Тавлидоти ғайриилмӣ дар бораи Эрон

Ёддошти Ҷон Лимберт (John Limbert), сафири собиқ, дастёри муовини вазири умури хориҷа ва масъули мизи Эрон дар Вазорати умури хориҷаи Омрико дар нашрияи LobeLog

(Ишора: Порае аз матолиби ин мақола лузуман мунъакискунандаи дидгоҳ ва назари соҳиби вебсойти Кимиёи саодат намебошад. Дар поён, дар чанд ҷумлаи кӯтоҳ назари худро иброз хоҳам дошт.)

* * *

Чӣ шуда, ки Донишгоҳи Ҳорворд, мардумонашро водор мекунад, ки тавлидоте шибҳиилмӣ ва ғайриҳақиқӣ дар мавриди Эрон дошта бошанд? Чаҳор сол пеш яке аз номзадҳои риёсати ҷумҳурӣ ва фориғуттаҳсили донишкадаи иқтисоди Донишгоҳи Ҳорворд иддаъо кард, ки Эрон барои дастрасӣ ба дарёҳо, ба иттиҳод бо Сурия ниёз дорад. Шояд онҳо дар донишгоҳ аз нақша истифода намекунанд. Чанд сол пеш, устоди собиқ ва вазири умури хориҷа, ки дуктурои худро аз Ҳорворд гирифтааст, ба торикии бозсозии “Имперотурии Форс” ҳушдор дод; имперотурие, ки мехоҳад Ховари Миёнаро таҳти тасаллути худ бигирад!

Ин дидгоҳҳои музахрафи ғайриторихӣ, ки бо маъҷуне ҷуғрофиёӣ таркиб шудаанд, ба назар ҳаргиз аз байн нахоҳанд рафт. Дар мақолаи ахири Time ба номи “Породукси Эрон” (The Iran Paradox), раиси феълии донишкадаи қонун ва диплумосии Донишгоҳи Ҳорворд, ин дидгоҳҳои таассуфборро идома дод. Ӯ дар бораи Эрон навишт: “Ворисони суннати имперотурии (ба унвони мисол Куруши Кабир) имрӯз эрониҳои шиъа ҳастанд ва ҷоҳталабии имрӯзии онҳо тасаллут бар Ховари Миёна аст; минтақае пуртаниш, ки то чанд соли оянда амиқан ошуфта хоҳад монд.”

Албатта, ки замоне як имперотурии қудратманди порсӣ вуҷуд доштааст. Китоби Дониёл аз “имперотурии бузурги Модҳо ва Порсҳо мегӯяд, ки қавонинро тағйир медиҳанд.” Дар қарни 6-уми пеш аз милод, Куруш як имперотурии паҳновари чандқавмиятӣ ва чандмазҳабиро созмондиҳӣ карда буд, ки аз асли ҳимоят ва эҳтиром ба одобу русуми маҳаллӣ ва эътиқодоти шахсӣ пайравӣ мекард. Тақрибан байни 538 то 539 қабл аз милод, Куруш маншуре сиёсиро мунташир мекунад, ки ба “Устувонаи Куруш” маъруф аст. Бисёре аз эрониёни имрӯз ба ин санад ба унвони аввалин эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар ифтихор мекунанд. Мешавад дар мавриди ангезаи Куруш баҳс кард, аммо ҳеч кас наметавонад дар муваффақияти барномаҳои ӯ баҳс кунад.

Аммо ҳамаи инҳо 2500 сол пеш иттифоқ афтодааст. Робитаи имперотурии Куруш бо шароити имрӯз яъне Ҷумҳурии Исломии Эрон ва сиёсати хориҷӣ ва минтақаии он чист? Ҳеч! Дар гузашта имперотурии порсии бузурге вуҷуд дошт, ки то Отен (Афина) ва Рум лашкаршӣ кардааст. Аммо ҳамаи он имперотуриҳо 1400 сол пеш бо пирӯзии артиши мусалмонони араб бар сосониёни зартуштӣ, нобуд шуданд. Аз он замон ба баъд, Эрон танҳо як вилоят аз як имперотурӣ (хилофати исломӣ) буд ё кишваре, ки тақрибан ба марзҳои имрӯзиаш маҳдуд шудааст. Торихи 200 соли гузаштаи ин кишвар ҳеч чизе набудааст. Ағлаб ба он ҳамла шуда, тақсим, таҳдид ва дасткорӣ ва суистифодаи қудратҳои хориҷиро шоҳид будааст.

Эрони имрӯз хонаи бисёре аз биноҳои торихӣ ва хотироте аз шукӯҳ ва азамати даврони имперотурӣ аст. Эрон танҳо он чиро, ки муаррихи ангилисӣ Мойкел Оксуртӣ (Michael Axworthy) ба дурустӣ ишора кардааст дар хотир дорад: “Имперотурии зеҳнӣ”. Албатта ҳар аз гоҳе сиёсатмадорони эронӣ гузаштаи пурифтихори худро ба ёд меоваранд ва дар мавриди фатҳи муҷаддади қаламравҳое, ки қарнҳо пеш аз даст рафтааст, газофагӯӣ мекунанд. Чунин изҳороте бо ин ҳол, танҳо чашмпӯшӣ аз воқеъиятҳои имрӯз аст ва нодида гирифтани мушкилот ва нуқоти заъфест, ки кишвар бо он рӯ ба рӯст.

Он чӣ ҳамкори мӯҳтарами мо ҷаноби Флетчер (Fletcher) аз эрониёни шиъа ба унвони “ворисони суннатии имперотурии Куруш” ишора мекунад, иштибоҳ аст. Дар иваз мушкилоти имрӯзи Ҷумҳурии Исломии Эрон ношӣ аз мавозеъи заъифи диплумотики худ ва инзивои фарҳангиаш аст. Онҳо имрӯз тақрибан бегонае дар миёни тамоми ҳамсоягони худ ҳастанд, ҷуз барои Сурияи пур аз ҳарҷу марҷ ва Арманистони маҳсур дар хушкӣ. Даргириҳои диплумотики соли 2016 байни Эрон ва Арабистон боис шуда, ки онҳо аз бисёре аз кишварҳои ҷаҳони араб ҳам ҷудо биафтанд. Имрӯз нуфузи хориҷии Эрон заъиф аст ва умдатан дар ҷиноҳҳо ва маконҳои нокоромад аз ҷумла Лубнон, Ироқ ва Яман дида мешавад. Чунин вазъиятеро намешавад бо замони Куруш муқоиса кард.

Тадовуми чунин таҳқиқоти камумқ ва пур аз иштибоҳ ба хусус дар миёни касоне, ки дар иртибот бо яке аз бузургтарин донишгоҳҳои ҷаҳон (Ҳорворд) ҳастанд, ғайриқобили тавзеҳ аст. Касоне, ки чунин таҳлилҳое аз рӯйдодҳои ҷорӣ доранд, қатъан дар бораи ин мавзӯъот ҳеч чиз наомӯхтаанд. Дар иваз, чунин истидлолҳое дар бораи як мавзӯи сиёсии баҳсбарангез (ба унвони мисол, рӯйкарди фаъол ба чолиши Эрон) бо иборатҳои тухолӣ (монанди вориси як суннати имперотурӣ), дар нигоҳи аввал бисёр амиқ ба назар мерасад, аммо дар баррасии дақиқтар мушаххас мешавад, ки чунин матолибе чӣ қадр тухолӣ ҳастанд ва ҳеч пойгоҳе илмӣ дар торих ё ҷуғрофиё надорад.

LobeLog

* * *

PS: Он чӣ ба назарам шоиста аст дар бораи ин ёддошт яъне ёддошти Ҷон Лимберт изҳор дошт ин аст, ки аввалан, муаллиф онҷо, ки аз заъфи диплумосии сиёсии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ин ки дар инзиво будааст мегӯяд, қатъан ин таҳлил бо воқеиятҳо созгор нест. Дар ин хусус шояд дар мақолае ҷудо бинависам.

Аммо онҷо, ки аз дидгоҳҳои сиёсатмадорони фориғуттаҳсили марокизе илмӣ чун Ҳорворд дар бораи Эрони имрӯзин интиқод мекунад, интиқодаш комилан баҷост. Зеро сиёсатҳои калон ва минтақаии Ҷумҳурии Исломии Эрон аз оғози таъсис ва то ба имрӯзро ба ҳеч ваҷҳ наметавон мубтанӣ бар эҳёи Имперотурии Форс ва масалан Имперотурии Куруш донист. Касе ки бо Эрони Исломӣ ва сиёсатҳои он ошност, инро ба хубӣ медонад. Балки Эрони Исломӣ ба дунболи эҳёи азамат ва шукӯҳи даврони исломист, на шукӯҳи эронӣ. Он чӣ Эрони имрӯзин ба дунболи он аст, дақиқан иҷроӣ кардани ҳамон барномаҳоест, ки дар афкор ва андешаҳои ислоҳгароёне чун Сайидҷамол ва Сайид Қутб дида мешавад. Эрони Исломӣ аз оғози таъсис дар пайи шикастани ҳатто марзбандиҳои мазҳабӣ дар ҷаҳони ислом будааст. Аммо ин ки оё дар ин барнома муваффақ будааст ё на, ин як баҳси дигар аст.

Аммо ин пиндор, ки Эрони Исломӣ гӯӣ ба дунболи эҳёи Имперотурии Форс будааст, ин пиндор аз куҷо дар зеҳнҳо русух пайдо кардааст? Решаёбии ин масъала бисёр муҳим аст.

Замоне ки дар Эрон инқилоби исломӣ роҳ афтод ва муваффақ ба таъсиси Ҷумҳурии Исломӣ дар ин кишвар шуданд, зоҳиран инқилобиҳо ва ҳатто Имом Хумайнӣ (р), поягузори он, хушбин буданд, ки аз ин инқилоб арабҳои мусалмон истиқбол хоҳанд кард. Вале фикри ин ҷояшро накарда буданд, ки ҳукуматҳои минтақа чӣ оше барои ҷилавгирӣ аз ин инқилоб хоҳанд пухт! Аз ҳамон рӯзҳои аввали инқилоб, ғулҳои расонаии Арабистони Саудӣ бо аҷир кардани нависандаҳо ва рӯзноманигорони ҳатто ғарбӣ, ба дунболи парокандани ин пиндор дар миёни ҷаҳониён ба хусус мусалмонони араби минтақа шуданд, ки Эрон дар пайи эҳёи Инперотурии Форс аст! Имперотурие, ки ба дасти мусалмонони араб аз байн рафта. Парокандани ин пиндор, дақиқан ба хотири бадбин кардани мусалмонони ҷаҳон ба хусус арабҳо ба инқилоби Эрон ва аҳдофи он буд. Ва бо камоли таъассуф, дар ин барнома саудиҳо муваффақ шуданд.

Ва дар канори саудиҳо албатта, саҳюнистҳо ва расонаҳои вобаста ба онон дар кулли дунё низ дақиқан ҳамин пиндорро тарвиҷ карданд. Шумо аз оғози таъсиси Ҷумҳурии Исломӣ ва то ба имрӯз, ба суханон ва изҳори назарҳои давлатмардон ва сиёсатмадорони режими саҳюнистӣ таваҷҷӯҳ кунед. Ҳамаи онҳо ҳарфашон яке беш нест: Эрон дар пайи эҳёи имперотурии аздастрафтаи худ ва интиқом аз арабҳост!

Аз ин рӯ, агар имрӯз як соҳибназар ва сиёсатмадор ҳатто касе ки фориғуттаҳсили Донишгоҳи Ҳорворд будааст, аз давлатмардони имрӯзи Эрон ба унвони “ворисони суннатии имперотурии Куруш” ёд бикунанд, набояд таъаҷҷуб кард. Ин гуна бардоштҳо ва тафсирҳо дақиқан натиҷаи талошҳои 30-солаи сиёсати Араистони Саудӣ ва “Исроил” дар бадбин сохтани мусалмонони минтақа нисбат ба инқилоби Эрон ба шумор меояд. Пиндоре, ки на асосе дорад ва на аз пояе бархӯрдор.

С.И.

Реклама


Рубрики:Нақду назар, Таҳлилот, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: