Шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия (6)

Матни китоб:

حي لا يموت، قيوم لا ينام

* * *

Тарҷума:

(Имом Таҳовӣ (Раҳматуллоҳи алайҳи) гӯяд:) (Худо) зиндаест, ки намирад ва қайюмест, ки нахобад…

* * *

Шарҳ:

Имом Таҳовӣ дар ин қисмат аз каломаш, ба ду сифат аз сифатҳои дигари Худои Субҳон ишора мекунад. Ва он ду сифат иборат ҳастанд аз сифати ҳаёт ва сифати қайюм будан. Инак, баёни ин ду сифат:

Ҳаёт

Мафҳуми “ҳаёт” (зинда будан) дар мавриди ду даста аз махлуқот ба кор меравад: яке гиёҳон, ки дорои рушду нумӯ ҳастанд ва дигаре ҳайвонот ва инсон, ки дорои шуъур ва ирода мебошанд.

Аммо маънои аввал (яъне дорои рушду нумӯ будан) дарбардорандаи нақс ва ниёз аст; зеро лозимаи рушду нумӯ ин аст, ки мавҷуди рушдкунанда, дар оғоз фоқиди камоле бошад ва дар асари омилҳои хориҷӣ, тағйироте дар он падид ояд ва ба тадриҷ ба камоли ҷадиде бирасад. Ва рӯшан аст, ки ин маъно аз ҳаётро наметавон ба Худои Мутаъол нисбат дод; чун гуфта гузаштем, ки Худо комил ва бениёз аст ва тағйир ва таҳаввуле дар зоти покаш падид намеояд.

Аммо маънои дуввум (яъне дорои шуъур ва ирода будан) мафҳумест, ки ҳарчанд дар мавриди ҳайвонот ва инсон — ки мавҷудоти маҳдуд, ноқис ва ниёзманданд — ҳамроҳ бо нақсҳо ва маҳдудиятҳоест, аммо метавон барои ин мафҳум мартабае бепоён дар назар гирифт, ки ҳеч нақс, маҳдудият ва ниёзе надошта бошад, чунон ки мафҳуми “вуҷуд” низ чунин аст.

Пас, маънои ҳаёт дар мавриди Худои Субҳон ҳамон маъноест, ки дар мавриди инсон ба кор меравад, бо ин фарқ, ки дар мавриди Худо ҳаёти бепоён дар назар гирифта мешавад.

Ва ин ки Имом Таҳовӣ ҳаёти Худоро ба “намурдан” муқайяд кардааст, барои баёни ҳамин матлаб мебошад.

Қайюм будан

“Қайюм” сифати муболиға (1) аст аз исми “қиём”. “Қиём ба чизе намудан” ва ё “қоим ба чизе шудан”, яъне нигаҳ доштани он чиз, анҷоми он, тадбири он, парвариши он, муроқибат ва қудрат бар он чиз аст.

Пас, яке дигар аз сифатҳои Худо, “қиёмкунанда” ва ё “қоим будан” аст. Худои Субҳон дар китоби шарифи худ қоим будани хешро чунин баён медорад:

أَفَمَنْ هُوَ قَآئِمٌ عَلَى كُلِّ نَفْسٍ بِمَا كَسَبَتْ

Оё он Худоеро, ки қиёмкунандаи ҳамаи ҷонҳои олам бо осорашон ӯст (фаромӯш карданд)?” (2)

Ва ҳам мефармояд:

شَهِدَ اللّهُ أَنَّهُ لاَ إِلَهَ إِلاَّ هُوَ وَالْمَلاَئِكَةُ وَأُوْلُواْ الْعِلْمِ قَآئِمَاً بِالْقِسْطِ لاَ إِلَهَ إِلاَّ هُوَ الْعَزِيزُ الْحَكِيمُ

Худо (ба яктоии худ) гувоҳӣ дода, ки ҷуз ӯ худое нест ва фариштагон ва донишмандон низ ба яктоии ӯ гувоҳанд. Ӯ қиёмкунанда ба адл аст. Нест худое ҷуз ӯ, ки (бар ҳар кори олам) тавоно ва ҳаким аст.” (3)

Ва боз ҳам мефармояд:

اللّهُ لاَ إِلَهَ إِلاَّ هُوَ الْحَيُّ الْقَيُّومُ لاَ تَأْخُذُهُ سِنَةٌ وَلاَ نَوْمٌ

Худо зотест, ки ҷуз ӯ худое нест. Ӯст танҳо зинда ва қайюм, ки ҳаргиз ӯро на касолати хоб фаро гирад ва на худи хоб.” (4)

Аз ояти аввал чунин истифода мешавад, ки Худои Таъоло қоим бар тамоми умур аст. Яъне нигаҳбони офаридаҳои ҳастӣ, анҷомдиҳандаи ҳамаи умур, тадбиркунандаи онҳо, парваришкунанда, муроқиб ва қодир бар онҳо. Зеро, ки ӯ оғози ҳастист ва вуҷуди ҳар чизе ва сифот ва осораш аз ноҳияи ӯ оғоз мешавад; пас, қоим бар ҳар чиз ва аз ҳар ҷиҳат ӯст ва низ ҳама қоим ба зоти Худо ва вобаста ба ӯянд.

Ва ояти дуввум чунин мерасонад, ки қиёми ӯ бар асоси адл аст. Яъне ба ҳар офаридае, он чиро, ки дар ҳастияш ба он ниёз дорад мебахшад ва чизеро аз касе — агар ба он ҳақдор аст — дареғ намеварзад.

Ва аз ояти севвум ҳам ду нукта истифода мешавад: яке ин ки: қиёми Худо мисли қиёми махлуқ омехта бо халал ва сустӣ намебошад. Ин нукта аз ҷумлаи “Ҳаргиз ӯро на касолати хоб фаро гирад ва на худи хоб” истифода мешавад. Ва дигар ин ки: ҳар қиёме аз ноҳияи ӯст ва ҳеч қиёме аз ҳеч мавҷуде сар намезанад, магар он ки ба шакле ба Худо поён меёбад ва ба иҷозати ӯ сурат мепазирад. Ва ин нукта аз ҷумлаи “Ӯст танҳо қайюм” истифода мешавад.

Аз ин баён матлаби дигаре низ истифода мешавад. Ва он ин ки: сифати “қайюм” асл ва ҷомеъи ҳамаи сифатҳои феълии Худо мисли “холиқ будан”, “розиқ будан”, “бахшоянда будан” ва монанди онҳо мебошад. Зеро агар Худо холиқ ва офаридгор, рӯзидиҳанда ва бахшоянда ва ғайра… аст, ба ин ҷиҳат аст, ки ӯ қайюм аст, яъне қоим ба умур аст.

Идома дорад

* * *

Поварақӣ:

(1) Дар адабиёти араб сифатҳоеро, ки далолат бар бисёрӣ ва фаровонӣ кунанд, сифати муболаға мегӯянд, мисли “аллома”, ки ба маънои “дорандаи илми фаровон” аст ва ё “зарроб”, ки ба маънои “бисёр зананда” мебошад.

(2) Сураи Раъд, ояти 33.

(3) Сураи Оли Имрон, ояти 18.

(4) Сураи Бақара, ояти 255.

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия



Рубрики:Ақоиди исломӣ, Ислом

Метки: , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: