Гузориши такондиҳандаи СММ дар бораи Афғонистон

Коршиносони Созмони Милал мегӯянд, ҳудуди 45 ҳазор ёғиёни мусаллаҳи вафодор ба Алқоъида, дар Афғонистон фаъоланд, ки 20 то 25 дарсад аз онон хориҷиянд.

Созмони Милал дар ин бора дар гузорише гуфтааст, гурӯҳҳои тарафдори Алқоъида дар даргириҳои ҷории Афғонистон нисбат ба гузашта бештар ба Толибон кӯмак кардаанд. Бар асоси ин гузориш, ки ба нақл аз мақомоти бархе кишварҳо аз ҷумла Афғонистон таҳия шудааст, гурӯҳи ДОЪИШ заъиф шуда. Коршиносони Созмони Милал гуфтаанд, ин аносури шарур аз ҳамдигар ҳимоят мекунанд ва на фақат Афғонистон, балки барои ҷомеаи ҷаҳонӣ чолишҳои зиёд ба вуҷуд овардаанд.

Толибони мусаллаҳ баъд аз суқути ҳукумати худ, алайҳи ҳукумати ҷадид ҷангро оғоз кард. Дар чанд моҳи ахир нисбат ба ҳар вақти дигар ҷанги худро густариш дода ва ҳатто ин ҷангро ба бархе шаҳрҳо низ кашондааст. Дар солҳои ахир илова бар ҷангҳои Толибон, аз сӯйи ДОЪИШ низ ҷанг оғоз шуда ва ин гурӯҳ вилояти Нангарҳорро ба таври вижа тахриб кардааст.

Коршиносони Созмон Милал мегӯянд, бархе кишварҳо бовар доранд, ки равобит миёни Толибон ва Алқоъида баъд аз марги Мулло Умар, дар раҳбарии Мулло Ахтар Мансур густариш ёфт ва ин вазъият дар давраи Мулло Ҳибатуллоҳи Охундзода низ давом ёфтааст. Гузориши Созмони Милал баёнгари ин аст, ки нерӯҳои Алқоъида ба унвони роҳнамоён ва коршиносони Толибон фаъолият мекунанд; ба вижа дар сохти маводди мунфаҷира ба ин гурӯҳ кӯмак мекунанд.

Ин коршиносон, ки таҳримҳои зидди Толибонро таҳти назорат доранд, ба Шӯрои амнияти Созмони Милал гуфтаанд, ДОЪИШ манотиқашро аз даст дода, вале эҷоди мушкилот аз сӯйи ин гурӯҳ поён наёфтааст. Ба гуфтаи коршиносон, ДОЪИШ, ки дар соли 2015 бо қудрати зиёд дар вилояти Нангарҳор ҳузур дошт ва 9 шаҳристон аз ин вилоятро тасарруф кард, вале акнун нуфузи ин гурӯҳ то се шаҳристон маҳдуд ва бар асари амалиёти нерӯҳои амниятии Афғонистон коҳиш ёфтааст.

Ин гузориш ҳамчунин меафзояд, 7 ҳазору 500 то 7 ҳазору 600 нафар аз нерӯҳои хориҷӣ бар асари амалиёти низомии артиши Покистон аз ин кишвар ба Афғонистон фирор кардаанд ва як гурӯҳ аз ин нерӯҳои хориҷиро шаҳрвандони Чин, Русия ва кишварҳои Осиёи Миёна ташкил медиҳанд. Дар ин гузориш дар робита бо даромадҳои Толибон низ гуфта шуда, ки ин гурӯҳ аз тиҷорати маводди мухаддир ва гаравгонгириҳо даромад дорад.

Инки гузориши Созмони Милал дар мавриди ҳузури 45 ҳазор нафар ёғиёни мусаллаҳ аз ҷумла 20 то 25 ҳазор ҷангҷӯёни хориҷӣ дар Афғонистон чӣ қадр сиҳҳат дорад, суолест, ки Наҷиб Мунлӣ, коршинос ва таҳлилгар дар посух ба он мегӯяд: “Ин гузориш мустанад ва мувассақ нест. Бар асоси фарзияҳое аз сӯйи афроди ғайримасъул таҳия шудааст, ки ба ҷуз эҷоди нигаронӣ ва ташвиш дар афкори умумӣ ба вижа байни афғонистониҳо, ҳадафи дигаре наметавонад дошта бошад.”

Ӯ, зимни таъкид ба ҳузури нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон, гуфта, ки теъдодашон ин қадр ҳам нест, ки Созмони Милал иддаъои онро кардааст. Ӯ ҳамчунин баён мекунад, ҷангҷӯёни хориҷӣ, ки ҷанги Афғонистонро ташдид кардаанд, дар ҳақиқат аз сӯйи созмонҳои иттилоотӣ ва амниятии кишварҳои бузург ҳимоят ва тағзияи молӣ ва таслеҳотӣ мешаванд, то манофеъ ва аҳдофи худро бо ин кор дунбол кунанд. Ӯ идома медиҳад: «Созмони Милал бо ин гузориш як бори дигар бемасъулиятии худро нишон дод»

Ваҳиди Мужда, коршиноси умури Афғонистон низ, гузориши Созмони Милалро рад карда ва мегӯяд: “Ин созмон ба як муассисаи вижаи Омрико табдил шудааст ва бар асоси суфоришҳои Омрико ин гуна гузоришҳои кизбро фақат барои таъмини аҳдофи истеъмории ин кишвар таҳия ва мунташир мекунад.”

Ӯ меафзояд: “Аз матни гузориш пайдост, ки ба нақл аз мақомоти бархе кишварҳо аз ҷумла Афғонистон таҳия шудааст; бинобар ин, ин гузориш бо як ҳадафи хосс таҳия шудааст.” Ба гуфтаи ӯ, “Омрико қасд дорад нерӯҳои ДОЪИШ-ро аз кишварҳои Ховари Миёна ба Афғонистон интиқол диҳад ва ҳар вақт ин иттифоқ афтод, Созмони Милал муддаъӣ хоҳад шуд, ки ин созмон гуфта буд, ки 45 ҳазор нафар аз нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон ҳузур доранд ва акнун қабл аз ин ки кулли ДОЪИШ-ро ба Афғонистон интиқол диҳад, Созмони Милал ба унвони як муассисаи вижаи Омрико ҳузури нерӯҳои хориҷиро дар Афғонистон аз қабл эълом кард.”

Ногуфта намонад, женерол Абдуррашид Дӯстум, муовини аввали раисиҷумҳури Афғонистон ва Ҳоҷӣ Зоҳир Қадир, муовини аввали маҷлиси миллии ин кишвар низ ба тозагӣ ба сароҳат гуфтаанд, ДОЪИШ, ки дар Сурия ва Ироқ таҳти фишор қарор гирифтаанд, қарор аст ба Афғонистон интиқол дода шаванд.

Гузориши Ошиқ Ҳусайн Турӣ, коршиноси масоили Афғонистон дар Irdiplomacy



Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: