Ирфони Ҳофиз (2)

(Силсиласуханрониҳои Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ, қисмати 2)

Оё Ҳофиз ориф буда?

Баҳс дар бораи “Ирфони Ҳофиз”, ки мо унвон кардаем, мафҳумаш ин аст, ки мо ҳатман Ҳофизро як марди ориф фарз кардаем, он гоҳ дар чигунагии ирфони Ҳофиз баҳс мекунем, ки ирфони амалии Ҳофиз дар чӣ ҳадду мартиба аст ва ирфони назарии Ҳофиз чӣ гуна аст.

Вале дар асри мо як матлаби ҷадиде ба вуҷуд омада ва худи мо эрониҳо инро ба вуҷуд овардаем. Ва он ин аст, ки аслан оё Ҳофиз воқеан ориф буда ё ориф набуда? Ин аввали ҳарф аст барои эрониҳои имрӯз. Шумо агар аксари қариб ба иттифоқи мақолоте, ки имрӯз дар ҷароид, маҷаллот, рӯзномаҳои явмия ва ғайри явмия дар бораи Ҳофиз менависанд ва ҳатто китобҳое, ки ахиран дар бораи Ҳофиз навиштаанд, бихонед ва инҳоро миқёси шиносоии Ҳофиз қарор бидиҳед, мебинед Ҳофиз ба ҳар чизе шабеҳ аст ҷуз як ориф. Инро ҳам намешавад сарсарӣ гирифт ва гуфт бехуд гуфтаанд. Шояд ҳам воқеан ин ҷур бошад ва Ҳофиз воқеан ориф набуда ва бехуд бо як силсила таъвилот омадаанд ӯро ба сурати як ориф ҷилва додаанд.

Воқеъ матлаб чист? Оё Ҳофиз як марди орифе буда ё набуда? Имрӯз ағлаб Ҳофизро ба сурате мунъакис мекунанд, ки ҳеч намешавад номи ориф рӯйи ӯ гузошт. Ирфон ҳам, ки як амри ихтироъии имрӯзӣ нест, (балки) як ҷараёнест, ки беш аз ҳазор сол дар ҳамон давраи исломӣ аз он мегузарад. Оё Ҳофиз аз типи Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ масалан буда ё набудааст?

Иддае асосан ин матлабро сахт инкор доранд ва лоақал қабул надоранд ё машкук медонанд, ки мо Ҳофизро як марди орифи воқеӣ бидонем. Ҳоло мо бояд бибинем, ки Ҳофиз кист? Аввал бояд бифаҳмем Ҳофиз кист? Оё метавонем Ҳофизро аз аввал ба сурати як ориф қабул кунем? Агар натавонистем, дар ҳамин марҳила таваққуф мекунем. Агар тавонистем, он гоҳ меравем бибинем ирфонаш чӣ гуна ирфонест.

Барои шинохтани Ҳофиз, мо ду манбаъ дорем, ки ин ду манбаъ метавонанд кӯмаки якдигар бошанд. Яке торих аст. Торихи Ҳофиз Ҳофизро чӣ гуна муаррифӣ мекунад? Яъне он миқдоре, ки Ҳофиз дар торихҳои муосири худаш омадааст ва ба забони мардуме, ки дар он замон ё наздик ба он замон будаанд (чун ҳар касе дар замони наздик ба худаш ҳам беҳтар шинохтааст, то касе ки 700 ё 800 сол аз ӯ гузаштааст) Ҳофиз чӣ гуна шинохта мешудааст ва чӣ гуна шахсе буда ва чӣ шахсияте доштааст.

Ва дуввум, худи девонаш; аз роҳи девонаш бибинем Ҳофиз чӣ гуна будааст. Мардро аз роҳи суханаш мешиносанд: “Алмаръу махбуъун таҳта лисониҳи.” Каломи Амирул-муъминин аст: “Инсон дар зери забонаш пинҳон аст.” Инсон ҳар кор бихоҳад бикунад, ки худашро махфӣ кунад ва парда рӯйи забони худаш бикашад, хиёл намекунам сад дар сад битавонад. Ба ҳар ҳол як манбаи дигар, девон аст.

Ин ҳар ду, манбаи хубест барои шиносоии Ҳофиз. Дар баъзе қисматҳо, мумкин аст ҳар ду тавофуқ дошта бошанд. Дар баъзе қисматҳо, аз торихи Ҳофиз як чизҳое — ки албатта бештар марбут ба ҷузъиёти зиндагии ӯст — мешавад фаҳмид, ки аз девонаш намешавад фаҳмид. Як чизҳоеро ҳам аз девонаш мешавад фаҳмид, ки аз торихаш намешавад фаҳмид. Масалан, авҷи ирфони Ҳофизро дигар торих наметавонад баён кунад. Яъне, касе ки “шарҳи ҳолнавис” буда, наметавонад авҷи ирфони Ҳофизро баён кунад ва қаҳран торих ҳам дар ин қисмат сукут кардааст.

Ҳофиз аз нигоҳи торих

Ҳофизро дар замони худаш чӣ гуна шахсе мешинохтаанд? Иттифоқан, Ҳофиз дар замони худаш ба гунае шинохта мешудааст, ки ҷанбаҳои дигараш, ҳам бар ҷанбаи шоириаш ғалаба доштааст, ҳам бар ҷанбаи ориф будан ва дарвеш будан. Яъне ӯро ба сурати як шоири ҳирфаӣ намешинохтаанд ва Ҳофиз ҳам зиёд шеър нагуфтааст.

Шеърҳое, ки воқеан аз Ҳофиз аст ва мешавад собит кард, ки аз ӯст, бар айёми умри Ҳофиз, ки тақсим кардаанд — як вақте оқои Муҳити Таботабоӣ инро баён мекард — шояд дар моҳ як ғазал гуфта бошад. Ӯ ғайр аз шоирҳои дигаре мисли Низомӣ ё Фирдавсӣ ва ҳатто Мавлавӣ аст. Инҳо ба шоир будан дар замони худашон бештар шинохта мешудаанд. Албатта шеъри Ҳофиз бо ҳамаи камӣ, дар ҳамон замони худаш шӯҳрат пайдо карда ва на танҳо аз дарвозаҳои Шероз берун рафта, балки аз дарвозаҳои Эрон берун рафтааст. Вале ба ҳар ҳол, шеъри зиёд нагуфта ва дар замони худаш ҳам ба номи як шоир маъруф набуда, ҳамчунон ки дар замони худаш ба унвони як дарвеш ва як сӯфии ҳирфаӣ ҳам маъруф набудааст.

Мутасаввифа мардуми пинҳоне набудаанд, силсилаҳо ва риштаҳо доштаанд, устодҳояшон ҳама мушаххас буда, ин шайхаш он буда, он шайхаш он дигаре буда, ки силсилаҳои сӯфияро навиштаанд. Ва ба илова, шумо мебинед, ки инҳо ағлаб дар либос ва дар “зий” (ҳамон либос) бо дигарон тафовут доштаанд; кулоҳашон кулоҳи махсусе буда ва дар асрҳои ахир кашкул ва табарзин ва ин ҷур чизҳо буда, сар наметарошидаанд, ба қавли худи Ҳофиз “На ҳар ки сар битарошад, қаландарӣ донад.” Зоҳиран Ҳофиз ҳатто зийи тасаввуф ҳам надошта; агарчи гоҳе дар таъбироти худаш масалан мегӯяд: “Ҳофиз, ин хирқаи пашмина бияндозу бирав!”, вале инҳо далел намешавад, ки воқеан Ҳофиз амалан ҳам хирқаи пашмина мепӯшидааст. Ин “хирқаи пашмина” ҳам, ки лафзаш омада, мисли хеле алфози дигари Ҳофиз аст, ки баъд рӯйи он баҳс мекунем. Инро ман сад дар сад нафй намекунам, ки Ҳофиз дар зийи аҳли тасаввуф буда, вале то онҷо, ки мутолеа кардаам, қаринае ба даст наомадааст, ки дар зийи аҳли тасаввуф буда ва балки қароин бар хилоф аст. Ва ҳатто бо ин ки ин мард дар девони худаш такяи зиёд дорад, ки бе “далели роҳ” — яъне бе мураббӣ, он ки мутасаввифа ӯро “муршид” ва аҳёнан “шайх” ва “устод” мегӯянд — (набояд тайи тариқ кард ва) такяи аҷиб дорад, ки касе бидуни устод ва мураббӣ маҳол аст, ки ин роҳро битавонад тай кунад:

Қатъ ин марҳила бе ҳамраҳии Хизр макун,

Зулумот аст битарс аз хатари гумроҳӣ.

… бо ин ҳама такяе, ки ин мард рӯйи ин амр дорад, як нафар ҳанӯз натавониста нишон диҳад, ки муршиди ӯ чӣ касе буда. Мусаллам муршид дошта, вале (мушаххас ) нест. Маълум аст, ки мураббии ӯ аз ин тип машойихи маъруфи сӯфия ва аз ин силсилаҳои маъруфи мутасаввифа набуда. Ва ба таври куллӣ, тасаввуфи шиъӣ аз тасаввуфи суннӣ ин имтиёзро дорад, ки ин силсилаҳо ва ин ташрифот бештар моли мутасаввифаи аҳли тасаннун аст ва мутасаввифаи шиъа, ҳам амиқтар аз мутасаввифаи аҳли тасаннунанд ва ҳам камтар аҳли ин ҳарфҳо ҳастанд, ки шайх ва устод матраҳ бошад ва устодашонро нишон бидиҳанд. Басо ҳаст, ки инҳоро дар замони худашон ҳеч кас намешинохтааст, ки дорои олитарин мақомоти ирфон ҳастанд; ҳатто ҳамсояи хонааш, занаш, баччааш, шогирдонаш намедонистаанд, ки ин болотарин мақомоти ирфонро дорад. Вале воқеан дошта, фақат ҳамон муаллими хоссаш ӯро мешинохта, аз ғайри ӯ ҳамеша пинҳон буда. Ва ман як қаринае ҳам пайдо кардаам, ки баъдан иншоаллоҳ хоҳам гуфт.

Ҳофиз як муддате кӯшиш карда, ки ба эҳтимоми худаш, яъне бидуни устод ва муаллим ва мураббӣ ин роҳро тай кунад. Баъд, ки солҳо заҳмат мекашад ва хуни ҷигар мехӯрад ва ҳатто ба як силсила мукошафот ноил мешавад, мерасад ба онҷо, ки на, бидуни “далели роҳ” имкон надорад. Мегӯяд, ки чунин кардем ва нашуд, чунон кардем нашуд, охираш мегӯяд, ки бидуни далели роҳ эҳтимом кардем ва нашуд. Маълум мешавад, муддате ин ҷур буда, вале баъд мусаллам далели роҳ пайдо кардааст.

Хуб, ин ҳам худаш як қаринае аст, ки Ҳофиз агар як касе мебуд, ки дар замони худаш хирқае дошт ва кулоҳи туркӣ ва аз ин ҳарфҳо, мусаллам шайхаш ҳам маъруф ва шинохта буд ва мегуфтанд (ӯ шогирди фалон шайх будааст.)

Касоне, ки Ҳофизро дар замони худаш ё наздик ба замони худаш тавсиф карда ва алқобе барояш зикр кардаанд, на лақаби шоирӣ ба ӯ додаанд ва на лақаби ирфонӣ, балки гӯӣ аслан як фақеҳеро, як ҳакимеро, як адиберо доранд таъриф мекунанд. Тамоми ановин ҳаст ҷуз ин гуна ановин.

Албатта ин нуктаро дигарон таваҷҷӯҳ кардаанд. Марҳум Шайх Муҳаммадхони Қазвинӣ дар муқаддимае, ки бар девони Ҳофиз навишта ин нуктаро зикр кардааст. Медонед, ки девони Ҳофизро аввал бор шахсе аз муосирон (-и Ҳофиз) ва зоҳиран аз ҳамшогирдҳои Ҳофиз — ки назди устодҳое ҳамин дуруси зоҳирӣ яъне ҳикмат, калом, мантиқ ва тафсирро мехондаанд — баъд аз вафоти Ҳофиз ҷамъ карда. Исмашро дар баъзе аз чопҳо ба номи Муҳаммади Гуландом навиштаанд, вале Қазвинӣ ва дигарон мегӯянд, ин исм дар нусхаҳои мутааххиртар изофа шуда ва дар он нусхаҳои хеле қадимӣ исми Муҳаммади Гуландом нест. Вале маълум аст, ки яке аз муосирони Ҳофиз аст. Ва он муосир мегӯяд: ғолибан устоди мо Қивомуддин Абдуллоҳ (яке аз устодҳояшон) ба Ҳофиз исрор мекард, ки ин шеърҳоро ҷамъ кун, ҳайф аст ин шеърҳо аз байн биравад! Ва Ҳофиз таъаллул мекард (мисли ин ки як ҳолати ирфонӣ ба ӯ иҷоза намедода инҳоро ҷамъ кунад), то дар соли 792 вафот ёфт. Баъд аз вафоташ, мо омадем шеърҳоро ҷамъ кардем. Ин мард, ки ҳамшогирдии Ҳофиз будааст, вақте ки аз Ҳофиз ном мебарад, ба ин ановин ном мебарад:

Зоти мулки сифот, мавлоно ал-аъзам, ас-саъид, ал-марҳум, аш-шаҳид (мақсуд, шаҳиди ирфон ва ишқ аст), мафхарул-уламо, устоду наҳоририл-удабо, маъдинул-латоиф ар-руҳия, махзанул-маъориф ас-субҳония, шамсул-миллати вад-дин, Муҳаммад ал-Ҳофиз аш-Широзӣ.”

На як унвони ирфонӣ дорад, на як унвони шеърӣ. Баъд ҳам мегӯяд: “Тайябаллоҳу турбатаҳу ва рафаъа фи оламил-қудси рутбатаҳу!” Гӯӣ як фақеҳеро дорад тавсиф мекунад.

Боз марҳум Қазвинӣ мегӯяд, ки як нусха аз девони Ҳофиз, ки як котибе, ки ё хеле наздик ба замони Ҳофиз буда ва ё муосираш буда истинсох кардааст. Дар охир, ки аз ин мард ёд карда, ба ин ановин ёд кардааст:

Тамма дивонул-мавло ал-олим ал-фозил, маликул-қурро ва афзалул-мутааххирин, шамсул-миллати вад-дин, мавлоно Муҳаммад ал-Ҳофиз равваҳаллоҳу руҳа ва авсала футуҳаҳу ва наввара марқадаҳ!

Марҳум Қазвинӣ мегӯяд:

Аз алқоб ва нуъуте (сифоте), ки ин котиби бисёр наздик ба асри Хоҷа ва шояд муосири Хоҷа дар ҳаққи ӯ нигошта, бидуни ин ки ҳеч иборате дигар долл бар ин ки вай аз машоҳири урафо ва сӯфияи асри худ буда — аз қабили қутбус-соликин, фахрул-мутааллиҳин, зухрул-авлиё, шамсул-урафо, орифи маъорифи лорайбӣ, воқифи мавоқифи асрори ғайбӣ ва амсоли золик, ки дар нусхаҳои ҷадида маъмулан бар исми ӯ меафзоянд — дар ҳаққи ӯ истеъмол карда бошад, шояд битавон истинбот кард, ки Хоҷа дар асри худ бештар аз зумраи уламо ва фузало ва донишмандон ба қалам мерафта, то аз фирқаи урафо ва сӯфия. Яъне ҷанбаи илм ва фазл ва адаби ӯ бар ҷанбаи ирфон ва тасаввуфи ӯ ғалаба дошта. Ва илова бар ин, аз наъти “маликул-қурро”, ки котиб дар ҳаққи ӯ истеъмол карда, ба наҳви вузуҳ маълум мешавад, ки Хоҷа аз машоҳири қориёни асри худ маҳсуб мешуда ва ба ҳамин симат махсусан дар замони худ машҳур буда ва ин байти ӯ, ки гӯяд:

Ишқат расад ба фарёд, ар худ ба сони Ҳофиз,

Қуръон зи бар бихонӣ бо чордаҳ ривоят.

… дар ҳаққи ӯ содиқ ва ба ҳеч ваҷҳ ин гуна тасреҳоти ӯ аз қабили иғроқ ва муболиғаи шоирона набудааст ва тахаллуси “Ҳофиз” (яъне ҳофизи Қуръон) ба куллӣ исми бо мусаммо ва сифати боризи ӯ будааст.

Ман аз девони Ҳофиз ду нусха бештар надорам. Яке нусхаи марҳум Қазвинӣ, ва дигар нусхае, ки оқои Сайид Абулқосими Анҷавии Шерозӣ ахиран чоп карда ва ҷузъи нусхаҳои хуби Ҳофиз аст. Албатта ин ду метавонанд ҷомеъ бошанд, аз назари ин ки марҳум Қазвинӣ такяаш бештар бар нусхаҳои қадим аст ва ба завқу ин ҳарфҳо ҳеч эътимод надорад, ва оқои Анҷавии Шерозӣ ва типаш афроде ҳастанд, ки хеле ба нусхаҳои қадима эътиное надоранд, мегӯянд мо ҳар шеъре ҳам, ки дар девонҳое мансуб бошад, агар бибинем ба типи шеъри Ҳофиз мехӯрад, қабул мекунем.

Ҳофиз муаллими расмӣ ҳам зиёд дошта. Яке аз устодҳояш Мир Сайид Шарифи Ҷурҷонии маъруф аст.

Дар муқаддимаи Ҳофизи Анҷавӣ аз “Ҳофизи ширинсухан”-и марҳум дуктур Муъин нақл мекунад:

Ҳар гоҳ дар маҷлиси дарси Мир Сайид Шариф — Алломаи Гургонӣ, шеър хонда мешуд, мегуфт, ба ивази ин турраҳот, ба фалсафа ва ҳикмат бипардозед, аммо чун Шамсуддин Муҳаммад мерасид, Алломаи Гургонӣ мепурсид, бар шумо чӣ илҳом шудааст? Ғазали худро бихонед. Шогирдони Аллома ба вай эътироз мекарданд, ин чӣ розест, ки моро аз сурудани шеър манъ мекунӣ, вале ба шунидани шеъри Ҳофиз рағбат нишон медиҳӣ? Устод дар посух мегуфт: шеъри Ҳофиз ҳама илҳомот ва ҳадиси қудсӣ ва латоифи ҳикамӣ ва нукоти қуръонӣ аст.”

“Латоифи ҳикамӣ бо нукоти қуръонӣ” таъбири худи Ҳофиз аст, ки мегӯяд, он чӣ ман мегӯям, латоифи ҳикамӣ аст бо нукоти қуръонӣ. Ин ҷумлаи Мир Сайид Шариф дар воқеъ аз худи Ҳофиз гирифта шуда.

Маълум мешавад, ки ҳатто дар замоне ки Ҳофиз ҳанӯз ҷавон ва шогирди Мир Сайид Шариф буда, талаққии афроде назири Мир Сайид Шариф аз Ҳофиз дар ин ҳадд будааст.

Ёдам нест ман дар куҷо хондам, ки ин лақаби “лисонулғайб”-ро, ки ба Ҳофиз додаанд, моли асрҳои мутааххир нест, аз ҳамон замонҳои қадим ба ӯ “лисонулғайб” мегӯянд.

Агар ин ҳарф дуруст бошад, қаринаи дигарест, ки ин мард аз ҳамон замони худаш ба унвони як марди орифи аҳли маъно (шинохта мешуда), ба тавре ки асосан ӯро забони ғайб медонистаанд. Яъне ин ҷур фикр мекарданд, ки ин шеърҳоро, ки ӯ суруда, ӯ набуда ба унвони як башар, ки бисарояд, балки аз ғайб ба забони ӯ ҷорӣ мешудааст. Чунин эътиқоде доштанд.

Аз торихи Ҳофиз, ҳар чӣ ки мо мутолеа кунем, ин матлаб равшан мешавад, ки Ҳофиз як марде буда дар зийи уламо ва албатта дар айни ин ки як ориф буда (наздиконаш ӯро ба сурати як ориф мешинохтаанд, аммо на ба сурати як дарвеш ва сӯфии ҳирфаӣ, балки) бештар ба унвони як олим маъруф будааст. Он Муҳаммади Гуландом ҳам вақте мехоҳад узр биёварад барои ин ки Ҳофиз худаш фурсат накард ва нахост (девонашро ҷамъ кунад), мегӯяд: “Ин қадр машғули мутолеаи кутуби давовини араб ва Кашшоф ва Мифтоҳ ва Мисбоҳ ва… буд, ки фурсат надошт.” Гӯӣ касе (мисли) марҳум Мирзо Муҳаммадтақии Шерозиро васф мекунад. Марҳум Мирзо Муҳаммадтақии Шерозӣ – аълаллоҳу мақомаҳ! — муҷтаҳид ва марҷаъи тақлид, аз шуарои бисёр забардаст аст, хеле ҳам хуб шеър мегӯяд, вале хеле кам шеър гуфта. Ҳоло касе бигӯяд оқои Мирзо Муҳаммадтақӣ девонашонро ҷамъ кардаанд ё на? Одам мегӯяд, эшон он қадр машғала дошт, ки дигар намерасид биёяд девонашро ҷамъ кунад. Дар бораи Ҳофиз ин ҷур фикр мекарданд, ки ин қадр машғалаи илмӣ дошт, ки худаш дигар намерасид биёяд шеърҳояшро ҷамъ кунад.

Пас чеҳраи Ҳофиз дар торих ба ин шакл мунъакис аст.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Ирфони Ҳофиз



Рубрики:Ирфони амалӣ, Ирфони назарӣ

Метки: , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: