Шарҳи Маснавӣ (138)

Узр гуфтани харгӯш (1)

* * *

Гуфт харгӯш: ал-амон, узрем ҳаст,

Гар диҳад афви худовандит даст.

Харгӯш гуфт: агар лаҳзае ба ман амон бидиҳӣ ва миннате бар ҷони ин заъиф биниҳӣ, узрамро баён хоҳам кард.

Гуфт: чӣ узр, эй қусури аблаҳон?

Ин замон оянд дар пеши шаҳон?

Шер ба харгӯш гуфт: эй қосиртарини аблаҳон! Кадом узр? Оё ин мавқеъ пеши шоҳон меоянд?

Қусури аблаҳон: қосиртарини аблаҳон.

Мурғи бевақтӣ, сарат бояд бурид,

Узри аҳмақро намешояд шунид.

Ту хурӯси бемаҳаллӣ ва бемавқеъ овоз мехонӣ. Барои ҳамин аст, ки бояд саратро бурид. Шоиста нест, ки баҳонаи аҳмақон шунида шавад.

Узри аҳмақ бадтар аз ҷурмаш бувад,

Узри нодон заҳри донишкуш бувад.

Узри аҳмақ бадтар аз гуноҳи ӯст. Ва узри нодон заҳрест, ки ҳар навъ илм ва маърифатеро табоҳ мекунад.

Узрат, эй харгӯш, аз дониш тиҳӣ,

Ман на харгӯшам, ки дар гӯшам ниҳӣ.

Эй харгӯш! Узри ту фоқиди илму маърифат аст. Магар ман харам, ки гӯли ҳарфҳои туро бихӯрам?

Нукта: Харгӯш дар мисроъи дуввум киноя аз хар аст.

Гуфт: эй шаҳ, нокасеро кас шумор,

Узри истамдидаеро гӯш дор.

Харгӯш ба шер гуфт: шоҳо! Ин ҳақиру залилро ҳам касе бидон. Ва узри мазлуме мисли манро қабул кун ва ҳарфашро бишнав.

Хосса аз баҳри закоти ҷоҳи худ,

Гумраҳеро ту марон аз роҳи худ.

Ба вижа, аз бобати закоти ҷоҳу маснади худ ҳам, ки шуда, фарди гумгаштароҳе ҳамчун маро аз пешгоҳат тард макун.

Нукта: Байти фавқ баргирифта аз ин ҳадис аст:

زكاة الجاه اغاثة اللهفان

Закоти мақому маснад, ба фарёд расидани ситамдидагони дилшикаста аст.”

Баҳр, к-ӯ обе ба ҳар ҷӯ медиҳад,

Ҳар хасеро бар сару рӯ мениҳад.

Масалан: дарё, ки ба ҳамаи ҷӯйборҳо об мерасонад, аз рӯйи тавозӯъ ва хоксорӣ ҳар хасу хошокеро рӯйи сараш мегузорад.

Кам нахоҳад гашт дарё з-ин карам,

Аз карам дарё нагардад бешу кам.

Дарё ба хотири ин бахшиш ҳаргиз коҳиш намеёбад. Ба сабаби бахшиш аст, ки дарё костӣ намегирад.

Нукта: Дар инҷо бахшандагони бузургвор ба дарё ташбеҳ шудаанд.

Гуфт: дорам ман карам бар ҷойи ӯ,

Ҷомаи ҳар кас бурам болойи ӯ.

Шер гуфт: ман дар ҷойи муносиб бахшиш мекунам. Аз ин рӯ либоси ҳар касро ба андозаи қоматаш мебурам ва бо ҳар кас ба иқтизои вазъу ҳолаш рафтор мекунам.

Бар ҷойи ӯ: киноя аз анҷоми коре баҷо ва бамавқеъ.

Гуфт: бишнав, гар набошам ҷойи лутф,

Сар ниҳодам пеши аждарҳои ъунф.

Харгӯш гуфт: феълан узри маро қабул кун. Ва агар дидӣ узрам мақбул нест, маро ба аждаҳои қаҳру қудрат таслим кун.

Ъунф: дуруштӣ ва қасоват.

Ман ба вақти чошт дар роҳ омадам,

Бо рафиқи худ суй(и) шоҳ омадам.

Ман (харгӯш) бомдодон ба роҳ афтодам ва ба иттифоқи рафиқам ба сӯйи шоҳ (шер) равон гаштам.

Чошт: аввали рӯз, бомдод.

Бо ман аз баҳри ту харгӯше дигар

Ҷуфту ҳамраҳ карда буданд он нафар.

Гурӯҳи нахҷирон, ки бо ту аҳду паймон баста буданд, харгӯши дигареро барои ту ба ҳамроҳи ман гусел карда буданд.

Шере андар роҳ қасди банда кард,

Қасди ҳар ду ҳамраҳи оянда кард.

Мо дар роҳ будем, ки ногаҳон шере ба ман ва ҳамраҳи ман ҳамла кард.

Гуфтамаш: мо бандаи шоҳаншаҳем,

Хоҷатошони кеҳи он даргаҳем.

Ман ба он шери муҳоҷим гуфтам: мо бандагони шоҳаншоҳ ҳастем ва ҳар ду нафар банда ва ходими кучаки даргоҳи султонем.

Хоҷатошон: таъбирест мураккаб аз “хоҷа”-и форсӣ ва пасванди “тош”-и туркӣ ба маънои ду ғулом, ки мутаъаллиқ ба як хоҷа бошанд; мисли “шаҳртош” (ду нафар ҳамшаҳрӣ). Кеҳ муқобили меҳ, ғуломони як оқо. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.394)

Гуфт: шоҳаншаҳ кӣ бошад? Шарм дор,

Пеши ман ту ёди ҳар нокас маёр.

Он шери муҳоҷим гуфт: шоҳаншоҳ кист? Хиҷолат бикаш ва дар ҳузури ман аз ҳар фурӯмояе ёд макун!

Ҳам турову ҳам шаҳатро бардарам,

Гар ту бо ёрат бигардед аз дарам.

Ҳам туро хоҳам дарид ва ҳам шоҳаншоҳатро! Ва агар ту ҳамроҳи рафиқат даргоҳи маро тарк кунед, ҳалокатон кунам.

Гуфтамаш: бигзор то бори дигар,

Рӯйи шаҳ бинам, барам аз ту хабар.

Ман ба шери муҳоҷим гуфтам: моро ҳалок макун, фурсат бидеҳ, то як бори дигар рӯйи шоҳи худро бибинем ва хабари туро ба ӯ бирасонем.

Гуфт: ҳамраҳро гарав неҳ пеши ман

В-арна қурбонӣ ту андар кеши ман.

Шери муҳоҷим гуфт: пас рафиқатро пеши ман гарав бигузор, вагарна тибқи ойин ва равише, ки дорам, туро қурбонӣ мекунам.

Лоба кардемаш басе, суде накард,

Ёри ман бистад, маро бигзошт фард.

Мо пеши он шери муҳоҷим илтимос кардем, вале суде набахшид ва ӯ рафиқамро назди худаш нигаҳ дошт ва маро танҳо раҳо кард.

Ёрам аз зафтӣ сечандон буд, ки ман

Ҳам ба лутфу ҳам ба хубӣ, ҳам ба тан.

Рафиқи ман дар фарбеҳӣ ва дуруштӣ се баробари ман буд. Ҳамчунин дар латофат ва хубӣ ва марғубият ҳам аз ман болотар буд. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.395)

Зафтӣ: фарбеҳӣ.

Идома дорад



Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: