Фалсафа ва равиши реализм (48)

Пайдоиши касрат дар идрокот (3)

Муқаддима (3)

Назарияҳои ҷадид дар мавриди роҳи ҳусули илм

Дар Урупо аз қарни 16-ум ба баъд масъалаи роҳи ҳусули илм ба шакли дигаре мавриди гуфтугӯ воқеъ шуда ва мушоҷираи азиме барпо кардааст. Сайри ин масъала дар миёни урупоиён, бо он чӣ дар баҳси пешин гузашт, аз лиҳози шакл ва кайфият мухталиф аст.

Донишмандони урупоӣ дар масъалаи роҳи ҳусул илм ду даста ҳастанд: ақлгароён ва ҳиссгароён.

Ақлгароён

Ин даста мӯътақиданд, ки идрокоти зеҳнӣ бар ду қисм аст: як қисм ҳамонҳост, ки мустақиман аз роҳи яке аз ҳавосс вориди зеҳн шудааст, ва қисми дуввум онҳост, ки ақл аз пеши худ онҳоро ибдоъ кардааст ва онҳо фитрӣ ва хоссияти зотии ақл ҳастанд. Ба ақидаи ақлгароён, ин гуна тасаввурот ҳеч мабдаъ ва маншае ҷуз худи ақл надорад ва ин тасаввурот қабл аз ҳар ҳиссу эҳсосе барои ақл ҳосил ҳастанд, ва агар фарз кунем, ки ҳеч сурати маҳсусае вориди зеҳн нашавад, боз зеҳн аз худ ва пеши худ воҷиди ин тасаввурот аст.

Декорт, ки сардастаи ақлгароён аст, порае аз мафоҳим ва тасаввуротро аз қабили: вуҷуд, ваҳдат ва ҳатто буъд, шакл, ҳаракат ва муддатро ном мебарад ва мегӯяд: ин тасаввурот ҳеч гуна истиноде ба ҳисс надорад ва фитрӣ ва зотии ақл аст. Баъд аз Декорт ҷамоате аз фалосифа пайдо шуданд, ки усули ақоиди Декортро — бо филҷумла ихтилоф — пазируфтанд. Ба ақидаи Декорт ва соири ақлгароён, илми ҳақиқӣ, ки қобили эътимод ва итминон аст, ҳамон аст, ки аз роҳи маъқулоти фитрӣ ба даст омада бошад. Мо дар муқаддимаи мақолаи 4 ба муносибате, гуфтори Декорт ва пайравонашро нақл кардем (руҷӯъ шавад ба он баҳс).

Конт низ ба ваҷҳи дигаре қоил ба маъонии фитрӣ шуд ва як ришта аз тасаввуроти дигареро моқабли ҳиссу эҳсос хонд. Ба ақидаи Конт, мафҳуми замон ва макон ва он чӣ муншаъиб аз ин ду мафҳум аст, аз ин қабил аст. Вай ҷамиъи мафоҳими риёзиро фитрӣ ва моқабли ҳиссу эҳсос медонад.

Рӯйи назарияи ақлгароён, аносури соддаи аввалияи ақлия бар ду қисм аст: қисми аввал, маъқулоте, ки аз роҳи яке аз ҳавосси хориҷӣ ё дохилӣ вориди зеҳн шудааст ва қувваи оқила бо нерӯи “таҷрид” аз онҳо сурати куллӣ ва маъқул сохтааст. Қисми дуввум, маъқулоте, ки фитрӣ ва хоссияти зотии ақл аст ва ҳеч гуна истиноде ба ҳиссу эҳсос надорад.

Ҳиссгароён

Ба ақидаи ин даста, тасаввуроти фитрии зотӣ маъно надорад. Зеҳн дар ибтидо ба манзилаи лавҳи сафед ва бенақшест ва ба тадриҷ аз роҳи ҳавосси хориҷӣ ва ҳавосси дохилӣ нақшҳоеро мепазирад. Кори ақл ҷуз таҷриду таъмим ё таҷзияву таркиби он чӣ аз роҳи яке аз ҳавосс вориди зеҳн мешавад чизе нест. Тамоми тасаввуроти зеҳнӣ бидуни истисно суратҳое ҳастанд, ки зеҳн ба василаи олоти ҳиссӣ аз як падидаи хориҷӣ аз қабили сафедӣ ва сиёҳӣ, гармӣ ва сардӣ, нармӣ ва дуруштӣ ва ғайра, ё аз як падидаи нафсонӣ аз қабили лаззат, ранҷ, шавқ, ирода, шак, ҷазм ва ғайра аксбардорӣ намуда ва сипас бо қувваи таҷриду таъмим, аз онҳо “маъонии куллӣ” сохта ва бо қувваи таҷзияву таркиб, суратҳои гуногуне аз онҳо падид овардааст.

Сардастаи ин ҷамоат Ҷон Локи ангилисӣ аст ва ин ҷумла — ки гуфта шудааст зарбулмасали лотинӣ аст — аз вай дар ин боб маъруф аст: “Дар ақл чизе нест, ки қабл аз он дар ҳисс вуҷуд надошта бошад.”

Рӯйи ин назария, аносури аввалияи ақли башар мунҳасир аст ба он чӣ аз роҳи яке аз ҳавосси хориҷӣ ё дохилӣ вориди зеҳн шудааст.

Дар ин мақола ҳар ду назарияи маъруфи Урупо ибтол мешавад, ва исбот мешавад, ки на назарияи ақлӣ саҳеҳ аст ва на назарияи ҳиссӣ. Яъне на он тавре ки ақлгароён фарз кардаанд ақл порае аз мафоҳим ва тасаввуротро билфитра ва бизззот воҷид аст ва на он тавре ки ҳиссгароён пиндоштаанд, ки муҳтаваёти зеҳнӣ мунҳасир аст ба он чӣ зеҳн ба василаи яке аз ҳавосси хориҷӣ ё дохилӣ аз як падидаи хориҷӣ ё аз як падидаи нафсонӣ суратгирӣ намудааст. Ва ба иборати дигар: таҳқиқ мешавад, ки на он тавре ки ақлгароён фарз кардаанд, ақл дорои он хоссияти зотӣ аст, ки порае аз мафоҳимро аз пеши худ ва бидуни висотат ва мудохилаи ҳеч қувваи дигаре ибдоъ намояд, ва на он тавре ки ҳиссгароён пиндоштаанд, кори ақл мунҳасир аст ба таҷриду таъмим ва таҷзияву таркиби суратҳои маҳсуса.

Балки қувваи мудрикаи инсон як фаъолияти дигар низ анҷом медиҳад, ки мо онро “навъе хосс аз интизоъ” меномем ва дар ин мақола таҳти унвони “эътибор” ном бурда мешавад. Ва ҳамин “эътибор” ё “интизоъ” аст, ки бадеҳиёти аввалияи тасаввурияи мантиқ ва ғолиби мафоҳими оммаи фалсафаро барои зеҳни башар ба вуҷуд овардааст. Ва ин ришта мафоҳими интизоъӣ аз он ҷиҳат “мафоҳими омма” хонда мешаванд, ки куллитарин ва умумитарин тасаввуротест, ки оризи зеҳни башар шуда ва куллитар аз ин тасаввурот мумкин нест, аз қабили тасаввури вуҷуд, адам, ваҳдат, касрат, вуҷуб, имкон ва амсоли инҳо. Ин мафоҳими омма ба тартибе, ки гуфта хоҳад шуд, аз лиҳози пайдо шудан барои зеҳн мутаъахиранд аз мафоҳими хосса ва ба хусус аз маҳсусоти хориҷия ва аз ин лиҳоз дар дараҷаи дуввум воқеъанд (маъқулоти сония), вале аз лиҳози мантиқӣ “бадеҳии аввалӣ” мебошанд. Яъне аз лиҳози фалсафӣ ва равоншиносӣ дар дараҷаи дуввуманд ва аз лиҳози мантиқӣ дар дараҷаи аввал.

Илова бар ин ҷиҳат, дар ин мақола роҳи пайдоиши як силсила тасаввуроти дигар, ки баъзе аз онҳо низ бадеҳии аввалианд ва баъзе на, монанди мафҳуми иллият, маълулият, ҷавҳар, араз, ҳукм — ки умуман фалосифа дар баёни роҳи пайдоиши ин тасаввурот ё сокитанд ва ё мутаҳайир — баён шуда ва дар баёни ин роҳ аз шуҳуди нафсонии хоссе истифода шудааст, ки муамморо ҳал ва ишколро бартараф мекунад. Тавзеҳи ин матолиб ба тадриҷ дар зимни худи мақола хоҳад омад.

Таъйини ҳудуди илм

Ин масъала низ ба сурат ва шакле, ки дар қуруни ахир миёни донишмандон матраҳ аст, комилан ҷадид ва бесобиқа аст ва натиҷаи таваҷҷӯҳи хоссест, ки дар қуруни ахир ба олами инсон ва идрокоти зеҳнии инсон шудааст. Албатта соири донишмандон низ дар боби маҳдудияти илми башар суханоне гуфтаанд, аз қабили ин ки “ҳақоиқи олам бепоён аст ва қувваи тафаккури башар маҳдуд, пас “илми кулл” насиби касе намешавад.” Ва ё ин ки дар бораи ҳақиқати вуҷуд (ҳастӣ) гуфтаанд, ки қобили маълум шудан ба илми ҳусулӣ нест ва он чӣ бо илми ҳусулӣ маълум мешавад аз қабили моҳиятҳост ва амсоли ин гуфторҳо, вале пайдост, ки ҳадафи ин донишмандон дар ин суханон бо ҳадафи донишмандони ҷадид мутафовит ва мухталиф аст. Дар миёни донишмандони ҷадид роҷеъ ба “ҳудуди илм” ду назария аст:

а) Ҷамъе аз донишмандон мӯътақиданд, ки қудрати қазовати фикрии башар фақат дар ҳудуди “феномен” (phenomen)-ҳо яъне завоҳири табиат ва таъйини равобит ва муносиботи онҳост ва ин завоҳир ҳамонҳост, ки қобили эҳсос ва таҷриба ҳастанд ва аммо таҳқиқ дар бораи кунҳи умур ва моварои завоҳири табиат, хоҳ марбут ба худи табиат ва хоҳ марбут ба моварои табиат бошад, аз дастрасии қазовати фикрии башар хориҷ аст ва он чӣ ҳам то кунун дар ин бора гуфта шуда аслу мабное надошта сирфан лаффозӣ ва хиёлбофӣ будааст.

Ба ақидаи ин даста, улуми табиӣ аз қабили физик, шимӣ, зистшиносӣ ва амсоли инҳо мӯътабар аст, зеро дар ин улум ҷуз равобит ва муносиботи зоҳирии ашёе, ки қобили эҳсос ва озмоиш ҳастанд, мавриди назар қарор намегирад. Равоншиносӣ низ мӯътабар аст, зеро ин фан бо услуби ҷадиди худ аз моварои ҳолоти нафсонӣ (аз қабили баҳс аз ҷавҳарият ва адами ҷавҳарияти руҳ) чашм мепӯшад ва сирфан феноменҳои нафсонӣ ва равобит ва муносиботи онҳоро ҷустуҷӯ мекунад. Риёзиёт низ мӯътабар аст, зеро аввалан пайдоиши мафоҳими риёзӣ аз қабили адад, хатт, сатҳ ва ҷисм мабдаъ ва маншаи ҳиссӣ дорад, ва сониян, сиҳҳати масоили риёзиро метавон амалан таъйид ва тасбит кард. Ва аммо он чӣ аз ин қабил нест, хоҳ марбут ба табиат бошад (аз қабили баҳс аз ҳақиқати ҷисми табиӣ ва ин ки оё ҷисм дар охирин ҳадди таҷзияи худ мураккаб аст аз аҷзоъи холӣ аз буъд ва ё он ки воҳиди ҳақиқии ҷисм воҷиди буъд, шакл ва миқдор аст) ва хоҳ марбут ба моварои табиат бошад (аз қабили баҳс аз вуҷуди руҳи муҷаррад ва вуҷуди Худо ва мабоҳиси марбут ба ҷавҳар ва араз ва давр ва тасалсул ва монанди инҳо), таҳқиқ бо услуби фаннӣ дар бораи онҳо нафян ва исботан хориҷ аз қаламрави фикри башар аст.

Ҳиссгароён, ки дар боло ақидаи онҳоро роҷеъ ба “роҳи ҳусули илм” баён кардем, пайрави ин назарияанд, зеро онон аз тарафе ақида доранд, ки “дар ақл ҷуз он чӣ ба ҳисс даромада бошад чизе мавҷуд нест” ва кори ақлро мунҳасир ба тасарруф дар суратҳои маҳсуса медонанд бидуни он ки битавонад ғайр аз суратҳои маҳсуса, тасаввуреро зиёд кунад. Ва аз тарафи дигар, ба маҳдудияти амали ҳавосс пай бурдаанд ва донистаанд, ки фақат умури муайяне аст, ки ба эҳсос дармеояд.

Аз ин ду муқаддима натиҷа гирифтаанд, ки қудрати қазовати фикрии башар маҳдуд аст ба умури ҳиссӣ ва маҳсусот. Аз ин рӯ, фалсафа ба маънои ҳақиқии калима — яъне фанне, ки сирфан муттакӣ ба маъқулот бошад — дар назари ин даста ҷуз лаффозӣ ва хиёлбофӣ чизе нест. Ба ақидаи ин гурӯҳ, илми ҷудо аз ҳис ва фалсафаи ҷудо аз илм вуҷуд надорад.

Системҳои фалсафии ҳиссгароён монанди худи улуми ҳиссӣ маҳдуд аст ба як силсила масоил, ки аз ҳудуди тавҷеҳи завоҳири табиат таҷовуз намекунад. Маъмулан дар истилоҳоти ин даста ҳар гоҳ “фалсафа” гуфта шавад, манзур як силсила масоили таъаққулӣ ва назарии холис нест, балки порае аз масоили физикӣ ё риёзӣ ё илмуннафсӣ ва ҳаддиаксар мантиқӣ, ки ҷанбаи умумияти бештаре дорад ба номи “фалсафа” хонда мешавад.

Ба ақидаи ҳиссгароён, фалсафаи уло (метафизик), ки қудамо барои ӯ шаъни олӣ ва аҳаммияти фавқулъода қоил буданд ва онро “фалсафаи ҳақиқӣ” ва “илми куллӣ” ва “илмул-улум” ва “илми аъло” мехонданд, поя ва асосе надорад, зеро масоили вай аз ҳудуди завоҳири табиат ва маҳсусот берун аст ва аз ин рӯ аз ҳудуди имкони баррасии башар хориҷ аст.

Аз ҳиссгароён касе, ки зиёд дар ин бора исрор ва пойфишорӣ карда Огуст Кант аст ва аз ақлгароён касе, ки ин ақидаро дорад Конт аст.

Ба ақидаи Огуст Кант, таърихи фикри башар то кунун се марҳилаи асосиро паймудааст: марҳилаи афсонаӣ ва хиёлӣ, марҳилаи ақлӣ ва фалсафӣ, марҳилаи илмӣ ва ҳиссӣ. Дар марҳилаи аввал, ки марбут ба даврони кӯдакӣ ва таваҳҳуши башар аст, башар тамоми ҳаводисро марбут мекард ба арбоби анвоъ ва арвоҳи тайиба ва хабиса. Дар ин марҳила, башар ҳар ҳодисаеро, ки медид — аз қабили барф, борон, қаҳтӣ, фаровонӣ, мараз, сиҳҳат, сулҳ, ҷанг ва… — онро марбут мекард ба иродаи худоён ва дахолати арвоҳи неку бад.

Дар марҳилаи дуввум, фикри башар тараққӣ карда ва дарёфтааст, ки наметавон ҳаводиси табиатро бо иродаи худоён тавҷеҳ намуд, (балки) илали ҳаводиси табииро бояд дар худи табиат ҷустуҷӯ кард. Аз ин рӯ дар ин марҳила фарзҳои ақлиро дар тавҷеҳи ҳаводис пеш мекашад ва пойи қувваҳои табиӣ ва суратҳои навъия ва нафси номия ва нафси ҳайвония ва нафси нотиқаро ба миён меоварад. Ин марҳила аз марҳилаи аввал комилтар аст, вале охирин марҳила нест, балки ҳалқаи мутавасситест, ки марҳилаи аввалро ба марҳилаи севвум муртабит мекунад.

Дар марҳилаи севвум, башар мутаваҷҷеҳ шудааст, ки он фарзҳои ақлӣ ва фалсафӣ дар тавҷеҳи ҳаводис бе далел аст ва танҳо роҳи саҳеҳ он аст, ки аз таъқиб кардан ва ҷустуҷӯ кардани илали воқеӣ даст бикашад ва фақат ба таъйини равобит ва муносиботи ашёи маҳсуса, ки вуҷуди онҳо муҳаққақ ва мусаллам аст бипардозад ва ба ҷойи он фарзҳои ақлӣ, худи ҳаводиси табиатро иллати якдигар бишносад. Дар ин марҳила аст, ки назариёти башар ҷанбаи субутӣ ва таҳаққуқӣ пайдо мекунад. Яъне фақат ҳаводиси муҳаққақаро дахолат медиҳаду бас. Огуст Кант худро возеъи фалсафае медонад ба номи “позитивизм” (positivism), ки онро “фалсафаи таҳаққуқӣ” (ё субутӣ ё вазъӣ ё зоҳирӣ) тарҷума кардаанд ва худаш ин фалсафаро намояндаи марҳилаи севвум аз мароҳили сегонаи фикри башар медонад.

Огуст Кант муддаъӣ аст, ки алъон ҳам, ки навбати марҳилаи севвум расидааст, боз касоне пайдо мешаванд, ки ҳанӯз тарзи фикрашон мутаносиб бо марҳилаи аввал ё марҳилаи дуввум аст.

Низ муддаъӣ аст, ки як фард дар давраи умр ибтидо хиёлӣ ва афсонаӣ фикр мекунад, баъд агар филҷумла рушд пайдо кунад тарз тафаккураш ақлӣ ва фалсафӣ мешавад ва ҳангоме ки пухта ва озмуда шуд, тарзи тафаккури фалсафиаш табдил ба тафаккури илмӣ ва ҳиссӣ мешавад.

Конти олмонӣ низ бо он ки аз ақлгароён аст ва ба маъонии фитрии зотии ақлӣ қоил аст, мункири эътибори “фалсафаи уло” аст. Вай илмҳои марбут ба воқеиятҳои моварои зеҳнро маҳсули ҳамкории ақлу ҳисс медонад ва муддаъӣ аст, ки ҳисси танҳо ё ақли танҳо наметавонад илме бисозад.

Конт улуми табииро мӯътабар медонад, зеро маҳсули ақлу ҳисс яъне ҳар дутост. Риёзиётро низ мӯътабар медонад, зеро ҳарчанд дар риёзиёт ба ақидаи Конт ҳисс дахолат надорад ва ақли маҳз аст, вале чун масоили риёзӣ марбут ба фарзиёти худи зеҳн аст, қаҳран содиқ аст, зеро ақл метавонад дар он чӣ худаш фарз карда қазоват кунад.

Вале фалсафаи уло мӯътабар нест, зеро на монанди табииёт аст, ки ҳисс битавонад дахолат кунад ва бо ширкати ҳиссу ақл сурати илмӣ ба худ бигирад ва на монанди риёзиёт аст, ки сирфан қазоват дар бораи мафрузот ва махлуқоти худи ақл бошад.

Тавзеҳи ин матлаб лозим аст, ки мункирони эътибори фалсафаи таъаққулии маҳз, ки боризтарин мисдоқи он фалсафаи уло ва шохаҳои он аст, аз ду роҳи мухталиф истидлол мекунанд ва ғолибан ин ду роҳ аз якдигар тафкик намешавад:

1. Аз роҳи илмуннафсӣ, яъне аз роҳи ин ки маводд ва аносури аввалияи зеҳнии башар барои ҳалли он масоил вофӣ нест, зеро аносури аввалияи зеҳни башар мунҳасир аст ба суратҳои ҳиссия ва ақл коре ҷуз тасарруф дар он суратҳои ҳиссия наметавонад анҷом диҳад ва масоили фалсафаи таъаққулӣ аз ҳудуди ҳиссу эҳсос берун аст;

2. Аз роҳи мантиқӣ, яъне аз роҳи ин ки миқёси сиҳҳату суқми қазоёи фикрии башар мунҳасир аст ба таҷриба ва озмоиши амалӣ ва он миқёсҳои ақлӣ, ки мантиқи ақлӣ онҳоро василаи санҷиши фикр ва тамйиз додани саҳеҳ аз сақим ва саҳеҳ аз хато медонад, муфид ва итминонбахш нест ва ҳар назария ва фарзияе (ҳарчанд марбут ба феноменҳо ва тавҷеҳи завоҳири табиат бошад), ки таҳти озмоиши амалӣ дарнаёяд, қобили эътимод ва итминон нест ва масоили фалсафаи таъаққулӣ қобили озмоиши амалӣ нест, зеро масалан наметавон озмоиш кард, ки оё вуҷуд асил аст ё моҳият? Ва оё давр ё тасалсул мумкин аст ё маҳол?

б) Ҷамъе дигар аз донишмандони ҷадид, он маҳдудиятеро, ки он даста дар назарияи боло барои илм қоил шуда буданд, мункиранд ва мӯътақиданд, ки дар моварои маҳсусот низ метавон қазоват кард. Баъзе аз ин донишмандон ин назарияро аз он ҷиҳат доранд, ки ба тасаввуроти фитрии ақлии мустақил қоиланд, аз қабили Декорт ва пайравонаш. Ва баъзе дигар роҳи шуҳуд ва ирфон ва сайри ботинро пешниҳод ва пайравӣ кардаанд (фалсафаи Ҳонри Бергсун, файласуфи маъруфи асри ахир, муттакӣ ба ин назария аст) ва баъзе дигар аз роҳи дигар, ва мо дар инҷо худро ниёзманд ба баёни назариёти онон намедонем.

Дар ин мақола дар зимни ин ки “пайдоиши касрат дар идрокот” баён мешавад, ба ҳар ду ишколи мункирони эътибори фалсафаи таъаққулӣ посух дода мешавад. Аз тарафе, дар хилоли баёни кайфияти ҳусули такассур дар идрокот, гуфтугӯи мафоҳими метафизикӣ ба миён хоҳад омад ва маълум хоҳад шуд, ки ин мафоҳим аз ҷанбаи илмуннафсӣ мӯътабаранд ва бо он ки мустақиман аз роҳи ҳавосс вориди зеҳн нашудаанд, маншаи саҳеҳ ва мӯътабар доранд. Ва аз тарафи дигар, аз ҷанбаи мантиқӣ собит хоҳем кард, ки танҳо меъёр ва маҳакки сиҳҳату суқми қазоё таҷриба ва озмоиши амалӣ нест ва ҳатто худи таҷрибагароён (бидуни таваҷҷӯҳ) ба як силсила қазоёи фикрӣ хоҳ нохоҳ эътиқоди ҷазмӣ доранд, ки қобили таҷриба ва озмоиши амалӣ нест. Ба илова, дар оянда маълум хоҳад шуд, ки башар то қаблан ба як силсила қазоёи ғайритаҷрибӣ эътиқод надошта бошад, наметавонад ҳеч қазияи таҷрибиро бипазирад.

Идома дорад



Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: