Фалсафа ва равиши реализм (50)

Пайдоиши касрат дар идрокот (5)

Муқаддима (5)

3. Барои он ки зеҳни хонандаи мӯҳтарам аз як иштибоҳи лафзӣ масун бимонад, ночорем тавзеҳи зерро бидиҳем:

Вожаи “идрокоти фитрӣ” дар истилоҳоти фалсафӣ, дар мавориди мухталифе истеъмол мешавад:

а) Идрокоте, ки ҳамаи азҳон дар онҳо яксон ҳастанд. Яъне ҳамаи азҳон воҷиди онҳо ҳастанд ва ҳамаи азҳон монанди якдигар онҳоро воҷиданд ва на аз ҷиҳати воҷид будан ва воҷид набудан ва на аз ҷиҳати кайфияти воҷид будани онҳо дар миёни азҳон ихтилофе нест, аз қабили эътиқод ба вуҷуди дунёи хориҷ, ки ҳатто суфастоӣ низ дар ҳоққи зеҳни худ наметавонад мункири он бошад. Мо дар мақолаи 2 калимаи “фитрӣ”-ро ба ин маъно истеъмол кардем. Ин синх идрокоти тасаввурӣ ва тасдиқиро метавон “идрокоти умумӣ” номид.

б) Идрокоте, ки билқувва дар зеҳни ҳама кас мавҷуд аст, ҳарчанд билфеъл дар зеҳни баъзе мавҷуд нест ё хилофи он мавҷуд аст, аз қабили маълумоте, ки бо илми ҳузурӣ барои “нафс” маълум ҳастанд, вале ҳанӯз ба илми ҳусулӣ маълум нашудаанд. Ба ақидаи Садрулмутааллиҳин, фитрӣ будани маърифат ба зоти Ҳақ аз ин қабил аст.

в) Дар боби бурҳони мантиқ, ба қазоёе, ки бурҳонашон ҳамвора ҳамроҳи онҳост ва ҳеч вақт дар нафс ҳузури он қазоё аз ҳузури бурҳонҳо ва қиёсоти онҳо мунфак нест, “фитриёт” мегӯянд. (Қазоё қиёсотуҳо маъаҳо).

г) Идрокот ва тасаввуроте, ки хоссияти зотии ақл аст ва ҳеч гуна истиноде ба ғайри ақл надорад.

Дар ин мақола онҷо, ки идрокоти фитрӣ мавриди инкор қарор мегирад, маънои чаҳорум мақсуд аст ва ҳамин маъност, ки Декорт ва пайравонаш ба он қоиланд ва ҳисгароён мункиранд. Мо бо ин ки тасаввуроти фитрӣ ба маънои чаҳорумро мункирем, ба тасаввурот ва тасдиқоти фитрӣ ба маънои аввал — яъне идрокоте, ки тамоми азҳон хоҳу нохоҳ дар онҳо баробаранд — эътиқод дорем ва роҳи онро дар тайи худи мақола баён мекунем, вале то онҷо, ки мо тафаҳҳус кардаем, дар фалсафаи Урупо байни ин ду ҷиҳат тафкик нашуда. Яъне қоилин ба тасаввуроти фитрӣ ба маънои аввал, ҳамонҳо ҳастанд, ки ба фитриёт ба маънои чаҳорум қоиланд ва тамоми касоне, ки мункири фитриёт ба маънои чаҳорум ҳастанд, мункири фитриёт ба маънои аввал низ ҳастанд ва он донишмандон чунин пиндоштаанд, ки тасаввурот ва тасдиқоти умумӣ ва яксон барои ҳамаи башар, роҳе ҷуз ин ки онҳоро хоссияти зотии ақл бидонем надорад. Ва агар тасаввуроти зотии ақлро инкор кунем, чорае нест аз ин ки тасаввуроти умумӣ ва яксон барои ҳамаи башарро низ инкор кунем. Вале дар ин мақола ин ду қисмат аз якдигар тафкик шуда ва дар айни ин ки тасаввуроти зотии ақл (фитрӣ ба маънои чаҳорум) мавриди инкор қарор гирифта, тасаввурот ва тасдиқоти умумӣ ва яксон барои ҳамаи башар (фитрӣ ба маънои аввал) исбот шуда ва роҳи он низ баён гардида. Тавзеҳи бештар дар тайи худи мақола хоҳад омад.

4. Моддигароёни ҷадид худро пайрави назарияи ҳисгароён қаламдод мекунанд ва муддаъӣ ҳастанд, ки тамоми аносури аввалияи фикри башар аз маҷрои яке аз ҳавосс вориди зеҳн шудааст ва тамоми муҳтаваёти зеҳнии инсонро ҳамон аносури ҳиссӣ ё таркибёфта ва такомулёфтаи он аносур ташкил медиҳад.

Ин ҷумла дар калимоти моддигароён, аз Энгелс то Ленин ва Истолин, бисёр мукаррар мешавад:

Дунёи субъектив (зеҳнӣ) инъикосест аз дунёи объектив (айнӣ).”

Моддигароён кӯшиш мекунанд, ки тамоми тасаввурот ва мафоҳимро аз маҷрои яке аз ҳавосс тавҷеҳ кунанд. Аз ин рӯ, тамоми эродоте, ки бар ҳисгароён ворид аст, мабнӣ бар вуҷуди як силсила аносури басити зеҳнӣ, ки аз маҷрои мустақими ҳеч як аз ҳавосс қобили тавҷеҳ нест, бар моддигароён низ ворид аст. Ба илова, як силсила эродоти дигар низ ворид аст, мабнӣ бар ин ки ҳисгароён, ки фақат ба ҳисс такя кардаанд, ҳудуди ҳиссро (филҷумла) ташхис додаанд ва аз ин рӯ масоили фалсафаи улоро, ки аз роҳи ҳиссу озмоиши амалӣ қобили таҳқиқ нест, аз қаламрави мудохилаи худ хориҷ сохтаанд ва изҳор доштаанд, ки ин масоил нафян ва исботан аз ҳудуди қазовати фикри башар хориҷ аст. Вале моддигароён ин маъноро ташхис надодаанд.

Ҳақиқат ин аст, ки агар касе бо назариёти бузургони фалосифаи шарқу ғарб дар боби илму маълум ва ақлу маъқул ва билохира дар бораи зеҳн ва идрокоти зеҳнӣ дуруст ошно шавад ва дарк кунад, ки онҳо дар чӣ умқе сайр мекардаанд ва дар садади ҳалли чӣ мушкилоте будаанд, он гоҳ назаре ҳам ба гуфторҳои моддигароён бияфканад, ба хубӣ дарк мекунад, ки пешвоҳои моддигароён асосан аз ин мароҳил дуранд. Моддигароён пеши худ хиёл кардаанд, ки бо гуфтани ҷумлаи “дунёи зеҳнӣ инъикосе аз дунёи айнӣ аст” тамоми мушкилот ҳал мешавад, дар сурате ки ҳазорҳо нуктае бориктар зи мӯ дар масоили идрокӣ вуҷуд дорад, ки моддигароён ба куллӣ аз онҳо бехабаранд.

5. Чунон ки аз ишороте, ки дар ин муқаддима гузашт ва тафсилан дар худи мақола хоҳад омад, асоси назарияи ин мақола бар ин аст, ки идрокоти ҷузъӣ муқаддам аст бар идрокоти куллӣ, ва мо аҳёнан дар таъбироти худ мегӯем, идрокоти ҳиссӣ муқаддам аст бар идрокоти ақлӣ.

Албатта набояд аз ин таъбирот истифода кард, ки манзури мо аз ҳавосс, хусуси ҳамин ҳавосси зоҳира ва ботинаи маъмулӣ аст, ки ҳама онҳоро мешиносанд, зеро мо дар инҷо дар садади истиқсои ҳавосси умумии афроди башар ва ё дар садади баёни ин ки мумкин аст баъзе аз афроди башар ҳиссе илова бар ҳиссҳои маъмулӣ дошта бошанд, нестем.

Ва ҳамчунон ки дар матни мақола хоҳад омад, мо аз як формули куллӣ пайравӣ мекунем ва он ин ки: “ҳар илми ҳусулӣ масбуқ ба илми шуҳудии ҳузурӣ аст, хоҳ он илми шуҳудии ҳузурӣ ба василаи яке аз ҳавосси зоҳира ё ботинаи маъмулӣ, ки ҳама онҳоро мешиносанд ҳосил шавад ва ё ба василаи дигар.”

Ва аз ин рӯ, ин назария бо илқоъоте, ки ба авлиё ваҳй ва илҳомот ва мукошифот мешавад мунофоте надорад, зеро он илқоъот низ аз як навъ улуми шуҳудияи ҳузурия сарчашма мегирад ва ба иборати дигар, ба василаи ҳиссе моварои ҳавосси маъмулӣ сурат мегирад. Урафо дар заминаи он ҳисс суханони зиёде доранд. Равоншиносии ҷадид низ, ки муттакӣ ба таҷрибиёт ва озмоишҳои амалӣ аст, вуҷуди чунин ҳисси мармузеро тасдиқ мекунад.

Вилём Ҷеймз, равоншинос ва файласуфи маъруфи омрикоӣ (1842-1910) мегӯяд:

Он чӣ инсон онро “ман” мехонад ва худогоҳӣ дорад, дар аҳволи оддӣ доирааш маҳдуд ва масдуд аст ва аз худи ӯ таҷовуз намекунад, валекин ин доираи маҳдуд ҳариме дорад, ки берун аз доираи худогоҳӣ аст ва шахс дар аҳволи оддӣ аз он огоҳӣ надорад ва чун боби он ҳарим ба рӯйи “ман” боз шавад, бо олами дигаре ошно мегардад ва басе чизҳо бар ӯ макшуф мешавад, ки дар ҳоли оддӣ дараш ба рӯйи ӯ бастааст.”

Марҳуми Фурӯғӣ мегӯяд:

Ин фақраро, ки инсон гузашта аз замири худогоҳ замири дигаре дорад, ки маъмулан аз он огоҳ нест валекин баъзе авқот осоре аз он буруз мекунад ва маълумоте ба инсон медиҳад, ки аз ӯҳдаи ҳиссу ақл берун аст, пеш аз Вилём Ҷеймз низ донишмандони дигар, ки дар равоншиносӣ кор карда буданд, ба он бархӯрда ва онро “мани нохудогоҳ” номида буданд. Вилём Ҷеймз дар ин боб таҳқиқоти мабсут намуда ва мӯътақид шуд, ки мавориде ҳаст, ки инсон аз доираи маҳдуд ва масдуди “ман” ба он ҳарим, ки гуфтем, по мегузорад ва дар “мани нохудогоҳ” ворид мешавад ва бо “ман”-ҳои дигар, ки дар ҳоли оддӣ дарашон ба рӯйи ӯ бастааст муртабит мегардад ва ба ин тариқ замоир ба якдигар макшуф ва дар якдигар муассир мешаванд ва шахс бидуни воситаи ҳиссу ақл ба ҳақоиқе бармехӯрад ва дар аволиме сайр мекунад, ки таматтуъоти руҳонӣ дармеёбад ва ба камоли нафс наздик мешавад ва худро ба Худо муттасил мебинад ва дармеёбад, ки ҳудуди зиндагониаш боло рафта ва итминони нафс ҳосил намуда, руҳаш бузург ва шариф шуда ва аз ғайб мадад мегирад ва аз бемориҳои тан ё равон шифо меёбад.”

Мавлавӣ мегӯяд:

Ҷисм зоҳир, руҳ махфӣ омадаст,

Ҷисм ҳамчун остин, ҷон ҳамчу даст.

Боз ақл аз руҳ махфитар бувад,

Ҳисс ба сӯйи руҳ зудтар раҳ равад.

* * *

Руҳи ваҳй аз ақл пинҳонтар бувад,

З-он ки ӯ ғайб асту ӯ з-он сар бувад.

* * *

Он ҳисе, ки Ҳақ бад-он ҳис музҳар аст,

Нест ҳисси ин ҷаҳон, он дигар аст.

Ҳисси ҳайвон гар бидидӣ он сувар,

Боязиди вақт будӣ гову хар.

(Поёни муқаддима)

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: