Арабистони Саудӣ дар ҳоли наздик шудан ба Ихвонулмуслимин

Дар ҳоле ки равобити Арабистони Саудӣ бо Миср дар моҳҳои ахир ба тирагӣ гаройида, манобеи огоҳ эълом карданд, раҳбарони саршиноси ҷамоати Ихвонулмуслимини Миср ахиран дар Дуҳа бо масъулони аршади Саудӣ дидор ва масъалаи наздик шудани дидгоҳҳои ду тарафро баррасӣ карданд.

Ва ин дар ҳолест, Арабистони Саудӣ дар замони Малик Абдуллоҳ, подшоҳи пешини ин кишвар, аз кудетои низомии Абдулфаттоҳ Ассисӣ, вазири дифои вақти Миср алайҳи Муҳаммад Мурсӣ, раисиҷумҳури қонунӣ ва дар ниҳоят барканории вай ва ба қудрат расидани Ассисӣ ҳимоят карда буд.

Пойгоҳи хабарии Ашшуруқ навишт, дар сояи сард шудани равобити Миср ва Арабистон, Ихвонулмуслимин бо масъулони аршади Саудӣ дидор карда ва масъалаи наздик шудани дидгоҳҳои ду тарафро баррасӣ кардаанд.

Бар асоси ин хабар, ин дидор дар ҷараёни маросими хатми Халифа бен Ҳамад, амири пешини Қатар дар Дуҳа сурат гирифта ва манобеи наздик ба Ихвонулмуслимин эълом карданд, ин гурӯҳ дар ин нишаст бар лузуми ҳимоят аз дидгоҳҳои Арабистон ва мавозеъи ин кишвар дар таҳаввулоти минтақа аз ҷумла парвандаи Сурия, Яман ва Либӣ таъкид кардаанд.

Ин манобеъ гузориш доданд, пеш аз ин дидор низ масъулони аршади Саудӣ бо шуморе аз аъзои шохаҳои Ихвон дар бархе кишварҳо дидор карданд. Шӯъбаи покистонии Ихвонулмуслимин эълом карда буд, ки аз мавозеъи Арабистон дар баробари мавозеъи Эрон дар минтақа ҳимоят мекунанд.

Рӯзи ҷумъа “Инқилоби бечорагон” дар хиёбонҳои Миср

Хабари наздик шудани дидгоҳҳои Ихвон ва Саудӣ дар ҳолест, ки бо наздик шудани баргузории тазоҳуроти саросарӣ дар рӯзи ҷумъа таҳти унвони “Инқилоби бечорагон”, Ассисӣ хостори боло бурдани сақфи иқдомоти амниятӣ дар ин кишвар шудааст.

Абдулфаттоҳ Ассисӣ душанбешаб (дишаб) дар дидор бо фармондеҳони артиш, пулис ва нерӯҳои иттилооти Миср, аз онҳо хостааст ҳушёр бошанд.

Рӯзномаи Алаҳром гузориш дод, ки ин ҳушдорҳо дар дидори Ассисӣ бо вазири дифоъ, вазири кишвар, раиси ситоди амалиёти нерӯҳои мусаллаҳ, раиси созмони иттилооти ҷангӣ ва раиси созмони иттилооти умумии Миср матраҳ кардааст.

Бар асоси ин хабар, Ассисӣ аз фармондеҳони низомӣ ва иттилоотии Миср хостааст, кори худро бо ҳушёрӣ ва омодагии низомӣ идома диҳанд ва таъкид карда, ки бояд амнияти миллӣ ва саломати шаҳрвандони мисрӣ таъмин шавад.

Боло рафтани сатҳи ҳушдори амниятӣ дар Миср ва баргузарии ҷаласа бо ҳузури фармондеҳони низомӣ бо раисиҷумҳури ин кишвар танҳо се рӯз пеш аз даъват ба тазоҳуроти умумӣ таҳти унвони “Инқилоби бечорагони (фуқаро)” сурат гирифтааст.

Аз замоне ки Ассисӣ дар соли 2014 ба унвони раисиҷумҳури Миср рӯйи кор омада то кунун ин кишвар бо бӯҳронҳои муҳимми иқтисодӣ ва амниятӣ дасту панҷа нарм кардааст.



Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: