Шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия (10)

Матни китоб:

ليس بعد خلق الخلق استفاد اسم الخالق، ولا بإحداث البرية استفاد اسم الباري، له معنى الربوبية ولا مربوب، ومعنى الخالقية ولا مخلوق، وكما أنه محيي الموتى بعدما أحياهم استحق هذا الاسم قبل إحيائهم، كذلك استحق اسم الخالق قبل إنشائهم، ذلك بأنه على كل شيء قدير، وكل شيء إليه فقير وكل أمر عليه يسير، لا يحتاج إلى شيء ليس كمثله شيء وهو السميع البصير

* * *

Тарҷума:

(Имом Таҳовӣ (Раҳматуллоҳи алайҳи) гӯяд:) Чунин нест, ки (Худои Субҳон) баъд аз офаридани халқ исми “холиқ”-ро ба худ гирифта бошад, ва ҳам чунин нест, ки бо падид овардани халқ унвони “борӣ”-ро (1) ба худ гирифта. Ӯро сифати “рубубият” аст (ҳатто он гоҳ ки) ҳеч марбубе (2) набуда, ва ӯро исми “холиқ” аст (ҳатто он гоҳ ки) ҳеч махлуқе набуда. Ҳамон тавр ки ӯ “зиндакунанда”-и мурдаҳост баъд аз он ки кори зинда кардан анҷом дод, ҳамин тавр дорандаи ин исм (зиндакунанда) аст (ҳатто) қабл аз зинда кардани онҳо, (ва) ҳамчунин дорандаи исми “холиқ” аст қабл аз падид овардани эшон. Ва ин, бад-он ҷиҳат аст, ки ӯ бар ҳар чизе қодир аст ва ҳама чиз ба ӯ ниёзманданд ва ҳар амре барояш осон (ва) ӯ ба чизе эҳтиёҷ надорад. “Нест ба монанди ӯ чизе ва ӯ шунаво ва биност”. (3)

* * *

Шарҳ:

Сифоти Худо қадим ҳастанд ё ҳодис?

Дар мавриди сифоти Худои Субҳон ва чигунагии субути онҳо барои зоти муқаддасаш, яке дигар аз баҳсҳое, ки мавриди таҳқиқу баррасии мутакаллимон (4) воқеъ гардида, баҳси қадим ва ё ҳодис будани сифоти илоҳист.

Қадим будан ба маънои “ба сурати пайваста ва доим ва ҳамешагӣ будан” аст ва ҳодис будан ба маънои “набуда ва баъд пайдо шуда” аст. Касоне, ки қоил ба қадим будани сифатҳои илоҳӣ мебошанд, аз онҷо қоил ба он шудаанд, ки чун зоти муқаддаси илоҳӣ зотест комил, бениёз, номаҳдуд, азалӣ, абадӣ ва собит, ки ҳеч тағйиру таҳаввуле дар он ҷорӣ нест. Зеро тағйиру таҳаввул, аз вижагиҳои мавҷуди ноқис, ниёзманд, маҳдуд, ҳодис ва тағйирёбанда аст. Агар фарз бишавад, ки сифате ҳаст, ки зоти илоҳӣ аз азал дорандаи он набуда, балки баъдан дорандаи он гардида, маънояш ин хоҳад буд, ки Худои Субҳон аввал чизе надошта ва баъд дорои он шуда, ва ин аломати нақс аст ва ҳам ин ки дар зоти муқаддасаш тағйиру таҳаввуле эҷод гардида. Яъне аввал зоташ ба ҳолате буда, вале бо ороста шуданаш ба сифати ҷадид, ҳолати дигаре ба худ гирифта, ки ин аломати мавҷуди ҳодис ва тағйирёбанда аст.

Ҳеч ҷараёни ақоидие дар олами исломӣ — ба ҷуз гурӯҳи Карромия, ки ному нишоне аз онҳо боқӣ намонда — қоил ба ҳодис будани сифатҳои Худои Субҳон ба маъное, ки зикр гардид намебошанд. Яъне ҳамаашон — ба наҳве — қоил ба қадим будани ҷамиъи сифоти поки илоҳӣ мебошанд. Танҳо ихтилофе, ки дар ин замина байни онҳо воқеъ шудааст, дар тафсири чигунагӣ ва кайфияти қадим будани сифоти илоҳист.

Тавзеҳ ин ки: баъзе аз гурӯҳҳо (мисли Ашоира) бар ин ҳастанд, ки ҷамиъи сифоти зоти поки Худои Субҳон — чӣ сифоти зотӣ ва чӣ сифоти феълӣ — ба ин маъно қадим ҳастанд, ки ҳатто агар халқе ва офаридае ва ё рӯзихоре ва ё гунаҳкоре ҳам набошад, Худои Мутаъол ба сифатҳои “холиқият”, “розиқият” ва “бахшояндагӣ” васф мешавад.

Вале гурӯҳи дигар дар айни ин ки ҳеч як аз сифоти поки илоҳиро ҳодис — ба он маъное, ки дар боло гузашт — намедонанд, вале дар чигунагӣ ва кайфияти қадим будани сифоти илоҳӣ, байни сифатҳои зотӣ ва сифатҳои феълӣ фарқ мегузоранд. Ва он ин ки: сифоти зотӣ (чун илм, қудрат ва ҳаёти Худо) ба худии худ қадим ҳастанд, вале сифатҳои феълӣ (чун холиқият, розиқият ва бахшояндагӣ) ба худии худ қадим нестанд, балки қадим буданашон бо мулоҳизаи сарчашма ва манбаест, ки ин сифот аз он бархостаанд.

Масалан: сифати “холиқият” ҳарчанд ҳодис нест, вале қадим — ба маъное, ки мавриди назари Ашоира мебошад — ҳам нест; зеро то халқ ва офаридае мавриди назар қарор гирифта ва робита миёни Худои Субҳон (холиқ) ва миёни офарида (махлуқ) мулоҳиза нашавад, наметавон Худои Субҳонро “холиқ” номид. Ва ҳамчунин аст сифати “розиқият” ва дигар сифатҳои феълӣ. Вале ин ба маънои он ҳам нест, ки сифати “холиқият” ҳодис — ба маъное, ки набуда ва баъд пайдо шуда — бошад, балки ҳамон тавр ки дар тавзеҳи фарқ байни сифоти зотӣ ва феълӣ гуфта будем, агар “холиқият”-ро ба лиҳози сарчашмааш дар назар бигирем, бозгашт ба “қудрат” (ки аз сифоти зотист) мекунад. Пас, “холиқ” ба маънои “касе ки қодир аст халқ кунад” ба сифати “қадир” (тавоно) бозгашта ва аз сифоти зотӣ хоҳад буд. Ва ба ҳамин сурат метавон тамоми сифатҳои феълиро ба сифатҳои зотӣ баргардонд ва гуфт, онҳо низ (ба ҳамин маъно) аз сифоти зотӣ ва қадим ҳастанд.

Зоҳири каломи Имом Таҳовӣ онҷо ки мегӯяд: “Чунин нест, ки (Худои Субҳон) баъд аз офаридани халқ, исми “холиқ”-ро ба худ гирифта бошад…” мерасонад, ки ӯ дар ин мавзӯъ ба назарияи Ашоира гароиш дорад, ҳарчанд бо таваҷҷӯҳ ба ин гуфтораш, ки: “Ва ин, бад-он ҷиҳат аст, ки ӯ бар ҳар чизе қодир аст” метавон ӯро аз тарафдорони назарияи дуввум низ қаламдод намуд.

Рубубият

Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки Имом Таҳовӣ дар ин қисмат аз каломаш аз “рубубият”-и зоти Худои Субҳон (онҷо ки гуфта: “Ӯро сифати “рубубият” аст”) ва низ аз “қудрат”-и зоти ӯ (онҷо, ки гуфта: “Ӯ бар ҳар чизе қодир аст”) ёд карда, бемуносибат нест перомуни ин ду сифат низ сӯҳбат ба амал оварем:

Аз ҷумла робитаҳое, ки байни Худо ва халқ лиҳоз мешавад ин аст, ки махлуқот на танҳо дар асли вуҷуд ва пайдоишашон ниёзманд ба Худо ҳастанд, балки ҳамаи шуъуни вуҷудии онҳо вобаста ба Худои Мутаъол аст ва ҳеч гуна истиқлоле надоранд ва Худованд ба ҳар наҳве, ки бихоҳад, дар онҳо тасарруф мекунад ва умурашонро тадбир менамояд.

Ҳангоме ки ин робитаро ба сурати куллӣ дар назар бигирем, мафҳуми “рубубият” гирифта мешавад, ки лозимаи он, “тадбири умур” аст. Тадбири умур, яъне ҳифз ва нигаҳдорӣ кардан, ҳаёт бахшидан ва мирондан, рӯзӣ додан, ба рушду камол расондан, роҳнамоӣ кардан ва мавриди амру наҳй қарор додан ва ғайра аз ин қабил тадбир карданҳо. Пас, “рубубият” яке аз сифатҳои феълии Худои Субҳон аст.

Шуъуни мухталифи рубубиятро метавон ба ду дастаи куллӣ тақсим кард:

1. Рубубияти таквинӣ, ки шомили идораи умури ҳамаи мавҷудот ва таъмини ниёзмандиҳои онҳо ва дар як калима “коргардонии ҷаҳон” мешавад;

2. Рубубияти ташреъӣ, ки ихтисос ба мавҷудоти мухтор дорад ва шомили масоиле аз қабили фиристодани паёмбарон, нозил кардани китобҳои осмонӣ, таъйини вазифаҳо ва таклифҳо ва вазъи аҳком ва қонунҳо мегардад.

Ҳосил он ки: рубубияти илоҳӣ ба ин маъност, ки махлуқот дар ҳамаи шуъуни вуҷудӣ вобаста ба Худои Мутаъол ҳастанд. Ва ҳатто вобастагиҳое, ки ба якдигар доранд, саранҷом ба вобастагии ҳамаи онҳо ба офаринанда поён меёбад. Чун ӯст, ки баъзе аз офаридагонро ба василаи баъзеи дигар идора мекунад ва рӯзихоронро ба василаи рӯзиҳое, ки меофаринад рӯзӣ медиҳад ва мавҷудоти мухторро бо васоили дарунӣ (монанди ақл ва дигар нерӯҳои идрокӣ) ва бо васоили берунӣ (монанди паёмбарон ва китобҳои осмонӣ) ҳидоят мекунад ва барои мукаллафон аҳком ва қонунҳое мегузорад ва вазифаҳо ва таклифҳое таъйин мекунад.

Қудрат

Дар мавриди фоъиле, ки кори худро бо ирода ва ихтиёри хеш анҷом медиҳад, гуфта мешавад, ки нисбат ба кори худаш “қудрат” дорад. Пас, “қодир” ё “қадир” фоъилест, ки бо ирода ва ихтиёри хеш метавонад кореро, ки мумкин аст анҷом диҳад. (5) Ин сифат, ки аз сифоти зотии Худои Субҳон ба шумор меравад, дар мавриди зоти комил ва бепоёни ӯ, ба наҳви номаҳдуде собит аст:

إِنَّ اللَّه عَلَى كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ

Ҳамоно Худо бар ҳар чизе қадир (тавоно) аст.” (6)

Дар инҷо бояд чанд нуктаро хотирнишон кунем:

1. Коре, ки қудрат ба он таъаллуқ мегирад, бояд имкони анҷом ёфтан дошта бошад. Пас, чизе ки зотан маҳол ё ба дунболоварандаи маҳол бошад, мавриди таъаллуқи қудрат воқеъ намешавад. Ва қудрат доштани Худо бар ҳар коре, ба ин маъно нест, ки масалан битавонад худои дигареро биёфаринад (зеро Худо офариданӣ нест), ё битавонад адади 2-ро бо фарзи 2 будан, аз адади 3 бузургтар кунад, ё фарзандеро бо фарзи фарзанд будан, қабл аз падараш халқ кунад.

Яке аз шубҳаҳое, ки баъзе аз масеҳиён — вақте ба онҳо гуфта шавад, ки чӣ хел мешавад, ки ҳазрати Исо (а) дар як замон ҳам падар (Худо) бошад ва ҳам писар ва ҳам Руҳи қудс? — барои мусалмонон дар мақоми посух ба ин суол матраҳ мекунанд ин аст, ки мегӯянд: магар шумо мусалмонон намегӯед, ки Худо қодир ва тавоно бар ҳар корест? Агар чунин аст, пас Худо ба анҷоми чунин коре қодир аст.

Вале ин ҷавоб дорад. Ҷавоби он ин аст, ки оре, Худо қодир бар ҳар корест, вале коре, ки мавриди таъаллуқи қудрати ӯ қарор мегирад, бояд кори маҳол набошад. Ҳам Худо ва ҳам писар ва ҳам Руҳи қудс будан дар як замон, корест маҳол ва маҳол буданаш ҳатто барои як кӯдаки хурдсоле ҳам равшан аст.

2. Лозимаи қудрат доштан бар ҳар коре ин нест, ки ҳамаи онҳоро анҷом диҳад, балки Худои Ҳаким ҷуз кори шоиста ва ҳакимонаро намехоҳад ва анҷом намедиҳад, ҳарчанд қудрат бар анҷоми корҳои зишт ва нописанд ҳам дорад.

Идома дорад

* * *

Поварақӣ:

(1) Борӣ (ки исми фоъил аст аз феъли “برأ) ба маънои касест, ки чизеро аз адам ба вуҷуд биёварад. “Борӣ” аз исмҳои Худованд аст.

(2) Рубубият”, яъне парвардигорӣ ва “Раб”, ки дар форсӣ ба он павардигор мегӯянд, ба маънои моликест, ки тадбири амри чизеро, ки дар зердасташ ҳаст, дар ихтиёр дорад. Ва “марбуб”, яъне касе, ки парвариш мешавад.

(3) Сураи Шӯро, ояти 11.

(4) Вожаи мутакаллим ба касе гуфта мешавад, ки тахассус дар илми калом дошта бошад. Ва вазифаи мутакаллим табйин ва исботи эътиқодоти динист ва низ вазифаи дигаре, ки мутакаллим дорад, дифоъ аз дин дар баробари шубаҳотест, ки бар он ворид мешавад.

(5) Мурод аз “кореро, ки мумкин аст”, он аст, ки шудани он кор, ба худии худ маҳол набошад. Тавзеҳаш дар поёни ҳамин баҳс хоҳад омад.

(6) Сураи Бақара, ояти 20.

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия

Реклама


Рубрики:Ақоиди исломӣ, Ислом

Метки: , , , , , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: