Шарҳи Маснавӣ (141)

Қиссаи ҳудҳуд ва Сулаймон алайҳиссалом дар баёни он ки чун қазо ояд, чашмҳои равшан баста шавад (1)

* * *

Хулосаи достон

Ҳангоме ки барои ҳазрати Сулаймон (а) хаймаи додгарӣ барпо карданд, ҳамаи парандагон ба ҳузури ӯ омаданд. Ҳар кадом аз парандагон дар маҳзари паёмбари карим аз ҳунар ва кордонии худ шаммае мегуфт, ва ин ситоиш аз рӯйи худбинӣ набуд. То ин ки навбат ба ҳудҳуд расид. Ва ӯ гуфт, ки ҳунари ман ин аст, ки дар авҷи осмон обҳоро дар зери замин мебинам ва ба сарчашма ва ранги он огоҳӣ меёбам; аз ин рӯ, барои лашкаргоҳ ва ниёзе, ки лашкариён ба об доранд, маро ҳамроҳи худ ба сафар бибар, то машориби обро ба онҳо нишон диҳам. Сулаймон (а) низ ба ҳамроҳии ӯ мувофиқат кард.

Дар ин ҳангом зоғ, ки оташи ҳасадаш тез шуда буд, рӯй ба Сулаймон кард ва гуфт: эй подшоҳ! Ин ҳудҳуд лоф мезанад ва суханаш бар асосе нест. Зеро агар ин паранда дорои чунин хоссияте бошад, пас чаро домро дар зери муште хок надид? Ҳудҳуд дар мақоми посух гуфт: агар дурӯғ мегӯям, сарамро аз танам ҷудо кун, ки ман дар авҷи осмон домро дар зери хок бинам, ба шарти он ки қазои илоҳӣ дидагони ақламро набандад.

* * *

Манбаи ин қисса ривоятест, ки дар “Қасасул-анбиё”-и Саълабӣ (с.262) ба ихтисор омада ва тафсили он низ дар китоби “Насруд-дурр” Аз Абӯсаъд нақл шудааст. Ҳамин ҳикоят ба сурате дигар вале бо ҳифзи натиҷа, дар “Синдбоднома” ва дар “Ҷавомеъул-ҳикоёт” нақл шудааст, бад-ин гуна: “Овардаанд, ки вақте ҳудҳуде дар саҳро мепарид, кӯдакеро дид, ки фахе (талае) бар замин мениҳод. Гуфт: чӣ мекунӣ? Хост гӯяд, ки дом ниҳодаам, то мурғ гирам, (вале) гуфт: фахе ниҳодаам, то ҳудҳуд гирам. Гуфт: ту кай тавонӣ гирифт, ки дидам ва донистам? Ин бигуфт ва барпарид ва бар сари дарахте соате биншаст ва фаромӯш кард. Он ҳол ки кӯдак хок бар фах ва дона бар сари замин бигузошт ва аз дур бирафт ва пинҳон шуд, ҳудҳуд биёмад ва дона дид ва фах надид. Қасди дона кард ва фах дар гардани ӯ муҳкам шуд. Кӯдак биёмад ва гуфт: намегуфтӣ, ки маро натавонӣ гирифт, ки ман дидам, ки ту чӣ мекунӣ? Гуфт: оре, дер аст. То гуфтаанд:

اذا جاء القضاء عمي البصر

(Ҳар гоҳ қазо ояд, чашм нобино гардад.)” (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.401-402)

* * *

Дар абёти пешин гуфта омад, ки вақте қаҳр ва қазои илоҳӣ даррасид, идрокоти одамӣ аз кор биафтад ва чашми бинои ӯ баста гардад ва бо пойи худ ба коми бало равад. Ҳудҳуд тамсили зираконе аст, ки ба ҳукми қазои илоҳӣ, аз биноӣ ва зиракии худ биафтанд ва ба доми қазо афтанд. Албатта Мавлоно бо зеҳни ҷаввол ва фикри наққоди худ дар ин ҳикоят дахлу тасарруфоте кардааст. Ҳамон тавр ки возеҳ аст, ҳикоятҳо ва тамсилҳо дар назди Мавлоно фақат паймонаи интиқоли мақсуд асту бас.

* * *

Чун Сулаймонро саропарда заданд,

Пеши ӯ мурғон ба хидмат омаданд.

Ҳангоме ки барои ҳазрати Сулаймон (а) хаймаи додгарӣ барпо карданд, тамоми парандагон ба ҳузури ӯ омаданд.

Саропарда: хаймаи бузурги подшоҳӣ.

Ҳамзабону маҳрами худ ёфтанд,

Пеши ӯ як-як ба ҷон биштофтанд.

Аз он рӯ, ки парандагон ҳазрати Сулаймонро ҳамзабон ва маҳрами худ ёфтанд, як ба як бо дилу ҷон ба хидмати он паёмбари карим шитофтанд.

Нукта: Ин байт ва ду байти баъдӣ нозир аст ба ривояти Ваҳби Мунаббиҳ, ки гӯяд: “Сулаймон майдоне сохта буд чаҳор фарсанг дар чаҳор фарсанг ва тахте фарсанге дар фарсанге ва шодурвоне (хаймае) фармуд болои он тахт аз зару сим бофта, гирд бар гирд ба марворид бофта, он гоҳ мурғон биёмадандӣ аз ҳар ҷинсе ҳафтот, пар дар пар бофтандӣ чунон ки тахти вай ҳама соя доштандӣ.” (“Қасасул-анбиё” ба нақл аз шарҳи Фурӯзонфар)

Ҷумла мурғон тарк карда чик-чик,

Бо Сулаймон гашта “афсаҳ мин ахик.”

Ҳамаи парандагон вақте ба ҳузури Сулаймон (а) расиданд, ҷик-ҷики гунг ва мубҳами худро тарк карданд ва он чӣ дар замир доштанд, бо забоне бисёр гӯё барои ҳазрати Сулаймон (а) баён доштанд.

Афсаҳ мин ахик”: гӯётар аз бародарат.

Ҳамзабонӣ хешиву пайвандӣ аст,

Мард бо номаҳрамон чун бандӣ аст.

Ҳамзабон будан сабаби хешовандӣ ва қаробат аст. Инсон бо номаҳрамон монанди касе аст, ки дар банду занҷир асир шудааст.

Пайвандӣ: исми масдар аст аз пайванд ба маънои пайваста ва хешованд. Пайванд ба маънои пайвастагӣ ва хешовандӣ низ омадааст.

Нукта: Дар инҷо ва байти баъдӣ мурод аз “ҳамзабонӣ” ҳамдилӣ ва таносуби руҳӣ аст. Инсон нисбат ба афроди номаҳрам ва ғайриҳамдил гӯӣ ки ба қайду банде муҳкам гирифтор омадааст. Вале аз онҷо, ки асли қаробат ва маҳрамият аз ошноӣ ва ҳамбастагии дилҳо ҳосил меояд, чӣ бисёр авқот, ки ду нафар зоҳиран ҳамзабон нестанд, вале ҳамдилӣ доранд ва якдигарро ҷазб мекунанд. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.403)

Эй басо ҳиндуву турки ҳамзабон,

Эй басо ду турк чун бегонагон.

Ба унвони мисол: эй басо як ҳиндӣ ва як турк ҳамзабон (ҳамдил) бошанд ва руҳу ҷонашон якдигарро ҷазб кунад. Ва эй басо ду нафар турк, ки зоҳиран ҳамзабонанд, якдигарро дафъ кунанд ва нисбат ба ҳам бегонагӣ изҳор намоянд.

Пас, забони маҳрамӣ худ дигар аст,

Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст.

Пас, натиҷа мегирем, ки маҳрам шудани ду нафар бо ҳам ва забони дили якдигарро дарёфтан ва ба асрори ботини ҳам воқиф шудан, навъи дигаре аз хешовандӣ аст. Беҳтарин навъи хешовандӣ ҳамоно ҳамдилӣ аст, ба далели он ки ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар ва болотар аст.

Нукта: Мавлоно дар яке аз осори мансури худ ҳикояте нақл мекунад, ки дар воқеъ шарҳи ин чанд байт аст. Мазмуни он ҳикоят бад-ин қарор аст: шоире тозизабон ба боргоҳи подшоҳе туркзабон меравад ва дар мадҳи ӯ ашъоре ба арабӣ мехонад ва он шоҳ низ бо шунидани ҳар байт аксуламали муносиб аз худ нишон медиҳад. Ин масъала сабаби таъаҷҷуби ҳуззор мешавад ва аз худ мепурсанд, чӣ гуна мумкин аст шоҳе, ки арабӣ намедонад, ба мавқеъ аксуламали муносиб ва мутобиқ бо мазмуни ашъор аз худ нишон диҳад?! Сипас Мавлоно натиҷа мегирад, ки “пас маълум шуд, ки асл мақсуд аст. Он шеър фаръи мақсуд аст, ки агар он мақсуд набудӣ, он шеър нагуфтӣ.” (Фиҳӣ мо фиҳӣ, с.22 ба нақл аз Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.404)

Ғайри нутқу ғайри имову сиҷил

Садҳазорон тарҷумон хезад зи дил.

Бе он ки сухане гуфта шавад ва ишорате ва навиштае дар кор бошад, садҳо ҳазор нутқу баён аз дили одамӣ ба зуҳур мерасад.

Имо: ишорат кардан. Сиҷил: дар инҷо ба маънии мутлақи навишта.

Мавлоно пас аз баёни нукоте дақиқ дар аҳаммияти ҳамзабонӣ ва ҳамдилӣ, ба ҳикояти ҳудҳуд ва Сулаймон бозмегардад.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: