Убомо ҳамчунон маҳбуби омрикоиҳост

Назарсанҷии мунташиршуда дар остонаи интихоботи риёсати ҷумҳурии Омрико нишон дод, ки Борок Убомо пойгоҳи мардумиашро пас аз 8 сол ҳифз карда ва ҳамчунон дар миёни омрикоиҳо аз мақбулият бархӯрдор аст.

Ба гузориши рӯзномаи Telegraph, назарсанҷии Gallup нишон дод, 56 дарсад аз ширкаткунандагон дар ин назарсанҷӣ, Борок Убомо, раисиҷумҳури Омрикоро маҳбуб медонанд; оморе, ки нисбат ба назарсанҷии июни соли гузашта, ки ҳамзамон бо оғози рақобатҳои интихоботӣ сурат гирифт, 12 дарсад афзоиш доштааст.

Бо ин ҳол, ин омор аз рекурди Убомо дар шаш моҳи нахусти риёсати ҷумҳуриаш дар соли 2008, ки баробар бо 60 дарсад буд, танҳо чаҳор дарсад камтар аст.

Ҳамзамон бо сафарҳои Убомо ба саросари Омрико барои суханронӣ дар ҳимоят аз номзади демукротҳо дар интихоботи риёсати ҷумҳурии Омрико, Ҳилори Клинтун умедвор аст, маҳбубияти Убомо, ки болотар аз маҳбубияти вай аст, дар касби орои мардумӣ ба кӯмаки вай биёяд.

Убомо дар кампини тарафдорони Клинтон дар иёлати Мишиган гуфт: “Аз шумо мехоҳам кореро, ки барои ман анҷом додед, дар ҳаққи Ҳилори низ анҷом диҳед. Шумо ин фурсатро доред, ки сиёсате ноҳинҷор, тафриқаомез ва номатлубро рад кунед; сиёсате, ки моро дучори пасрафт хоҳад кард. Шумо ин фурсатро доред, ки аввалин раисиҷумҳури зани Омрикоро интихоб кунед.”

Ҷош Эрнест, сухангӯи Кох Сафед гуфт: “Фикр мекунам, арзёбии умумӣ аз шахсият ва маҳбубияти Убомо чизест, ки ҳатто дар душвортарини лаҳазот низ пойдор будааст.”



Рубрики:Инсони муваффақ, Машоҳир, Сиёсат

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: