Шарҳи Маснавӣ (143)

Ҷавоб гуфтани ҳудҳуд таънаи зоғро

* * *

Гуфт: эй шаҳ, бар мани ъури гадо

Қавли душман машнав аз баҳри Худо.

Ҳудҳуд гуфт: шоҳо! Маҳзи ризои Худо, дар ҳаққи мани гадои бараҳнаи ночиз, сухани душманро гӯш макун!

Ъур: якчашм, вале дар инҷо ба маънои бараҳна аст.

Гар набошад ин, ки даъвӣ мекунам,

Ман ниҳодам сар, бибур ин гарданам.

Агар он чӣ иддаъо мекунам газофа ва дурӯғ аст, ман аз сарам мегузарам ва инак гардани маро бизан!

Зоғ, к-ӯ ҳукми қазоро мункир аст,

Гар ҳазорон ақл дорад, кофир аст.

Зоғ, ки мункири қазо ва қадар ва ҳукми қотеъи он аст, агар ҳазорон ақл ҳам, ки дошта бошад, боз кофир аст.

Дар ту, то кофе бувад аз кофирон,

Ҷойи ганду шаҳватӣ чун кофи рон.

То вақте ки асаре аз кофирон дар ту бошад, ту ҷойгоҳи палидӣ ва шаҳватӣ, монанди шармгоҳи занон ва мардон. Пас, то вақте ки бо кофирон синхият дорӣ, ҳамчунон нопокӣ.

Коф: ба маънои шикоф, ва мухаффафи он иҳом дорад ба “коф”-и куфр. Кофи рон: шармгоҳи зану мард.

Ман бибинам домро андар ҳаво,

Гар напӯшад чашми ақламро қазо.

Бале, албатта, ки ман (ҳудҳуд) дар ҳоли парвоз дар ҳаво, метавонам доми ниҳоншуда дар зери хокро бибинам, аммо ба шарти он ки қазои илоҳӣ чашми ақламро набаста бошад.

Чун қазо ояд, шавад дониш ба хоб,

Маҳ сияҳ гардад, бигирад офтоб.

Вақте ки қазои илоҳӣ даррасад, илму ақл дучори ғафлат шавад, ва моҳ сиёҳу тира гардад ва хуршед низ дучори кусуф шавад.

Аз қазо ин таъбия кай нодир аст?

Аз қазо дон, к-ӯ қазоро мункир аст.

Ин қабил корҳо тибқи қазои илоҳӣ сурат мегирад ва ин маворид кай қалил (ё баъид) аст? Ҳар кас, ки қазои илоҳиро инкор кунад, ин инкорро низ ношӣ аз қазои илоҳӣ бидон.

Таъбия: оростани лашкар, муқадимасозӣ, фароҳам овардан.

Нукта: Мавлоно тибқи мӯътақадоти аҳли шаръ ва асҳоби фалсафа ва ҳикмат, ба қазо ва қадар ақида дорад ва мегӯяд, ки қазои илоҳӣ мофавқи ихтиёри башарист. Ва дар айни ҳол, ақида дорад, ки ҳарчанд қазои илоҳӣ ҳақ аст, вале саъю кӯшиши инсон низ ҳақ аст. Ба иборате, мегӯяд, раво нест, ки ба баҳонаи ҳокимияти қазо ва қадари илоҳӣ, кору талошро таътил кунӣ:

Бал қазо ҳаққ асту ҷаҳди банда ҳақ,

Ҳин, мабош аъвар чу Иблиси халақ.

* * *

Қиссаи Одам алайҳиссалом ва бастани қазо назари ӯро аз муроъоти сареҳи наҳй ва тарки таъвил (1)

* * *

Булбашар, к-ӯ “алламал-асмо”–баг аст,

Садҳазорон илмаш андар ҳар раг аст.

Ҳазрати Одам падари башар, ки ба воситаи илм бар ҳақоиқи ашё, солори мавҷудот шуда буд, дар ҳар раги ӯ садҳо ҳазор илму маърифат нуҳуфта буд.

Баг: мухаффафи “бег” калимае туркӣ, ки ба маънои бузург ва шариф аст. Ин лақабро ба нуҷабо ва шоҳзодагон ва амирони сипоҳ медодаанд.

Нукта: Мисроъи аввал ишорат аст ба ояти 31 сураи Бақара:

وَعَلَّمَ آدَمَ الأَسْمَاء كُلَّهَا ثُمَّ عَرَضَهُمْ عَلَى الْمَلاَئِكَةِ فَقَالَ أَنبِئُونِي بِأَسْمَاء هَؤُلاء إِن كُنتُمْ صَادِقِينَ

Ва (Худо) ҳамаи (маъонии) номҳоро ба Одам омӯхт, сипас онҳоро бар фариштагон арза намуд ва фармуд: агар рост мегӯед, аз асомии инҳо ба ман хабар диҳед.”

Исми ҳар чизе, чунон к-он чиз ҳаст,

То ба поён ҷони ӯро дод даст.

Исми ҳар чизе он гуна ки ҳақиқат дорад то поёни кор ба замиру ҷони ӯ таълим дода шуд.

Ҳар лақаб, к-ӯ дод, он мубдал нашуд,

Он кӣ чусташ хонд, ӯ коҳил нашуд.

Худованд аз рӯзи азал ба ҳар мавҷуде, ки лақаб дод, он лақаб то абад иваз нахоҳад шуд. Масалан: агар Худованд дар рӯзи азал номи ҳақиқии касеро чолок гузошт, ӯ ҳаргиз танбал нахоҳад шуд.

Мубдал: дигаргуншуда.

Нукта: Худованд ба феълияти бидоӣ ва ниҳоии ҳар мавҷуд олим аст. Ва бо таваҷҷӯҳ ба феълияти ниҳоии ҳар мавҷуд, ҳақиқати ӯро бо номе мушаххас ва мавсум мекунад. Ва он мавҷуд тибқи тасмия ба арсаи вуҷуд меояд. Ин матлаб тадоъикунандаи баҳси қазо ва қадар дар мактаби Ибни Арабӣ аст. Ӯ ақида дорад, ки аъёни собита дар азал ба наҳви суратҳо дар лавҳи илми Парвардигор манқуш будаанд ва чун иқтизои зуҳур ёбанд, онҳоро мутобиқ бо ҳамон аҳвол ва аҳкоми қаблӣ ба вуҷуд меоварад. Бинобар ин, аъён тамоман азалиюладаманд, яъне дар азал вуҷуди айнӣ ва таҳаққуқӣ надоранд, балки фақат вуҷуди илмӣ доранд. Пас, ҳеч мавҷуде наметавонад бар хилофи сурате, ки дар илми Парвардигор дошта дар зуҳур ояд; чунон ки гуфтаанд: одамӣ ҳамон аст, ки дар чашми Худост ва ҷуз он натавонад буд. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.409-410)

Ҳар кӣ охир мӯъмин аст, аввал бидид,

Ҳар кӣ охир кофир, ӯро шуд падид.

Ӯ ҳар касро, ки дар поёни кораш ба имон мегаройид ва мӯъмин мешуд, ҳамон тавр тибқи феълияти мӯъминонааш медид. Ва низ ҳар касро, ки дар поёни кораш ба куфр мегаройид ва кофир мешуд, он феълияти кофиронаро низ аз ҳамон рӯзи азал медид.

Исми ҳар чизе ту аз доно шунав,

Сирри рамзи “алламал-асмо” шунав.

Ҳақиқати исми ҳар чизеро бояд аз касе бишнавӣ, ки донои илми ладуннӣ аст ва рози ҳақиқати “алламал-асмо”-ро медонад. Яъне асрори асмоеро, ки Худованд ба Одам (инсони комил) таълим фармуда аз ориф ва олими улулми ботинӣ ёд бигир.

Нукта: Манзур аз “доно” молики илми ладуннӣ аст, ки ҳамчун Одами абулбашар онро аз Худованд касб мекунад ва гавҳари ашёро чунон ки дар нафсуламр ҳастанд мебинад. (Муқаддимаи Румӣ ва тафсири Маснавии Маънавӣ, с.248)

Исми ҳар чизе бари мо зоҳираш,

Исми ҳар чизе бари холиқ сираш.

Мо фақат зоҳири ҳар исмеро мешиносем, вале ҳақиқат ва сирри ҳар исмро фақат офаридгор дар лавҳи маҳфуз (ва ба таълими ӯ, авлиёуллоҳ низ) донад.

Нукта: Акбарободӣ гӯяд, ки дар ин байт ва абёти баъдӣ, Мавлоно мехоҳад ба ин ҳақиқат ишорат кунад, ки ҷамиъи мавҷудоти олам мазҳари асмо ва сифоти Ҳақ Таъоло ҳастанд, зеро ки вақте мегӯем, “девор” ё “парда”, ин ду ном нишондиҳандаи пӯшонандагии ду шайъи мушаххас аст, ва дар воқеъ ин ду шайъ мазҳари исми “саттор” (бисёр пӯшонанда) ё масалан “шамшер”, ки буранда ва кушанда аст, мазҳари исми “қаҳҳор” аст… (Шарҳи Маснавии Валимуҳаммади Акбарободӣ, дафтари аввал, с.79)

Бинобар ин, Ҳақ Таъоло ва анбиё ва авлиё (ба баракати илми илоҳӣ ва ҳикмати раббонӣ) назар ба кунҳи ҳақиқӣ ва феълияти ниҳоии ҳар чиз доранд. Ва бад-ин сон метавонанд исми ҳақиқии мавҷудотро ба эътибори охирин феълияти онон таъйин ва тасмия кунанд. Ҳол он ки дигарон фақат ҳукм ба зоҳир тавонанд кард ва феълияти ниҳоии ҳар чизро дар олами ҳузур ва шаҳодат натавонанд шинохт. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.410-411)

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ



Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: