Ирфони Ҳофиз (1)

(Силсиласуханрониҳои Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ, қисмати 1)

Роҳҳои шинохти Ҳофиз

Мавзӯи баҳс “Ирфони Ҳофиз” аст. Девони Ҳофиз аз қадимулайём як девони ирфонӣ талаққӣ шудааст. Албатта девонҳои ирфонӣ дар шеъри форсӣ зиёд аст, вале на хеле зиёд, ва онҳое, ки воқеан ирфон шинохта шудааст, ба маънии ин ки талаққии дигарон ин будааст, ки гӯянда воқеан марди орифе будааст ва идрокот ва эҳсосоти орифонаи худашро дар шеъраш мунъакис карда ва ворид дар ирфон будааст. Чунин девонҳое дар забони форсӣ зиёд нест, ғолибан муқаллиданд, на ориф. Вале албатта ҳаст, девони Аттор мусаллам девонест ирфонӣ, ашъори Ироқӣ ашъорест ирфонӣ, девони Мағрибӣ девонест ирфонӣ, ва аз ҳама маъруфтар ва шохистар ду девон аст: девони Маснавӣ ва девони Ҳофиз.

Мо агар бихоҳем дар бораи ирфони Ҳофиз баҳс кунем, аввал бояд ба ин нукта таваҷҷӯҳ кунем, ки ирфон ду қисмат аст: ирфони назарӣ ва ирфони амалӣ. Аввал ирфони амалиро зикр мекунем.

Ирфони амалӣ

Ирфони амалӣ иборат аст аз сайру сулуки инсон, ё баёни сайру сулуки инсон илаллоҳ, ва ба иборати дигар: баёни ҳолот ва мақомоти инсон дар сайр ба сӯйи Ҳақ; аз аввалин манзиле, ки урафо онро “манзили яқза” ном мениҳанд, яъне манзили бедорӣ, то охирин манзил, ки манзили вусул ба Ҳақ аст ва онҳо онро таъбир ба “тавҳид” мекунанд. Яъне аз назари ориф, тавҳиди ҳақиқӣ ҷуз бо вусул ба Ҳақ ҳосил намешавад. Ориф тавҳидҳои қабл аз ин марҳиларо тавҳиди воқеӣ намедонад. Шумо агар “Манозилус-соририн”-и Хоҷа Абдуллоҳи Ансориро мулоҳиза карда бошед — ва ин китоб ахиран ба форсӣ ҳам тарҷума шудааст — мебинед, ки манозили сулукро ба сурати сад манзил баён карда ва даҳ манзил-даҳ манзил кардааст, аз бидоёт шурӯъ ва ба ниҳоёт мунтаҳӣ мешавад.

Аз назари урафо, ин масъала як масъалаи таҷрибӣ ва озмоишист. Дар миёни улуме, ки мо дар гузашта доштаем, беш аз ҳар илми дигаре, шабеҳ ба улуми имрӯзӣ аз назари муттакӣ будан ба навъе озмоиши амалӣ, аз ҳама наздиктар ҳамин ирфони амалӣ аст ва аҳёнан фарангиҳо ҳам инҳоро ба унвони “таҷрибиёти дарунӣ” таъбир мекунанд. Дар ҳамин баҳсҳои оқои дуктур Абдурраҳмон Бадвӣ (файласуфи мисрӣ) ҳам, ки таъбироти эшон ғолибан таъбироти фарангӣ буд, ё таъбироте, ки Иқболи Лоҳурӣ дорад, ки боз таъбиротест, ки аз фарангиҳо гирифтааст, дар мавриди ин сайру сулуки маънавӣ таъбир ба ”таҷрибаи дарунӣ” мекунанд. Ва ин аз назар, равоншиносӣ як водии ношинохтаест, ва ҳар равоншиносе наметавонад равоншиносии ирфониро дарк кунад, зеро то касе амалан ба дунёи руҳ ворид набошад, чиро мехоҳад озмоиш кунад? Танҳо як олими равоншиноси орифи солик метавонад иддаъо кунад, ки ман равоншиносии ирфониро метавонам баён кунам ва тавзеҳ бидиҳам.

Дар миёни равоншиносони ҷадид як нафар аст, ки то ҳадде иттилоот ва мутолеоте дар ҳамин замина дорад (шояд беш аз як нафар бошад, ман ин як нафарро мешиносам) ва ӯ файласуф ва равоншиноси маъруфи омрикоӣ Вилём Ҷеймз аст, ки қариб ба замони мо ҳам буда ва китобе ҳам навиштааст, ки номи аслии он гӯё “Озмоишҳои ирфонӣ” будааст. Қисмате аз ин китобро ба забони форсӣ тарҷума кардаанд ба номи “Дин ва равон” ва ин мард шахсан мазҳабӣ ва орифмашраб буда ва рӯйи муроҷеакунандагони худаш бештар, аз назар ирфонӣ мутолеа карда ва сахт ҳам ба ҳолоти равонии ирфонӣ мӯътақид аст.

Ба ҳар ҳол, ин як масъалаи фавқулъода азимест. Масъалаи ирфони амалӣ масъалаи инсон ва шинохти инсон аст; инсон аз аввалин марҳилаи хокӣ будан то он марҳилае, ки Қуръони Карим онро “лиқоуллоҳ” меномад…

Агар касе бихоҳад дар бораи ирфони Ҳофиз баҳс кунад, як қисмат ин аст, ки Ҳофиз дар ин водӣ, ки алъон мо ба “водии ношинохта” таъбир кардем, дар водии сайру сулук, чӣ гомҳое бардоштааст ва чӣ ҳолот ва мақомоте аз ирфонро дар шеъри худаш мунъакис кардааст, яъне дар ашъори Ҳофиз аз мақомоти сайру сулук чӣ чизҳое пайдо мешавад, ки инҳоро бояд инсон дақиқан ибтидо бо он чӣ, ки урафо дар китобҳое, ки дар ин мавзӯъ сареҳ баён кардаанд татбиқ кунад, баъд бибинад, ки дар ҳар ҷое Ҳофиз чӣ мегӯяд. Инҳо истилоҳоти хоссе доранд, калимоти хоссе ба кор мебаранд ва Ҳофиз ҳам бидуни шак тобеъи ҳамон истилоҳот ва таъбирот ва алфоз аст. Ва бахше аз арзиши Ҳофиз ба ин дарк мешавад, ки ин ҳолоти маънавиро чӣ гуна тавонистааст дар ашъораш мунъакис кунад. Ин як қисмати баҳс аст.

Ирфони назарӣ

Қисмати дуввум ирфони назарӣ аст. Ирфони назарӣ яъне ҷаҳонбинии ирфонӣ, биниши ирфонӣ, яъне он назаре, ки ориф ва ирфон дар бораи ҷаҳон ва ҳастӣ дорад, ки ба таври мусаллам бо назари ҳар файласуфе мухталиф ва мутабойин аст, то чӣ расад ба ғайри филсуф. Яъне табақаи урафо як ҷаҳонбинии хоссе доранд, ки бо соири ҷаҳонбиниҳо мутафовит аст. Ин бахш аз ирфон, назар аст дар бораи Худо, ҳастӣ, асмо ва сифоти Ҳақ ва дар бораи инсон.

Аз ҷанбаи назарӣ изҳори назар кардан, дар воқеъ ин аст, ки Худо дар назари ориф чӣ гуна тавсиф ва шинохта мешавад ва инсон дар назари ориф чӣ гуна аст, ориф дар инсон чӣ мебинад ва инсонро чӣ ташхис медиҳад.

Поягузори биниши ирфонӣ — ки баъзе аз он ба “ирфони фалсафӣ” таъбир мекунанд — яъне он ки ирфонро ба сурати як фалсафа ва як баён ва як биниш дар бораи ҳастӣ ва вуҷуд дароварад, албатта ба таври пароканда дар калимоти урафо каму беш аз садри ислом пайдо мешавад, вале он касе, ки ирфонро ба сурати як илм даровард ва ба истилоҳ фалсафа кард ва ба сурати як мактаб даровард ва дар муқобили фалосифа арза дошт ва фалосифаро дар воқеъ таҳқир ва кучак кард ва рӯйи фалсафа асар гузошт ва фалосифае, ки баъд аз ӯ омаданд чорае надоштанд ҷуз ин ки ба назарҳои ӯ боэътино бошанд, бидуни шак Муҳйиддини Арабӣ аст. Падари ирфони назарии исломӣ Муҳйиддини Арабӣ он уъҷубаи аҷиби рӯзгор аст.

Муҳйиддин дар ирфони амалӣ низ қадами росих доштааст, яъне аслан аз аввали умраш як марде буда, ки аҳли риёзат ва муҷоҳида будааст. (Албатта мо алъон дорем тавсиф мекунем ва кор надорем, ки Муҳйиддин ё Ҳофиз ҳарфашон дуруст аст ва маъсуманд ё ҷоизулхато ҳастанд. Мусалламан ин ҳарфҳо матраҳ нест, мо дорем баён мекунем, ки инҳо чӣ доранд мегӯянд.) Муҳйиддин аввал касест, ки ирфонро мутафалсаф кард, яъне ба сурати як мактаби муназзам даровард. Ва аслан ин масъалаи “ваҳдати вуҷуд”, ки меҳвари ирфон аст — ва ҳатто дар ирфони амалӣ ҳам ҳамин тавр аст, ки ҳоло як баҳсе дар бораи он ҳаст, чун он тавҳиде, ки ориф охираш ба он мерасад, ҳамон ваҳдати вуҷуд аст дар ирфони амалӣ — ва ин ваҳдати вуҷуде, ки дар ирфони назарӣ баён шуд, аввал бор тавассути Муҳйиддини Арабӣ баён гардид ва ӯ буд, ки шогирдҳои азим ва бузурге тарбият кард ва ҳар кас ҳам, ки аз он замон ба баъд омадааст, резахори Муҳйиддин аст бидуни шак, ва аслан ин мард як шӯру ғавғои ирфонӣ дар ҷаҳони ислом бапо кард.

Ин мард аз назари нажод араб аст, яъне Тоии Андалусӣ аст. Ба ӯ мегӯянд “Муҳйиддини Арабии Тоии Ҳотамии Андалусӣ”. “Арабӣ” мегӯянд чун араб аст, “Тоӣ” мегӯянд чун аз қабилаи “Тай” аст, “Ҳотамӣ” мегӯянд чун аз авлоди Адий ибни Ҳотам аст, наслаш ба Ҳотами Тоӣ мерасад, ва “Андалусӣ” мегӯянд чун сокин дар Андалус буд. Дар он вақт Андалус Андалуси исломӣ буд ва ин Андалуси исломӣ чӣ маркази бузурге будааст барои тамаддун ва фарҳанги исломӣ дар ҳар қисмате, чӣ адабиёт, чӣ фалсафа, чӣ ирфон, чӣ тиб, чӣ риёзиёт. Ва чӣ ашхоси бисёр бузурге ба вуҷуд оварда ва чӣ сарнавишти ғамангезе ҳам дорад, ки аҷиб аст. Ва ба чӣ ҷабре масеҳиҳо омаданд онҷоро эҳтилол карданд ва аз он ба баъд ҳам дигар ин Испониё рӯйи саодат надид, ки алъон ҳам диктотуритарин марказҳои дунё ҳамин Испониёи ҷаноби Фронку аст.

Ин мард (Муҳйиддини Арабӣ) мусофиратҳои зиёде ба дунёи ислом кард. Аввалан солҳои зиёд муҷовири Макка буда. Ва муҷовирати Макка ва Байтуллоҳилҳаром ва муҷовирати қабри муқаддаси Пайғамбари Акрам (с), ҷузъи чизҳое буда, ки урафо барои худашон лозим медонистаанд, ки як муддате дар ин маконҳо бошанд ва муҷовир бошанд ва барои муҷовирати ин макон як осори хоссе қоил буданд. На танҳо урафо, ғайри урафо ҳам ҳамин ҷур. Шумо мебинед Замахшарӣ аҳли Мовароуннаҳр аст, аҳли шимоли Эрони қадим, яъне аҳли сарзамини Шӯравии феълӣ, сарзамини бисёр сардсер. Аз онҷо ҳаракат мекунад меояд солҳои зиёд муҷовири сарзамини доғи Макка мешавад, ки ман таъаҷҷуб мекунам як одаме, ки одаташ буда, ки дар сарзаминҳои сард зиндагӣ кунад, ин чӣ имоне буда ва ин чӣ шӯре буда, ки солиёни дароз ин мардро муҷовири Байтуллоҳилҳаром мекунад, ки мулаққаб мешавад ба “Ҷоруллоҳ” ва дар тафсири “Кашшоф” дар яке аз оёти сураи Анкабут мегӯяд, шумо асари маконҳоро ғофил набошед ва ҳар касе, ки солҳо муҷовири хонаи Каъба бошад, мефаҳмад, ки як осори маънавӣ дар ин муҷовират ҳаст, ки дар ғайри онҷо нест. Ё ҳамин Маҷдуддини Фирӯзободии Шерозӣ, соҳиби “Қомус”, солҳо муҷовири Макка буда.

Ғаразам ин аст, ки ихтисос ба урафо надорад ва ғайри урафо ҳам аз удабо, фуқаҳо ва… (чунин будаанд.) Шумо мебинед Амини Астарободӣ солҳо меравад дар Макка ва Мадина муҷовир мешавад ва “Фавоидул-мадания” менависад. Баҳрулулум солҳо муҷовир дар Макка будааст.

Муҳйиддин ҳам солҳо дар Макка муҷовир буда ва “Футуҳот”-и худашро — ки аз як назар бузургтарин китоби ирфонист — дар Макка навиштааст ва ба ҳамин муносибат “Футуҳот”-и ӯ “Футуҳоти Маккия” номида мешавад. Бо Суҳравардии маъруф (яъне Шайх Шаҳобуддини Суҳравардии мақтул, соҳиби “Ҳикматул-ишроқ”, ки инҳо муосир ҳастанд) дар Макка мулоқот кардааст ва мегӯянд, ки инҳо соатҳо бо якдигар дар хонаи Каъба мулоқот доштанд ва ба эҳтимоли бисёр қавӣ — ки ин ҷиҳат бештар мавриди ғафлат аст — ҷаноби Суҳравардӣ ҳикмати завқӣ ва ишроқиро бештар таҳти таъсири Муҳйиддини Арабӣ будааст, то дигарон. Ғараз ин ки Муҳйиддин ҳатто дар ҳикмати ишроқии исломӣ ҳам асари фаровон дошта. Мегӯянд, вақте аз ҳам ҷудо шуданд, аз Шайхи Ишроқ пурсиданд, ин мардро чӣ гуна дидӣ? Гуфт: дарёе бепоён. Аз Муҳйиддин пурсиданд, Суҳравардиро чӣ гуна дидӣ? Гуфт: марди солеҳе буд.

Муҳйиддин шогирдони зиёде доштааст, ки ин китобҳои ирфонии илмиро инҳо навиштаанд, аз қабили Садруддини Қунавӣ. Садруддини Қунавӣ зимнан (писархондааш ) яъне писари занаш ҳам ҳаст. Бо модари ӯ издивоҷ кард ва ӯ шогирд ва муриди фавқулъодаи вай буда ва дар воқеъ шореҳи гуфтаҳои Муҳйиддин, Садруддини Қунавӣ аст.

(Ва ё) Ибни Форизи Мисрӣ дар миёни шуарои араб назири Ҳофизи мост. Яъне девони Ибни Фориз дар шеъри арабӣ назири девони Ҳофиз аст, бо як тафовут, ки онҳое, ки аҳли фаннанд муддаъӣ ҳастанд, ки Ҳофиз аз назари лутф ва зарофат болотар аст аз Ибни Фориз, вале Ибни Фориз аз назари мақомоти ирфонӣ болотар аст аз Ҳофиз. Яъне чизҳоеро аз мақомоти ирфонӣ ӯ мунъакис кардааст, ки Ҳофиз дар он мавзӯъот сукут карда ва дар Ҳофиз чизе мунъакис нест. Ибни Фориз хеле фавқулъода аст, умри зиёде ҳам накарда. Он тавр, ки таърих менависад, 56 сол бештар аз умраш нагузашта, ки фавт кардааст. Ӯ ҳам гоҳе дар Макка буда ва гоҳе дар Миср. Дар кӯҳҳои Макка мерафт гардиш мекард, танҳо ва таҳти таъсири ҳолоти ирфонии худаш буд, ва дар Миср ҳамин тавр. Ва мегӯянд, дар Макка буд бо Миср мағозила мекард. Дар Миср буд бо Макка мағозила мекард. Ӯ ҳам одами аҷибест, аз аҷоиби дунёи ислом аст. Қасидае дорад, “Тоияи Ибни Фориз”, дар ҳудуди ҳазор шеър аст, ки ҳамаи онҳо ба “т” хатм мешавад, шеърҳои маъруфест, ки ин шеърҳо аз ӯст:

وَاِنّی وَاِنْ كُنْتُ ابْنَ ادَمَ صورَةً

وَلكِنْ فیهِ شاهِدٌ بِاُبُوَّةٍ

Ва мегӯянд, тамоми ин шеърҳоро дар ҳолати бехудӣ ба истилоҳ гуфта ва дигарон навиштаанд.

Довуди Қайсарӣ, шореҳи “Фусус”, аз ин табақа аст. Яъне аз табақаи эҳёшудаҳо ва зиндашудаҳои Муҳйиддин аст. Абдурразоқ Кошонӣ шореҳи дигар аст. Мавлавии Балхии Румӣ муосир буд бо Садруддини Қунавӣ ва дар Қуния бо Садруддин нишасту бархост дошт. Фавти Муллои Румӣ дар ҳудуди чиҳил сол баъд аз фавти Муҳйиддин аст. Яъне Муҳйиддин дар ҳудуди соли 635 фавт мекунад ва Муллои Румӣ дар 672, ки соли фавти Муллои Румӣ ва Хоҷа Насируддини Тӯcӣ як сол аст.

Баъд аз ӯ ҳам касоне, ки омаданд, мисли Маҳмуди Шабистарӣ, соҳиби “Гулшани роз”, Ҷомӣ, ки аз шореҳони “Фусусул-ҳикам”-и Муҳйиддин аст, ҳама сахт таҳти таъсири Муҳйиддини Арабӣ ҳастанд ва дар ашъори Шабистарӣ инсон калимоти Муҳйиддинро комилан метавонад бибинад.

Ғараз ин аст, ки Муҳйиддин таъсири аҷибе рӯйи урафои баъд аз худаш гузоштааст ва дигарон ба ин матлаб эътироф кардаанд. Дар миёни нависандагони форсизабон касе, ки агар дар ин масоил изҳори назар мекунад ва то андозае рӯйи мутолеот аст ва беҳисоб ҳарф намезанад, оқои дуктур Зарринкӯб аст. Вай дар китобе, ки ба номи “Арзиши мероси Сӯфия” навишта, ин ҳарфро эътироф мекунад, мегӯяд: “Муҳаққиқони сӯфия баъд аз Муҳйиддин, алалхусус шуарои сӯфияи Эрон, аз он баҳраи бисёр ёфтаанд.”

Муҳйиддин шеър ҳам мегуфта, албатта шеърҳояш дар ҳадди шеърҳои Ибни Фориз дар арабӣ ё Ҳофиз дар форсӣ нест, вале шеъри зиёд гуфта ва аслан шеър барои ӯ ҳолати шеърӣ надорад, дар воқеъ мавҷ аст. Ва баъзе шеърҳояш ҳам дар он ҳадди аълое аз зебоист, ки гоҳе дар “Асфор” шеърҳояшро нақл мекунад. Ду се то шеър дар ҳафтаи гузашта оқои дуктур Бадвӣ хонд, гӯӣ ин ки эшон ин шеърҳоро хонд ба эътибори шеъри охираш ва хуб ҳам тавҷеҳ накард…

لقد صار قلبی قابلاً كلَّ صورة

فمرعی لغزلان ودیر لرهبان

وبیت لاوثان وكعبة طائف

والواح توراة ومصحف قرآن

ادین بدین الحب انّی توجهت

ركائبه فالدین دینی وایمانی

Шеърҳои аҷибе дорад, ва аз касоне, ки сахт дар муқобили Муҳйиддин хозеъ ва фурӯтан ва кучак аст, Садрулмутааллиҳин (Мулло Садро) аст.

Ғараз ин аст, ки падари ирфони назарӣ Муҳйиддин аст. Ва агар мо дар бораи ирфони назарии Ҳофиз бихоҳем баҳс кунем, чорае надорем ҷуз ин ки ҳамон мактаберо, ки Муҳйиддин таъсис кардааст мутолеа кунем ва бибинем, ки инҳо чӣ гуна баён кардаанд ва оё Ҳофиз дар ин замина чизе дорад ва ё надорад. Вале инсон вақте ки вориди баҳс дар бораи ирфони Ҳофиз мешавад, мебинад, ки хеле доманаи дарозе дорад, ва ман ҳайфам омад, ки як қисматҳоеро инҷо баён накунам.

Идома дорад

Реклама


Рубрики:Ирфони амалӣ, Ирфони назарӣ

Метки: , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: