Оё ботил донистани як ойин нишонаи таъассуб аст?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Инсон агар андешаеро ҳақ ва дуруст ва ғайри онро нодуруст ва ботил бидонад, ӯ лузуман мутаъассиб шумурда мешавад? Масалан, мани мусалмон агар исломро ойине ҳақ ва дуруст ва ғайри он аз кешҳоро носаҳеҳ ва ботил бидонам, мутаъассиб хоҳам буд? Ин мазмуни суоли яке аз азизони корбар буд, ки дар ин ҷустор мехоҳам андаке дар ин мавзӯъ баҳс биёроям.

Таваҷҷӯҳ ба нукоти зерин, масъаларо дар ин мавзӯъ рӯшан мекунад:

1. Нуктаи аввал ин ки: ҳама медонем, ки тасаввури башар аз воқеиятҳои ҷаҳони хориҷ ҳамеша мутобиқ бо воқеъ набуда, балки аҳёнан тасаввури ӯ дуруст буда ва гоҳе нодуруст. Ин масъала ғайриқобили инкор аст. Масалан, замоне башар мӯътақид будааст, ки замин маркази ҳастӣ буда ва хуршеду моҳу тамоми сайёрот гирди ӯ мечарханд. Тасаввури ӯ ҳамин будаааст. Ва ӯ ин тасаввурро ҳақ медониста. Дар ҳоле ки имрӯза бароямон ба далелҳои ғайриқобили инкор собит шудааст, ки воқеият ғайр аз он аст. Яъне дар манзумаи шамсӣ масалан, ин замину мирриху аторуду ғайра аз сайёрот ҳастанд, ки дар гирди хуршед мечарханд.

Ҳол, агар билфарз дар замонҳои қадим як нафар донишманд сар бармеовард ва ба дигарон мегуфт, ин тасаввури шумо, ба ин далел ё он далел, нодуруст ва ғалат аст ва он чӣ ман мегӯям, саҳеҳ ва ҳақ аст ва ба илова, ба ақидаи худ пойфишорӣ ҳам мекард, оё метавон гуфт, ин донишманд “мутаъассиб” ва “мутаҳаҷҷир” будааст; зеро андешаи дигаронро ботил ва фикри худро ҳақ медонист?!

Посух комилан рӯшан аст. Яъне, чунин нест, ки ҳарҷо як нафар агар андешаи худро ҳақ ва фикри дигаронро ботил бидонад, лузуман ӯ “мутаъассиб” бошад. Чунин нест.

2. Нуктаи дигар он ки: ҳамон тавр ки медонем, дар ҷаҳон кешу оийнҳои зиёде ҳастанд: масеҳият, яҳудият, ислом, зартуштӣ, ойинҳои ҳинду ва ғайра… Бештари ин ойинҳо (ба истиснои яке дуто аз онҳо) муддаъиянд, ки ҷаҳонбиние, ки онҳо доранд ҳақ буда ва ҷаҳонбинии соири адён ботил аст. Ҳақ яъне мутобиқ бо воқеъ, ва ботил яъне ғайримутобиқ бо он. Ин нукта ҳам ғайриқобили инкор аст.

Ҳол, агар бар асоси меъёрҳо ва мавозини ақлӣ, маълум бишавад, ки ҷаҳонбиние, ки яке аз ин кешҳо — ойини масеҳият ба унвони мисол — дорад, мутобиқ бо воқеъ будааст (яъне ҳақ будааст), дар ин сурат, агар як донишманди масеҳӣ бо истинод ба бурҳону далелҳои ақлӣ ва хирадписанд, бигӯяд, дини ӯ ҳақ аст ва соири адён ботил, оё ӯ “мутаъассиб” ва “мутаҳаҷҷир” аст?! Қатъан, на. Балки дар ин сурат касоне мутаъассиб ва мутаҳаҷҷир хоҳанд буд, ки бе далел иддаъои ӯро рад кунанд.

3. Нуктаи севвум ин ки: мо мусалмонон муддаъӣ ҳастем, ки ҷаҳонбиние, ки ойини ислом ироа медиҳад, мутобиқ бо воқеъ мебошад ва аз ин рӯ ойини ҳақ аст. Яъне, ислом онҷо, ки мегӯяд, Худо яктост, ҳазрати Муҳаммад (с) паёмбар ва фиристодаи ӯст, рӯзи ҷазо ҳақ аст ва ғайра… инҳо ҳама ҳаққанд (мутобиқ бо воқеъ ҳастанд). Ва албатта, на ин ки иддаъое холӣ бикунад, балки бар так-таки ин маъориф далел ва бурҳонҳои ақлӣ ва хирадписанд барпо дошта ва аз дигарон бихоҳад, агар нодуруст ва ботилаш медонанд, далел барпо бидоранд, на ин ки бидуни иқомаи далел ва бурҳон, рад намоянд.

Бинобар ин, агар мани мусалмон, бо истинод ба далел ва бурҳон ва меъёрҳои ақлии ташхиси дуруст аз нодуруст, ойини худро ҳақ бидонам ва соири адёнро ботил (нодуруст), чаро ва ба чӣ далел “мутаъассиб” бошам?! Балки мутаъассиб касоне хоҳанд буд, ки бидуни барпо доштани далели ақлӣ, иддаъои маро рад кунанд.

4. Нуктаи чаҳорум ин ки: дар ду сурат аст, ки мани мусалмон (ё пайрави ҳар кеше дигар) мутаъассиб ва мутаҳаҷҷир хоҳам буд. Сурати аввал онҷост, ки: бе он ки далелу бурҳони ақлӣ ва қонеъкунанда бар ҳаққонияти ойинам дар ихтиёр дорам, кӯр-кӯрона ва ё аз рӯйи тақлид аз он пайравӣ бикунам ва ҳаққаш бидонам, ҳатто агар ойинам дар воқеъ ва нафсуламр ойине ҳақ бошад. Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки ислом таъкид мекунад, ки имони мусалмон бояд таҳқиқӣ бошад, на тақлидӣ.

Аз ҳамин ҷост, ки ҳазрати Паёмбари Акрам (с) онҷо, ки бо мушрикони бутпараст дар бораи ойинашон сӯҳбат мекард, мегуфт, шумо ҳеч далели ақлӣ бар ҳаққонияти ин кеш надоред, далелатон танҳо ин аст, ки падару бобоёнатон бар ин кеш будаанд ва дигар ҳеч:

واذا قيل لهم اتبعوا ما انزل اللّه قالوا بل نتبع ما الفينا عليه آبائنا او لو كان آباؤهم لا يعقلون شيئا ولا يهتدون

Ва чун ба эшон (мушрикон) гуфта шавад: аз он чӣ Худо нозил кардааст пайравӣ кунед, мегӯянд: на, мо танҳо он динеро пайравӣ мекунем, ки падарони худро бар он ёфтаем. (Қуръон дар посухи эшон мефармояд:) оё агар падарони эшон ақли худро (дар гаройиш ба ин дин) ба кор намебастанд ва ҳеч чиз намефаҳмиданд ва роҳ ба ҷойе намебурданд, боз ҳам пайравиашон мекарданд?!” (Сураи Бақара, ояти 170)

Сурати дуввум онҷост, ки бидуни ҳар гуна далел ва бурҳон, иддаъои касеро рад кунам. Масалан, агар як нафар масеҳӣ бо ман дар бораи ҳаққонияти ойинаш вориди баҳс бишавад, ман чашмбаста ва бе далел, бигӯям, ки ойини ту ботил аст. Ин таъассуб аст. Ҳазрати Паёмбари Акрам (с) ҳар вақт касеро ба сӯйи ойини ислом даъват мекарданд ва ӯ исломро масалан ботил мешумурд, аз ӯ мехостанд, бар иддаъои хеш бурҳон (далели ақлӣ) барпо бидорад:

هَاتُوا بُرْهَانَكُمْ إِن كُنتُمْ صَادِقِينَ

Агар рост мегӯед, пас бурҳони хешро биёваред.” (Сураи Намл, ояти 64)

5. Нуктаи панҷум ва ахир он ки: ҳақ донистани худ ва ботил шумурдани дигарон аз сӯйи як нафар мусалмон, ҳаргиз бад-ин маъно нест, ки ӯ дигарандешон ва дигармазҳабонро одам наҳисобад ва масалан сари ҷанг бо эшон дошта бошад. Абадан! Ҳар мусалмоне, ки фаразан инчунин тасаввуре бар сар дошта бошад, ӯ ё исломро нафаҳмидааст ва ё аз ноҳияи инсоният мушкиле дорад, ки бояд дармон шавад.

Ислом дар заминаи таъомул бо дигармазҳабон ва дигарандешон, хутути муайянеро бароямон тарсим кардааст, ки дар кутуби фиқҳӣ ҳама мастуранд ва набояд поямонро фаротар аз он чӣ ислом бароямон тарсим карда биниҳем. Аз назари ислом, ҳар бани башаре пеш аз ин ки пайрави ин ё он кеш ва андешае бошад, инсон аст ва дорои каромат:

وَلَقَدْ كَرَّمْنَا بَنِي آدَمَ

Ва ба ростӣ, мо фарзандони Одамро гиромӣ доштаем…” (Сураи Исро, ояти 70)

Албатта, ин нуктаро, ки ёдовар шудам, на бад-ин хотир аст, ки дигармазҳабонро розӣ карда бошам, ҳаргиз, балки чун ислом аз мо ҳаминро хостааст, коре ба назари дигарон надорам. Ислом аз мо мехоҳад, нисбат ба дигарон модоме ки сари ҷанг бо мо надошта бошанд, рафторе мӯҳтарамона дошта ва бар мабнои адолат, бо эшон рафтор бикунем:

لَا يَنْهَاكُمُ اللَّهُ عَنِ الَّذِينَ لَمْ يُقَاتِلُوكُمْ فِي الدِّينِ وَلَمْ يُخْرِجُوكُم مِّن دِيَارِكُمْ أَن تَبَرُّوهُمْ وَتُقْسِطُوا إِلَيْهِمْ إِنَّ اللَّهَ يُحِبُّ الْمُقْسِطِينَ

Худо шуморо аз касоне, ки дар (кори) дин бо шумо наҷангида ва шуморо аз диёратон берун накарданд бознамедорад, ки бо онон некӣ кунед ва бо эшон адолат варзед; зеро Худо адолатпешагонро дӯст дорад.” (Сураи Мумтаҳина, ояти 8)

Ҳазрати Алӣ (а), халифаи мусалмонон, вақте волии худро бар Миср (ки аҳолии он муташаккил аз мусалмонон ва масеҳиён ва яҳуд буданд) мегуморад, ӯро тавсия мекунад, ки:

وَأَشْعِرْ قَلْبَكَ الرَّحْمَةَ لِلرَّعِيَّةِ، وَالْـمَحَبَّةَ لَهُمْ، وَاللُّطْفَ بِهِمْ، وَلاَ تَكُونَنَّ عَلَيْهِمْ سَبُعاً ضَارِياً تَغْتَنِمُ أَكْلَهُمْ، فَإِنَّهُمْ صِنْفَانِ: إِمَّا أَخٌ لَكَ فِي الدِّينِ، وَإمّا نَظِيرٌ لَكَ فِي الْخَلْقِ

Меҳрубонӣ бо мардумро пӯшиши дили хеш қарор деҳ ва бо ҳама дӯст ва меҳрубон бош! Мабодо ҳаргиз чунон ҳайвони шикорӣ бошӣ, ки хӯрдани ононро ғанимат донӣ; зеро мардум ду дастаанд: дастае бародари динии ту, ва дастаи дигар ҳамонанди ту дар офариниш мебошанд…” (Наҳҷул-балоға, номаи 53)



Рубрики:Ислом, Ислоҳи динӣ, Нақду назар, Наҳҷул-балоға, Омӯзаҳои қуръонӣ, Посух ба шубаҳот

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: