Ирфони Ҳофиз (3)

(Силсиласуханрониҳои Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ, қисмати 3)

Ҳофиз аз нигоҳи девонаш

Аммо биёем суроғи манбаи дуввуми шинохти Ҳофиз яъне девони Ҳофиз. Дар замони мо бештар мехоҳанд Ҳофизро аз рӯйи девон ва ашъор ва гуфтаҳояш бишносанд. Ин ҳам албатта роҳи дурустест, худаш як роҳи шиносоӣ аст, вале назар ба ин ки дар миёни ҳамаи шуаро — ба назари ман аъам аз форсӣ ва арабӣ (ва шояд Ибни Фориз ҳам мисли Ҳофиз набошад) — ҳеч кас мисли Ҳофиз ин ҷур нест, ки дар шеъраш як дугонагии зоҳирӣ машҳуд бошад. (Аз ин рӯ шинохти Ҳофиз аз роҳи девонаш холӣ аз душворӣ нест.)

Дар баъзе аз ашъораш, як ҳолати лоуболигарӣ ва фисқу фуҷур ва пушти по задан ба ҳамаи сунан ва муқаддасот ва дам ғанимат шумурдан ва беэътино ба ҳама чиз будан мунъакис аст. Ва аз он тараф ҳам, ашъоре дорад, ки бидуни ҳеч гуна тавҷеҳ ва таъвиле, муххи ирфон ва муххи ахлоқ аст ва нақизи инҳо (лоуболигариҳо) яъне дуруст наҳйи инҳо. Як чунин дугонагӣ дар ашъори Ҳофиз машҳуд аст.

Ва ҳамин ҷиҳат сабаб шуда, ки Ҳофиз дар замони мо ба шакле даромадааст, ки он одами лаззатҷӯи лаззатпарасти майхорае, ки сару кораш ҷуз бо шаробу рубобу чангу ин ҳарфҳо нест, яъне як одами ба истилоҳи имрӯзиҳо эпикурӣ, дар кори худаш аз Ҳофиз мадад мегирад ва дар бисёре аз маҷолис ва базмҳо девони Ҳофиз севвуми шаробу рубоб аст, ки мебинед. Ва аз тарафи дигар, ҳамин девони Ҳофиз дар маҳофили дигаре ҳамеша буда ва ҳанӯз ҳам ҳаст; дар маҳофиле, ки афроде меоянд менишинанд, ҳолати таҷарруд ба худашон мегиранд, гуноҳони худашонро ёд мекунанд, ибодат мекунанд, ҳолати зикр ба худашон мегиранд, шеърҳои Ҳофизро мехонанд, ашк мерезанд ва мегирянд. Афроди хеле бузурге Ҳофиз аз саҷҷодаашон ҷудо намешавад. Яъне дар базми онҳо севвуми шаробу рубоб аст, ва дар маҳфили илоҳӣ ва руҳонии инҳо севвуми Қуръону Саҳифаи Саҷҷодия аст… ва ман чунин ашхосеро суроғ дорам. Афроде назири марҳуми Файз масалан, ба Ҳофиз ба ин чашму дида нигоҳ мекарданд. Ҳоло ин чӣ гуна аст?

Ва воқеан ҳам агар мо ба ашъори Ҳофиз нигоҳ кунем, лоақал дар назари ибтидоӣ, ин дугонагӣ ва дугунагиро дар он мебинем. Пас Ҳофиз кист? Ҳоло мо ҳастему мехоҳем аз ҳамин шеърҳояш ӯро бишносем. Феълан мо ба торихаш кор надорем. Ҳофиз кист? Аз ин шеърҳояш мехоҳем бифаҳмем, ки ӯ кист?!

Шинохти як нафар аз рӯйи асараш (ва) девонаш, корест мантиқӣ, яъне девонашро бояд таҳлил кард. Ҳоло мумкин ҳам ҳаст аҳёнан касе бирасад ба ҷойе, ки охираш натавонад ӯро бишносад, вале билохира иқдом ба ин кор, корест амалӣ, баъд бибинем ба натиҷа мерасем ё намерасем. Агар нарасидем, ки нарасидем. Вале агар расидем, роҳ роҳи саҳеҳест, роҳи таҳлили девон ва асари як шоир.

Дар мавриди Ҳофиз фарзияҳои зиёде ҳаст. Мо бояд ин фарзияҳоро як-як баён кунем, баъд ҳар як аз онҳоро бо қароини мавҷуд татбиқ бидиҳем (ва) бибинем девони Ҳофиз бо он татбиқ мекунад ё татбиқ намекунад? Ва аҳёнан қароини торихӣ ҳам мумкин аст дар баъзе маворид ба кӯмаки мо биёяд; дуруст мисли ҳамин, ки уламои имрӯзӣ дар масоили табиӣ аввал як фарзияе дар зеҳнашон барқ мезанад, ба истилоҳ ин марҳилаи теурӣ аст, баъд меоваранд дар марҳилаи амал, бибинанд ин фарзия бо воқеъ интибоқ пайдо мекунад ё намекунад.

Фарзияи аввал дар бораи Ҳофиз: Ҳофиз сирфан як ҳунарманд аст

Аввалин фарзия дар бораи девони Ҳофиз ин аст, ки Ҳофиз дар девонаш сирфан як шоир аст ба тамоми маънои калимаи шеъру шоир. Яъне як ҳунарманд аст. Ҳофиз дар девони худаш ҳеч ҳадафе надошта ҷуз ин ки мехостааст як шоҳкори ҳунарӣ ба вуҷуд биёварад. Ҳунарманд вақте ки мехоҳад як шоҳкори ҳунарӣ ба вуҷуд биёварад, тамоми ҳимматаш ин аст, ки аз чӣ маводде ва барои чӣ ҳадафе як шоҳкори беҳтар мешавад ба вуҷуд овард. Ӯ дигар лозим нест ба он модда эътиқод дошта бошад, (балки нигоҳ мекунад) чӣ ба дарди кораш мехӯрад. Як муҷассамасоз ҳадафаш ин аст, ки як муҷассамаи олӣ бисозад, он гоҳ дунболи сужа (сюжет) мегардад. Чӣ барои сужа хуб аст? Ва аз чӣ моддае мешавад сохт? Бо гаҷ беҳтар мешавад сохт ё бо филиз ва ё бо санг? Дар мадрасаи Сипаҳсолор шахсе ба номи Баҳлул ҳаст, Баҳлули маъруф. Барои ин наққошҳо беҳтарин сужа ин ҷаноби Баҳлул аст. Хеле қиёфаи хубест, ки наққошиашро бихоҳанд бикашанд ё муҷассамаашро бихоҳанд бирезанд. Ҳоло агар касе биёяд муҷассамаи Баҳлулро бирезад, оё ин аломати иродати фавқулъодае аст, ки ба Баҳлул дорад? На. Ҳунарманд дунболи сужа ва мавзӯъ мегардад, ки ҳунари худашро ба беҳтарин ваҷҳе зоҳир кунад.

Шеър, худаш ҳунар аст. Арасту ҳам шеърро аввал ҷузъи мантиқ нашумурда буд, хитоба ва шеър аз “синоъоти хамс”-ро ҷузъи фунун яъне ҷузъи ҳунарҳо овард, мунтаҳо баъд гуфтанд, ҳамаи инҳо ҷузъи ҳунарҳост, ҳам илм аст, ҳам ҳунар, ва аз ин рӯ исми “синоъоти хамс” (рӯяш) гузоштанд. Инҳо санъат аст ва ҳунар. Дар ин ки Ҳофиз фавқулъода ҳунарманд аст ва шоир ба тамоми маънои калима, яъне аз назари ҳунарӣ, ба тамоми маънои калима шоир аст ва як ҳунарманди фавқулъода муқтадир аст, аҳаде баҳс надорад.

Ин фарзия мегӯяд, Ҳофиз як ҳунарманд аст ва девони шеъри ӯро ҳам аз назари муҳтаво набояд ҷиддӣ гирифт, ҳеч ҷояшро, на он ҷойе, ки дам аз маю маъшуқу ин ҳарфҳо мезанад ва на он ҷойе, ки дам аз Худою ирфону сулук мезанад, ҳар ду барои Ҳофиз сужа ҳастанду бас. Ӯ бобое буда ҳунарманд, ва ҳунарманд ошиқи ҳунараш аст ва дунболи сужа мегардад, хусусан, ки аз қадим гуфтаанд:

اَحْسَنُ الشِّعْرِ اَكْذَبُهُ

(Беҳтарини шеърҳо дурӯғтарини онҳост.) Аслан, шеър бо дурӯғ дуруст шуда. Он шеъре ҳам, ки Қуръон наҳй мекунад ва Пайғамбар (с) фармуд:

لَئنْ یُمْلَأَ بَطْنُ الرَّجُلِ قَیْحاً خَیْرٌ مِنْ اَنْ یُمْلَأَ شِعْراً

(Агар шиками одамизод аз чирк пур бишавад, беҳтар аз ин аст, ки бо шеър пур бишавад.)

… ҳамин шеърест, ки муҳтавояш тахайюли маҳз бошад. Баъд ҳам (ҳазрати Паёмбар (с)) фармуд:

اِنَّ مِنَ الشِّعْرِ لَحِكْمَةً

Баъзе ашъор ҳам ҳикмат аст.”

Вале асоси шеър (тахайюл аст.) Дар мантиқ ҳам шеърро ба унвони як мавзӯи тахайюл ва як амри тахайюлӣ (мешиносанд,) яъне ба назм кор надоранд, ки ҳоло худаш таърифи хоссе дорад.

Агар ин ҷур бошад, аз девони Ҳофиз чизе роҷеъ ба шахсияти Ҳофиз намешавад истинбот кард.

Достоне нақл мекунанд, ки Фараздақ як вақте дар зимни ашъораш ин шеърро гуфт:

 فَبِتْنَ بِجانِبَیِّ مُصَرَّعاتٌ

وَ بِتُّ اَفَضُّ اَغْلاقَ الْخِتامِ

Дорад васф мекунад як идда занҳоеро, ки (Фараздақ) бо онҳо ба сар мебурда. Халифаи вақт гуфт: ту дар ин шеърҳо иқрор ба зино кардаӣ, бояд ҳадд бар ту ҷорӣ шавад. (Чун мегӯяд, “Ин ҷамоати нисвон дар ду тарафи ман роҳат хобида буданд, кори ман ҳам то субҳ ҷуз қуфли баста боз кардан чизи дигаре набуд.”) Фараздақ гуфт:

اِنَّ كِتابَ اللّهِ یَدْرَءُ عَنَّا الْحَدَّ

Қуръон ҳаддро аз ман бардошта.” Гуфт: чӣ тавр? Гуфт: Худованди Мутаъол мефармояд:

وَالشُّعَراءُ یَتَّبِعُهُمُ اَلْغاوُونَ. أَلَمْ تَرَ أَنَّهُمْ فِی كُلِّ وادٍ یَهِیمُونَ. وَأَنَّهُمْ یَقُولُونَ ما لا یَفْعَلُونَ

(“Ва шоиронро гумроҳон пайравӣ мекунанд. Оё надидаӣ, ки онон дар ҳар водие саргардонанд? Ва ононанд, ки чизҳое мегӯянд, ки анҷом намедиҳанд?” (Сураи Шуаро, оятҳои 224-226)) Кори шоир ин аст, ки кори накардаро тавсиф кунад. Ба худи Ҳофиз ҳам чунин эътирозоте кардаанд. Мегӯянд, Ҳофиз гуфт:

Агар он турки шерозӣ ба даст орад дили моро,

Ба холи ҳиндуяш бахшам Самарқанду Бухороро.

Ин фақат дар мантиқи як шеър дуруст аст, ки як шоир чунин бигӯяд: “Ба холи ҳиндуяш бахшам Самарқанду Бухороро.” Амир Темур ба ӯ гуфт: ин ҳарфҳо чист, ки мегӯӣ? Ман ин ҳама ҷон кандаам, то Самарқанду Бухороро фатҳ кардаам, ту ба як холи сиёҳ мебахшӣ? Гуфт: ин ҳама бахшиш кардаам, ки ҳоло чизе надорам ва ин ҷур ҷулунбур (касе, ки либоси кӯҳнаи пора-пора пӯшида) ҳастам! Албатта ин афсона аст, ки ба ӯ нисбат медиҳанд. Мегӯянд, бо Амир Темур мулоқот накарда.

Забон, забони шеър аст ва забон, забони ҳунарманд аст.

Як достони воқеӣ Мутеъуддавлаи Ҳиҷозӣ дар китоби “Ойина” нақл мекунад, ки як бечорае, ки осори шоири белжикиро (зоҳиран, Мурис Метерлинг аст) хонда буд ва маҷзуби тахайюлоти латиф ва инсонӣ ва ахлоқии ӯ шуда буд, аз фалон кишвар бори сафар баст, ки биравад ба мулоқоти ӯ. Рафт мулоқот кунад, як хонуми муншӣ дошт, гуфт: ӯ мулоқот намедиҳад. Гуфт: ман аз роҳи дур омадаам, чандин кишварро тай кардаам, мехоҳам чанд дақиқа устодро зиёрат кунам. Ҳарчӣ ин зан гуфт, (ки) оқо баргард, вақт надорад, (вале) дид намешавад. (Он зан медонист, чӣ хабар аст). То охир аз бас ӯ исрор кард, ҳар ҷур буд, як вақте барояш гирифт. Он шахс мегӯяд, ки рафтам, то дари утоқро боз кардам, як вақт дидам, як одами бадтаркиби бадҳайкале бо ахмҳои дарҳам кашида омад берун ва гуфт: аз ҷони ман чӣ мехоҳӣ? Бирав гум шав!.. ва аз ин ҳарфҳо. Баръакси тамоми он чизҳое, ки ман дар осораш хонда будам. Моту мабҳут мондам. Баъд омадам ба он зан гуфтам: ин ҳамон аст, ки ин ҳама осор менависад? Гуфт: бале. Гуфтам: ҳамон аст, ки ин ҳама чизҳои хубу зебо навиштааст? Гуфт: бале. Гуфтам: ман, ки бовар намекунам. Он зан ангуштарашро даровард, гуфт: ин ангуштари ман чӣ гуна ангуштарест, хеле зебост? Гуфтам: бале. Гуфт: оё чун ин хеле зебост, далел бар ин аст, ки ангуштарсоз ҳам хеле зебост? Гуфтам: на. Гуфт: охир ин ҳунар аст, мумкин аст ӯ хеле одами бадтаркиби бадахлоқе бошад аз ҳар ҷиҳат, вале ин ҳунарро ҳам дорад, ки ангуштари зебо месозад.

Нависанда фақат ҳунарманд аст. Ҳунараш ин аст, ки як асари зебо халқ кунад. Инки далел намешавад, ки худаш зебо бошад. Ту иштибоҳ кардаӣ.

Иддае дар бораи Ҳофиз чунин эътиқоде доранд. (Яъне, ӯро фақат як ҳунарманд ва шоир медонанд.)

Ин матлабро намешавад бо далел ва бурҳон рад кард. Маънояш ин аст, ки зоҳири каломи Ҳофиз дар ҳеч мақулае ҳуҷҷат нест. Инро намешавад қабул кард, албатта намешавад ҳам рад кард. Бо далел ва бурҳон намешавад рад кард, вале касе ҳам, ки ошно бо девони Ҳофиз бошад, наметавонад ин ҳарфро қабул кунад, ки он ашъори ирфонии Ҳофизро як шоир, ки сирфан ҳунарманд буда ва асосан воқиф ба румузи ирфон ва сайру сулук ва маънавият ва инҳо набуда (сурудааст) ва ӯ тавониста чунин асари ҷовидоне халқ кунад, ки баъд аз 700 сол ашкҳоро дар хилватҳои шаб ҷорӣ кунад.

Арз кардам, ин бурҳон нест, вале барои худи ман шахсан ҳеч вақт чунин чизе қобили қабул нест. Далелаш ҳам ин аст, ки имрӯз чаро Ҳофизе ба вуҷуд намеояд? Оё дигар қареҳаҳо хушк шуд, ки Ҳофизе набошад, Саъдие набошад, Чомие набошад?! Далел надорад қареҳаҳо хушк шуда бошад. Руҳҳо дар масири дигарест. Яъне руҳи Ҳофиз дигар вуҷуд надорад, ки асаре мисли Ҳофиз ва ҳатто мисли Ҷомӣ ба вуҷуд намеояд. Ин дигар як амри шахсист ва “Алмаръу махбуъун таҳта лисониҳи” (Мард таҳти забонаш пинҳон аст) дар инҷо комилан машҳуд аст. Ҳамон тавр ки худи Қуръони Карим асари худашро дар дунё, рӯйи зебоиаш дорад, вале як зебоие, ки аз як уфуқи мофавқи башарӣ бархоста ва чӣ қадр Қуръон рӯйи ин мавзӯъ такя мекунад! Эъҷози Қуръон ин аст.

وَإِذا سَمِعُوا ما أُنْزِلَ إِلَی اَلرَّسُولِ تَری أَعْیُنَهُمْ تَفِیضُ مِنَ اَلدَّمْعِ مِمّا عَرَفُوا مِنَ اَلْحَقِّ

Ва чун он чиро ба сӯйи ин Паёмбар нозил шуда бишнаванд, мебинӣ бар асари он ҳақиқате, ки шинохтаанд, ашк аз чашмҳояшон сарозер мешавад…” (Сураи Моида, ояти 83)

إِنَّمَا اَلْمُؤْمِنُونَ اَلَّذِینَ إِذا ذُكِرَ اَللّهُ وَجِلَتْ قُلُوبُهُمْ وَإِذا تُلِیَتْ عَلَیْهِمْ آیاتُهُ زادَتْهُمْ إِیماناً وَعَلی رَبِّهِمْ یَتَوَكَّلُونَ

Мӯъминон ҳамон касонеанд, ки чун Худо ёд шавад, дилҳояшон битарсад, ва чун оятҳои ӯ бар онон хонда шавад, бар имонашон биафзояд ва бар Парвардигорашон таваккул мекунанд.” (Сураи Анфол, ояти 2)

وإِذا ذُكِرَ اَللّهُ وَحْدَهُ اِشْمَأَزَّتْ قُلُوبُ اَلَّذِینَ لا یُؤْمِنُونَ بِالْآخِرَةِ

Ва чун Худо ба танҳоӣ ёд шавад, дилҳои касоне, ки ба охират имон надоранд, мунзаҷир мегардад…” (Сураи Зумар, ояти 45)

اَللّهُ نَزَّلَ أَحْسَنَ اَلْحَدِیثِ كِتاباً مُتَشابِهاً مَثانِیَ تَقْشَعِرُّ مِنْهُ جُلُودُ اَلَّذِینَ یَخْشَوْنَ رَبَّهُمْ

Худо зеботарин суханро (ба сурати) китобе муташобеҳ мутазаммини ваъду ваъид нозил кардааст, онон ки аз Парвардигорашон меҳаросанд, пӯсти баданашон аз он ба ларза меафтад…” (Сураи Зумар, ояти 23)

Ин дигар як амри сохтагӣ набуд. Пайғамбар агар як ҳунарманд мебуд, наметавонист чунин кореро халқ кунад. Имом Зайнулобидин агар фақат як ҳунарманд мебуд, маҳол буд асари ҷовиде мисли Саҳифаи Саҷҷодия халқ кунад. Як ҳунарманд ҳарчӣ фасеҳ бошад, ҳарчӣ балеғ бошад, маҳол аст битавонад дуои Кумайл халқ кунад. Ба ақидаи ман, як одаме, ки руҳаш руҳи сӯхта ва ирфон набошад, худаш мутаассир набошад, имкон надорад, ки як чунин одаме бехоссият — намехоҳам бигӯям як одами фосиқи фоҷир, на, як одами оддӣ, як муллои маъмулӣ, як мударрис ва устоди “Кашшоф” ва аз ин ҳарфҳо — ғазале дар ин ҳадд бигӯяд:

Туфайли ҳастии ишқанд одамиву парӣ,

Иродате бинамо, то саодате бибарӣ. 

Бикӯш, хоҷаву аз ишқ бенасиб мабош,

Ки бандаро нахарад кас ба айби беҳунарӣ.

Майи сабуҳу шакархоби субҳдам то чанд?

Ба узри нимишабӣ кӯшу гиряи саҳарӣ…

… то охираш, ки яке аз он барозандатарин ғазалиёти Ҳофиз аст. Чунин чизе имкон надорад… Вале арз кардам, касе бихоҳад бо далел ва бурҳон бигӯяд чунин чизе нест, (мушкил аст.) Ба илова, бо ин ҳама сароҳате, ки ин мард дорад мегӯяд, дигар намешавад коре кард. Ин як фарзия.

Хушбахтона ин фарзия имрӯз дар замони мо тарафдор надорад, ки мо хеле бихоҳем яқа барои он пора кунем. Имрӯз намегӯянд, ки Ҳофиз як ҳунарманди маҳз буда. Аз баъзе гуфтаҳои ҳамин оқои Анҷавии Шерозӣ ин ҳарф бармеояд, ки Ҳофиз як марде буд, ки аз замони худаш ранҷида буд ва чун аз асри худаш ва мардум ва муҳиташ ранҷида буд, ба ҳунари худаш паноҳ оварда буд. Вале ӯ ҳам ба ин шиддат намехоҳад ин ҳарфро бизанад.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Ирфони Ҳофиз

Реклама


Рубрики:Ирфони амалӣ, Ирфони назарӣ

Метки: , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: