Шарҳи Маснавӣ (139)

Узр гуфтани харгӯш (2)

* * *

Баъд аз ин, з-он шер ин раҳ баста шуд,

Риштаи аймони мо бигсаста шуд.

Харгӯш гуфт: аз он рӯ, ки он шери муҳоҷим роҳро бар нахҷирон бастааст, онон дигар наметавонанд ба аҳди ту вафо кунанд.

Аймон: савгандҳо, аҳдҳо, ҷамъи ямин.

Аз вазифа баъд аз ин уммед бур,

Ҳақ ҳамегӯям туро, вал-ҳаққу мур.

Аз ин пас, мустамирии ту қатъ хоҳад шуд ва ту бояд риштаи умедатро аз он қатъ кунӣ. Ман ҳарфи ҳақро ба ту мегӯям, гарчи ҳарфи ҳақ талх аст.

Гар вазифа боядат, раҳ пок кун,

Ҳин биёву дафъи он бебок кун.

Агар мехоҳӣ ҳар рӯз мустамирриат ба ту бирасад, биё ва он шери муҳоҷим ва бебокро аз сари роҳ бардор.

Нукта: Дар инҷо метавон гуфт, ки шер мазҳари қаҳри нафс ва савлати шаҳват аст. Бо ин эътибор метавон чунин гуфт: эй солики тариқат! Агар мехоҳӣ ба сарманзили мақсуд бирасӣ, бояд шери муҳоҷим ва хашмгини нафсро аз сари роҳат бардорӣ. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.395)

* * *

Ҷавоб гуфтани шер харгӯшро ва равон шудан бо ӯ (1)

* * *

Гуфт: бисмиллаҳ, биё, то ӯ куҷост?

Пеш даршав, гар ҳамегӯйӣ ту рост.

Шер гуфт: бисмиллоҳ, биё бибинам он шери муҳоҷим куҷост? Агар рост мегӯӣ, пеш-пеш бирав ва он шерро ба ман нишон деҳ.

Пеш даршудан: пеш афтодан, пешопеш рафтан.

То сазои ӯву сад чун ӯ диҳам

В-ар дурӯғ аст ин, сазои ту диҳам.

То сазои ӯ ва сад шери муҳоҷими дигарро бидиҳам. Ва агар ҳарфе, ки задӣ дурӯғ бошад, сазои туро ҳам медиҳам.

Андар омад чун қаловузе ба пеш,

То барад ӯро ба сӯйи доми хеш.

Харгӯш монанди як пешрав ва роҳнамо ҷилавтар аз шер ба роҳ афтод, то ӯро ба сӯйи домгоҳаш бибарад.

Қаловуз: пешрави лашкар ва сипоҳ. Калимае туркист.

Сӯйи чоҳе, к-ӯ нишонаш карда буд,

Чоҳи мағро доми ҷонаш карда буд.

Ба сӯйи чоҳи амиқе, ки қаблан онро нишонагузорӣ карда буд, ба роҳ афтод. Харгӯш он чоҳи жарфу амиқро домгоҳи чонситони шер карда буд.

Мағ: жарф ва амиқ. Лафзи мағок низ аз ҳамин калима аст.

Мешуданд ин ҳар ду то наздики чоҳ,

Ин-т харгӯше чу обе зери коҳ!

Он ду, яъне шер ва харгӯш, ба сӯйи чоҳ мерафтанд. Шигифто аз харгӯши маккоре, ки шерро шикор мекунад!

Ин-т: ин туро. Калимае барои изҳори таъаҷҷуб ва аҳаммият.

Нукта: “Оби зери коҳ” ба маънии маккор аст. Ва “об зери коҳ кардан” киноя аз тазвир ва нифоқ кардан аст; чунон ки баъзе аз мардумозорон бар сари роҳи ину он чолае пуроб фароҳам меоваранд ва рӯяшро аз коҳ мепӯшонанд. Обирон ба гумони он ки муште коҳ рӯйи замин пахш шудааст, пойи худро рӯйи он мегузоранд ва дафъатан пойи худро дар миёни гилу лой мебинанд. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.396-397)

Об коҳеро ба ҳомун мебарад,

Коҳ кӯҳеро, аҷаб, чун мебарад?

Агар об пари коҳеро ба дашт бибарад, ҷойи ҳеч таъаҷҷубе нест, вале агар коҳе хурд кӯҳе азимро бо худ бибарад, воқеан ҷойи таъаҷҷуб дорад.

Ҳомун: дашт, саҳро.

Доми макри ӯ каманди шер буд,

Турфа харгӯше, ки шере мерабуд.

Доми найранги харгӯш каманди асорати шер шуд. Аҷаб харгӯше, ки шереро рабуд!

Турфа: шигифтангез ва нодир.

Мӯсие Фиръавнро бо рӯди Нил

Мекушад бо лашкару ҷамъи сақил.

Ба унвони мисол: Мӯсо (а), ки лашкару қӯшуне надошт, Фиръавни ҷабборро бо он сипоҳи гарон мекушад ва дар дарё ғарқа месозад.

Ҷамъи сақил: сипоҳи гарон, ҷамъияти фаровон.

Нукта: Инҷо ишорат шудааст ба достони Мӯсо (а) ва Фиръавн, ки ба тақозои Мӯсо (а) Худованд Фиръавн ва лашкариёнашро дар дарё ғарқ кард. Номи он дарё дар Таврот баҳри Қулзум омадааст, ки ҳамон дарёи Сурх аст. Бархе муҳаққиқон ва муфассирон маҳалли ғарқ шудани Фиръавнро рӯди Нил донанд. Ва байти фавқ бо назари ахир мувофиқ аст. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.397)

Пашшае Намрудро бо ними пар

Мешикофад бемуҳобо дарзи сар.

Мисоли дигар: пашшае бо ними бол (ба изни Худо) бе ҳеч мулоҳизае ҷумҷумаи Намрудро мешикофад.

Дарзи сар: фарқи сар.

Нукта: Инҷо ишора шуда ба ҳалокати Намруд, подшоҳи ҷаббори Бобил, ба василаи пашшае хурд. Тибқи ривоёт, Намруд ба сипоҳиёнаш фармон дод, то пашшаҳоро бикушанд. Рӯзе се ҳазор пашша мекуштанд ва пашша бештар мешуд. Саранҷом дармонда шуданд. Пас Намруд фармон дод, то хонае мисин сохтанд ва даре бар он дуруст карданд, ки чун баста мешуд, ҳеч шикоф ва рахнае намемонд, магар сурохе кучак ба миқдори танаффус. Он гоҳ Худованд пашшаеро фармон дод, то бад-он шикоф дарояд. Аз тангии сурох як боли пашша шикаст ва бо ҳамон як бол рӯйи бинии Намруд нишаст. Намруд хост пашшаро бизанад, аммо пашша даруни бинии ӯ рафт ва он қадр ӯро озурд, ки маъмурони намрудӣ барои он ки ҷунбиши пашшаро дар мағзи Намруд сокин кунанд, маҷбур шуданд тозиёна бар сари ӯ бикӯбанд. Саранҷом Намруд бо зарбати тозиёна ҳалок шуд ва он пашша берун омад ва парвоз кард. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.398)

Ҳоли он к-ӯ қавли душманро шунуд,

Бин ҷазои он ки шуд ёри ҳасуд.

Ин аст сазои он ки ба қавли душман эътимод кунад. Ва ин аст сазои он ки ёру ёвари ҳасудон бошад.

Идома дорад

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: