Шарҳи Маснавӣ (142)

Қиссаи ҳудҳуд ва Сулаймон алайҳиссалом дар баёни он ки чун қазо ояд, чашмҳои равшан баста шавад (2)

* * *

Ҷумла мурғон ҳар яке асрори худ

Аз ҳунар в-аз донишу аз кори худ

Бо Сулаймон як ба як воменамуд,

Аз барои арза худро месутуд.

Ҳамаи парандагон яке-яке аз асрори хеш ва ҳунар ва дониш ва кори худ барои Сулаймон (а) ошкор менамуд ва барои арза кардани ҳунар ва кордонии худ, хешро месутуд.

Аз такаббур неву аз ҳастийи хеш,

Баҳри он то раҳ диҳад ӯро ба пеш.

Албатта арзаи ҳунар ва кордонии парандагон аз рӯйи такаббур ва худбинӣ набуд, балки изҳори ин ҳунар ва кордонӣ бад-он ҷиҳат буд, ки ҳазрати Сулаймон (а) ононро ба ҳузури худ роҳ диҳад.

Чун бибояд бардаро аз хоҷае,

Арза дорад аз ҳунар дебоҷае.

Ба унвони мисол: ҳар гоҳ бардае бихоҳад дар хидмати хоҷае қарор гирад, шаммае аз ҳунари худро ба ӯ нишон медиҳад, то мақбули ӯ воқеъ шавад.

Дебоҷа: дар инҷо ба маънои миқдоре андак аст.

Чунки дорад аз харидориш нанг,

Хун кунад бемору шаллу карру ланг.

Аммо агар он барда аз харидори худ нафрат дошта бошад, тазоҳур ба беморӣ ва карӣ ва лангӣ мекунад.

Навбати ҳудҳуд расиду пешааш

В-он баёни санъату андешааш.

Билохира навбат ба ҳудҳуд расид, ки аз ҳунар ва кордонии худ сухан бигӯяд.

Гуфт: эй шаҳ, як ҳунар, к-он кеҳтар аст,

Бозгӯям, гуфти кӯтаҳ беҳтар аст.

Ҳудҳуд ба Сулаймон (а) гуфт: шоҳо! Ҳунаре бароят баён мекунам, ки кучактарини ҳунарҳост. Албатта сухани кӯтоҳ беҳтар аст.

Гуфти кӯтаҳ: сухани кӯтоҳ ва муҷмал.

Гуфт: баргӯ, то кадом аст он ҳунар?

Гуфт: ман он гаҳ ки бошам авҷ-бар.

Бингарам аз авҷ бо чашми яқин,

Ман бибинам об дар қаъри замин.

Сулаймон (а) гуфт: бигӯ бибинам, ки он кадомин ҳунар аст? Ҳудҳуд гуфт: он гоҳ ки ман бар авҷи осмон парвоз мекунам, аз авҷи осмон, ки бо чашми яқин дарнигарам, обро дар умқи замин бибинам.

Авҷ-бар: бар авҷ.

То куҷо асту чӣ умқ асташ, чӣ ранг?

Аз чӣ меҷӯшад? Зи хоке ё зи санг?

Метавонам ҷойи он обро бибинам ва жарфои онро биёбам ва рангашро пайдо кунам ва бидонам, ки сарчашмааш куҷост; аз хок меҷӯшад ё аз санг?

Эй Сулаймон, баҳри лашкаргоҳро

Дар сафар медор ин огоҳро.

Ҳудҳуд гуфт: Сулаймоно! Барои лашкаргоҳ ва ниёзе, ки лашкариён ба об доранд, маро, ки огоҳи суфраҳои обӣ ҳастам, ҳамроҳи худ ба сафар бибар.

Пас Сулаймон гуфт: эй некӯрафиқ!

Дар биёбонҳои беоби амиқ.

То биёбӣ баҳри лашкар обро,

Дар сафар саққо шавӣ асҳобро.

Ҳазрати Сулаймон гуфт: эй рафиқи хуб! Дар биёбонҳои бе обу алафу бекарон ҳамроҳи мо бош, то барои лашкар об пайдо кунӣ ва дар ин сафар обрасони ёрон шавӣ.

Саққо: обкаш, обфурӯш, ообрасон.

* * *

Таънаи зоғ бар даъвии ҳудҳуд

* * *

Зоғ чун бишнуд, омад аз ҳасад,

Бо Сулаймон гуфт: к-ӯ каж гуфту бад.

Зоғ ҳамин ки суханони ҳудҳудро шунид, аз рӯйи ҳасодат назди Сулаймон (а) омад ва ба ӯ арз кард: ин ҳудуд лоф мезанад ва дурӯғ мегӯяд.

Аз адаб набвад ба пеши шаҳ мақол,

Хосса, худ лофи дурӯғину муҳол.

Дар маҳзари шоҳ сухан гуфтан муғойири адаб аст, ба хусус ки ҳарфи одамӣ иддаъое маҳз ва беасос бошад.

Гар мар ӯро ин назар будӣ мудом,

Чун надидӣ зери муште хок дом?

Агар он ҳудҳуд дорои чунин хоссияти муҳиммест, ки обро дар умқи замин мебинад, пас чӣ гуна зери муште хок домро надид?

Чун гирифтор омадӣ дар доми ӯ?

Чун қафас андар шудӣ нокоми ӯ?

Ҳудҳуд, ки муддаъии чунин биноии жарфест, пас чаро дар дом гирифтор омад ва бо он ҳоли зор дар қафас маҳбус шуд?

Пас Сулаймон гуфт: эй ҳудҳуд, равост,

К-аз ту дар аввал қадаҳ ин дурд хост?

Сулаймон (а) ба наҳви гилоя ба ҳудҳуд гуфт: эй ҳудҳуд! Оё шоиста ва маъқул аст, ки дар аввалин қадаҳ аз ту чунин дурду нософӣ дида шавад? Яъне оё равост, ки дар ибтидои кор аз ту нохолисӣ ва нодурустӣ дида шавад? Мусалламан дуруст нест, ки чунин бошад.

Дурд: таҳнишасти мойеъот ба хусус шароб.

Нукта: Мазмуни мисроъи дуввум баргирифта аз яке аз русуми шаробдорон ва шаробсозон аст. Ва он ин ки: аввалин паймонае, ки аз хуми шароб бармедоранд, бояд софу зулол бошад, вагарна он шароб мақбули табъ наяфтад. Ва ин зарбулмасал шудааст. Аз ин рӯ, ҳар коре, ки аз ибтидо дорои фасод ва харобӣ бошад, машмули ин масал аст. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.405)

Чун намоӣ мастӣ, эй хӯрда ту дӯғ?

Пеши ман лофе занӣ, он гаҳ дурӯғ?

Эй касе, ки дӯғ хӯрдаӣ! Чаро худро маст нишон медиҳӣ ва пеши ман лоф мезанӣ ва дурӯғ мебофӣ?

Нукта: Баъзеҳо, ки аҳли тазоҳуранд дӯғ ҳам, ки мехӯранд, худро маст нишон медиҳанд; зеро дӯғ низ дар одамӣ эҷоди рихват мекунад, аммо мастии дӯғ куҷо ва мастии шароб куҷо?!

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ



Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: