Шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия (7)

Матни китоб:

خالق بلا حاجة

* * *

Тарҷума:

(Имом Таҳовӣ (Раҳматуллоҳи алайҳи) гӯяд:) (Худо) холиқест бе он ки (дар офаридан) ниёзе (ба ҳаракат ва ба кор гирифтани андом) дошта бошад…

* * *

Шарҳ:

Дар ин қисмат аз калом, Имом Таҳовӣ ба яке дигар аз сифатҳои феълии Худо — ки “холиқият” (офаринандагӣ)-и ӯст — ишора мекунад.

Қабл аз тавзеҳи холиқияти Худо, шоиста аст боз ҳамон матлаберо, ки қаблан ҳам ба он ишора намуда будем такрор кунем. Ва он ин ки: сифатҳои феълӣ иборат ҳастанд аз: мафҳумҳое, ки аз муқоисаи зоти илоҳӣ бо махлуқоташ ва бо дар назар гирифтани нисбат ва изофа ва робитаи хоссе, гирифта мешаванд. Масалан: дар сифати “холиқият” “офаринанда” (Худо) ва “офаридашуда” (махлуқ), ду тарафи изофаро ташкил медиҳанд, ки аз мулоҳизаи вобастагии вуҷудии махлуқ ба Худои Таъоло, гирифта мешавад; ки агар ин робита дар назар гирифта нашавад, чунин мафҳуме ба даст намеояд. Ва ҳамин аст фарқи асосӣ байни сифатҳои зотӣ ва сифатҳои феълӣ, ки аввалӣ худ ба худ ва қатъи назар аз ҳар чизе барои Худо собит аст, вале дуввумӣ бидуни дар назар гирифтани робитаи хоссе, ҳосил нест.

Албатта ҳамон гуна ки қаблан ишора шуд, мумкин аст сифатҳои феълиро ба лиҳози сарчашмаҳояш дар назар гирифт, ки дар он сурат, бозгашт ба сифатҳои зотӣ мекунад. Масалан: агар “холиқ” ба маънои “касе ки қодир аст халқ бикунад” дар назар гирифта бишавад, дар ин сурат ба сифати “қадир” (тавоно) бозмегардад, ки аз сифатҳои зотӣ аст.

Холиқият

Баъд аз исботи Худо ба унвони зоти ҳастибахш ва дар назар гирифтани ин ки ҳамаи махлуқот дар ҳастии худашон ниёзманд ба ӯ ҳастанд, сифати “холиқият” (офаридгорӣ) барои Худо ва сифати “махлуқият” (офаридашуда) барои дигар мавҷудот ба даст меояд. Мафҳуми “холиқ” (офаридгор), ки бар асоси ин робита ба даст меояд, ба маънои “зоти ҳастибахш ва эҷодкунанда” аст.

Ва аммо ин ки Имом Таҳовӣ холиқияти Худоро бо ҷумлаи “бе он ки (дар офаридан) ниёзе (ба ҳаракат ва ба кор гирифтани андом) дошта бошад” муқайяд кардааст, барои ин аст, ки мехоҳад ба ин нукта ишора намояд, ки офаридани Худо монанди тасарруфоти инсон дар ашё нест.

Тавзеҳ ин ки: халқ кардани Худои Субҳон монанди тасарруфоти инсон дар ашё ва сохтани маснуъот нест, ки ниёзе ба ҳаракат ва ба кор бастани андомҳои бадан дошта бошад. Зеро Худои Мутаъол аз ҳаракат ва хоссиятҳои мавҷудоти ҷисмонӣ муназзаҳ ва пок аст ва пӯшида нест, ки ҳаракат ва бакоргирии андомҳо дар тасарруфот, махсуси мавҷудоти моддист.

Тавҳид дар холиқият

Бемуносибат нест дар инҷо роҷеъ ба “тавҳид дар холиқият” низ — ки шохае аз шохаҳои тавҳиди афъолист — андаке баҳс ба амал оварем. Аммо ибтидо лозим аст “тавҳид ва маротиби он” тавзеҳ дода бишавад:

Дар ҷаҳонбинии исломӣ, беш аз ҳар чиз ба “тавҳид” (ягона донистани Худо) такя шуда ва “муваҳҳид” (тавҳидгаро) будан, болотарин камоли башар дониста шудааст.

Муваҳҳид будан аз дидгоҳи ислом, фақат ба ин нест, ки Худоро дар зот ягона бидонем, балки тавҳид маротиб ва ақсоме дорад ва муваҳҳиди воқеӣ касест, ки ба тамоми маротиби он мӯътақид бошад.

Инак, баёни баъзе аз муҳимтарин маротиби тавҳид ба ихтисор:

Тавҳиди зотӣ: яъне шинохтани зоти Ҳақ ба ваҳдат ва ягонагӣ;

Тавҳиди сифотӣ: яъне шинохтани зоти Ҳақ ба ин ки ӯ дар сифот ягона ва бемисл аст. (Дар баҳсҳои оянда ба тафсил ин матлаб баён хоҳад шуд);

Тавҳиди афъолӣ: яъне шинохти ин ки ҷаҳон ва тамоми падидаҳои он, феъли Худо ва бархоста аз иродаи ӯст ва ҳеч падида ва ҳодисае дар матни ҳастӣ воқеъ намешавад, магар он ки ба шакле феъли Худо ва бархоста аз иродаи ӯст;

Тавҳид дар ибодат: яъне дар ҷиҳати парастиш, фақат ва фақат зоти Ҳақро парастидан.

Баъд аз ошноӣ бо тавҳид ва маротиби он, инак роҷеъ ба “тавҳид дар холиқият” баҳс мекунем:

Тавҳид дар холиқият (ки гуфтем, шохае аз шохаҳои тавҳиди афъолист) ба маънои шинохти ин ки ҷаҳон ва тамоми падидаҳо ва офаридаҳояш, офаридаи Худо ва бархоста аз иродаи ӯст мебошад. Худои Субҳон дар Қуръони Карим мефармояд:

قُلِ اللّهُ خَالِقُ كُلِّ شَيْءٍ وَهُوَ الْوَاحِدُ الْقَهَّارُ

Бигӯ (эй Муҳаммад!), ки танҳо Худост офаридгори ҳар чиз ва ӯст Худои якто, ки ҳамаи олам мақҳури иродаи ӯст.” (1)

اللَّهُ خَالِقُ كُلِّ شَيْءٍ وَهُوَ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ وَكِيلٌ

“Худост офаринандаи ҳар чиз ва ӯст бар ҳар чиз нигаҳбон.” (2)

ذَلِكُمُ اللَّهُ رَبُّكُمْ خَالِقُ كُلِّ شَيْءٍ لَّا إِلَهَ إِلَّا هُوَ

Ҳамон Худои парвардигори шумо офаринандаи ҳамаи мавҷудоти олам аст ва ҷуз ӯ ҳеч худое нест.” (3)

يَا أَيُّهَا النَّاسُ اذْكُرُوا نِعْمَتَ اللَّهِ عَلَيْكُمْ هَلْ مِنْ خَالِقٍ غَيْرُ اللَّهِ

Эй мардум! Ба ёд дошта бошед, ки чӣ неъматҳо Худо ба шумо ато фармуд. Оё ҷуз Худо офаринандае ҳаст?” (4)

Дар мавриди тавҳиди холиқият албатта афкори зидду нақизе иброз гардида. Баъзеҳо бо таваҷҷӯҳ ба оятҳое, ки Худоро ягона холиқ ва падидоварандаи тамоми афъол ва ҳаракатҳо медонад, мӯътақид шудаанд, ки муваҳҳиди воқеӣ касест, ки мӯътақид бошад, дар матни олами ҳастӣ таъсиргузоре ҷуз Худои Субҳон нест ва ҳатто афъоли ихтиёрие, ки аз ҷониби инсонҳо содир мешавад, дар воқеъ анҷомдиҳандааш Худост ва банда ҳеч ихтиёр ва иродае аз худ надорад.

Чунин эътиқоде ҳарчанд дар назари ибтидоӣ мувофиқ бо оятҳое, ки намунаҳояш оварда шуд намоён мешавад, вале гузашта аз ин ки оятҳои фаровони дигаре ҳам дорем, ки ба навъе анҷоми корҳоро ба махлуқот нисбат медиҳад (5) — хусусан афъоли ихтиёрии инсонҳоро — бо ҳукми сареҳи ақл низ созгор нест. Зеро мо масалан ба равшанӣ меёбем, ки инсонҳо дар корҳои ихтиёрияшон таъсиргузор ҳастанд. Яъне агар бихоҳанд кореро анҷом бидиҳанд, медиҳанд ва агар нахоҳанд, анҷом намедиҳанд. Ҳеч оқиле наметавонад чунин таъсиреро аз инсон инкор кунад.

Ба ҳамин сабаб аст, ки тоифаи дигаре мӯътақид шудаанд, ки Худо дар корҳои ихтиёрие, ки аз инсон сар мезанад, ҳеч дахолате надорад ва дар воқеъ холиқи корҳои ихтиёрии инсон худи инсон аст.

Албатта, чунин эътиқоде ҳам дуруст нест. Зеро аввалан, мухолифи оятҳоест, ки намунаҳояш дар боло овара шуд, чун он оятҳо сареҳан офаридгори “ҳар чизе”-ро Худо донистааст. Ва сониян, инкори дахолати Худо дар судури баъзе аз корҳо (хусусан корҳои ихтиёрии инсон), навъе қоил шудан ба дугонагӣ дар холиқият аст, ки бо “тавҳид дар холиқият”, ки матлуби ислом аст созгор намебошад.

Ҳоло бояд чӣ кор кард? Яъне агар бо таваҷҷӯҳ ба оятҳои ёдшуда, холиқи “ҳар чизе”-ро Худо бидонем, вале аз тарафи дигар, оятҳое ҳам дошта бошем, ки дар зоҳир бар хилофи ин оятҳо буда ва ба навъе анҷоми корҳоро (хусусан корҳои ихтиёрии инсонро) ба худи инсон нисбат медиҳанд ва ақли одамӣ ҳам ҳукм ба он мекунад, оё дар навъе таноқуз гирифтор нахоҳем шуд? Оё роҳи севвуме ҳам вуҷуд дорад, ки битавонад таъорузи (6) зоҳирӣ миёни ин ду даста аз оятҳоро ҳал карда ва ҳеч гуна зиддияте байни “холиқи ҳар чизе донистани Худо” ва байни “таъсиргузор донистани махлуқот дар судури афъол аз онҳо” (хусусан афъоли ихтиёрии инсонҳо) қоил набошад?

Дидгоҳи саҳеҳ

Оре, чунин роҳе вуҷуд дорад. Мо иншоаллоҳ дар баҳси “қазо ва қадар” ва “ҷабр ва ихтиёр” (ки ба зудӣ ба он хоҳем пардохт), ба тафсил перомуни ин матлаб баҳс хоҳем намуд ва бо такя бар далелҳои ақлӣ ва низ далелҳои қуръонӣ ва порае ҳадисҳои исломӣ, собит хоҳем кард, ки ҳеч таъорузе миёни ин оятҳо вуҷуд надорад ва лозимаи муваҳҳиди воқеӣ будан ҳам, қоил шудан ба адами таъсири махлуқ дар корҳое, ки аз ӯ содир мешавад нест, балки баръакс, муваҳҳиди воқеӣ касест, ки дар айни ин ки мӯътақид аст ҷуз Худо холиқе нест, бояд қоил ба чунин таъсире аз барои махлуқ бошад.

Ҳол, дар ин ҷо ба гунаи мухтасар онро тавзеҳ медиҳем:

Мавҷудоти олам ҳамон тавр ки дар зот истиқлол надоранд ва ҳама қоим ба зоти Худо ва вобаста ба ӯ ҳастанд ва Худои Мутаъол ба таъбири Қуръон “қайюм”-и ҳамаи олам аст (яъне ӯ такягоҳ ва нигаҳдорандаи ҳамаи мавҷудот аст), ин мавҷудот дар корҳояшон низ бениёз аз Худои Мутаъол нестанд ва таъсирҳое, ки дар якдигар доранд, ба “изн”-и Худо ва дар сояи нерӯест, ки Худои Мутаъол ба онҳо ато фармуда.

Ва дар ҳақиқат танҳо касе ки мустақиллона ва бидуни эҳтиёҷ ба дигарӣ, дар ҳамаҷо ва дар ҳама чиз таъсир мебахшад, ҳамон зоти муқаддаси илоҳист ва таъсири дигарон, дар партави он мебошад.

Бар ҳамин асос аст, ки Қуръони Карим осори фоъилҳои табиӣ ва ғайритабиӣ (монанди фаришта ва инсон)-ро, ҳам ба Худои Мутаъол нисбат медиҳад ва ҳам ба худаш.

Пас, натиҷа ин шуд, ки: ҳар кору фаъолияте, ки дар ҷаҳони ҳастӣ ба вуқӯъ мепайвандад, ҳам метавон онро ба иллати наздикаш (ки махлуқот ҳастанд) нисбат дод ва гуфт, ки ин кор кори махлуқ аст, ва ҳам метавон ба Худои Субҳон нисбат дод ва гуфт, ки ин кор кори Худост; бо ин фарқ, ки нисбати он ба Худо, ба гунаи мустақил ва бидуни ниёз ба дигарист, ва нисбати он ба махлуқ, дар сояи “изн” ва дар партави нерӯест, ки Худо ба ӯ бахшида.

Дар ривояте аз Авзоъӣ, ки бо санад аз Умар ибни Хаттоб (Разияллоҳу анҳу) нақл мекунад, омадааст, ки мефармояд:

عن عمر بن الخطاب (رضي الله عنه) قال: قال الله عز وجل يا ابن آدم! بمشيئتي كنت تشاء لنفسك ما تشاء وبإرادتي كنت تريد لنفسك ما تريد وبفضل نعمتي قويت على معصيتي وبتوفيقي أديت إلي فرائضي

Худованд мефармояд: эй фарзанди Одам! Ба машиат ва хости ман аст, ки ту метавонӣ ҳар чӣ барои худ бихоҳӣ, мехоҳӣ, ва ба иродаи ман аст, ки ту метавонӣ ҳар чӣ барои худ ирода кунӣ, мекунӣ, ва ба неъмати (қудрате), ки бароят додаам аст, ки бар анҷоми гуноҳон қудрат пайдо кардаӣ, ва ба тавфиқе, ки бароят бахшидаам аст, ки фарзҳои маро адо менамоӣ…” (7)

Диққат бифармоед, дар инҷо анҷоми кор ба инсон нисбат дода шуда, вале ба машиат ва хости Худо. “Ба машиат ва хости ман аст, ки ту метавонӣ ҳар чӣ барои худ бихоҳӣ мехоҳӣ…” Ҳатто онҷо ҳам, ки муртакиби гуноҳе мешавӣ, ин ба сабаби қудратест, ки Худо бароят дода. Албата, набояд гуноҳ бикунӣ, вале чун Худо бароят нерӯи ирода ато карда ва ту ҳам аз ин неъмати илоҳӣ суистифода намудӣ, Худо пеши роҳатро намегирад.

Идома дорад

* * *

Поварақӣ:

(1) Сураи Раъд, ояти 16.

(2) Сураи Зумар, ояти 62.

(3) Сураи Ғофир, ояти 62.

(4) Сураи Фотир, ояти 3.

(5) Масалан, дар ояти: “Худо он касест, ки бодҳоро мефиристад, он гоҳ ин бодҳо абрҳоро дар фазо бармеангезанд…” (Сураи Рум, ояти 48), Худо сареҳан ба ҳаракат даровардани абрҳоро ба бодҳо нисбат додааст. Ва ё дар ояти: “Ҳамоно Худо вазъи қавмеро беҳбуд намегардонад, магар ин ки худашон даст ба кор шуда вазъашонро тағйир бидиҳанд” (Сураи Раъд, ояти 11), ошкоро тағйири вазъро ба худи бандагон нисбат додааст.

(6) Таъоруз, яъне ба ҳам зид будан.

(7)”Ибона”−и Ибни Батта, ҷ. 2, с. 132.

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия



Рубрики:Ақоиди исломӣ, Ислом

Метки: , , , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: