Шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия (8)

Матни китоб:

رازق بلا مؤنة

* * *

Тарҷума:

(Имом Таҳовӣ (Раҳматуллоҳи алайҳи) гӯяд:) (Худо) рӯзидиҳандаест бе ҳеч хастагӣ ва сахтӣ…

* * *

Шарҳ:

Яке дигар аз сифатҳои феълии Худои Субҳон, “розиқият” яъне рӯзидиҳандагии ӯст. Мафҳуми “розиқият” низ ба монанди мафҳуми “холиқият” аз муқоисаи зоти илоҳӣ бо махлуқоташ ва бо дар назар гирифтани нисбати хоссе (ки ҳамон рӯзидиҳандагии зоти Худо ва рӯзихории махлуқ мебошад) гирифта шудааст, ки агар ин робита дар назар гирифта нашавад, чунин мафҳуме ба даст намеояд. Худои Мутаъол дар Қуръони Карим мефармояд:

اللَّهُ الَّذِي خَلَقَكُمْ ثُمَّ رَزَقَكُمْ

Худо касест, ки шуморо офарид, сипас рӯзиятон дод…” (1)

Ва аммо ин ки Имом Таҳовӣ розиқияти Худоро бо ҷумлаи “бе ҳеч хастагӣ ва сахтӣ” муқайяд карда, барои ин аст, ки мехоҳад ба ин нукта ишора намояд, ки рӯзидиҳандагии Худо монанди ба касе таъом ё ғизо додани инсонҳо нест, ки лозимааш хастагӣ ва ба сахтӣ афтодан бошад. Зеро агар мо чизе ба касе бихӯронем, бояд аввал он чизро бо хастагӣ ва ба сахтӣ ба даст оварем ва он гоҳ бо ба кор бастани андомҳои худ амали мазкурро анҷом бидиҳем. Худо на мавҷуде моддӣ монанди мост, ки андомҳо ба кор гирад ва на рӯзӣ доданаш мисли тасарруфоти мо хастагӣ ва сахтӣ ба дунбол дошта бошад. Балки рӯзӣ додани ӯ ба монанди ҳамаи афъолаш, ба маҳзи иродааш таҳаққуқ мепазирад, чунон ки мефармояд:

إِنَّمَا أَمْرُهُ إِذَا أَرَادَ شَيْئًا أَنْ يَقُولَ لَهُ كُنْ فَيَكُونُ

Ҳамоно амри Худо чунин аст, ки ҳаргоҳ иродаи чизе кунад, мегӯяд: “Мавҷуд бош!”, ҳамон дам он чиз мавҷуд мешавад.” (2)

Тавҳид дар розиқият

Тавҳид дар розиқият (ки шохае аз шохаҳои тавҳиди афъолист), яъне шинохти ин ки тамоми рӯзиҳо аз Худо ва бархоста аз иродаи ӯст. Дар Қуръони Карим ҳам ба ин ҳақиқат ишора шудааст:

يَا أَيُّهَا النَّاسُ اذْكُرُوا نِعْمَتَ اللَّهِ عَلَيْكُمْ هَلْ مِنْ خَالِقٍ غَيْرُ اللَّهِ يَرْزُقُكُم مِّنَ السَّمَاء وَالْأَرْضِ

Эй мардум! Ба ёд дошта бошед, ки чӣ неъматҳо Худо ба шумо ато фармуд. Оё ҷуз Худо офаринандае ҳаст, ки аз осмонҳо ва замин рӯзиятон диҳад?” (3)

وَمَا مِن دَآبَّةٍ فِي الأَرْضِ إِلاَّ عَلَى اللّهِ رِزْقُهَا

Ва ҳеч ҷунбандае дар рӯйи замин нест, магар он ки рӯзии ӯ бар ӯҳдаи Худост.” (4)

Албатта, ҳамон тавр ки дар баҳси “тавҳид дар холиқият” гуфтем (ва бояд дар мавриди тамоми шохаҳои тавҳиди афъолӣ чунин гуфт), лозимаи “тавҳид дар розиқият” ин нест, ки мӯътақид бошем, рӯзӣ додан ҷуз ба зоти Ҳақ нисбат дода намешавад ва ин ки Худо худ бевосита ҳар рӯзихореро рӯзӣ медиҳад. Балки маънои дурусти он ин аст, ки ҳамон тавре ки махлуқ дар зот ҳеч истиқлоле аз худ надорад ва қоим ба зоти Худо ва вобаста ба ӯст ва Худои Мутаъол қайюми ӯст, дар тамоми корҳояш (ки аз ҷумлаи онҳост рӯзӣ додан) низ бениёз аз Худои Мутаъол нест. Бинобар ин, агар ба касе чизе рӯзӣ диҳад, ба “изн”-и Худо ва дар партави нерӯест, ки Худои Мутаъол ба ӯ ато фармуда. Ва ба ҳамин ҷиҳат аст, ки дар ояти 5 сураи Нисо сифати “ризқ” ошкоро ба махлуқ нисбат дода шудааст. Худои Таъоло мефармояд:

وَلاَ تُؤْتُواْ السُّفَهَاء أَمْوَالَكُمُ الَّتِي جَعَلَ اللّهُ لَكُمْ قِيَاماً وَارْزُقُوهُمْ فِيهَا

Молҳоеро, ки Худо пойдории (зиндагонии) шуморо ба он муқаррар дошта, ба тасарруфи аблаҳон қарор мадиҳед ва аблаҳонро аз молашон (ба қадри лозим) рӯзӣ диҳед…

* * *

Матни китоб:

مميت بلا مخافة، باعث بلا مشقة

* * *

Тарҷума:

(Имом Таҳовӣ (Раҳматуллоҳи алайҳи) гӯяд:) (Худо) миронандаест бе ҳеч тарсу ҳаросе ва барангезандаест бе ҳеч душворие…

* * *

Шарҳ:

Дар ин қисмат аз калом, Имом Таҳовӣ ба ду сифати дигар аз сифатҳои феълӣ ишора дорад, ки иборатанд аз сифати “миронандагӣ” ва “барангезандагӣ”.

Худои Субҳон ҳамон гуна ки офаридгор ва падидоварандаи тамоми падидаҳои ҳастист ва ҷуз ӯ падидоварандае нест, ҳамчунин ҳам ӯст миронанда ва аз байн барандаи онҳо ва миронандае ҷуз зоти ӯ нест:

وَاللّهُ يُحْيِي وَيُمِيتُ وَاللّهُ بِمَا تَعْمَلُونَ بَصِيرٌ

Ва Худо ҳаёт мебахшад ва мемиронад ва ӯ ба ҳар он чӣ мекунед биност.” (5)

قُلْ يَا أَيُّهَا النَّاسُ إِنِّي رَسُولُ اللّهِ إِلَيْكُمْ جَمِيعًا الَّذِي لَهُ مُلْكُ السَّمَاوَاتِ وَالأَرْضِ لا إِلَهَ إِلاَّ هُوَ يُحْيِي وَيُمِيتُ

Бигӯ: эй мардум! Ҳамоно ман фиристодаи Худо ба сӯйи ҳамаи шумоям; Худое, ки мулки осмонҳо ва замин фақат азони ӯст. Худое ҷуз зоти ӯ нест. (Худое, ки) ҳаёт мебахшад ва мемиронад…” (6)

Ва аммо “барангезанда” будани Худои Субҳон, яъне ин ки Худо баъд аз мирондани инсонҳо дар дунёи фонӣ ва дори таклиф, аз нав онҳоро дар дунёи боқӣ ва дори ҳисоб зинда гардонида ва дар онҷо некӯкоронро подоши некӯ ва бадкоронро ҷазои бад хоҳад дод. (Мо ба тафсил дар баҳси имон ба рӯзи охират дар бораи ин мавзӯъ баҳс хоҳем намуд).

Дар мавриди “миронандагӣ” ва “барангезандагӣ”-и Худо низ тамоми он чӣ дар бораи дигар сифоти феълии Худои Субҳон — мисли холиқият ва розиқияти ӯ — баён гардид, ҷорист. Яъне исботи ин ду сифат аз сифатҳои феълӣ барои Худо, бо дар назар гирифтани робита ва нисбати хоссест, ки байни зоти муқаддаси илоҳӣ ва махлуқот лиҳоз мегардад. Ва ҳам ин ки субути онҳо барои Худо омехта бо ҳеч як аз ҷиҳатҳои нақсу камбуд намебошад. Ва аз ҳамин ҷост, ки Имом Таҳовӣ “миронандагӣ”-ро бо ҷумлаи “бе ҳеч тарсу ҳарос” ва “барангезандагӣ”-ро бо ҷумлаи “бе ҳеч душворӣ” муқайяд карда. Зеро ки ки аз рӯйи тарсу ҳарос ва бо душворӣ анҷом додани коре, аз лозимаҳои кори мавҷуди ноқис мебошад.

Ва матлаби дигар он ки: бино бар ҷаҳонбинии тавҳидӣ, бояд мӯътақид буд, ки Худои Субҳон дар кори “мирондан” ва ё «ҳаёт бахшидан» ва “барангехтан” шарике надорад ва фақат зоти ӯст, ки мемиронад ва бармеангезад.

Ва агар ҳам аҳёнан дар Қуръони Карим феъли “ҳаёт бахшидан” барои баъзе аз бандагони солеҳ — мисли ҳазрати Исои Масеҳ (а) — нисбат дода шуда, ҳаёт бахшидани ӯ ба ҳамон маъноест, ки дар баҳсҳои гузашта гуфтем. Ва он ин ки: ҳаёт бахшидани бандае мисли Исои Масеҳ (а) ба “изн”-и Худо ва дар партави нерӯест, ки Худои Мутаъол ба ӯ ато фармуда; ба хилофи ҳаёт бахшидани Худои Субҳон (ва ё ҳар феъле аз феълҳои зоти муқаддаси илоҳӣ), ки мустақиллона ва бидуни эҳтиёҷ ба каси дигаре таҳаққуқ мепазирад. Ва ба ҳамин ҷиҳат аст, ки Қуръони Карим онҷо, ки кори «ҳаёт бахшидан»-ро ба Исои Масеҳ (а) нисбат медиҳад, онро ба “изн”-и Худо муқайяд мекунад:

وَرَسُولاً إِلَى بَنِي إِسْرَائِيلَ أَنِّي قَدْ جِئْتُكُم بِآيَةٍ مِّن رَّبِّكُمْ أَنِّي أَخْلُقُ لَكُم مِّنَ الطِّينِ كَهَيْئَةِ الطَّيْرِ فَأَنفُخُ فِيهِ فَيَكُونُ طَيْرًا بِإِذْنِ اللّهِ وَأُبْرِىءُ الأكْمَهَ والأَبْرَصَ وَأُحْيِي الْمَوْتَى بِإِذْنِ اللّهِ

Ва фиристодае ба сӯйи Бани Исроил гусел доштам, ки мегуфт: ман ояте (мӯъҷизае) аз ноҳияи парвардигоратон овардаам. Ман барои шумо аз гил муҷассамаи мурғе месозам, баъд дар он медамам, ногаҳон ба изни Худо мурғ зинда мешавад ва кӯри модарзод ва ҷузомиро шифо медиҳам ва мурдагонро ба изни Худо зинда мекунам…” (7)

Баёни як матлаби муҳим дар мавриди “изн”-и Худо

Дар инҷо лозим аст ба як матлаби хеле муҳим дар робита бо “изн”- Худои Субҳон ишора намоем.

Ва он ин ки: баъзеҳо “изни Худо”-ро дуруст нафаҳмидаанд ва чунин пиндоштаанд, ки изни Худо яъне ин ки Худо барои паёмбаре (масалан аз тариқи ваҳй) чунин фармуда, ки эй паёмбари ман! Биё ва инҷо биист, ман мехоҳам фалон кори хориқулода ва ё мӯъҷизаеро аз дастат ҷорӣ кунам, (на ба дастат). Бино бар ин дидгоҳ, дар вуқӯи хориқулода ҳамакора худи Худост ва вуҷуди паёмбар ҳеч нақш ва таъсире надорад. Ва танҳо нақше, ки метавон барои паёмбар дар вуқӯи мӯъҷиза тасаввур кард, ин васила қарор гирифтани ӯст барои таҳаққуқи кори хориқулодаву бас. Яъне Худо чунин хоста, ки он хориқулода дар дасти паёмбар ҷорӣ гардад, ва агар мехост, метавонист онро дар дасти як шахси дигаре ғайри паёмбар ҷорӣ созад.

Хулоса, дар таҳаққуқи мӯъҷиза ва ҳар хориқулодаи дигаре, паёмбар ҳеч нақш ва таъсире надорад.

Чунин ақидае нодуруст аст ва бархоста аз адами диққати комил дар чигунагии вуқӯи падидаҳо ва ҳодисаҳо дар ҷаҳони ҳастӣ ва кайфияти иртиботи онҳо бо офаринандаи он, ки Худои Субҳон мебошад аст.

Барои фаҳмидани дидгоҳи дуруст дар ин замина, дар оғоз таваҷҷӯҳи хонандаро ба матолиби зерин ҷалб менамоем:

1. Аз дидгоҳи Қуръон, ҳар падида ва ҳодисае дар матни ҳастӣ — чӣ як падидаи оддӣ бошад ва чӣ хориқулода — бар асоси қонуни иллияти умумӣ (8) воқеъ мешавад ва вуқӯи ҳеч ҳодиса ва падидае, хориҷ аз ин қонун намебошад; (9)

2. Аз дидгоҳи Қуръон, ҳарчанд сабабияти ҳар сабабе азони худаш мебошад, вале ин сабабиятро ба ӯ Худо бахшидааст. Ва дигар ин ки: ҳар сабабе, дар таъсиргузорӣ низ мустақил нест. Яъне фақат замоне метавонад таъсиргузор бошад, ки Худо ба ӯ ин иҷозаро бидиҳад. Масалан: хоссияти сӯзондан дар оташ азони худи оташ аст, чун Худо ба ӯ ин хоссиятро додааст. Ва ба иборати дигар: Худо оташро бо хоссияти сӯзондан офарида. Баъд, оташ дар сӯзондан мустақил нест, балки вобаста ба иҷозаи Худост. Яъне чунин нест, ки Худо баъд аз он ки хоссияти сӯзонданро ба оташ дод, дигар худ канор нишаста бошад ва оташ бо доро гардидани ин вижагӣ дигар эҳтиёҷе ба Худо надошта бошад. Чунин нест. Балки сӯзонданаш ҳам ба иҷозаи Худост. Қуръон аз чунин иҷозае ба “изн” таъбир кардааст.

Пас “изн”-и Худо, яъне иҷоза додани Худо ба мавҷуде дар таъсиргузорӣ;

3. “Изн” ва ё иҷоза додан кадом вақт маъно пайдо мекунад? Посух он ки: “изн” дар ҷойе маъно хоҳад дошт, ки пеши роҳи тасарруфи маъзун (яъне он чиз ва ё он кас ки ба ӯ изн дода мешавад) монеъае вуҷуд дошта бошад, ки нагузорад ӯ тасарруф намояд, ва сипас бо “изн” он монеъа бардошта шавад. Вуҷуди монеъа ҳам, вақте тасаввур дорад, ки дар маъзун истеъдоди тасарруф мавҷуд бошад. Масалан, шогирде дар мадраса мехоҳад рӯйи тахтаи синф матлаберо бинависад, вале то муаллим ин иҷозаро барояш надиҳад, наметавонад чизе бинависад. Дар ин мисол, иҷоза надодани муаллим, ҳамон вуҷуди монеъа аст. Ва ҳам равшан аст, ки муаллим дар сурате метавонад барои шогирд иҷоза бидиҳад, ки дар шогирд истеъдоди навиштан мавҷуд бошад, вагарна изн ва иҷозаи ӯ маъно надорад. Агар ба девор ва ё санг изни навиштан намедиҳад, ба хотири он аст, ки девор ва ё санг истеъдоди навиштан надоранд.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин се муқаддима гӯем: бино бар муқаддимаи аввал, мӯъҷиза ва кори хориқулода низ, ки аз паёмбар ва ё ҳар соҳиби мӯъҷизае содир мешавад, аз онҷо, ки падидае аз падидаҳои ҷаҳони ҳастист, бар асоси қонуни иллияти умумӣ воқеъ мешавад ва аз он қонун берун нест.

Ва бар асоси муқаддимаи дуввум, қудрати анҷоми мӯъҷиза ва ё хориқулода ҳарчанд азони худи паёмбар аст, (10) вале ин қудратро Худо ба ӯ додааст. Ва ҳам ин ки паёмбар фақат ҳангоме метавонад мӯъҷиза анҷом бидиҳад, ки Худо ба ӯ чунин иҷозаро бидиҳад, ва ба таъбири Қуръон, Худо ба ӯ “изн” бидиҳад.

Ва бино бар муқаддимаи севвум, “изн”-и Худо ба паёмбар ва ё ҳар соҳиби хориқулодае барои анҷоми мӯъҷиза, танҳо дар сурате маъно пайдо мекунад, ки паёмбар истеъдод ва қобилият барои анҷом додани мӯъҷизаро дар вуҷуди худ дошта бошад.

Ба сухани дигар: дар таҳаққуқи мӯъҷиза ва ё ҳар хориқулодаи дигаре қудрат ва иродаи худи мӯъҷизаоваранда (Мӯсо, Исо, Муҳаммад (Алайҳимус салом) ва ҳар дорои мӯъҷизае) нақш ва таъсир дорад. Яъне мӯъҷизаоваранда дорои як қудрати хориқулода ва як иродаи фавқулодае мебошад, ки дар партави он, ҳар чиро, ки бихоҳад, анҷом медиҳад. Албатта (ба таъбири Қуръон) “ба изни Худо” анҷом медиҳад (яъне қудратро Худо ба ӯ додааст). Аммо ин қудрати хориқулода, азони худи паёмбар ва руҳи паёмбар аст. Худованд ин қудрат ва чунин иродаи қавиро ба ӯ вогузоштааст (албатта вогузошта, ба ин маъно нест, ки бидиҳад ва худаш биравад канор. На, чунин нест, балки баъд аз вогузорӣ ҳам, кораш бо иродаи Худованд аст). Қуръон худаш ин мӯъҷизаҳоро ба шахси паёмбар нисбат медиҳад, вале ҳамвора таъкидаш ин аст, ки паёмбар “ба изни Худо” анҷом медиҳад, яъне “паёмбар мекунад ба изни Худо”. Аслан калимаи “ба изни Худо”, худ мерасонад, ки ту мекунӣ, вале ба изни Ман мекунӣ. Ин таъбир худ сароҳат дорад, ки ту мекунӣ, вале Ман хостаам, ки бо амали ту ин кор анҷом бишавад.

Масалан дар сураи Ғофир мефармояд, ки “Ҳеҷ расуле наметавонад мӯъҷизае биёварад магар ба изни Худо…” (11) Инҷо мехоҳад нафйи истиқлол аз паёмбарон бикунад, ки хаёл накунед, ки онҳо аз пеши худ ҳар кореро бихоҳанд, мекунанд. Дуруст аст, ки ин мӯъҷизаҳо дар партави қудрат ва иродаи қавии эшон таҳаққуқ меёбад, аммо то изни Худо набошад ва ба иборати дигар, то иҷозаи илоҳӣ дар миён набошад, ҳаргиз сурат намегирад. Ҳар чӣ мекунанд, ба изни парвардигор аст.

Дар бораи Ҳазрати Исо ибни Марям (а) дар сураи Оли Имрон ин тавр мефармояд: “Ва фиристодае ба сӯйи Бани Исроил гусел доштам, ки мегуфт: ман ояте (мӯъҷизае) аз ноҳияи парвардигоратон овардаам. Ман барои шумо аз гил муҷассамаи мурғе месозам, баъд дар он медамам, ногаҳон ба изни Худо мурғ зинда мешавад...” Инҷоро баъзеҳо ба гунаи дигаре тафсир кардаанд. Ин тавр мегӯянд: “Баъд, ба изни Худо мурғ зинда мешавад”. “Ба изни Худо”-ро фақат ба “…мурғ зинда мешавад” бармегардонанд. Мегӯянд: ин оят мегӯяд: сохтан аз гил кори паёмбар, дамидан кори паёмбар, аммо мурғ шудан кори Худо. Ба мурғ шудан, ки мерасанд, мегӯянд: “Баъд, ба изни Худо мурғ зинда мешавад.” Вале ин ҷавоб дорад. Ҷавобаш ин аст, ки аввалан, худи калимаи “ба изни Худо” нишон медиҳад, ки агар кор кори Худо буд, дигар “ба изни Худо” ғалат буд. Сониян, “ба изни Худо” ба тамоми инҳо мехӯрад: “Месозам аз гил ба изни Худо ва медамам ба изни Худо ва мурғ мешавад ба изни Худо.” Яъне мегӯяд, тамоми ин корҳоро, ки ман мекунам ва баъд чунон натиҷае пайдо мешавад, ҳама ба изни парвардигор аст. Ва аз ин ҳам болотар ҷумлаи баъдист, ки комилан тавзеҳ медиҳад: “Ва кӯри модарзод ва ҷузомиро шифо медиҳам ва мурдагонро ба изни Худо зинда мекунам…” (Сураи Оли Имрон, ояти 49). Инҷо дар камоли сароҳат феълро ба худаш нисбат медиҳад, вале мегӯяд: “ба изни Худо”. Хулоса, инки мӯъҷизаро соҳиби мӯъҷиза ба изни Худо анҷом медиҳад, маънояш ин аст, ки дар инҷо руҳи ӯ, нафси ӯ, иродаи ӯ ва қудрати ӯ восита аст.

Идома дорад

* * *

Поварақӣ:

(1) Сураи Рум, ояти 40.

(2) Сураи Ёсин, ояти 82.

(3) Сураи Фотир, ояти 3.

(4) Сураи Ҳуд, ояти 6.

(5) Сураи Оли Имрон, ояти 156.

(6) Сураи Аъроф, ояти 158.

(7) Сураи Оли Имрон, ояти 49.

(8) Қонуни иллияти умумӣ яъне ин ки ҳар ҳодисае, ки пайдо мешавад, дар падид омаданаш эҳтиёҷ ба падидоваранда дорад. Ва ба иборати дигар: ҳар чизе, ки номи “кор” ва “ҳодиса” дорад, он чиз “кунанда” ва “падидоваранда” мехоҳад. Қонуни иллият истиснопазир нест, яъне ин қонун дар ҳамаи маворид бидуни истисно ҷорист ва ҳеҷ мавриде хориҷ аз он нест. Яъне чунин нест, ки вуқӯи ҳодиса ва ё падидаеро, ҳатто дар як маврид ҳам, ки бошад, бидуни истинод ба сабабе ҷоиз бидонем.

(9) Зеро ба ҳар мавзӯе, ки Қуръони Карим мутаъарриз шудааст − аз қабили марг ва зиндагӣ ва ҳодисаҳои дигари осмонӣ ва заминӣ − онро мустанад ба иллате кардааст, ҳарчанд ки дар охир ба манзури исботи тавҳид, ҳамаро мустанад ба Худо дониста.

Аммо тавзеҳи ин ки оё башар метавонад ба иллати ҳар чизе пай бибарад ва бидонад, ки иллати ин кор фалон чиз аст ва иллати он кор фалон чизи дигар, худ ба баҳси ҷудогонае ниёз дорад ва бояд дар ҷойи худаш ба он пардохт. Танҳо чизе, ки мехоҳем дар инҷо ба он ишора намоем ин аст, ки фарқ аст миёни иллате, ки мо ба таври одат мешиносем ва миёни иллати воқеӣ. Мумкин аст он чӣ, ки илми башар онро иллат медонад, иллати воқеӣ набошад, балки пӯшише бошад бар рӯйи иллати воқеӣ. Аз ҳамин ҷост, ки улуми башар, ки дар сайру такомул аст, ҳар чӣ пеш меравад, мебинад, чизҳоеро, ки иллат хаёл мекарда, иллат набудааст.

(10) Аммо ин ки чӣ гуна ва ба чӣ роҳ дорои чунин қудрат ва ирода гардида, худ як баҳси ҷудогонаеро металабад, ки бояд перомуни он дар ҷойи худаш баҳс ба амал овард, вале ба гунаи мухтасар метавон гуфт, ки паёмбарони илоҳӣ, ки дар сояи инояти вижаи илоҳӣ қарор доранд, дорои руҳи қавӣ ва иродаи фавқулодае мебошанд, ки қудраташон дар ботини умур низ метавонад нуфуз кунад. Дар таҳаққуқи тамоми мӯъҷизаҳои онон руҳи нерӯманд ва иродаи хориқулодаашон таъсиргузор аст.

Масалан: муртозони ҳиндӣ дар асари тарбият ва парвариши руҳи худ қодир мегарданд бархе аз хориқулодаҳоеро анҷом бидиҳанд, ки намунаҳое аз онро метавонед дар китобҳои махсусе бихонед.

(11) Сураи Ғофир, ояти 78.

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия

Реклама


Рубрики:Ақоиди исломӣ, Ислом

Метки: , , , , , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: