Ирфони Ҳофиз (4)

(Силсиласуханрониҳои Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ, қисмати 4)

Фарзияи дуввум: Ҳофиз ашъори худро дар ҳолоти мухталиф гуфтааст

Фарзияи дуввум — ки ин ҳам фарзияи аҷибест- ин аст, ки Ҳофиз ин ҳарфҳои зидду нақизро — ки хеле ҳам зидду нақиз аст ва мо баъд дар бораи таноқузҳои зоҳирии Ҳофиз баҳс хоҳем кард — таҳти таъсири ҳолоти мухталиф гуфта. Он ҷойе, ки дар ҳадди аълои эпикурӣ гуфта, дар он вақт ҳолаташ ҳам ҳолати эпикурӣ буда ва хулоса аз ҳеч чиз намегузашт агар гираш меомад. Ва он ҷойе ҳам, ки дар авҷи ирфон гуфта, дар он вақт ҳолати ирфонӣ дошта. Яъне ин навасоне, ки шумо дар девони Ҳофиз мебинед, мунъакискунандаи навасони руҳии худи Ҳофиз аст, дар ин ҳадд, ки байнал-машриқи вал-мағриб аст. То ин ҳадд руҳи Ҳофиз дар навасон буда. Мегӯем, чӣ тавр чунин чизе мешавад?

Эдворд Броун назараш ин аст. Ӯ китобаш “Торихи адабиёти Эрон”-ро ба ангилисӣ навишта. Дар ҷилди севвумаш — ки аз Саъдӣ то Ҷомӣ аст ва Алиасғари Ҳикмат тарҷума карда – мегӯяд: Ҳофиз он ҷойе, ки роҷеъ ба майхорагӣ гуфта, мақсудаш ҳамин майхорагӣ буда. Он ҷойе ҳам, ки роҷеъ ба муххи ирфон гуфта, воқеан дар он вақт ориф буда. Баъд ба ангилисиҳо мегӯяд: шумо мумкин аст таъаҷҷуб кунед, ки магар мешавад як нафар ин тавр бошад? Мегӯяд: эрониҳоро нашинохтаед, эронӣ як чунин ҷинс одамист…

Ҳофиз, гуле аз бӯстони маъорифи исломӣ

Баҳси мо расид ба инҷо, ки Ҳофиз худаш дар лаҳни ашъораш тавре ҳаст, ки ин имконро ба афрод дода, ки ба ашколи гуногуне тафсир шавад. Як навъ тафсири ӯ ба истилоҳ тафсири моддии Ҳофиз аст. Яъне он чизҳоеро, ки дар забони Ҳофиз омадааст, аз маю маъшуқу шакку ҳайрату дам ғанимат шумурдану амсоли инҳо — ки ба қавли фарангиҳо, Ҳофизро як шоири эпикурӣ муаррифӣ мекунад — ба ҳамин зоҳираш ҳамл кунем ва бигӯем, мақсудаш ҳам ҳамин аст.

Дар ҷаласаи пеш гуфтем, ки бисёре Ҳофизро ҳамин ҷур тафсир мекунанд, вале онҳо ҳам ба амд ва бо таваҷҷӯҳ, ё бидуни амд ва таваҷҷӯҳ, қисмате аз ашъори Ҳофиз дар ин заминаро ба ҳисоб меоваранд; ҳамон ашъори моддӣ ба истилоҳ, ки мафҳуме ин гуна дорад, ва қисмати дигарро (маскут мегузоранд.) Дар воқеъ он миқдор аз мафоҳими моддапарастии Ҳофиз оварда мешавад, ки худи ин нависандагонро битавонад тавҷеҳ кунад. Яъне чизҳое, ки ҳозиранд ба худашон нисбат бидиҳанд ва на бештар. Ва аммо дар ҳудуде, ки ҳатто худашон ҳам ибо доранд, ки ба худашон чунин нисбатҳое бидиҳанд, дар он ашъори Ҳофиз сукут мекунанд, ва мо гуфтем ҳоло бибинем, чӣ аз об дармеояд. Ва даровардем, ки агар Ҳофизро ин ҷур тафсир кунем, барои Ҳофиз ҷуз ҳамон ҳунари шоирӣ чизе боқӣ намемонад, балки як инҳитоти ахлоқии руҳӣ дар мунтаҳо дараҷа, мунтаҳо бо ҳунари фавқулъода шеърӣ. Ин як гуна тафсир.

Албатта инҷо мумкин аст касе бигӯяд, ки чӣ монеъе дорад? Магар мо қавл додаем, ки Ҳофиз ин ҷур набошад? Мо бояд бибинем, Ҳофиз дар воқеъ чӣ гуна будааст. Сухани мо ҳам ҳамин аст. Ин тарзи фикр, яъне тарзи фикри инчунин моддӣ барои як шоир ва ҳунарманд, дар ҷаҳони ислом собиқа дорад ва будаанд шуарое, ки шеъру адабу ҳунарашон дар ҳамин заминаҳо буда ва бе парда ва макшуф ин муддаъои худашонро баён кардаанд. Фарангиҳо ин ҷур афродро “эпикурист” меноманд. Албатта худашон — яъне торихи фалсафанависҳо – мегӯянд, рӯйи як нисбати ғалатест, ки ба Эпикур медиҳанд, ва илло худи Эпикур ҳам ба ин маъно лаззатпараст набудааст, вале истилоҳе шуда.

Язидигарӣ

Дар ҷаҳони ислом аввал касе, ки дар шеъри худаш мафоҳими маънавӣ ва мазҳабӣ ва ахлоқиро ба масхара гирифт ва бе парда дам аз лаззату айшу шаробу шоҳиду инҳо зад ва мақсуди ӯ ҳам ҷуз ҳамин умури зоҳирӣ набуд, Язид ибни Муовия аст. Ва он чӣ ки урупоиҳо онро “эпикуризм” меноманд, мусалламин бояд “язидигарӣ” биноманд, чун аввал касе, ки ин бобро дар ҷаҳони ислом фатҳ кард, Язид буд. Албатта медонед, ки Язид шоире фавқулъода забардаст буда, хеле шоири балиғе буда ва девонаш ҳам шунидаам чоп шуда. Ва маъруф аст, ки Қозӣ Ибни Халлакони маъруф, ки аз уламои бузурги ислом ва муаррихи бузургест ва китобаш ҷузъи асноди торихии дунёи ислом аст ва худаш марди адибе ҳам ҳаст, шефтаи фавқулъодаи шеъри Язид буда. Ба худи Язид иродате надошта, вале ба шеъри Язид фавқулъода иродатманд буда. Ва дар ашъори Язид ҳамин мазомини таҳқири ҳар чӣ маъно ва ахлоқ ва маъонии дину мазҳаб аст, дар қиболи лаззот ва баҳрагирӣ аз табиат, дар камоли сароҳат омадааст, мисли ин ашъораш, ки мегӯяд:

مَعْشَرَ النِّدمان قوموا

وَاسْمَعوا صَوْتَ الْاَغانی

وَاشْرَبوا كَأْسَ مُدامٍ

وَاتْرُكوا ذِكْرَ الْمَعانی

Махсусан вақте ки ба ин умур даъват мекунад, тавъам мекунад бо нафйи маъонӣ:

شَغَلَتْنی نَغْمَةُ الْعیدانِ

عَنْ صَوْتِ الْاَذانِ

وَتَعَوَّضْتُ عَنِ الْحور

عَجوزاً فِی الدِّنانِ

Ашхосе, ки ба арабӣ огоҳ ҳастанд, медонанд чӣ дорад мегӯяд. Ҳоло андаке аз онро тарҷума мекунам. Мегӯяд: “Дӯстон, надимон! Бапо хезед, садои мусиқиро, уғнияҳоро гӯш кунед, ҷоми май дамодам бинӯшед ва зикри маъонӣ ва он ҳарфҳои ахлоқиро раҳо кунед.” “Ман шахсан касе ҳастам, ки овози удҳо маро аз шунидани овози азон боздоштааст, ва ба ҷойи ҳурулъайн, ки дар биҳишт ваъда медиҳанд, ин пиразанеро, ки дар дохили хум аст интихоб кардаам.” Калимаи “аҷуз” дар забони арабӣ киноя аз хамри кӯҳна оварда мешавад. Ё масалан мегӯяд:

شُمَیْسَةُ كُرْمٍ بُرْجُها قَعْرُ دِنِّها

وَمَشْرِقُهَا السّاقی وَمَغْرِبُها فَمی (1)

اِذا نَزَلَتْ مِنْ دِنِّها فی زُجاجَة (2)

حَكَتْ نَفَراً بَیْنَ الْحَطیمِ وَزَمْزَم (3)

فَاِنْ حَرُمَتْ یَوْماً عَلی دینِ اَحْمَد

فَخُذْها عَلی دینِ الْمَسیحِ بْنِ مَرْیَم (4)

Ё роҷеъ ба масоҷид мегӯяд:

دَعِ الْمَساجِدَ لِلعُبّادِ تَسْكُنُها

وَاجْلِسْ عَلی دَكَّةِ الْخَمّارِ وَاسْقینا

اِنَّ الَّذی شَرِبا فی سُكْرِهِ طَرِبا

وَلِلْمُصَلّینَ لا دنیا ولا دینا

ما قالَ رَبُّكَ وَیْلٌ لِلَّذی شَرِبا

لكِنَّهُ قالَ وَیْلٌ لِلْمُصَلّینا

Ҳамин мазомине, ки мо мебинем дар калимоти урафои худамон таъна задан ба ибодат ва масҷид ва ин ҷур ҳарфҳо зиёд пайдо мешавад дар муқобили айшу нӯше, ки худи онҳо мегӯянд ва дар калимоташон ҳаст.

Ё масалан бедардӣ нисбат ба иҷтимоъ, ки гӯри падари иҷтимоъ, ҳарчӣ буд буд: “Вазифа гар бирасад масрафаш гул асту набид” пуле бирасад ва мо биравем онҷо, гуле ва набиде ва аз ин ҳарфҳо, дигар гӯри падари дунё, ҳарчӣ мехоҳад бар дунё бигзарад.

Дар асари ин корҳое, ки Язид мекард, чун номзади хилофат буд, Муовия, ки дар сиёсат марди пухтае буд, хеле нороҳат буд. Медид, инҳо заминаи хилофати ӯро ба куллӣ хароб мекунад, хусусан ин бедардӣ ва беалоқагиаш. Барои ин ки ӯро алоқаманд ба сиёсат ва умури низомӣ бикунад, дар яке аз ҷангҳое, ки бо румиҳо доштанд, махсусан фармондеҳии сипоҳро ба ӯ дод. Сипоҳ рафтанд ва Язид дилаш намехост биравад, билохира худаш чанд манзил баъд аз сипоҳ ҳаракат мекард, то расид ба яке аз дайрҳо. (5) Баъд аз муддате, ки лашкар дар ҷойе утроқ карда буд, ба ӯ хабар доданд, ки як бемории хеле сахте афтода миёни сипоҳиён ва инҳоро мисли барги хазон ба замин мерезад. Ӯ дар дайр зане ба номи Умми Кулсум пайдо карда буд ва бо ӯ машғули айшу нӯш буд, аслан хиёлаш аз ин ҳарфҳо набуд. Як вақте ки сараш гарм шуд, ин шеърҳоро дар бедардӣ нисбат ба мардум гуфт:

ما اَنْ اُبالی بِما لاقَتْ جُموعُهم

بالْقَذْقَذونَةِ (6) مِنْ حُمّی وَمِنْ موم

اِذَا اتَّكَأَتْ عَلَی الْاَنماطِ مُرْتَفِقا

بِدِیْرِ مُرّانَ عِنْدی اُمُّ كُلْثوم

Албатта, баъд ҳам шоирҳои дигаре ба ҳамин ҳол даромаданд. Абунувос, ки як шоири аҳвозиюласл аст ва шоири бисёр тавоноест, дар арабӣ як чунин шоирест.

Инҳо баъдҳо ба истилоҳ ҷузъи уммоли шаҳвату хилвати хулафо шуданд. Яъне ҷузъи васоил ва абзорҳои айшу нӯши хулафо ва ашроф ва аъён ва риҷол гардиданд, ки вақте мехостанд дастгоҳи айшу нӯш дошта бошанд, аз ҷумлаи касоне, ки ба онҳо эҳтиёҷ доштанд, надимҳо, базлагӯҳо, шоирҳо ва касоне буданд, ки мазмунҳои олӣ ва латиф мегӯянд, барои ин ки айши онҳоро мукаммал кунанд.

Он мактабе, ки Ҳофизро ба наҳви моддӣ тафсир мекунад, мутобиқи он, аз Ҳофиз чунин шахсияте берун меояд ва истифода мешавад. Иттифоқан, дар Ҳофиз як баргае ҳаст, ки ин барга ҳам ин бечора Ҳофизро бештар муттаҳам мекунад. Ва он ин аст, ки дар яке аз ғазалҳояш, ки дар тартиби ин девон (девони Қазвинӣ) аввалин ғазали ӯ қарор гирифтааст, балки ҳамон аввалин байте, ки Ҳофиз бо он шурӯъ мешавад, як мисроъаш аз Язид аст:

Ало ё айюҳас-соқӣ! Адир каъсан ва новилҳо,

Ки ишқ осон нумуд аввал, вале уфтод мушкилҳо.

Мисроъи аввал, мегӯянд аз Язид аст, мунтаҳо мисроъи ӯ ин ҷур буда: “Адир каъсан ва новилҳо ало ё айюҳас-соқӣ!” ва шеъраш чунин аст:

انا المسموم ما عندی بتریاق ولاراق

ادر كأساً وناولها الا یا ایها الساقی

Инҷо як баргаи язидигарӣ алайҳи Ҳофизи бечора дуруст мешавад ва аз ин рӯ баъдҳо шуаро омадаанд (ва) баъзе узр хостаанд, баъзеи дигар ба Ҳофиз эрод гирифтаанд, ки ту чаро ин шеърро аз Язид гирифтаӣ? Дар ин шарҳе, ки “Судӣ” бар Ҳофиз навишта (7), мегӯяд, ки як аҳли Шероз хоста барои ин амр узре аз Ҳофиз биёварад. Мегӯяд:

Хоҷа Ҳофизро шабе дидам ба хоб,

Гуфтам: эй дар фазлу дониш беҳамол! (8)

Аз чӣ бастӣ бар худ ин шеъри Язид,

Бо вуҷуди ин ҳама фазлу камол?

Гуфт: воқиф нестӣ з-ин масъала,

Моли кофир ҳаст бар мӯъмин ҳалол?

Вале Котибии Нишопурӣ ин ҳарфро қабул накарда ва ба гунаи дигаре дар воқеъ бар Ҳофиз нақд кардааст. Мегӯяд:

Аҷаб дар ҳайратам аз Хоҷа Ҳофиз,

Ба навъе к-иш хирад з-он оҷиз ояд.

Чӣ ҳикмат дид дар шеъри Язид ӯ,

Ки дар девон нахуст аз вай сарояд?

Агарчи моли кофир бар мусалмон,

Ҳалол асту дар ӯ қиле нашояд.

Вале аз шер айбе бас азим аст,

Ки луқма аз даҳони саг рубояд.

Билохира ин як шеър ҳам баргае шуда барои язидигарӣ дар Ҳофиз.

Ҳоло мо биравем бибинем, ки матлаб чист? Оё воқеан ҳамин ҷур аст? Девони Ҳофиз ҳамин тавр бояд тафсир шавад? Агар девони Ҳофиз якнавохт мебуд ва ҳамаи ашъори Ҳофиз ҳамон ҷурҳое буд, ки мо намунаҳояшро дар қисматҳои мухталиф додаем, мегуфтем, бале, чӣ монеъе дорад, ки бигӯем Ҳофиз ин ҷур буда? Ҳоло аз Ҳофиз барои мо як “лисонулғайб” ва як марди хеле олӣ ва қиддис сохтаанд, хуб иштибоҳ кардаанд, чун торих, ки чизеро нишон намедиҳад, авом ин ҳарфро мезананд, девонаш ҳам, ки саросар ин аст, пас Ҳофиз асосан ҳамин ҳам ҳаст, беш аз ин ҳам чизе набуда.

Вале ин тавр нест ва ҳамаи ашъори Ҳофиз он ҷурҳо нест. Агар мо ин тавр дар бораи Ҳофиз қазоват кунем ва Ҳофизе пайдо шавад бихоҳад моро ба муҳокима бикашад, ҷавобе дар баробараш надорем. Агар касе бихоҳад дар бораи Ҳофиз аз рӯйи девонаш қазоват кунад (ки баҳси мо феълан дар ин аст, мо торихи Ҳофизро қаблан баҳс кардем) мисли ҳар шоири дигаре бояд тамоми ин девонро аз аввал то ба охир дар назар бигирад, чун било ташбеҳ дар бораи Қуръони Карим мо дорем, ки:

اَلْقُرْانُ یُفَسِّرُ بَعْضُهُ بَعْضاً

(Баъзе аз Қуръон муфассири баъзе ҳаст) ва худи Қуръон барои худаш “метудулужӣ” баён карда:

هُوَ اَلَّذِی أَنْزَلَ عَلَیْكَ اَلْكِتابَ مِنْهُ آیاتٌ مُحْكَماتٌ هُنَّ أُمُّ اَلْكِتابِ وَأُخَرُ مُتَشابِهاتٌ فَأَمَّا اَلَّذِینَ فِی قُلُوبِهِمْ زَیْغٌ فَیَتَّبِعُونَ ما تَشابَهَ مِنْهُ اِبْتِغاءَ اَلْفِتْنَةِ وَاِبْتِغاءَ تَأْوِیلِهِ

(Ӯст касе, ки ин китоб (Қуръон)-ро ба ту фурӯ фиристод; порае аз он оятҳои муҳкам (сареҳ ва равшан) аст, онҳо асоси китобанд, ва порае дигар муташобеҳотанд (ки таъвилпазиранд). Аммо касоне, ки дар дилҳояшон инҳироф аст, барои фитнаҷӯйӣ ва талаби таъвили он, (ба дилхоҳи худ) аз муташобеҳи он пайравӣ мекунанд, бо он ки таъвилашро ҷуз Худо ва росихон дар дониш намедонанд…” (Сураи Оли Имрон, ояти 7)

… ва худи Қуръон ин бобро барои аввалин бор боз карда; боби муташобеҳгӯӣ ва муҳкамгӯӣ ва ин ки он муҳкамот уммул-китоб бошад, яъне марҷаъи ҳамаи китоб бошад ва миқёсе бошад барои муташобеҳот. Мо дар бораи Қуръон ҳам агар бихоҳем баъзе аз оёти онро истихроҷ кунем ва баъд ҳамонҳоро миқёс қарор бидиҳем, чизе дармеояд ғайр аз он чӣ ки худи Қуръон мехоҳад. Ва ағлаб китобҳои муҳим ҳамин тавр аст, ки намешавад инсон қисмате аз онро, баъзе аз онро бигирад ва тафсир кунад.

Ҳофиз дар китоби худаш як калид ба дасти мо додааст, ва он калид ин аст, ки калимоте ба кор мебарад, ки он калимот ҳама нишон медиҳад, ки мехоҳад бигӯяд, ман марде аз ин типам; мисли калимаи “ориф”, калимаи “сӯфӣ”. (9) Калимоти муқаддас дар Ҳофиз аз қабили “солик”, “ориф”, “тариқ”, тариқат”, “раванда”, “муршид”, “пир”. Инҳо нишон медиҳад, ки ин девон аз типи девонҳоест, ки урафо танзим кардаанд, дар забони арабӣ ва дар забони форсӣ.

Мо аввал бояд биравем суроғи урафо ба таври куллӣ. Ҳофизро мо наметавонем аз урафо ҷудо кунем ва тафсир кунем, чунин чизе маҳол аст. Мавлавиро мо наметавонем аз урафо ҷудо кунем ва тафсир кунем. Тафсири Ҳофиз бояд тафсире бошад дар зимни тафсири урафо, хубиҳо ё бадиҳояш дар ҳама бояд санҷида шавад. Пас мо бояд як назари куллӣ ба ҳамаи урафо бикунем, бибинем аслан дар миёни урафо ин гуна ҳарф задан буда ё набуда? Мо мебинем ба истилоҳи имрӯз самбулик ҳарф задан — яъне бо алфоз ва калимоте, ки ҳар кадом рамзи як маъност сухан гуфтан — амре буда, ки қарнҳо қабл аз Ҳофиз дар миёни урафои исломӣ, аъамм аз арабигӯй ва форсигӯй, роиҷ буда, ихтисос ба Ҳофиз надорад, қарнҳо қабл аз Ҳофиз буда ва худашон ҳам дар ҷоҳои дигар тасреҳ мекардаанд, ки ин калимот рамз ва истилоҳ аст ва мо аз инҳо як маъонии хоссе дар назар дорем. Ин на ба Ҳофиз ихтисос дорад, на ба қарни Ҳофиз ва на ба забони форсӣ, ки агар мо бихоҳем дунболи ин матлабро бигирем, хеле дунбола пайдо мекунад. Ман ҳамон қадр, ки шумо бидонед, ин матлаб ба Ҳофиз ва қарни Ҳофиз ва забони форсӣ ихтисос надорад, барои шумо арз мекунам, то матлаб бароятон қатъӣ ва яқинӣ бишавад.

Идома дорад

* * *

Поварақӣ:

(1) Шаробро мегӯяд. (Ин масхара карданаш умури динӣ ва мазҳабиро ва ба бод сухрия гирифтани инҳо ҳамеша дар ашъораш ҳаст.)

(2) Онҷо, ки аз зарфи худаш қилқилкунон, замзамакунон мерезад дар шиша.

(3) Гӯӣ ҳуҷҷоҷ ҳастанд, ки миёни Ҳатим ва замзам доранд ҳаракат мекунанд.

(4) Адён яке аст, фарқ намекунад, агар ба дини Аҳмад ҳаром аст, ба дини Масеҳ бинӯш.

(5) Шуюъи шаробхорӣ ва фаҳшо дар миёни муслимин аз дайрҳои масеҳият оғоз шуд, чун масъалаи ифофи исломӣ ва ҳиҷоби исломӣ ва мамнӯияти шурби хамр, айёширо иҷоза намедод. Масеҳиҳо дар савмаъаҳо ва дайрҳои худашон роҳибаҳо ба унвони занҳои торики дунё доштанд, шароб ҳам доштанд, ҳамонҷоҳоро маркази айшу нӯш карда буданд, ва Шом ҳам муҷовири Қустантиния ва дар марз буд (он вақт Туркия ҷузъи масеҳият буд) ва дар худи Шом ҳам — махсусан дар деҳоти атрофи Шом — масеҳӣ зиёд буд.

(6) Зоҳиран исми маҳал Қазқазуна ё Фарқадуна буда.

(7) “Судӣ” як марди туркзабоне буда, ки бо адабиёти форсӣ ошно буда, девони Ҳофизро ба форсӣ шарҳ карда, вале шарҳаш шарҳи луғавӣ ва адабӣ аст, шарҳи ирфонӣ нест, ба мақосиди Ҳофиз ҳеч коре надорад, фақат барои туркҳое, ки бо форсӣ ошно бошанд, дар воқеъ таркиб мекунад: ин мубтадост, ин хабар аст…

(8) Ӯ “бе ҳисоб” навишта, вале мусаллам “бе ҳамол” аст, ғалат аз Судӣ аст.

(9) Албатта “сӯфӣ”-ро хеле авқот нақд ҳам мекунад. Баъзе аз инҳоро нақд карда, вале баъзеро нақд накардааст.

* * *

Қисматҳои дигари Ирфони Ҳофиз



Рубрики:Ирфони амалӣ, Ирфони назарӣ

Метки: , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: