Фалсафа ва равиши реализм (49)

Пайдоиши касрат дар идрокот (4)

Муқаддима (4)

Дар хотимаи ин муқаддима аз баёни чанд нукта ногузирем:

1. Ихтилофи назаре, ки дар масъалаи “роҳи ҳусули илм” байни уламои шарқу ғарб ва ҳиссиву ақлӣ ҳаст, марбут ба илмҳо ва идрокоти тасаввурӣ яъне тасаввурҳои соддаи ибтидоӣ (холӣ аз ҳукм) аст, ки оризи зеҳн мешавад, аз қабили тасаввури сафедӣ, сиёҳӣ, гармӣ, сардӣ, хат, сатҳ, вуҷуд, ваҳдат, касрат ва ғайра… Ва аммо илмҳои тасдиқӣ яъне ҳукмҳои зеҳнӣ, ки он тасаввуротро ба якдигар пайванд медиҳад ва васлу фасл мекунад — аз қабили “сафедӣ ғайр аз сиёҳӣ аст” ё “хат оризи сатҳ аст” ё “вуҷуд мусовӣ бо ваҳдат аст” ва ғайра… — равшан аст, ки аз мавриди низоъ хориҷ аст; зеро худи ҳукм сирфан як навъ фаъолияти (кори) зеҳнӣ аст ва ҳаргиз наметавон иддаъо кард, ки ҳукм аз маҷрои яке аз ҳавосс вориди зеҳн шудааст. Ва ҳамчунин нисбат ва робита байни маҳмул ва мавзӯъ дар хориҷ, ки ҳукм нозир ба он аст, маъно надорад, ки аз маҷрои яке аз ҳавосс вориди зеҳн шуда бошад; зеро нисбат дар хориҷ воқеияте ҷудо аз воқеияти тарафайн (мавзӯъ ва маҳмул) надорад ва он чӣ аз роҳи ҳавосс вориди зеҳн мешавад иборат аст аз суратҳои воқеиёте, ки дар асари тамоси вижаи он воқеиёт бо олоти ҳиссия, дар зеҳн падид омадааст.

Ҳукм, фаъолият (кор) ва қазовати зеҳн аст дар миёни тасаввуроте, ки аз роҳи ҳисс ё роҳҳои дигар вориди зеҳн шудааст. Бар ин асос, ихтилофи назари ҳиссӣ ва ақлӣ — ба тартибе, ки дар боби тасаввурот ҷараён дорад — дар боби тасдиқот ҷараён надорад.

Дар боби тасдиқот ихтилофи назари дигаре метавонад вуҷуд дошта бошад, ва он ин ки:

Тардиде нест, ки порае аз қазоватҳо худ ба худ барои зеҳн ҳосил намешавад. Яъне сирфи тасаввури мавзӯъ ва маҳмул, барои қазовати зеҳн кофӣ нест, авомили дигаре мебоист дахолат кунад, то зеҳн битавонад қазоват кунад. Ва ҳамчунин тардиде нест, ки яке аз авомили омода кардани зеҳн барои қазоватҳои ҷузъӣ, эҳсос аст. (Аз қабили қазоват дар бораи ин ки ин коғазе, ки дар дасти ман аст, сафед аст.) Ва барои қазоватҳои куллӣ ва умумӣ, таҷриба ва озмоиши амалӣ аст, аз қабили тамоми иттилооти илмии мо роҷеъ ба табиат. Масалан: мо ба таври куллӣ ҳукм мекунем, ки “аҷсом дар асари ҳарорат инбисот пайдо мекунанд” ва бадеҳӣ аст, ки агар таҷриба ва озмоиши амалӣ дар кор набуд, зеҳни ҳеч кас ин қазоватро намекард.

Ҳоло бояд дид, оё тамоми қазоватҳои куллӣ ва умумӣ, бо дахолати таҷриба ва озмоиш сурат мегирад ва ё он ки порае аҳком ва қазоватҳо ҳаст, ки бидуни ҳеч омили хориҷӣ сурат мегирад? Яъне танҳо тасаввури мавзӯъ ва маҳмул, барои қазовати зеҳн кофӣ аст? (Бадеҳиёти аввалияи тасдиқия ба истилоҳи мантиқ.) Ва бар фарзи ин ки мо тасдиқоте ғайр аз тасдиқоти таҷрибӣ дошта бошем, оё ибтидо он тасдиқот дар зеҳн вуҷуд пайдо мекунад ва сипас тасдиқоти таҷрибӣ, ё он ки кор баръакс аст?

Дар зимни ин мақола хоҳад омад, ки тасдиқоти таҷрибӣ мутааххир аст аз як силсила тасдиқоти ғайритаҷрибӣ, ва ба илова, тавзеҳ дода хоҳад шуд, ки агар он тасдиқоти ғайритаҷрибиро аз зеҳн бигирем, маҳол ва мумтанеъ аст, ки зеҳн аз роҳи таҷриба ба тасдиқе ноил шавад, ва тамоми тасдиқоти таҷрибӣ муттакӣ аст ба усуле, ки аз ғайри роҳи таҷриба, зеҳн онҳоро тасдиқ кардааст. Ва ба иборати дигар: агар он тасдиқоти моқабли таҷрибаро аз зеҳн бигирем, башар ҳеч гуна илме ба ҳеч чизе, чӣ дар масоили табиӣ ва чӣ дар масоили ғайритабиӣ, наметавонад дошта бошад ва кохи илм ва маълумоти башар якбора вайрон мешавад. Яъне тардид ё инкори он усули ғайритаҷрибӣ, мусовӣ бо суфастоигарӣ аст.

Ғолибан ин ду матлаб, ки яке марбут ба мабҳаси тасаввурот аст ва дигаре марбут ба мабҳаси тасдиқот, бо якдигар иштибоҳ мешавад. Аз ин рӯ, мо ҳарчанд тасаввуроте муқаддам бар тасаввуроти ҳиссӣ надорем, вале тасдиқоти зиёде муқаддам бар тасдиқоти таҷрибӣ дорем. Баён ва тавзеҳи бештари матлаби боло бо таваҷҷӯҳ ба он чӣ донишмандони қадим ва ҷадид дар ин замина гуфтаанд, баъдан хоҳад омад.

2. Мо қаблан назарияи ақлгароён ва назарияи ҳисгароёни ҷадиди Урупоро комилан шарҳ додем ва гуфтем, ки ақлгароён баъзе аз тасаввуротро зотӣ ва фитрии ақл медонанд ва мӯътақиданд, ки он тасаввурот ҳеч гуна истинод ва иртиботе ба ҳис ва маҳсусот надорад. Ва ҳамчунин назарияи Арасту ва донишмандони исломиро роҷеъ ба ақлу ҳисс ва робитаи маъқулот ва маҳсусот иҷмолан баён кардем ва тазаккур додем, ки назарияи ақлӣ ва назарияи ҳиссӣ ба ин сурате ки дар қуруни ҷадида матраҳ шуда бесобиқа аст ва махсусан назарияи ақлӣ, ки мубтанӣ аст бар ин ки баъзе аз тасаввурот фитрӣ ва зотии ақл ва лозими лоянфакки он аст — ки аввалин бор аз тарафи Декорт изҳор шуд — ҳеч собиқа надорад. Вале баъзе аз донишмандон хиёл кардаанд, ки тамоми касоне, ки ба тасаввуроти бадеҳии ақлӣ қоиланд, он тасаввуротро фитрӣ ва зотии ақл медонанд ва аз ин рӯ бисёр дида мешавад, ки Арасту ва Форобӣ ва Ибни Синоро ҷузъи ақлгароён (ба маънои мусталаҳи ҷадиди калима) ба шумор меоваранд. Вале ин гумон ботил аст. Зеро ҳеч лузуме надорад, ки мо “бадеҳиёти тасаввурияи ақлия”-ро фитрӣ ва зотии ақл бидонем, ҳеч монеъе надорад, ки он бадеҳиёт ба тадриҷ барои зеҳн ҳосил шаванд ва зеҳн онҳоро аз тасаввуроти ҳиссӣ интизоъ намояд. Мо иборати Садрулмутааллиҳинро роҷеъ ба ин ки тамоми бадеҳиёти аввалияи ақлия пас аз пайдоиши суратҳои маҳсуса барои зеҳн ҳосил мешавад, қаблан нақл кардем ва ба тафсили бештаре баъдан нақл хоҳем кард ва дар матни мақола кайфияти интизоъи он бадеҳиёт аз суратҳои маҳсуса баён хоҳад шуд.

Марҳуми Фурӯғӣ дар “Сайри ҳикмат дар Урупо” ҳамин иштибоҳ барояш рух дода ва хиёл кардааст, ки тамоми касоне, ки ба бадеҳиёти аввалияи ақлия қоиланд, он бадеҳиётро фитрӣ ва зотии ақл медонанд. Ӯ дар ҷилди севвуми “Сайри ҳикмат дар Урупо” дар муқаддимае, ки бар фалсафаи Фихте (Fichte) навишта ва назарияи ақлийюн ва ҳисгароёнро шарҳ додааст? менависад:

Декорт… монанди пешиниён аз асҳоби ақл муддаъӣ шуд, ки баъзе маълумот ва идроки порае аз ҳақоиқ, дар нафси инсон сиришта шуда ва фитрӣ аст ва хоссияти ақли ӯст ва ба ҳиссу таҷриба бастагӣ надорад.”

Он гоҳ дар поварақӣ тавзеҳ медиҳад: “Шабеҳ ба он чӣ донишмандони мо ба ақли билмалака мунтасаб мекунанд.” Дар ҷоҳои дигари он китоб низ ҳамин иштибоҳ такрор шудааст.

Он чӣ Декорт мӯътақид аст, бо он чӣ пешиниён аз асҳоби ақл гуфтаанд, ба куллӣ мутафовит аст ва махсусан бо он чӣ донишмандони мо ба ақли билмалака мунтасаб мекунанд, кучактарин шабоҳате надорад. Зеро аввалан Декорт он тасаввуротро хоссияти зотии ақл медонад ва муддаъӣ аст, ки ҳамон тавре ки хоссияти зотии ҷисм буъд доштан аст, хоссияти зотии ақл идроки ин мафоҳими фитрӣ аст ва он мафоҳим ба ҳеч чиз бастагӣ надорад, магар ба худи ақл. Вале донишмандони мо мӯътақиданд, ки тамоми маъқулот ба тадриҷ пайдо мешаванд ва аз маҳсусот оғоз мешавад ва тамоми маъқулот ҳатто “бадеҳиёти аввалия” як навъ вобастагӣ ба маҳсусот доранд.

Сониян, назари Декорт ғолибан ба як силсила “тасаввурот” аст, ки худаш ном мебарад ва ӯ мӯътақид аст, ки мо тасаввуроти фитрӣ ва моқабли эҳсос дорем. Вале он чӣ ин донишмандон дар боби ақли билмалака гуфтаанд, нозир ба “тасдиқот” аст, яъне нозир ба ин аст, ки мо тасдиқоти муқаддам бар тасдиқоти таҷрибӣ дорем, ва чунон ки дар нуктаи 1 гуфта шуд, байни ин ду матлаб фарқ бисёр аст.

Ва ҳамин таваҳҳум, ки ҳар кас ба тасаввуроти бадеҳии аввалӣ қоил аст пас мебоист он тасаввуротро фитрӣ ва зотии ақл бидонад мӯҷиб шудааст, ки донишмандон дар бораи Арасту мутаҳайир бимонанд. Баъзе ӯро ҳиссӣ ва баъзе ақлӣ бидонанд ва баъзе дигар ӯро муттаҳам ба тазабзуб кунанд. Зеро дидаанд, Арасту якҷо ба мухолифати Афлотун бархоста ва ҳиссро муқаддам бар ақл, ва идрокоти ҷузъиро муқаддам бар идрокоти куллӣ шумурда. Ва якҷо дар мантиқи хеш аз бадеҳиёти аввалияи ақлия сухан ронда. Ва натавонистаанд дарк кунанд, ки байни ин ду сухан мунофоте нест. Ҳарчанд аз Арасту чизе, ки мақсуди ҳақиқии ӯро баён кунад нақл нашуда, вале мумкин аст, ки бо равише, ки донишмандони исломӣ пеш гирифтаанд, назарияи Арастуро тавҷеҳ кард.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм



Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: