Оё касе, ки ба умеди расидан ба биҳишт некӣ мекунад, каромате надорад?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Изҳори назари яке аз азизон – ки барояшон эҳтироме фавқулода қоилам – мабнӣ бар ин ки “ҳар касе, ки ба умеди расидан ба биҳишт некӣ мекунад, як дарюзагар ё гадост ва шарофату каромате надорад”, бисёр ҳошиясоз буд ва баҳсҳои зиёдеро дар фазои маҷозӣ ба дунбол дошт. Дар ин навиштор мехоҳам ин масъаларо баррасӣ бикунам, то бибинем, ки оё ин ҳарф усулан ҳарфе дуруст аст?

Пас, масоиле, ки дар ин навиштор мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт, ба тартиби зерин хоҳанд буд:

1. Инсон ба кадом ангеза корҳои нек анҷом медиҳад?

2. Ҳақиқати биҳишт ва дӯзах;

3. Маънои “ибодати косибона” унвон шудани парастиши Худо ба ангезаи расидан ба биҳишт.

Инак, ба тафсили ин мабоҳис мепардозем:

* * *

1. Инсон ба кадом ангеза корҳои нек анҷом медиҳад?

Аз қадимулайём миёни фалосифа ин баҳс будааст, ки ангезаи инсон дар анҷоми амалҳои нек чист? Назарияҳои мухталифе дар ин замина иброз шуда, ки яке аз онҳо “назарияи виҷдонӣ” аст. Ин назария мегӯяд, дар даруни инсон нерӯе ҳаст ба номи “виҷдон”, ки ба инсон таклиф илҳом мекунад. Яъне, аз даруни инсон ба инсон фармон медиҳад, ки чунин бикун ва чунон макун! Дар худи Қуръони Карим низ тасреҳ шудааст, ки:

وَنَفْسٍ وَمَاسَوَّاهَا. فَأَلْهَمَهَا فُجُورَهَا وَتَقْوَاهَا. قَدْ أَفْلَحَ مَنْ زَکَّاهَا. وَقَدْ خَابَ مَنْ دَسَّاهَا

Савганд ба нафси инсон (руҳи инсон) ва он кас, ки онро дуруст кард, сипас палидкорӣ ва парҳезгориашро ба он илҳом кард, ки ҳар кас онро пок гардонид қатъан растгор шуд, ва ҳар ки олудааш сохт, қатъан дарбохт.” (Сураи Шамс, оятҳи 7-9)

Хуб, дар миёни фалосифа — чӣ шарқияш ва чӣ ғарбии он — будаанд касоне, ки ба чунин виҷдони мустақилле дар башар эътиқод доранд. Яке аз онҳо Эмонуил Конт (Immanuel Kant), файласуфи машҳури олмонист. Конт мӯътақид аст, ки феъли ахлоқӣ яъне феъле, ки инсон онро ба унвони як таклиф аз виҷдони худаш гирифтааст. Феъли ахлоқӣ яъне феъле, ки виҷдон гуфта бикун ва инсон ҳам бидуни чуну чаро, на барои ҳадаф ва ғаразе, балки сирфан барои итоати фармони виҷдон, анҷом медиҳад.

Ҳарфи Конт то инҷо комилан дуруст аст. Далелаш ҳам “азоби виҷдон” аст. Ҳеч кас нест, ки як кори ғайриахлоқӣ карда бошад ва баъд худаш талхии он корро начашида бошад. Одам, ки ғайбат мекунад, дар ҳоле ки ғайбат мекунад гарм аст ва чӣ басо лаззат ҳам бибарад, аммо ҳамин ки ин ҳолат рафъ бишавад, як ҳолати танаффур пайдо карда, дилаш мехоҳад худаш аз худаш ҷудо бишавад, худашро маломат ва сарзаниш мекунад. Ин аст “азоби виҷдон”.

“Назарияи виҷдон” боис гардида, ки ин фикр, ба хусус дар ғарб ривоҷ пайдо бикунад, ки агар мани инсон як кори нек анҷом бидиҳам ва натиҷаи он мадди назарам бошад, ин дигар “инсоният” нест. Ва ба сухани дигар: кори нек дар ҳадди зоти худ камол аст, сарфи назар аз натиҷае, ки дарбар дорад. Ту амали нек анҷом бидеҳ ва коре ба натиҷа надошта бош. Ту, ки аз фармони виҷдон итоат мекунӣ, пас чӣ кор ба натиҷа дорӣ?! Магар ту аз ин кор — сарфи назар аз натиҷааш – эҳсоси ризоят намекунӣ? Хуб, ҳамин кофист. Ин аст “инсоният”. Аммо агар натиҷа мадди назарат бошад, ин дигар навъе “тиҷорат” аст, ки бо инсонияти инсон созгор нест. Ва ба иборати дақиқтар ва чунон ки худи Конт мегӯяд: фармони виҷдон мутлақ аст, на машрут.

Ин сухан, бо ин ки дар зоҳир бисёр зебост, вале дар як таҳлили дақиқ ва амиқ маълум мешавад, ки сухане носанҷида будааст.

Тавзеҳ ин ки: онҷо, ки виҷдон ба анҷоми кори нек фармон медиҳад ва инсон ҳам бо итоат аз он, эҳсоси ризоят ва лаззат мекунад, ин фармон машрут ба як шарти зимнист ва инсон дар умқи замираш ҳамеша ба ин шарт пойбанд будааст, ҳарчанд ба забон наёварад ва ё барояш маълум набошад. Яъне фармони виҷдон мутлақ нест. Ва он шарт ин аст: “Ин корро замоне анҷом бидеҳ, ки натиҷаеро дарбар дошта бошад.” Бибинед, дар ин ки виҷдон амр ба анҷоми кори хайр мекунад, тардиде нест. Ва ҳамчунин, дар ин ҳам, ки инсон бо анҷоми як кори нек ва ахлоқӣ эҳсоси ризоят ва лаззат мебарад, дар ин ҳам шакку тардиде нест. Балки тамоми эрод дар мутлақ ангоштани фармони виҷдон аст.

Ҳоло як мисол бизанам, то масъала рӯшантар бишавад. Як нафар пеши шумо меояд ва аз шумо кӯмак мехоҳад ва аз зоҳираш ҳам пайдост, ки бечора аст. Хуб, дар якчунин маворид оё фармони виҷдон мутлақ аст? Яъне оё виҷдон мегӯяд, ту бояд дар ҳар сурат кӯмак бикунӣ ва ба натиҷа кор надошта бошӣ, ҳатто вақте донистӣ, ӯ як фиребкор аст ва ба ту дурӯғ мегӯяд? Ё ин ки на, машрут ба ин аст, ки бидонӣ корат натиҷа дорад ва бо ин кор ба фарди ниёзманде ёрӣ расондаӣ?

Бинобар ин, агар инсон аз натиҷаи кораш итминон надошта бошад, ҳаргиз аз анҷоми коре эҳсоси ризоят намекунад. Ва ё агар баъд аз анҷоми коре, бифаҳмад, ки кораш бенатиҷа будааст, он эҳсоси ризояташ худ ба худ табдил ба эҳсоси пушаймонӣ мешавад. Дар ҳамин мисоли боло, агар баъд аз кӯмак ба касе, инсон бифаҳмад, ки он фард ниёзманд набуда, балки шахси фиребкоре будааст, дар чунин ҳолат, он эҳсоси ризоят, ки аз кӯмак ба ӯ дошт, як дафъа ба эҳсоси надомат ва пушаймонӣ табдил мегардад.

Хулоса, инсон ҳар кореро барои расидан ба натиҷае анҷом медиҳад. Сирфи анҷоми як кор, ба худии худ ва бидуни дар назар гирифтани натиҷа, ҳаргиз боиси ризояти инсон намегардад, балки танҳо дар сурате инсон аз анҷоми коре эҳсоси ризоят мекунад, ки медонад ва ё гумон мекунад, ки кораш ба натиҷа мерасад.

Пас, анҷоми як кори хайр бо дар назари гирифтани натиҷа, на ин ки накӯҳида, балки айни савоб (дурустӣ) будааст.

Хуб, ҳоло ин матлаб чӣ иртиботе ба баҳси мавриди назари мо дорад? Таваҷҷӯҳ ба матлаби дуввум, масъаларо рӯшан месозад.

* * *

2. Ҳақиқати биҳишт ва дӯзах:

Ҳар амале, ки мо инсонҳо дар ин дунё анҷом медиҳем, ду чеҳра дорад: яке, чеҳраи зоҳирӣ, ки гоҳ дар дунё омехта бо лаззат аст, ва чеҳраи дигар, чеҳраи ботинӣ, ки дар қиёмат зоҳир мешавад.

Ин дунё аз назари динӣ, киштзоре мебошад, ки мо ё бо анҷоми корҳои бад дар он хор мекорем, ё бо анҷоми корҳои хайр дар он гул мекорем. Биҳишту дӯзах як амри эътиборӣ нест, балки комилан амри ҳақиқӣ аст; дақиқан ҳамон тавре ки гандум зи гандум бирӯяд, ҷав зи ҷав. Яъне чунин нест, ки биҳишту дӯзах ҷойе бошад, ки аз пеш сохта шуда ва некӯкоронро дар биҳишт ҷой диҳанд ва бадкоронро дар дӯзах. Балки биҳишту дӯзах ҳамон чеҳраи ботинии аъмоли хубу бади мо дар ин дунёст. Вақте ки мо кори хайре анҷом медиҳем, дар воқеъ ба сохтани биҳишти худ машғулем, ва он гоҳ ки даст ба кори баде мезанем, дар воқеъ дорем дӯзахи худро бино мекунем.

Ба оятҳои зерин диққат кунед:

يوْمَئِذٍ يصْدُرُ النَّاسُ أَشْتَاتاً لِيرَوْا أَعْمَالَهُمْ؛ فَمَنْ يعْمَلْ مِثْقَالَ ذَرَّةٍ خَيراً يرَهُ وَمَنْ يعْمَلْ مِثْقَالَ ذَرَّةٍ شَرّاً يرَهُ

Дар он рӯз мардум ба сурати гурӯҳҳои пароканда, (аз қабрҳо) хориҷ мешаванд, то аъмолашон ба онҳо нишон дода шавад. Пас, ҳар кас ҳамвазни заррае кори хайр анҷом диҳад, онро мебинад (яъне худи ҳамон амалро мебинад). Ҳар кас ҳамвазни заррае кори бад кунад, онро мебинад.” (Сураи Зилзол, оятҳои 6-8)

وَوَجَدُوا مَا عَمِلُوا حَاضِراً

Ҳамагон аъмоли худро ҳозир (ҳузурёфта) мебинанд.” (Сураи Каҳф, ояти 49)

يوْمَ تَجِدُ كُلُّ نَفْسٍ مَا عَمِلَتْ مِنْ خَيرٍ مُحْضَراً وَمَا عَمِلَتْ مِنْ سُوءٍ

(Рӯзи қиёмат) рӯзест, ки ҳар кас он чиро аз кори нек анҷом дода, ҳозиршуда меёбад ва ҳам он чиро аз кори бад анҷом дода (ҳозиршуда меёбад).” (Сураи Оли Имрон, ояти 30)

وَبَدَا لَهُمْ سَيئَاتُ مَا كَسَبُوا

Дар он рӯз аъмоли баде, ки анҷом додаанд, барои онҳо ошкор мешавад.” (Сураи Зумар, ояти 48)

سَيطَوَّقُونَ مَا بَخِلُوا بِهِ يوْمَ الْقِيامَةِ

Ба зудӣ дар рӯзи қиёмат он чиро, ки ба он бухл варзиданд, ҳамонанди тавқе ба гарданашон меафкананд.” (Сураи Оли Имрон, ояти 180)

وَلِيوَفِّيهُمْ أَعْمَالَهُمْ وَهُمْ لا يظْلَمُونَ 

То Худованд корҳояшонро бе каму кост ба онон таҳвил диҳад ва ба онҳо ҳеч ситаме нахоҳад шуд.” (Сураи Аҳқоф, ояти 19)

إِنَّ الَّذِينَ يأْكُلُونَ أَمْوَالَ الْيتَامَى ظُلْماً إِنَّمَا يأْكُلُونَ فِي بُطُونِهِمْ نَاراً 

Касоне, ки амволи ятимонро ба зулм ва ситам мехӯранд, (дар ҳақиқат) танҳо оташ мехӯранд.” (Сураи Нисо, ояти 10)

كَذَلِكَ يرِيهِمُ اللَّهُ أَعْمَالَهُمْ حَسَرَاتٍ عَلَيهِم ْ

Ин гуна Худованд корҳояшонро, ки бар онон мояи ҳасратҳост, ба эшон менумояд.” (Сураи Бақара, ояти 167)

وَلا يَغْتَبْ بَعْضُكُمْ بَعْضاً أَ يُحِبُّ أَحَدُكُمْ أَنْ يَأْكُلَ لَحْمَ أَخيهِ مَيْتاً فَكَرِهْتُمُوهُ وَاتَّقُوا اللَّهَ إِنَّ اللَّهَ تَوَّابٌ رَحيمٌ

Баъзе аз шумо ғайбати баъзе накунад! Оё касе аз шумо дӯст дорад, ки гӯшти бародари мурдаашро бихӯрад? Аз он кароҳат доред! Пас, аз Худо битарсед, ки Худо тавбапазири меҳрубон аст.” (Сураи Ҳуҷурот, ояти 12)

Дар тамоми оятҳои фавқ сухан аз дидани аъмол аст. Яъне ин оятҳои шарифа дидани худи аъмолро матраҳ карда.

Агар мо бо диққат дар оятҳои фавқ тафаккур кунем, ба хубӣ дармеёбем, ки азобҳои ҷаҳаннам ва сӯзандагии оташи он, дар ҳақиқат ботини аъмоли дунёист. Ҳамон дурӯғ гуфтан ё моли ятим хӯрдан аст, ки ин оташро эҷод карда, вале инсон дар ин дунё аз он ғофил будааст:

لَقَدْ كُنْتَ فِي غَفْلَةٍ مِنْ هَذَا فَكَشَفْنَا عَنْكَ غِطَاءَكَ فَبَصَرُكَ الْيوْمَ حَدِيدٌ

(Ба инсон хитоб мешавад:) ту аз ин саҳна (ва додгоҳи бузург) ғофил будӣ ва мо пардаро аз чашми ту канор задем ва имрӯз чашмат комилан тезбин аст.” (Сураи Қоф, ояти 22)

Бинобар ин, иртибот байни гуноҳ ва азоб мисли ҷароими дунё сирфан эътиборӣ ва қарордодӣ нест, балки инсонҳо дар оташе месӯзанд, ки худ бо дастони худ барафрӯхтаанд. Ҳамонанди ин ки пизишке беморро аз бархе чизҳо барҳазар дорад ва дастур ба парҳез аз онҳо бидиҳад. Ҳол, агар бемор ба тавсияҳои пизишк гӯш фаро надиҳад ва парҳез накунад, дард ва бемории вай афзоиш хоҳад ёфт, дар ҳоле ки ин таҳаммули дард ҳеч суду зиёне барои он пизишк надорад. Аксуламали табиии парҳез накардан, ин дард ва афзоиши беморист.

* * *

Ҳоло, натиҷаи матлаби аввалро ба натиҷаи матлаби дуввум зам кунед. Натиҷаи матлаби аввал ин буд, ки анҷоми як кори хайр бо дар назари гирифтани натиҷа, на ин ки накӯҳида, балки айни савоб (дурустӣ) аст. Ва матлаби дуввум ин, ки биҳишту ҷаҳаннам чизе ҷуз дидани натиҷаи аъмоламон нест.

Ба сухане дақиқтар: як нафар мӯъмин, ки кори хайре анҷом медиҳад — масалан ба ниёзманде кӯмак мекунад — ӯ ин корро ба унвони итоат аз фармони виҷдон, ки фармони Худо ҳам ҷуз он нест, анҷом медиҳад. Ва аз тарафе, чеҳраи ботинӣ ва малакутии ин амали неки вай ҳамон биҳишт аст, чунон ки чеҳраи ботинии як гуноҳ оташи ҷаҳаннам аст: “Пас, ҳар кас ҳамвазни заррае кори хайр анҷом диҳад, онро мебинад. Ҳар кас ҳамвазни заррае кори бад кунад, онро мебинад.” (Сураи Зилзол, оятҳои 6-8)

Ба илова, умеди ба биҳишт доштан, на танҳо бо “каромати инсонӣ” мунофот надорад, балки баръакс сабаби ташвиқи анҷоми корҳои хайр мешавад; чунон чи бим доштан аз дӯзах, боиси парҳез аз анҷоми корҳои бад мегардад.

* * *

3. Маънои “ибодати косибона” унвон шудани парастиши Худо ба ангезаи расидан ба биҳишт:

Дар хабар аст, ки ҳазрати Алӣ (а) ибодатро, ба лиҳози ангезаҳо ва аҳдоф, се гуна медонад:

1. Ибодати тоҷирон (парастиши косибкорона барои ҷалби манфиат);

2. Ибодати бардагон (парастиш аз рӯйи тарс барои дафъи зарару зиён);

3. Ибодати озодагон (парастиши озод аз қайди суду зиён ва фақат барои шукри Худои Субҳон).

Ӯ мефармояд, гурӯҳе Худоро ба шавқи биҳишт мепарастанд, ин ибодати бозаргонон аст. Гурӯҳе Худоро аз тарси азобаш мепарастанд, ин ибодати бардагон аст. Ва гурӯҳе Худоро барои сипосгузорӣ мепарастанд, ин ибодати озодагон аст. (Наҳҷул-балоға, ҳикмати 229)

Хуб, суол ин аст, ки оё ҳазрати Алӣ (а) дар ин хабар, дар садади накӯҳиши ибодати косибкорона ва ё парастиш аз рӯйи тарс аст? Ё дар мақоми баёни матлабе амиқ ва жарфи дигар?

Посух он ки: ҳазрати Алӣ (а) дар ин хабар ба ҳеч ваҷҳ дар мақоми маломати он ду даста нест. Балки дар садади баёни маротиби обидон аст. Мехоҳад бигӯяд, обидон ҳамагӣ дар як мартиба аз бандагӣ қарор надоранд, балки мартибаи баъзе баландтар ва болотар аз дигарон аст. Мехоҳад бигӯяд, дар байни ибодатпешагон касоне ёфт мешаванд, ки Худоро фақат ба хотири Худоияш мепарастанд, на ба ангезаи ноил шудан ба биҳишти ӯ ва на ба ангезаи тарс аз дӯзахи вай. Аммо ҳама дорои ин мартиба аз бандагӣ нестанд. Мисдоқи акмал ва атамми инчунин ибодатпешагоне худи паёмбарон ва дар раъси эшон, вуҷуди нозанини ҳазрати Хатмимартибат Муҳаммади Мустафо (с) аст. Зеро паёмбарони илоҳӣ бе тардид биҳиштӣ ва дар олитарин ҷойгоҳи биҳишт ҷой хоҳанд гирифт, вале бо ин ҳама, ибодатпешатар аз онон вуҷуд надорад.

Дар ривояте саҳеҳ ҳаст, ки Расули Акрам (с) он қадр намоз мехонд, ки пойҳои муборакаш варам мекард. Шабе Расули Худо (с) назди ҳазрати Оиша (р) буд. Уммулмуъминин ба он ҳазрат гуфт: Ё Расулаллоҳ! Чаро ин қадр вуҷуди мубораки худро ба хастагӣ андохта ва садама ба худ мезанед? Ва ҳол он ки Худованд гуноҳони гузашта ва ояндаи шуморо омурзида (яъне, гуноҳе аслан надоред). Ҳазрат дар ҷавоб фармуд: эй Оиша! Беҳтар нест, ки бандаи шукргузоре бошам?!

Аммо оё ҳамаи ибодатпешагон дорои инчунин мартиба аз бандагӣ ҳастанд? Фарз кунем, Худованд барои гуноҳкорон муҷозоте ваъда намекард ва мегуфт, ҳамаи инсонҳо саранҷоми яксоне хоҳанд дошт, чӣ ононе, ки масалан даст ба қатлу куштор мезананд ва чӣ онон, ки ба ин ҷиноят ё гуноҳе дигар даст намеёзанд. Хуб, дар ин сурат, оё тамоми мӯъминон дар мартибае аз бандагӣ ва маърифати илоҳӣ ҳастанд, ки фақат ба хотири Худо, ба анҷоми вазоифи бандагии худ бипардозанд?

Дар ин гуна маврид, инсон бояд воқеъбин бошад, на хиёлпардоз. Ҳама яксон нестанд. Бале, матлуб он аст, ки ҳамагон аз якчунин мартибае бархӯрдор бошанд, вале оё воқеият ҳамин аст?

Хулоса, ин сухани ҳазрати Алӣ (а) ба ҳеч ваҷҳ дар садади накӯҳиши ибодати касоне, ки ба умеди биҳишт ва ё аз тарси оташи ҷаҳаннам Худоро мепарастанд нест, балки дар мақоми баёни маротиби обидон аст. Вагарна, обиде, ки ба умеди биҳишт ва ё аз тарси оташи ҷаҳаннам Худоро мепарастад, ба маротиб шарифтар ва гиромитар ва инсонтар аст аз касе, ки аслан пешонияш рӯйи саҷдаро надида.

Реклама


Рубрики:Ақоиди исломӣ, Ислом, Ислоҳи динӣ, Нақду назар, Омӯзаҳои қуръонӣ, Посух ба пурсишҳо, Посух ба шубаҳот, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: