Шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия (11) — Илми азалии Худо

Матни китоб:

خلق الخلق بعلمه، وقدر لهم أقدارا، وضرب لهم آجالا، لم يخف عليه شيء قبل أن يخلقهم وعلم ما هم عاملون قبل أن يخلقهم، وأمرهم بطاعته ونهاهم عن معصيته

* * *

Тарҷума:

(Имом Таҳовӣ (Раҳматуллоҳи алайҳи) гӯяд:) (Худо) офарид халқро бо илми худ, ва муайян кард барояшон андозаҳое ва таъйин фармуд барояшон мӯҳлатҳое. Ва қабл аз он ки онҳоро биёфаринад, чизе барояш пӯшида ва махфӣ набуд. Ва қабл аз он ки эшонро биёфаринад, ба он чӣ анҷом доданӣ ҳастанд, огоҳ буд. Ва эшонро ба тоати хеш фармон ва аз нофармонияш наҳй кард.

* * *

Шарҳ:

Илми Худои Мутаъол

Имом Таҳовӣ дар ин қисмат аз гуфтораш ба масъалаи илми азалии Худо ва низ масъалаи қазо ва қадари илоҳӣ пардохтааст.

Феълан, ба шарҳи илми азалии Худо мепардозем ва масъалаи қазо ва қадарро ба баҳсҳои оянда мавкул мекунем.

Маънои “илм” равшан ва возеҳ аст ва ниёз ба таъриф надорад. Валекин мисдоқи он, ки дар махлуқот ҷорист, маҳдуд ва ноқис аст, аз ин рӯ, бо ин вижагиҳо қобили итлоқ бар Худои Мутаъол нест. Аммо чунон ки қаблан ёдовар шуда будем, ақли одамӣ метавонад барои ин сифат мисдоқеро дар назар бигирад, ки ҳеч гуна нақс ва маҳдудияте надошта бошад, ки дар он сурат, метавон онро ба Худои Субҳон нисбат дод.

Илми Худоро аз роҳҳое гуногун метавон исбот кард: яке ин ки аз онҷо, ки маънои “илм” вақте дар мавриди махлуқот ба кор меравад ҳикоят аз камоли онҳо мекунад, пас бояд комилтарин мартибаи он барои Худо — ки иллати ҳастибахш аст — мавҷуд бошад. Зеро ҳар камоле, ки дар ҳар махлуқе ёфт шавад, аз Худои Мутаъол аст. Пас, Худо, ки бахшандаи он аст, бояд онро дошта бошад, то ба дигарон ифоза кунад. Ва мумкин нест, касе ки илмро мебахшад, худаш фоқиди илм бошад. Пас, вуҷуди сифати “илм” дар баъзе аз махлуқот, нишонаи вуҷуди он дар офаридгор аст.

Роҳи дигар, кӯмак гирифтан аз низомотест, ки дар сохтмони ҷаҳон ба кор рафта; бад-ин баён, ки: як падида ҳар андоза, ки аз назм ва ҳамоҳангии дақиқтаре бархӯрдор бошад, далолати бештаре бар илми падидоварандааш дорад, чунон ки як китоби илмӣ ё як шеъри зебо ё ҳар асари ҳунарӣ далолат бар дониш, завқ ва маҳорати падидоварандааш дорад ва ба зеҳни ҳеч оқиле намеояд, ки масалан як китоби илмӣ ё фалсафӣ тавассути фарде нодон ва бесавод навишта шуда бошад. Пас, бо ин ҳисоб, чӣ гуна метавон эҳтимол дод, ки ин ҷаҳони азим бо он ҳама асрор ва шигифтиҳо, аз мавҷуди беилм ба вуҷуд омада бошад?

Густардагии илми Худо

Илми Худо ҳамчун соири сифатҳои зотияш бекарон ва номаҳдуд аст. Ӯ ба ҳар чиз огоҳ аст ва ҳеч чиз аз ӯ пӯшида нест:

وَعِندَهُ مَفَاتِحُ الْغَيْبِ لاَ يَعْلَمُهَا إِلاَّ هُوَ وَيَعْلَمُ مَا فِي الْبَرِّ وَالْبَحْرِ وَمَا تَسْقُطُ مِن وَرَقَةٍ إِلاَّ يَعْلَمُهَا وَلاَ حَبَّةٍ فِي ظُلُمَاتِ الأَرْضِ وَلاَ رَطْبٍ وَلاَ يَابِسٍ إِلاَّ فِي كِتَابٍ مُّبِينٍ

Ва калиди хазонаҳои ғайб назди Худост ва касе ҷуз Худо бар он огоҳ нест. Ва низ (Худо) медонад он чӣ дар хушкӣ ва дарёст, ва ҳеч барге аз дарахт наяфтад магар он ки Худо огоҳ аст, ва ҳеч дона дар зери торикиҳои замин ва ҳеч тару хушке дар ҷаҳон нест ҷуз он ки дар китоби мубин мастур аст.” (Сураи Анъом, ояти 59)

قُلْ إِن تُخْفُواْ مَا فِي صُدُورِكُمْ أَوْ تُبْدُوهُ يَعْلَمْهُ اللّهُ وَيَعْلَمُ مَا فِي السَّمَاوَاتِ وَمَا فِي الأرْضِ

Бигӯ (эй паёмбар!): ҳар чиро дар дил пинҳон дошта ва ё ошкор кунед, ба ҳамаи онҳо Худо огоҳ аст ва Ӯ ба ҳар чӣ дар осмонҳо ва замин аст доност.” (Сураи Оли Имрон, ояти 29)

Бале, илми Худои Субҳон шомили тамоми офаридаҳо ва ҳатто корҳои ихтиёрии мардумон қабл аз ба вуҷуд омадан ва судурашон мебошад. Ва ба иборати дигар: Худои Субҳон медонад, ки мардум чӣ кор мекунанд ва тамоми ҳаракот ва саканоташон мавриди таъаллуқи илми азалӣ ва бепоён ва номаҳдуди Худо қарор гирифтааст.

Пурсиш ва посух

Ду суол инҷо худнамоӣ мекунад: яке ин ки: чӣ гуна Худо ба чизе, ки ҳанӯз таҳаққуқ напазируфта огоҳ аст? Ва суоли дигар ин ки: аз онҷо, ки илми Худо, аз маълуми худ (яъне аз он чӣ мавриди таъаллуқи илми ӯ қарор гирифта) тахаллуф намепазирад, ва ба иборати дигар: ҳар гоҳ илми Худо ба чизе таъаллуқ бигирад, он чиз бояд ҳатман таҳаққуқ биёбад, оё натиҷа ин намешавад, ки масалан агар касеро бибинем, ки гуноҳе анҷом медиҳад, аз онҷо, ки илми Худо дар азал таъаллуқ гирифта ба ин ки ин гуноҳ аз ин шахс дар ин замон ва ин макон содир хоҳад шуд, чӣ ин шахс бихоҳад ва чӣ нахоҳад, пас оё ин шахс дар анҷоми он гуноҳ маҷбур нест? Яъне дигар ҳеч роҳе барои гуноҳ накардан надорад ва дар натиҷа, Худо ҳақ надорад ӯро ба хотири анҷоми гуноҳ сарзаниш кунад?

Дар посух ба ин ду суол таваҷҷӯҳи хонандаи азизро ба нукоте, ки дар зайл меоварем ҷалб мекунем, то масъала барояш равшан шавад. (Шояд фаҳмаш як каме сангин бошад, вале умед аст хонанда бифаҳмад.)

1. Илм ба иллат айни илм ба маълул аст. Барои фаҳми ин матлаб, мисоле мезанем: боз шудани даре (ба унвони як маълул) иллат дорад, ва иллати он иборат аст аз: вуҷуди шахсе, ки мехоҳад дарро боз кунад, вуҷуди дасти ӯ, ки ба василаи он мехоҳад дарро боз кунад, вуҷуди иродаи ӯ, ҳаракати ӯ ба сӯйи дар, то дарро боз кунад, такон додани ӯ дарро ва ғайра аз садҳо асбоб ва авомил… Пас, агар мо ба маҷмӯи ин авомил ва асбоб (вуҷуди шахс, иродаи ӯ, ҳаракати ӯ ба сӯйи дар, такон додани ӯ дарро ва ғайра…) илм пайдо кунем, ин илм айни илм ба маълул (боз шудани дар) аст;

2. Нуктаи дигар он ки: иллати тамоми офаридаҳо зоти муқаддаси илоҳист. Хӯшаи гандуме — ба унвони мисол — ба ин тариқ ба вуҷуд омада, ки донаи гандуме ба замин кошта шуда ва тавассути деҳқоне обёрӣ ва нигоҳубинӣ шуда ва аз нури хуршед баҳраманд шуда ва ғайра… Ва ҳарчанд ҳамаи ин авомил дар ба вуҷуд омадани хӯшаи гандум таъсиргузоранд, вале ҳамаашон, чӣ дар асли вуҷудашон ва чӣ дар асаргузорияшон, ба зоти Худои Субҳон такя доранд, ва ба иборати дигар: ҳамаи онҳо — дар маҷмӯъ — маълули як иллат, ки ҳамон зоти муқаддаси илоҳист ҳастанд. Пас, хулоса ин ки тамоми махлуқот ва офаридаҳои ҷаҳони ҳастӣ, дар маҷмӯъ, маълули як иллат, ки ҳамон Худост мебошанд;

3. Нуктаи севвум: илми Худо ба ҳар офаридае, аз навъи илми ҳузурист, на илми ҳусулӣ. Илми ҳузурӣ илмест, ки айни воқеияти маълум пеши олим ҳозир аст ва олим воқеияти маълумро меёбад. (Монанди огоҳии инсон ба худ ва ҳолоти виҷдонияш мисли ғазаб, муҳаббат, нафрат, хушҳолӣ, ки инҳо бо вуҷудии хориҷияшон пеши инсон ҳозир аст.) Ба хилофи илми ҳусулӣ, ки воқеияти маълум пеши олим ҳозир нест, балки фақат сурате аз маълум пеши олим ҳозир аст. (Мисли огоҳии инсон ба мавҷудоти хориҷӣ аз қабили осмон, замин, дарахт, инсонҳои дигар ва ғайра…) Дар илми ҳузурӣ, илм ва маълум яке ҳастанд, яъне вуҷуди илм айни вуҷуди маълум аст ва инкишофи маълум пеши олим, ба воситаи ҳузури худи маълум аст дар назди олим, ба хилофи илми ҳусулӣ, ки воқеияти маълум ғайр аз воқеияти илм аст ва инкишофи маълум пеши олим, ба воситаи суратест, ки вай дар пеши худ дорад;

4. Нуктаи чаҳорум: зоти муқаддаси Худои Субҳон аз ҳар гуна лозимаҳои мавҷудоти моддӣ пок ва муназзаҳ аст. Лозимаҳои мавҷудоти моддӣ мисли ҷисм будан, дар ҷиҳате қарор гирифтан, дар зарфи замон ва ё макон қарор гирифтан ва ғайра… Бинобар ин, мисли ин суол, ки чӣ гуна мешавад Худо ба фалон ҳодиса, ки ҳанӯз таҳаққуқ напазируфта илм пайдо кунад, дар мавриди Худо дуруст нест, зеро чунин суоле фақат дар мавриди инсони моддӣ ва ҷисмонӣ, ки дар зарфи замон ва макон қарор дорад дуруст аст. Аммо зоти муқаддаси илоҳӣ, ки аз тамоми чунин лозимаҳо пок ва муназзаҳ аст ва барои ӯ “дирӯз” ва “имрӯз” ва “фардо” (замониёт) ҳеч тафовуте надорад, дар борааш чунин суоле матраҳ намешавад.

Ҳоло, бо таваҷҷӯҳ ба ин чаҳор муқаддима, натиҷаи зеринро ба даст меоварем:

Аз онҷо, ки илм ба иллат, айни илм ба маълул аст, бинобар ин илми Худо ба зоти муқаддасаш — ки иллати тамоми падидаҳо ва офаридаҳост — айни илми ӯ ба офаридаҳост. Яъне ҳамин ки Худо ба зоти муқаддасаш илм дорад, ин илм, айни илм ба тамоми офаридаҳо ва падидаҳост. Ва аз тарафи дигар, илми Худо ба офаридаҳо, ба монанди илми ӯ ба зоташ илми ҳузурист, яъне тамоми махлуқот бо воқеияташон дар пеши ӯ ҳузур доранд ва ҳеч офаридае — бо тамоми воқеияташ — аз Худо пӯшида нест. Ва ҳамчунин аз он ҷиҳат, ки Худои Субҳон аз лозимаҳои мавҷудоти моддӣ пок ва муназзаҳ аст ва дар зарфи замон ва макон қарор надорад, бинобар ин, чунин нест, ки илми ӯ ба ҳодисае, ки “қаблан” шуда, бо илми ӯ ба ҳодисае, ки “баъдан” воқеъ хоҳад шуд, фарқ кунад. Аслан, ҳамаи махлуқот, падидаҳо ва ҳодисаҳо, дар маҷмӯъ вуҷудашон дар пешгоҳи Худои Мутаъол ба “дирӯз” ва “имрӯз” ва “фардо” тақсим намешавад.

Ва аммо дар мавриди ин ки оё лозимаи қавл ба илми Худо ба афъоли ихтиёрии инсонҳо ҳатто қабл аз таҳаққуқашон, маҷбур будани инсонҳо нест? Ва оё маънояш ин нест, ки инсон ҳеч роҳе барои гуноҳ накардан надорад ва дар натиҷа Худо дигар ҳақ надорад ӯро ба хотири анҷоми гуноҳ сарзаниш кунад? Посухи ин пурсишро ба баҳси баъдӣ, ки роҷеъ ба “қазо ва қадар” аст вогузор мекунем ва дар онҷо посухи онро хоҳед пайдо кард.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия

Реклама


Рубрики:Ақоиди исломӣ, Ислом

Метки: , , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: