарии қонуни асосӣ ин тасаввурро ба зеҳн меоварад, ки вай қасд дорад ҳукуматро маврусӣ кунад ва эҳтимолан яке аз се писари ӯ муддаъии нишастан бар курсии риёсати ҷумҳурӣ бошанд.

Аввалин касе ки ин пешниҳодро матраҳ кард, Сергей Скребтс, сиёсатмадори белорусӣ ва мудири собиқи гурӯҳи намояндагони ҳизби “Ҷумҳурӣ” буд.

Ӯ гуфт: “Сенориюи интиқоли ҳукумат ба писари аршади Лукошенку яъне Виктор Лукошенку таъйид шудааст. Реферондуме баргузор мешавад, ки ду суол матраҳ хоҳад шуд: ҳазфи қонуни эъдом ва интихоби раисиҷумҳур тавассути порлумони кишвар.”

Ба ақидаи вай, Виктор Лукошенку ба унвони раисиҷумҳур интихоб мешавад ва ин сенорию имрӯз мавриди таъйид қарор гирифтааст. Тибқи ин сенорию, дар қонуни асосӣ ислоҳоте сурат хоҳад гирифт ва аз ин пас раисиҷумҳур бидуни раъйи мардум ва танҳо аз тариқи раъйи намояндагони порлумон ва аз байни чанд номзади маҳдуд интихоб мешавад. Ин наҳваи интиқоли қудрат дар ду соли оянда ба иҷро гузошта хоҳад шуд.

Олександр Лукошенку се писар дорад: Виктори 40-сола ва Дмитрийи 36-сола писарони қонунии ӯ ва Николайи 12-сола фарзанди ғайриқонунии ӯ ҳастанд.

Қоъидатан тибқи прусаи сиёсӣ фарзанди аршад яъне Виктор бояд ҷонишини падар бишавад. Ӯ расман дастёри раисиҷумҳури Белорус дар умури амнияти миллӣ ва узви Шӯрои амният аст. Дмитрий Лукошенку дар байни сиёсатмадорон чандон матраҳ нест ва мудирияти иттиҳодияи “Клуби варзишии раёсати ҷумҳурӣ”-ро ба ӯҳда дорад ва узви кумитаи олимпики миллии Белорус аст. Ҳукумати Белорус интихоби ҷадиде анҷом нахоҳад дод.

Сенориюи интиқоли қудрат ба яке аз писарони раисиҷумҳур дар давраи пасошӯравӣ имтиҳони худро пас дода ва дар Ҷумҳурии Озарбойҷон низ амалӣ шудааст. Соли 2003 Ҳайдар Алиев аз дунё рафт ва писараш Илҳом Алиев ҷонишини ӯ шуд. Баъд аз он охирҳои соли 2005 муддате қабл аз интихоботи порлумон, чанд мақоми олирутба аз мақоми худ барканор шуда ва ба иттиҳоми омода кардани кудето боздошт шуданд.

Бисёре аз таҳлилгарон дар Маскав ва Минск бар ин ақида ҳастанд, ки масъалаи интиқоли қудрат комилан ҷиддӣ аст, аммо ҳанӯз мушаххас нест ба кадом як аз писарони Лукошенку мерасад. Аз сӯйи дигар Владимир Макей, вазири умури хориҷа ва масъули собиқи дафтари раёсати ҷумҳурии Белорус ҳам аз дигар номзадҳои риёсати ҷумҳурӣ аст.

Ин шахс мудирияти ҷиддӣ ва сарсахтонае дорад, аммо мавозеъи ӯ бештар гароиш ба ғарб доранд. Бо ин ҳол, ӯ чандон дар байни мардум шинохташуда нест ва ба ҳамин хотир коршиносон мӯътақиданд, ки ниёз ба созукоре барои интихоби раисиҷумҳур тавассути порлумон вуҷуд дорад.

Реклама


Рубрики:Сиёсат

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: