Шарҳи Маснавӣ (140)

Ҷавоб гуфтани шер харгӯшро ва равон шудан бо ӯ (2)

* * *

Ҳоли Фиръавне, ки Ҳомонро шунуд,

Ҳоли Намруде, ки шайтонро шунуд.

Фарҷоми Фиръавнро бибин, ки ба ҳарфи Ҳомон гӯш кард. Ва ба сарнавишти Намруд бингар, ки ҳарфи шайтонро гӯш кард.

Нукта: Ҳомон вазири Фиръавн буд. Номи ӯ шаш бор дар Қуръони Карим омадааст.

Душман арчи дӯстона гӯядат,

Дом дон, гарчи зи дона гӯядат.

Агар масалан душман суханонашро дӯстона ба ту гуфт, ту он суханонро бояд дом бидонӣ; ҳарчанд ки барои ту аз дона ҳарф бизанад.

Гар туро қанде диҳад, он заҳр дон,

Гар ба тан лутфе кунад, он қаҳр дон.

Ё масалан агар душман ба ту қанде дод, ту бояд онро заҳр бидонӣ. Ва агар ба тан ва зоҳири ту лутфе кард, бояд онро қаҳр ва душманӣ бидонӣ.

Чун қазо ояд, набинӣ ғайри пӯст,

Душманонро бознашносӣ зи дӯст.

Ҳангоме ки қазои илоҳӣ даррасад, чизе ҷуз зоҳир ва қишр натавонӣ дид ва ҳақиқатро дарнахоҳӣ ёфт ва дӯстро аз душман бознатавонӣ шинохт.

Чун чунин шуд, ибтиҳол оғоз кун,

Нолаву тасбеҳу рӯза соз кун.

Дар ин ҳол, ба даргоҳи Худованд зорӣ оғоз кун ва ба намозу рӯза бипардоз.

Ибтиҳол: дуо аз рӯйи ихлос ва зорӣ. Соз кардан: тартиб додан.

Нола мекун, к-эй ту алломул-ғуюб,

Зери санги макри бад моро макӯб.

Нола кун ва бигӯ: эй касе, ки аз ҳамаи умури ғайбӣ огоҳӣ! Моро зери санги афкори нописанди шайтон ва шайтонсифатон макӯб! (Васвасаҳои шайтон ва шайтонсифатонро аз мо дур фармо!)

Гар сагӣ кардем, эй шерофарин!

Шерро магмор бар мо з-ин камин.

Эй султони шерофарин! Агар мо кирдоре нописанд ба ҷой овардем ва густохӣ нишон додем, ту аз камингоҳи қаҳрат шери нафсу ҳаворо бар мо чира масоз!

Сагӣ кардан: кори нопок ва палид анҷом додан.

Оби хушро сурати оташ мадеҳ,

Андар оташ сурати обе манеҳ.

Худовандо! Моро он чунон мутаҳайир ва худбохта магардон, ки оби гувороро ба сурати оташ бибинем ва оташро оби гуворо тасаввур кунем.

Аз шароби қаҳр чун мастӣ диҳӣ,

Нестҳоро сурати ҳастӣ диҳӣ.

Худовандо! Вақте ки мардумро аз шароби қаҳрат сероб кунӣ, ба чизҳое, ки вуҷуд надорад сурати ҳастӣ мебахшӣ. Яъне агар қаҳҳорияти ту моро аз худ бехуд гардонад, воқеиятҳо ба шакли сурати мавҳум дармеоянд ва мавҳумот низ ранги воқеият ба худ мегиранд.

Чист мастӣ? Банди чашм аз диди чашм,

То намояд санг гавҳар, пашм яшм.

Мастӣ чист? Мастӣ яъне баста шудани чашм аз дидани воқеият, ба тавре ки санги бемиқдор гавҳаре гаронбаҳо ҷилва кунад, ва пашми ночиз ба сурати санги гаронбаҳо ба назар расад.

Яшм: сангест ба ранги сабзи тира ва мутамойил ба сиёҳ.

Чист мастӣ? Ҳиссҳо мубдал шудан,

Чӯби газ андар назар сандал шудан.

Мастӣ чист? Мастӣ яъне табдил шудани ҳавосс ва идрокот ба гунае ки дигар натавонад ашё ва мавҷудотро он сон, ки ҳастанд ва воқеият доранд, дарк кунанд. Ба унвони мисол: дар ин вазъият чӯби ночизи газ ба назар чӯби сандал мерасад.

Мубдал шудан: дигаргун шудан. Чӯби газ: дарахтест ваҳшӣ, ки дар шӯразорҳо ва канори рӯдхонаҳо ба хусус дар манотиқи гармсер мерӯяд. Сандал: чӯби хушбӯйе, ки онро маъмулан дар маъбадҳо месӯзонанд ва беҳтарини он сурх ё сафед аст.

(Ҳикояти баъдӣ дар баёни аз кор афттодани ҳавосс ба иқтизои қазо ва қадар аст.)

Идома дорад

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: