Фалсафа ва равиши реализм (47)

Пайдоиши касрат дар идрокот (2)

Муқаддима (2)

Роҳи ҳусули илм

Дар ин масъала гуфтугӯ дар ин аст, ки мабдаъ ва маншаи аввалии илми башар чист ва идрокоти ибтидоӣ — яъне аносури басити аввалияи идрокот — ба чӣ кайфият ва аз чӣ роҳ пайдо мешавад? Ва ба иборати дигар: мо медонем, ки “тафаккур” яъне аз баситҳо мураккабот сохтан ва аз муфрадот қазоё сохтан ва аз қазоё қиёсот ташкил додан ва натиҷа гирифтан ва аз қиёсот ва натоиҷ фалсафа ва улум падид овардан. Пас, мояи аслии тафаккур муфрадот ва баситҳост. Ҳоло бояд дид, он муфрадот ва баситҳо, ки сармояи аслии фикри башар аст, аз чӣ роҳе ва аз куҷо оризи зеҳни башар мешавад?

Қадри мусаллам ин аст, ки ин матлаб аз давраҳои қадим то асри ҳозир ҳамвора мавриди таваҷҷӯҳи башар буда ва ихтилофи назарҳо бо шаклҳои мухталиф дар бораи он вуҷуд доштааст.

Аз ақоиди донишмандони юнонии қабл аз Суқрот иттилои зиёде дар даст нест ва чунонки гуфта мешавад, ғолиби он донишмандон ва аз он ҷумла суфастоиён, асҳоби ҳисс будаанд, яъне мабдаъ ва маншаи тамоми тасаввурот ва идрокоти ҷузъӣ ва куллӣ, маъқул ва ғайримаъқулро ҳавосс медонистаанд ва мӯътақид будаанд, ягона роҳи ҳусули идрокот барои башар ҳавоссест, ки ба ӯ дода шудааст. Дар он давраҳо касе ки дуруст нуқтаи муқобили ин назарияро интихоб карда, Афлотун аст.

Афлотун

Афлотун мутобиқи он чӣ маъмулан дар “Таърихи фалсафа” ба вай нисбат медиҳанд, мӯътақид буда, ки илм ва маърифат ба маҳсусот таъаллуқ намегирад; зеро маҳсусот мутағайир ва ҷузъӣ ва зоилшуданӣ ҳастанд ва мутаъаллақи илм бояд собит ва куллӣ ва доим бошад. Маърифати ҳақиқӣ дарки “мусул” аст, ки воқеиятҳои куллӣ ва собит ва доим ҳастанд ва онҳо маъқуланд, на маҳсус. Ин маърифати ақлӣ барои руҳи ҳар касе қабл аз ин ки ба ин олам биёяд ҳосил шуда, зеро руҳ қабл аз ин ки ба ин олам биёяд, дар олами муҷаррадот буда ва “мусул”-ро мушоҳида менамуда, баъдан дар асари муҷовират ва мухолитат бо бадан ва умури ин олам, онҳоро аз ёд бурда, вале аз онҷое, ки он чӣ дар ин олам аст, намуна ва партаве аз он ҳақоиқ аст, руҳ бо эҳсоси ин намунаҳо гузаштаҳоро ба ёд меоварад ва аз ин рӯ ҳеч як аз идрокоте, ки барои инсон дар ин ҷаҳон даст медиҳад, идроки ҷадид нест, балки тазаккур ва ёдоварии аҳди собиқ аст.

Ин ақидаи мансуб ба Афлотун шомили чанд ҷиҳат аст:

1. Руҳ қабл аз таъаллуқ ба бадан мавҷуд аст;

2. Руҳ аз ибтидои таъаллуқ ба бадан, маълумот ва маъқулоти зиёде дар ботини зоти худ ҳамроҳ дорад;

3. Ақл муқаддам бар ҳисс аст ва идроки “маъонии куллӣ” муқаддам аст бар идроки ҷузъиёт;

4. Роҳи ҳусули илм мушоҳидаи “мусул” аст.

Аз ҳамон замони худи Афлотун, ба василаи шогирдаш Арасту бо ин ақида мухолифат шуд ва вуҷуди маълумоти қаблӣ, балки вуҷуди руҳ қабл аз бадан ва ҳамчунин тақаддуми ақл бар ҳисс ва тақаддуми идрокоти куллӣ бар идрокоти ҷузъӣ, мавриди инкор қарор гирифт.

Арасту

Асоси назарияи Арасту дар боби илм ва маърифат бар ин аст, ки руҳ дар ибтидо дар ҳадди қувва ва истеъдоди маҳз аст ва билфеъл воҷиди ҳеч маълум ва маъқуле нест, тамоми маъқулот ва маълумот ба тадриҷ дар ҳамин ҷаҳон барояш ҳосил мешавад.

Баъд аз Арасту пайравони мактаби вай ақлро аз лиҳози тайи мароҳили мухталиф ва дараҷоте, ки дар ҳамин ҷаҳон дар роҳи таҳсили маърифат мепаймояд, ба дараҷоте тақсим кардаанд, аз ин қабил: ақли билқувва, ақли билмалака, ақли билфеъл, ақли билмустафод (бо ихтилофи баёнҳое, ки дар тақрири ин маротиб ҳаст). Гӯянд, аввал касе ки ин табақабандиро мутобиқи маслаки Арасту баён кардааст, Искандари Афридусӣ аз ҳукамои Искандария аст.

Мутобиқи назарияи Арасту, идроки ҷузъиёт муқаддам аст бар идроки куллиёт. Яъне зеҳн ибтидо ба дарки ҷузъиёт ноил мешавад, сипас ба василаи қувваи оқила ба таҷрид ва таъмим мепардозад ва маъонии куллӣ интизоъ мекунад. Назарияи Арасту дар боби ҳусули маърифат, шомили ду қисмати аслии зер аст:

1. Зеҳн дар ибтидо воҷиди ҳеч маълум ва маъқуле нест, тамоми идрокот ва тасаввуроти ҷузъӣ ва куллӣ дар ҳамин ҷаҳон барои нафс ҳосил мешавад;

2. Идрокоти ҷузъӣ муқаддам аст бар идрокоти куллӣ.

Вале дар айни ҳол санаде дар даст нест, ки оё Арасту қисмати дуввуми назарияи хешро дар бораи ҷамиъи маълумот ва маъқулот дошта? Яъне ҳатто он қисмат аз тасаввуроти ақлиро, ки дар мантиқи хеш онҳоро “бадеҳиёти аввалия” хондааст, аз ҳамин қабил медонистааст ва ақида дошта, ки бадеҳиёти аввалияи ақлия низ масбуқ ба идрокоти ҷузъии ҳиссӣ аст, ва ё он ки он ақидаро дар хусуси моддиёт ва куллиёте, ки мунтабиқ ба афроди моддӣ ҳастанд дошта ва аммо бадеҳиёти аввалияро мӯътақид буда, ки ба тадриҷ худ ба худ ва бидуни висотат ва дахолати идрокоти ҷузъии ҳиссӣ барои ақл ҳосил мешавад, яъне мӯътақид буда, ки ақл ин тасаввуротро аз пеши худ ибдоъ менамояд? Ва билохира ин қисмати муҳим дар назарияи Арасту торик аст ва равшан нест. Ва ҳамин торикӣ мӯҷиб шуда, ки донишмандон мутаҳайир шаванд ва назарияи Арастуро дар боби ақлу ҳисс мухталиф тақрир кунанд. Баъзе ӯро ҳиссӣ бидонанд ва баъзе ақлӣ, ва баъзе ӯро дар ин масъала муттаҳам ба тазабзуб кунанд. Мо дар охири ин муқаддима, дар ин бора боз сухан хоҳем гуфт.

Ҳукамои исломӣ

Ин донишмандон ғолибан аз назарияи Арасту дар боби кайфияти ҳусули илм ва маърифат пайравӣ намудаанд ва ҳар ду қисмати назарияи Арастуро, ки дар боло шарҳ додем, пазируфтаанд. Яъне аз тарафе эътироф доранд, ки нафси инсон дар ҳоли кӯдакӣ дар ҳоли қувва ва истеъдоди маҳз аст ва лавҳи бенақшест, ки фақат истеъдоди пазируфтани нуқушро дорад ва билфеъл воҷиди ҳеч маълум ва маъқуле нест. Ва аз тарафи дигар, идрокоти ҷузъии ҳиссиро муқаддам бар идрокоти куллии ақлӣ мешуморанд. Ба изофаи ин ки он қисмати муҳим, ки дар назарияи Арасту торик ва мубҳам аст, дар назарияи донишмандони исломӣ равшан аст. Зеро ин донишмандон тасреҳ кардаанд, ки тамоми тасаввуроти бадеҳии ақлӣ умуре интизоъӣ ҳастанд, ки ақл онҳоро аз маъонии ҳиссӣ интизоъ кардааст. Чизе, ки ҳаст ин аст, ки фарқ аст байни интизоъи мафоҳими куллӣ — ки мунтабиқ ба маҳсусот мешавад, аз қабили мафҳуми “инсон” ва мафҳуми “асп” ва мафҳуми “дарахт” — ва байни интизоъи бадеҳиёти аввалия ва мафоҳими омма, аз қабили мафҳуми “вуҷуд” ва “адам” ва “ваҳдат” ва “касрат” ва “зарурат” ва “имкон” ва “имтиноъ”.

Ва он фарқ ин аст, ки интизоъи дастаи аввал мустақиман аз роҳи таҷрид ва таъмими ҷузъиёти маҳсус барои ақл ҳосил шудааст, вале дастаи дуввум аз дастаи аввал ба наҳви дигаре интизоъ шудааст. Ва ба иборати дигар: дастаи аввал айнан ҳамон суратҳои маҳсус ҳастанд, ки аз роҳи яке аз ҳавосс вориди зеҳн шудаанд ва сипас ақл бо қувваи таҷриде, ки дорад, аз он суратҳои маҳсус як маънои куллӣ сохта. Вале дастаи дуввум мустақиман аз роҳи ҳавосс вориди зеҳн нашудаанд, балки зеҳн пас аз воҷид шудани суратҳои ҳиссӣ, бо як навъ фаъолияти хоссе ва бо як тартиби хоссе, ин мафоҳимро аз он суратҳои ҳиссӣ интизоъ мекунад. Аз ин рӯ дастаи аввал дар истилоҳи фалсафа “маъқулоти аввалия” ва дастаи дуввум, ки муттакӣ ба дастаи аввал ҳастанд, “маъқулоти сония” хонда мешаванд. Ва ҳамин маъқулоти сонияи фалсафӣ аст, ки бадеҳиёти аввалияи мантиқ ва мавзӯъҳои ғолиби масоили фалсафаи улоро ташкил медиҳанд. Ва дар ҳар ҳол чӣ маъқулоти аввалия ва чӣ маъқулоти сонавия, масбуқ ба идрокоти ҷузъии ҳиссиянд.

Дар инҷо кофист, ки гуфтори Садрулмутааллиҳинро дар “Шавоҳидур-рубубия” ва дар “Асфор” гувоҳ биёварем. Вай дар “Ишроқи нӯҳум” аз “Шоҳиди аввал” аз “Машҳади севвум”-и китоби “Шавоҳидур-рубубия” мегӯяд:

Аввалин чизе, ки аз осори маҳсусот — ки маъқули билқувва ҳастанд ва дар хазонаи мутахайила (ҳофиза) муҷтамеъ ҳастанд — ҳодис мешавад, бадеҳиёт аст, ва он иборат аст аз аввалиёт ва таҷрибиёт…

Дар мабҳаси ақлу маъқули “Асфор” пас аз он ки амали олоти ҳиссияро баён мекунад ва мегӯяд “ҳавосс ба манзилаи ҷосусҳои мухталифе ҳастанд, ки аз навоҳии мухталиф хабар меоваранд ва нафс аз тариқи ин ҷосусҳо баҳраманд мешавад”, ин тавр ба гуфтаи худ идома медиҳад:

Сипас ин тасаввуроти ҳиссия нафсро мустаъид мекунад барои ҳосил шудани бадеҳиёти аввалияи тасаввурия ва бадеҳиёти аввалияи тасдиқия.

Дар инҷо бемуносибат нест, ки гуфтори мутакаллим ва муфассири маъруф Имом Фахри Розӣ дар “Тафсири Кабир”-ро низ нақл кунем. Фахри Розӣ дар ҷилди 5-уми “Тафсири Кабир” дар зайли ояти каримаи:

وَاللّهُ أَخْرَجَكُم مِّن بُطُونِ أُمَّهَاتِكُمْ لاَ تَعْلَمُونَ شَيْئًا وَجَعَلَ لَكُمُ الْسَّمْعَ وَالأَبْصَارَ وَالأَفْئِدَةَ لَعَلَّكُمْ تَشْكُرُونَ

Ва Худо шуморо аз шиками модаронатон дар ҳоле ки чизе намедонистед берун овард ва барои шумо гӯш ва чашмҳо ва дилҳо қарор дод. Бошад, ки сипосгузорӣ кунед.” (Сураи Наҳл, ояти 78), мегӯяд:

Нафси инсон дар оғози хилқат аз ҷамиъи улум ва маориф холӣ аст ва Худованд ҳавоссро ба ӯ иноят фармуд, то аз ин роҳ улум ва маорифро истифода кунад.”

Вай аз ҷумлаи “чизе намедонистед” истифода мекунад, ки нафси инсон дар оғози кӯдакӣ воҷиди ҳеч маълуме нест ва аз таъқиби ин ҷумла ба ҷумлаи “ва барои шумо гӯш ва чашмҳо ва дилҳо қарор дод” истифода мекунад, ки оғози нақш бастани улум ва маориф бар лавҳи замири инсон, аз маҷрои ҳавосс аст. Сипас ба таври тафсил вориди ин матлаб мешавад ва ибтидо ба сурати ишкол мегӯяд:

Тасаввурот ва тасдиқот ё бадеҳӣ ҳастанд ё назарӣ, ва албатта назариёт бояд аз бадеҳиёт касб шаванд. Пас, мебоист бадеҳиёт қабл аз ҳусули назариёт дар зеҳн вуҷуд дошта бошанд. Ва дар инҷо ин суол ё ишкол пеш меояд, ки оё худи бадеҳиёт аз куҷо пайдо шудаанд? Оё аз оғози хилқат ҳамроҳ будаанд ё он ки баъд пайдо шудаанд? Шиққи аввал яқинан ботил аст, зеро мо медонем, ки ҷанин дар раҳми модар ба ҳеч “бадеҳӣ” илм надорад; масалан, намедонад, ки “иҷтимои нақизайн маҳол аст” ё ин ки “кулл бузургтар аз ҷузъ аст”. Ва бино бар шиққи дуввум, лозим меояд, ки бадеҳиёт низ касбӣ бошанд. Ва агар касбӣ бошанд, мебоист аз улуми дигар иктисоб шаванд. Ва лозимаи ин матлаб он аст, ки тамоми бадеҳиёти мафрузаи мо назарӣ бошанд ва ба илова, ин ришта то бениҳоят пеш хоҳад рафт ва ба ҷойе нахоҳад расид.”

Фахри Розӣ пас аз зикри ин ишкол мегӯяд: “Ин ишколест бисёр қавӣ”, ва худаш ин тавр аз ишкол ҷавоб медиҳад:

Шиққи дуввумро ихтиёр мекунем ва қабул мекунем, ки бадеҳиёт дар оғоз набудаанд ва баъд ҳосил шудаанд. Ва лозимаи ин матлаб, касбӣ ва назарӣ будан нест, зеро ҳусули бадеҳиёт бо иъонати (кӯмаки) ҳавосси самъӣ ва басарӣ анҷом меёбад, на аз роҳи касб ва назар ва истидлол.”

Сипас ба тафсили бештаре дар атрофи ин ҷавоб мепардозад ва он тафсил холӣ аз нуқсон ҳам нест.

Ин буд назарияи донишмандони исломӣ дар ин хусус, вале дар айни ҳол дар назарияи ин донишмандон як қисмати муҳимми дигар торик аст. Ва он қисмат марбут ба кайфияти интизоъи бадеҳиёти аввалияи ақлия аз маҳсусот аст. Ин донишмандон бо ин ки тасреҳ кардаанд, ки ақл қодир нест тасаввуреро аз пеши худ ибдоъ намояд ва ҳатто бадеҳиёти аввалияи тасаввурияи мантиқ, ки мавзӯъоти ғолиби масоили фалсафаи улоро ташкил медиҳанд, умуре интизоъӣ ҳастанд, кайфияти интизоъи ин мафоҳим ва ин ки зеҳн чӣ гуна амал мекунад ва аз чӣ роҳ ва ба чӣ тартиб ба ин мафоҳим ноил мешавад, бо камоли аҳаммияте, ки дорад, баён накардаанд. Ин донишмандон ҳамвора дар мантиқ ва дар фалсафа аз як силсила маъонӣ ва мафоҳим (аз қабили: мафҳуми “вуҷуд” ва “адам” ва “ваҳдат” ва “касрат” ва “зарурат” ва “имкон” ва “имтиноъ” ва ғайра) ба унвонҳои “мафоҳими интизоъия” ё “маъқулоти сония” ё “хориҷи маҳмул” ёд мекунанд ва ишъор медоранд, ки ин маъонӣ ва мафоҳим ба таври интизоъ аз маъонии дигаре (аз моҳиятҳо аз қабили “асб” ва “дарахт” ва “инсон” ва “сафедӣ” ва “сиёҳӣ” ва “шакл” ва ғайра) ба даст омада, вале ҳеч гуна тавзеҳе намедиҳанд, ки ин интизоъ яъне чӣ ва чӣ гуна ин маъонӣ аз он маъонӣ — бо ин ки мафҳумҳои муғойири он мафҳумҳо ҳастанд — зоида шудаанд? Ва оё воқеан мумкин аст, ки як мафҳуме мафҳуми дигарро бизояд ва як маъное, ки қаблан аз роҳи ҳисс (масалан) вориди зеҳн шуда, як маънои дигареро, ки зеҳн нисбат ба ӯ бесобиқа аст ва аз ӯ ба куллӣ холӣ ва орӣ аст, ба дунболи худ бикашонад?!

Дар ин мақола барои аввалин бор дар “Таърихи фалсафа” ба ин матлаби муҳим таваҷҷӯҳ шуда ва кайфият ва тартиби интизоъи ин мафоҳим ба изофаи як ришта матолиби асосии дигар баён шудааст.

Идома дорад



Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: