Шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия (9)

Матни китоб:

ما زال بصفاته قديما قبل خلقه، لم يزدد بكونهم شيئا لم يكن قبلهم من صفاته، وكما كان بصفاته أزليا، كذلك لا يزال عليها أبديا

* * *

Тарҷума:

(Имом Таҳовӣ (Раҳматуллоҳи алайҳи) гӯяд:) (Худо) пайваста бо сифатҳояш қадим аст (ҳатто) қабл аз офаридан. Чунин нест, ки бо офаридани махлуқоташ, чизе (аз сифот) — ки қабл аз (ба вуҷуд овардани) махлуқот аз ҷумлаи сифатҳои ӯ набуд — бар сифоти ӯ афзуда шуда бошад. (Худо) ҳамон тавре ки бо сифатҳояш азалӣ будааст, ҳамчунин пайваста бо он сифот абадӣ хоҳад буд…

* * *

Шарҳ:

Имом Таҳовӣ (Раҳматуллоҳи алйҳи) дар ин қисмат аз гуфтори хеш, ба масъалае ишора кардааст, ки мавриди ихтилоф байни ҷараёнҳои ақоидии гуногуни исломӣ воқеъ шудааст. Ва он масъала ин аст, ки: баъд аз исботи зоти муқаддаси илоҳӣ ва ин ки ӯ дорои тамоми камолоти вуҷудӣ (аз қабили илм, қудрат, ҳаёт ва ғайра…) мебошад ва зотест бениёз, басит (басит яъне мураккаб набудан), қадим (азалӣ) ва абадӣ, баъд аз ин, бо ин масъала рӯ ба рӯ мешавем, ки чӣ гуна ин сифатҳо бар зоти ӯ ҷараён доранд?

Гурӯҳе гуфтаанд: дар махлуқот чунин аст, ки вақте фарде ба номи Зайдро бо сифати илм тавсиф карда бигӯем, ки “Зайд дорандаи сифати илм мебошад”, зоти Зайд (мавсуф) ғайр аз илм (сифат) аст; пас “Зайди олим” мураккаб аз зот ва сифат хоҳад буд. Сипас мегӯянд: маълум аст, ки дар мавриди Худо наметавон қоил ба чунин чизе шуд; зеро Худои Субҳон басит аст, на мураккаб, ва мураккаб будан аз онҷо, ки ҳар мураккабе ниёзманд мебошад, бо бениёзии Худо созгор нест. Ва аз тарафе ҳам, наметавонем аз Худо сифатҳоро нафй кунем, чун лозимааш нақсу камбуд дар зоти ӯст. Пас, танҳо роҳе, ки метавонад моро аз ин ду бунбаст раҳоӣ бахшад ин аст, ки қоил ба ҷонишинии зот аз сифот бишавем. Тавзеҳ ин ки: Худо фақат зот асту бас ва сифоте ҷудо аз зот вуҷуд надорад, то таркиб пеш ояд. Албатта ин ба маънои он нест, ки Худо дорои илм, қудрат, ҳаёт ва дигар сифот намебошад, балки зоти муқаддаси ӯ ба ҷойи ҳамаи он сифот менишинад ва ба таъбири худашон, зот ноиби (ҷонишини) сифот мегардад. Ин назария марбут ба Мӯътазила мебошад.

Гурӯҳи дигар бар ин шуданд, ки Худо сифоте дорад ва сифоташ ҳам зоид бар зоти ӯ мебошад, чӣ хеле ки дар ҳар дорандаи сифате сифат зоид бар зот аст, зеро сифат ғайр аз мавсуф мебошад. Ва танҳо фарқе, ки байни Худои Субҳон ва байни дигар дорандагони сифат ҳаст ин аст, ки сифатҳои Худо ба монанди зоташ қадим (азалӣ) ва доим (абадӣ) мебошанд, вале сифоти махлуқот ҳодис (1) ҳастанд. Ин назария марбут ба Ашоира аст.

Аз зоҳири каломи Имом Таҳовӣ бармеояд, ки ӯ низ мӯътақид ба чунин назарияе мебошад. Ин ки мегӯяд: “(Худо) пайваста бо сифатҳояш қадим аст…” ва ҳам ин ки мегӯяд: “Ва (Худо) ҳамон тавре ки бо сифатҳояш азалӣ буд, ҳамчунин пайваста бо он сифатҳо абадӣ хоҳад монд”, маънояш ҷуз он чӣ Ашоира мегӯянд намебошад.

Ҳақиқат ин ки на назарияи Мӯътазила дуруст аст ва на назарияи Ашоира. Қабл аз баёни назарияи дуруст дар ин замина лозим аст ба як нукта ишора намоям. Ва он ин ки: ҳар ду гурӯҳ фарзро бар ин гирифтаанд, ки агар ҳарҷо сифате пайдо шавад, бояд он сифат ғайр аз мавсуф (зот) ва зоид бар он бошад ва фарзи сифатеро, ки бо мавсуфи (зоти) худ яке буда ва айни он бошад, маҳол донистаанд. Ба ҳамин хотир аст, ки Мӯътазила исботи сифот барои Худоро (ба ин далел, ки лозимааш таркиби Худои Субҳон аз зот ва сифат хоҳад буд) инкор карда ва “ниёбат” (ҷонишинӣ)-ро ба унвони роҳи ҳал матраҳ кардаанд.

Ва дар муқобил, Ашоираро низ мебинем, ки барои гурез аз лузуми таркиб (дар сурати зоид донистани сифот бар зот, ки фарзро бар он гузоштаанд), қоил шудаанд ба якчандтоии қадимҳо (зоти қадим ба иловаи чанд сифоти қадим) бе он ки миёни зот ва он сифот таркибе вуҷуд дошта бошад. Ва ҳам ин ки чун дидаанд, сифоти махлуқот ҳодис ҳастанд, қоил ба қадим будани сифоти Худо ҳамонанди қадим будани зоташ шудаанд, то нақсе дар зоти Худои Субҳон пеш наояд.

Лозимаи қабули роҳи ҳалли Мӯътазила (яъне назарияи ниёбати зот аз сифот) инкори сифоти зоти Ҳақ Таъолост, ки на бо ақл созгор аст ва на бо сареҳи Қуръон ва ривоёт. Ва лозимаи қабули роҳи ҳалли Ашоира, на ин ки мушкилро ҳал бикунад, балки бар мушкил меафзояд. Зеро бино бар ин назария, бояд мӯътақид ба навъе таъаддуд (якчандтоӣ) шуд, ки бо руҳи тавҳидгароёнаи ислом созгорӣ надорад. Илова бар ин, як мушкили дигареро низ ба дунбол меоварад. Ва он ин аст, ки Худои Субҳон — ки бино бар ин назария, зоташ ғайр аз сифоташ фарз шудааст — дар мақоми огоҳӣ ба умур ва ё халқи онҳо, ниёзманд ба чизе ғайри зоташ хоҳад шуд. Зеро ҳарчанд соҳибони ин назария қоил ба таркиби зот ва сифот нестанд, вале аз онҳо мепурсем, ки зоти муқаддаси Худо вақте бихоҳад ба чизе огоҳ ва ё чизеро халқ кунад, оё дар огоҳӣ ба он чиз ва ё халқи он, худи зоташ кофист, ё ин ки на, бояд огоҳӣ ёбад ба василаи илми худ, ки ғайри зоти ӯст ва ё халқ кунад ба василаи қудрати худ, ки ғайри зоти ӯст. Ҳатман ҷавобашон ин аст, ки зоташ кофӣ нест, балки бо сифоташ чунину чунон мекунад. Пас, нохудогоҳ қоил ба ниёзмандии зоти Худо дар мақоми феъл ба чизе ғайри зоташ шудаанд, гарчӣ он чиз сифоти ӯ бошад.

Агар ин ду гурӯҳ аз аввал фарзро бар ин намегирифтанд, ки ҳарҷо сифат ва мавсуфе бошад, ҳатман сифат ғайр аз мавсуф аст, балки мавориде ҳаст, ки дар он, сифат айни зот буда ва ҳеч дугонагӣ ва ғайрияте байни зот ва сифат тасаввур нашавад, ҳалли мушкил барояшон ҳеч душворие надошт.

Инак, баёни дидгоҳи саҳеҳ дар ин замина.

Дидгоҳи саҳеҳ

Дар оғоз бояд бигӯям, ки фарзи ғайрияти сифат бо мавсуф (зот), танҳо дар мавриди мавҷудоти маҳдуде мисли инсонҳо дуруст аст. Дугонагии зот ва сифатҳо ва ҳатто ғайрияти сифатҳо бо якдигар, лозимаи маҳдудияти вуҷуд аст. Вале дар мавриди вуҷуди номаҳдуд ва бепоёне чун Худои Субҳон, ҳамчунон ки дуввумӣ барояш қобили тасаввур нест, таркиб ва ихтилофи зот ва сифот низ барояш қобили тасаввур нест. Зоти Худованд дар айни ин ки ба сифатҳои камолӣ муттасиф аст, дорои ҷанбаҳои мухталифи айнӣ нест. Яъне ин гуна нест, ки зоти Худованд чизе бошад ва сифатҳояш чизе дигар. Дар мавҷудоте монанди инсонҳо, зот як воқеъият аст ва сифатҳо воқеъиятҳои дигар. Масалан агар мегӯем “Аҳмад донишманд аст”, дар инҷо зоти Аҳмад ғайри дониши ӯст, ва ба иборати дигар, зоташ айни сифаташ нест. Аммо дар мавриди зоти Ҳақ ин чунин нест, балки зоти ӯ айни сифоташ аст ва сифоташ ҳам ҳамин гунаанд, яъне масалан тавонии зоти ҳақ айни доноии ӯст.

Имом Алӣ (а) мегӯяд:

اَلْحَمْدُ لِلّهِ اَلَّذِى لا يَبْلُغُ مِدْحَتَهُ الْقائِلُونَ، وَلا يُحْصِى نَعْماءَهُ الْعادُّونَ، وَلا يُودِّى حَقَّهُ الْمُجْتَهِدُونَ، اَلَّذِى لا يُدْرِكُهُ بُعْدُ الْهِمَمِ، وَلا يَنالُهُ غَوْصُ الْفَطِنِ، اَلَّذِى لَيْسَ لِصِفَتِهِ حَدُّ مَحْدُوْدٌ، وَلا نَعْتٌ مَوْجُودٌ

Сипос зоти Худоро; зоте, ки ситоишкунандагон ба ситоиши ӯ нарасанд ва шуморкунандагон натавонанд неъматҳои ӯро баршуморанд ва кӯшандагон натавонанд хаққи бандагии ӯро баҷо оваранд. Зоте, ки ҳимматҳо ҳар чӣ дурпарвозӣ кунанд, кунҳи ӯро наёбанд ва зиракиҳо ҳар андоза дар қаъри дарёҳои зиракӣ фурӯ раванд, ба ӯ нарасанд. Зоте, ки сифати ӯро ҳадду ниҳояте ва тағйиру табдиле нест…” (Наҳҷул-балоға, хутбаи 1)

Дар ин ҷумлаҳо – чунон ки мебинем – аз сифатҳои номаҳдуди Худованд ёд шудааст. Баъд аз чанд ҷумла, Имом Алӣ (а) мефармояд:

وَكَمالُ الاِخْلاصِ لَهُ نَفْىُ الصِّفاتِ عَنْهُ، لِشَهادَهِ كُلِّ صِفَهٍ اَنَّها غَيْرُ الْمَوْصوفِ، وَشَهادَهِ كُلِ مَوْصوفٍ اَنَّهُ غَيْرُ الصِّفَهِ. فَمَنْ وَصَفَ اَللّهَ سُبْحانَهُ فَقَدْ قَرَنَهُ، وَمَنْ قَرَنَهُ فَقَدْ ثَنّاهُ، وَمَنْ ثَنّاهُ فَقَدْ جَزَّاءهُ، وَمَنْ جَزَّاهُ فَقَدْ جَهْلَهُ، وَمَنْ جَهِلَهُ فَقَدْ أشارَ اِلَيْهِ

Ихлоси комил ба Худо, нафйи сифатҳо аз Парвардигор аст. (Хуб, чаро нафйи сифот? Посух:) барои он ки мавсуф (яъне он ки сифат мешавад) гувоҳӣ медиҳад, ки зоташ ғайр аз сифат аст, ва сифат гувоҳӣ медиҳад, ки ӯ чизест ғайр аз мавсуф. Ва ҳар кас Худовандро ба сифате тавсиф кунад, зоти ӯро ҳамроҳи чизи дигар қарор дода ва ҳар кас Худоро ҳамроҳи чизе қарор диҳад…(то охири хутба)”. (Наҳҷул-балоға, хутбаи 1)

Дар ин гуфтор, ҳам барои Худованд исботи сифат шудааст (…зоте, ки сифати ӯро ҳадду ниҳояте ва тағйиру табдиле нест) ва ҳам аз ӯ нафйи сифат шудааст (Ихлоси комил ба Худо, нафйи сифатҳо аз Парвардигор аст). Аз худи ин ҷумлаҳо маълум аст, ки сифате, ки Худованд муттасиф ба он аст, сифати номаҳдуд барои зоти номаҳдуд аст, ки айни зот аст, ва сифате, ки Худованд мубарро ва муназзаҳ аз он аст, сифати маҳдуд аст, ки ғайри зот ва ғайр аз сифати дигар аст.

Баҳси дигар

Аммо ин ки Имом Таҳовӣ мегӯяд: “Чунин нест, ки бо офаридани махлуқоташ, чизе (аз сифот) — ки қабл аз (ба вуҷуд овардани) махлуқот аз ҷумлаи сифатҳои ӯ набуд — бар сифоти ӯ афзуда шуда бошад”, муродаш ин аст, ки сифатҳое, ки Худои Субҳон дорост, ба гунаи доим ва ҳамешагӣ барояш собит аст ва чунин нест, ки масалан то халқеро наёфарида, ҳанӯз сифати “холиқият”-ро надошта ва баъд аз он ки офарида, сифати “холиқият” бар сифатҳояш изофа гардида бошад. Чунин нест. Балки зоти муқаддаси ӯ доим ва ҳамеша — чӣ биёфаринад ва чӣ наёфаринад — ороста ба сифати холиқият ва офаринандагист. Ба иборати дигар — ки мавриди писанди қоилин ба ин назария мебошад — сифоти илоҳӣ ҳамагӣ қадим ҳастанд, на ҳодис. Дар баҳси оянда перомуни ин мавзӯъ бештар баҳс хоҳем намуд.

Идома дорад

* * *

Поварақӣ:

(1) Ҳодис, яъне аввал набуда ва баъдан ҳосил шуда. Масалан, агар касе ба номи Зайдро бо сифати илм тавсиф карда гӯем, ки “Зайд дорандаи илм аст”, ба ин маъност, ки аввал Зайд илм надошта, балки баъдан барояш чунин сифате ҳосил шуда; ба хилофи илми Худои Субҳон, ки қадим аст, яъне аз азал Худо илм дошта ва чунин набуда, ки зоти Худо буда, вале сифати илм надошта ва баъдан ин сифат барои Ӯ пайдо шуда.

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия



Рубрики:Ақоиди исломӣ, Ислом

Метки: , , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: