Шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия (12) — Қазо ва қадари илоҳӣ (1)

Матни китоб:

وقدر لهم أقدارا، وضرب لهم آجالا… وكل شيء يجري بتقديره ومشيئته، ومشيئته تنفذ، لا مشيئة للعباد إلا ما شاء لهم، فما شاء لهم كان وما لم يشأ لم يكن، يهدي من يشاء ويعصم ويعافي فضلا، ويضل من يشاء ويخذل ويبتلي عدلا، وكلهم يتقلبون في مشيئته بين فضله وعدله

* * *

Тарҷума:

(Имом Таҳовӣ (Раҳматуллоҳи алайҳи) гӯяд:) (Худо) муайян кард барои онҳо андозаҳое (яъне, сарнавишти ононро барояшон муқаддар карда) ва таъйин фармуд барояшон мӯҳлатҳое (яъне аҷалашонро муайян намуда)… Ва ҳама чиз бар тибқи тақдир (андозагирӣ) ва машиати ӯ (Худо) дар ҷараён аст. Ва хост ва машиати ӯ шуданист. Нест ҳеч машиате мар бандагонро, магар он чӣ (Худо) барояшон хоста. Пас, он чӣ барояшон хоста, ҳамон шавад, ва он чӣ нахоста, нашавад. Ҳар касеро бихоҳад, ҳидоят мекунад ва муҳофизат менамояд ва тандурустӣ медиҳад, (ва ин ҳама) аз рӯйи фазлу эҳсони Ӯст. Ва ҳар касеро бихоҳад, гумроҳ мекунад ва хор ва гирифтораш мекунад, (ва ин ҳама) ба иқтизои адолати ӯст. Ва тамоми махлуқот дар гардунаи машиат ва иродаи Худо, байни иқтизои фазл ва муқтазои адлу ӯ дар ҳаракатанд…

* * *

Шарҳ:

Қазо ва қадари илоҳӣ

Яке аз масоиле, ки таваҷҷӯҳи башарро ҳамеша ба худ ҷалб карда ин аст, ки оё ҷараёни корҳои ҷаҳон тибқи як барнома пеш меравад? Яъне қудрате аз паси парда ба номи “қазо ва қадар” бар ҷамиъи воқеаҳои олам ҳукмронӣ мекунад ва ҳар кореро, ки мо акнун анҷом медиҳем ва ё фардо ё дар оянда анҷом доданӣ ҳастем, ҳама аз пеш таъйин шудаанд ва мо маҷбур ба дунё омадаем ва ҳамин гуна аз дунё меравем?

Ё ин ки на, аслан ва абадан чунин нест, ҳеч қудрате аз пеш ва аз паси парда бар мо ҳукмронӣ намекунад ва мо озод ва соҳибихтиёр буда ва сарнавиштамон дар дасти худамон аст?

Ё, на ин ва на он, балки дар айни он ки сарнавишт дар ниҳояти тавоноӣ бар саросари воқеаҳои ҷаҳон ҳукмронӣ мекунад ва нуфузаш бар саросари ҳастӣ бидуни истисно густарда аст, дар айни ҳол, ин нуфузи ғайриқобили рақобат ва муқовиматнопазир, кучактарин латмае бар озодӣ ва ҳуррияти башар намезанад? Хуб, агар ин чунин аст, чӣ гуна метавон онро тавҷеҳ кард ва тавзеҳ дод?

Бархе аз душманони ислом бузургтарин сабаби ақабуфтодагии мусалмононро эътиқод ба “қазо ва қадар” зикр кардаанд.

Ҳоло, қатъи назар аз ин, бояд бибинем, мантиқи Қуръони Карим дар ин масъала чист ва аз пешвоёни дин дар ин замина чӣ расидааст?

Оятҳои қуръонӣ

Дар ин замина, мо дар Қуръони Карим бо ду даста аз оятҳо рӯ ба рӯ мешавем:

а) Дастаи аввал: оятҳое, ки сареҳан ва ба таври ошкор ҳукумат ва дахолати сарнавишт ва ин ки ҳеч ҳодисае дар ҷаҳон рух намедиҳад, магар ба хости илоҳӣ ва он ҳодиса қаблан дар китобе забт шудааст, таъйид кардаанд:

مَا أَصَابَ مِن مُّصِيبَةٍ فِي الْأَرْضِ وَلَا فِي أَنفُسِكُمْ إِلَّا فِي كِتَابٍ مِّن قَبْلِ أَن نَّبْرَأَهَا إِنَّ ذَلِكَ عَلَى اللَّهِ يَسِيرٌ

Ҳеҷ мусибате дар замин ё дар нуфуси шумо ба шумо намерасад, магар он ки қабл аз он ки онро зоҳир кунем, дар китобе сабт шуда ва ин бар Худо осон аст.” (Сураи Ҳадид, ояти 22)

وَعِندَهُ مَفَاتِحُ الْغَيْبِ لاَ يَعْلَمُهَا إِلاَّ هُوَ وَيَعْلَمُ مَا فِي الْبَرِّ وَالْبَحْرِ وَمَا تَسْقُطُ مِن وَرَقَةٍ إِلاَّ يَعْلَمُهَا وَلاَ حَبَّةٍ فِي ظُلُمَاتِ الأَرْضِ وَلاَ رَطْبٍ وَلاَ يَابِسٍ إِلاَّ فِي كِتَابٍ مُّبِينٍ

Ва калиди хазонаҳои ғайб назди Худост ва касе ҷуз Худо бар он огоҳ нест. Ва (Худо) медонад он чӣ дар хушкӣ ва дарёст ва ҳеч барге аз дарахт наяфтад магар он ки Ӯ огоҳ аст ва ҳеч дона дар зери торикиҳои замин ва ҳеч тару хушке дар ҷаҳон нест, ҷуз он ки дар китоби мубин мастур аст.” (Сураи Анъом, ояти 59)

يَقُولُونَ هَل لَّنَا مِنَ الأَمْرِ مِن شَيْءٍ قُلْ إِنَّ الأَمْرَ كُلَّهُ لِلَّهِ يُخْفُونَ فِي أَنفُسِهِم مَّا لاَ يُبْدُونَ لَكَ يَقُولُونَ لَوْ كَانَ لَنَا مِنَ الأَمْرِ شَيْءٌ مَّا قُتِلْنَا هَاهُنَا قُل لَّوْ كُنتُمْ فِي بُيُوتِكُمْ لَبَرَزَ الَّذِينَ كُتِبَ عَلَيْهِمُ الْقَتْلُ إِلَى مَضَاجِعِهِمْ

Мепурсанд: оё чизе аз кор дар дасти мо ҳаст? Бигӯ: тамоми кор ба дасти Худост. Онҳо дар дил матлабе доранд, ки аз ту пинҳон мекунанд; пеши худ мегӯянд, агар кор ба дасти мо буд, дар инҷо кушта намешудем. Ба онҳо бигӯ: агар дар хонаи худ мебудед, касоне ки кушта шудан барояшон навишта шудааст, ба хобгоҳҳои хеш мешитофтанд.” (Сураи Оли Имрон, ояти 154)

وَإِن مِّن شَيْءٍ إِلاَّ عِندَنَا خَزَائِنُهُ وَمَا نُنَزِّلُهُ إِلاَّ بِقَدَرٍ مَّعْلُومٍ

Ҳеҷ чизе нест, магар ин ки хазонаҳои он дар назди Мост, ва Мо онро ҷуз ба андозаи муайян фурӯ намефиристем.” (Сураи Ҳиҷр, ояти 21)

قَدْ جَعَلَ اللَّهُ لِكُلِّ شَيْءٍ قَدْرًا

Ҳамоно Худо барои ҳар чиз андозае қарор додааст.” (Сураи Талоқ, ояти 3)

إِنَّا كُلَّ شَيْءٍ خَلَقْنَاهُ بِقَدَرٍ

Мо ҳама чизро ба андоза офаридем.” (Сураи Қамар, ояти 49)

… ва ғайра.

б) Дастаи дуввум: оятҳое, ки далолат мекунад бар ин ки инсон дар амали худ соҳибихтиёр ва дар сарнавишти худ таъсиргузор аст ва метавонад онро тағйир диҳад:

إِنَّ اللّهَ لاَ يُغَيِّرُ مَا بِقَوْمٍ حَتَّى يُغَيِّرُواْ مَا بِأَنْفُسِهِمْ

Худо вазъи ҳеч мардумеро иваз намекунад, магар он ки худи онҳо вазъи нафсонии худро тағйир диҳанд.” (Сураи Раъд, ояти 11)

وَضَرَبَ اللّهُ مَثَلاً قَرْيَةً كَانَتْ آمِنَةً مُّطْمَئِنَّةً يَأْتِيهَا رِزْقُهَا رَغَدًا مِّن كُلِّ مَكَانٍ فَكَفَرَتْ بِأَنْعُمِ اللّهِ فَأَذَاقَهَا اللّهُ لِبَاسَ الْجُوعِ وَالْخَوْفِ بِمَا كَانُواْ يَصْنَعُونَ.

Худо масал зада шаҳреро, ки амн ва ором буд ва рӯзиҳо аз ҳамаҷо фаровон ба сӯйи он ҳамл мешуд, вале неъматҳои Худоро носипосӣ кард ва аз он пас Худо гуруснагӣ ва ноамниро аз ҳама тараф ба он чашонид.” (Сураи Наҳл, ояти 112)

وَمَا كَانَ اللَّهُ لِيَظْلِمَهُمْ وَلَكِن كَانُوا أَنفُسَهُمْ يَظْلِمُونَ

Худо чунон нест, ки ба онҳо ситам кунад, вале онон чунон буданд, ки ба хештан ситам мекарданд.” (Сураи Анкабут, ояти 40)

إِنَّا هَدَيْنَاهُ السَّبِيلَ إِمَّا شَاكِرًا وَإِمَّا كَفُورًا

Мо инсонро роҳ намудем, ӯ худ ё сипосгар аст ё носипос.” (Сураи Инсон, ояти 3)

فَمَن شَاء فَلْيُؤْمِن وَمَن شَاء فَلْيَكْفُرْ

Ҳар ки хоҳад имон оварад ва ҳар ки хоҳад куфр варзад.” (Сураи Каҳф, ояти 29)

… ва ғайра.

* * *

Ин ду даста аз оятҳо ба назари баъзеҳо муъоризи (1) якдигаранд. Бинобар ин, бар ин бовар шудаанд, ки бояд маънои зоҳири як дастаро пазируфт ва дастаи дигарро таъвил кард.

Маншаи пиндори таъоруз

Иллати ин ки ин ду даста аз оятҳо муъоризи якдигар дониста шудаанд ин аст, ки лозимаи он ки ҳама чиз ба тақдири илоҳӣ бошад ин аст, ки инсон озод набошад. Озодӣ бо муқаддар будан созгор нест. Яъне, лозимаи ин ки ҳама чиз дар илми Худо гузашта ин аст, ки ҳама чиз бояд ҷабран ва бидуни ихтиёр сурат гирад, вагарна илми Худо ҷаҳл хоҳад буд.

Ва аз он тараф, лозимаи ин ки инсон худ омили таъсиргузор дар хушбахтӣ ё бадбахтии худ буда ва сарнавишти худро дар ихтиёр дошта бошад ин аст, ки тақдири қаблие дар кор набошад. Пас, як даста аз ин ду даста оятҳо бояд таъвил бишаванд.

Дар ҷаҳони ислом, гурӯҳе (мисли мӯътазила) ба тарафдории ихтиёр маъруфанд, аз ин рӯ онҳо оятҳои тақдирро таъвил кардаанд, вале гурӯҳе дигар мӯътақид ба навъе ҷабр шуда ва аз ин рӯ оятҳои ихтиёрро таъвил кардаанд.

Дар ҳоле ки ин таъоруз зоҳирӣ аст ва ҳеч гуна мунофоте байни “илми собиқ ва нофизи илоҳӣ ва машиати мутлақаи ӯ” ва байни “ихтиёр ва озодии башар” вуҷуд надорад ва бинобар ин ниёзе ба таъвили ҳеч як аз ин ду даста оятҳо нест.

Инак, ба баёни ин мавзӯъ мепардозем. Дар ибтидо лозим аст, вожаи “қазо” ва “қадар” дақиқан маъно шавад.

Маънои қазо ва қадар

“Қадар” ба маънои “андоза” аст ва “тақдир” ба маънои “чизеро ба андозаи муайяне дуруст кардан”. Ва “қазо” ба маънои “ба анҷом расондан” аст.

Манзур аз “тақдири илоҳӣ” ин аст, ки Худои Мутаъол ҳар чизеро аз як роҳи муайян ва аз як тариқи махсус меофаринад: “Мо ҳама чизро ба андоза офаридем.” (Сураи Қамар, ояти 49) Масалан: Худованди Субҳон ирода карда рӯйидани як хӯшаи гандум аз ин тариқ сурат бигирад, ки замини омодае бошад, донаи гандум дар он кошта шавад, он замин обёрӣ гардад, аз нури хуршед ба қадри кофӣ баҳраманд шавад ва ғайра… аз садҳо ва ҳазорон шароит ва асбоб. Ин аст маънои “тақдири илоҳӣ”.

Ва аммо манзур аз “қазои илоҳӣ” ин аст, ки Худои Субҳон пас аз фароҳам шудани сабабҳо ва шароити ба вуҷуд омадани як падида, онро ба марҳилаи ниҳоӣ ва ҳатмӣ расонад.

Ба иборати возеҳтар: тамоми шароити падид омадан ва ба вуҷуд омадани як падида “қадар”-и он аст ва ба марҳилаи ҳатмӣ расидани он ва ба вуҷуд омадани он, “қазо”-и он ба шумор меояд. Масалан: дар ҳамин мисоли хӯшаи гандум, ки арз шуд, сабабҳо ва шароите аз қабили вуҷуди замини омода, коштани донаи гандум, обёрӣ, баҳраварӣ аз нури хуршед ва ғайра… “қадар”-и хӯшаи гандуманд ва аммо пас аз фароҳам шудани шароит, падид омадан ва ба вуҷуд омадани хӯша, “қазо”-и он аст.

Қонуни иллият (2) ва сарнавишти ҳатмӣ

Қуръони Карим барои ҳодисаҳои табиӣ сабабҳо ва иллатҳое қоил аст, яъне “қонуни умумии иллият ва маълулият” мавриди таъйиди он аст. Ақл ҳам бо ҳукми бадеҳӣ ва зарурияш (3) ин қонунро қабул дорад. Асосан, инсон бар ин фитрат офарида шуда, ки барои ҳар ҳодисае, аз иллати пайдоиши он ҷустуҷӯ кунад ва бе ҳеч тардиде ҳукм кунад, ки ин ҳодиса иллате доштааст.

Асли иллияти умумӣ ва ин ки ҳар падида ва ҳодисае (ва ба иборати дигар: ҳар маълуле) фақат аз роҳи иллати муайяне ба вуҷуд меояд, бар ҷаҳон ҳукмфармост. Бар асоси ин қонун, ҳар ҳодиса ва падидае зарурат ва қатъияти вуҷуди худ (яъне қазои худ) ва ҳамчунин шакл, хусусияти замонӣ, маконӣ ва дигар хусусиятҳои вуҷудии худро (яъне қадари худро) аз иллатҳои пеш аз худ касб кардааст.

Пас, лозимаи қабули асли иллияти умумӣ, қабули ин ҳақиқат аст, ки ҳар ҳодисае зарурат ва қатъият (қазо) ва ҳамчунин хусусият, шакл, андоза ва кайфияти худро (қадари худро) аз иллати худ мегирад. Дар ин масъала, фарқе миёни худобовар ва моддигаро нест, зеро эътиқод ба сарнавишт, аз эътиқод ба асли иллияти умумӣ сарчашма мегирад, хоҳ он ки тарафдори ин эътиқод худобовар бошад ё моддигаро.

Чизе ки ҳаст ин аст, ки ба ақидаи як нафар моддигаро, қазо ва қадар фақат айнист (яъне ҳамоне ки дар воқеъ ба вуқӯъ мепайвандад), вале ба ақидаи як нафар худобовар, қазо ва қадар дар айни ин ки айнист, илмӣ ҳам ҳаст. Яъне аз назари як нафар моддигаро, сарнавишти ҳар мавҷуде дар иллатҳои гузашта таъйин мешавад, бе он ки худи он иллатҳо ба кори худ ва хоссияти худ огоҳ бошанд, вале аз назари як худобовар, силсилаи тӯлии иллатҳо (иллатҳои мофавқи замон) ба худ ва ба кор ва хоссияти худ огоҳанд. Аз ин рӯ, дар мактаби худобоварон, он иллатҳо номи “китоб”, “лавҳ”, “қалам” ва амсоли инҳо ба худ мегирад, аммо дар мактаби моддигароён чизе, ки шоистаи ин номҳо бошад, вуҷуд надорад.

Дар қисматҳои баъдӣ, дар ин мавзӯъ бештар баҳс хоҳем кард.

Идома дорад

* * *

Поварақӣ:

(1) Муъориз, яъне бо ҳам зид ва ба иборати дигар: маъное ба зидди маънои дигарест. Дастае аз ин оятҳо мегӯяд инсон соҳибихтиёр нест, вале дастаи дуюм мегӯяд соҳибихтиёр аст.

(2) Қонуни иллияти умумӣ, яъне ин ки ҳар ҳодисае, ки пайдо мешавад, дар падид омаданаш эҳтиёҷ ба падидоваранда дорад. Ва ба иборати дигар: ҳар чизе, ки номи “кор” ва “ҳодиса” дорад, он чиз “кунанда” ва “падидоваранда” мехоҳад. Қонуни иллият истиснопазир нест, яъне ин қонун дар ҳамаи маворид бидуни истисно ҷорист ва ҳеҷ мавриде хориҷ аз он нест. Яъне чунин нест, ки вуқӯъи ҳодиса ва ё падидаеро, ҳатто дар як маврид ҳам ки бошад, бидуни истинод ба сабабе ҷоиз бидонем.

(3) Ҳукми бадеҳӣ ва зарурии ақл, яъне ҳукме, ки ақл бидуни такя ба ҳеч истидлоле бикунад, ба монанди ин ҳукми ақл, ки «Маҳол аст, ки Аҳмад дар як вақти муайян, ҳам дар мадраса бошад ва ҳам набошад», ки дар истилоҳи фалсафа, аз он ба «маҳол будани иҷтимои ду нақиз» таъбир мекунанд. Яке аз аҳкоми бадеҳӣ ва зарурии ақл, ки дар он, ба ҳеч истидлоле ниёз надорад, қонуни иллату маълул аст, яъне ақл бо бадоҳат ҳукм мекунад, ки «ҳар ҳодисае иллате дорад».

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия



Рубрики:Ақоиди исломӣ, Ислом

Метки: , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: