Фалсафа ва равиши реализм (51)

Пайдоиши касрат дар идрокот (6)

Матни китоб:

Дар мақолаи гузашта яке аз натоиҷи асосӣ, ки гирифтем ин буд, ки улум ва идрокот мунтаҳӣ ба ҳисс мебошад. Ва албатта касе, ки барои нахустин бор ин қазияро нигоҳ кунад, ин ҳукмро куллӣ ва умумӣ талаққӣ хоҳад кард; ба ин маъно, ки ҳамаи улум ва идрокот ё бе восита ҳиссӣ мебошанд ё ба воситаи тасарруфе, ки дар як падидаи ҳиссӣ анҷом гирифта пайдо шудаанд. Ва агар бо восита ё бе восита пойи ҳисс дар миён набошад, илм ва идроке мавҷуд нахоҳад буд.

Вале ҳақиқат ҷуз ин аст. Зеро натиҷаи ҳар бурҳоне дар андозаи умуми худ, тобеъи бурҳони худ мебошад. Ва бурҳоне, ки барои исботи ин ҳукм иқома кардем, ба ин умум ва шумул набуд; чӣ, бурҳони мо (1) нотиқ буд ба ин ки: ҳар идрок ва илме, ки ба наҳве мунтабиқ ба маҳсус мебошад, аввалан ба лиҳози иртиботе, ки миёни мудракот мавҷуд аст, ва сониян ба лиҳози адами маншаияти осор, ки мудрак ва маълуми зеҳнӣ дорад, ё худ маҳсусест аз маҳсусот ва ё масбуқ аст ба маҳсусе аз маҳсусот; монанди инсони маҳсус, ки худ маҳсус аст, ва инсони хиёлӣ ва куллӣ, ки масбуқ ба инсони маҳсус мебошанд. Ва дар ҳамин маврид, агар фарз кунем, маҳсусе нест, ночор ҳеч гуна идрок ва илме низ пайдо нахоҳад шуд.

Пас, бурҳони мазбур ин ҳукмро аз роҳи робитае, ки як силсила аз мудракот бо маҳсус дошта ва тараттуби осоре, ки билқиёс ба маҳсусот дар мавриди онҳо набуда исбот менамояд, ва танҳо идрокеро, ки қобили интибоқ ба ҳисс буда ва мунтаҳӣ ба ҳисс нест, нафй мекунад. Ва аммо мутлақи идрокеро, ки мунтаҳӣ ба ҳисс набошад, нафй намекунад. Пас, агар идроке фарз шавад, ки қобили интибоқ ба ҳисс нест, чунин идрокеро бурҳони мазбур нафй намекунад.

* * *

Таълиқот:

(1) Ишора аст ба бурҳоне, ки дар мақолаи 4-ум аз ду роҳ иқома шуд барои исботи ин ки ҳар тасаввури куллӣ қобили интибоқ ба афроди маҳсуса бошад — аз қабили тасаввури “инсон”, “дарахт”, “ранг”, “шакл”, “миқдор”, “сатҳ” ва ғайра… — хоҳ нохоҳ бояд аз роҳи ҳавосс ва тамоси мустақим бо воқеияти шайъи маҳсус аз барои инсон пайдо шуда бошад, ва мумкин нест худ ба худ ва билфитра барои ақл ҳосил бошад. (Руҷӯъ шавад ба мақолаи 4-ум.) Он бурҳон сирфан мутаваҷҷеҳи ин ҳадаф буд, ки маърифат ва шиносоии табиат мустақиман аз роҳи идрокоти ҳиссии ҷузъӣ оғоз мешавад ва тамоми тасаввуроти башар марбут ба табиат, дар асари бархӯрди қувваҳои идрокӣ бо табиати айнии хориҷӣ тавлид шудааст. Ва дар бораи ин гуна тасаввурот аст, ки бо қатъи назар аз мусомиҳа дар таъбир, метавон гуфт: “Дунёи зеҳн инъикосе аз дунёи айнӣ аст.”

Ҳамон тавре ки дар мақолаи 4 гузашт, озмоишҳои умумӣ низ гувоҳӣ медиҳад, ки ҳар кас фоқиди ҳиссе аз ҳавосс аст, ҳамон тавре ки қудрати эҳсоси ҷузъии як силсила маҳсусоти марбут ба он ҳиссро надорад, қудрати идроки ақлӣ ва куллӣ ва тасаввури илмии онро низ надорад, ва ин ҷумлаи маъруф мансуб ба Арасту: “Ман фақада ҳиссан, фақада илман” (Касе, ки фоқиди ҳиссе аст, фоқиди илме аст), ки аз дерзамон дар забони аҳли илм шойеъ аст, дар ҳамин замина гуфта шудааст. Вале он бурҳон ва ин озмоиш танҳо дар мавриди тасаввурот ва мафҳумоте буд, ки қобили интибоқ ба маҳсус бошанд — аз қабили мафҳуми “инсон”, “дарахт”, “миқдор”, “ранг”, “шакл” ва ғайра… — на дар мавриди тамоми тасаввурот. Зеро баъдан гуфта хоҳад шуд, ки биззарура зеҳни башар воҷиди як силсила тасаввуроти дигаре низ ҳаст, ки аз роҳи ҳеч як аз ҳавосс қобили тавҷеҳ нест ва ночор аз роҳҳои дигар ва ба тартибҳои дигар вориди зеҳн мешаванд. Ва дар айни ҳол, гуфта хоҳад шуд, ки он тасаввурот низ ҳарчанд мустақиман аз роҳи ҳавосс вориди зеҳн нашудаанд, худ ба худ ва билфитра низ дар ақл мавҷуд нестанд, балки зеҳн пас аз ноил шудан ба як силсила идрокоти ҳиссӣ, ба тартибҳои махсус, ба онҳо ноил мешавад. Баёни иҷмолии боло, ки назарияи ин мақоларо дар масъалаи “роҳи ҳусули илм” (масъалаи 2 аз 3 масъалае, ки дар муқаддимаи мақола гузашт) шомил аст, мутазаммини чанд ҷиҳат аст ва мо барои ҷилавгирӣ аз ташвиши зеҳни хонандаи мӯҳтарам, ин ҷиҳотро таҷзия ва аз якдигар тафкик мекунем:

1) Зеҳн дар ибтидо аз ҳеч чизе ҳеч гуна тасаввуре надорад ва монанди лавҳи сафеде аст, ки фақат истеъдоди пазируфтани нақшро дорад, балки ба баёне, ки баъдан гуфта хоҳад шуд, нафс дар ибтидои такаввун фоқиди зеҳн аст. Аз ин рӯ, тасаввуроти фитрӣ ва зотӣ, ки бисёре аз фалосифаи ҷадиди Урупо қоил шудаанд, мақбул нест.

2) Тасаввурот ва мафоҳиме, ки қобили интибоқ ба маҳсус ҳастанд, аз роҳи ҳавосс вориди зеҳн шудаанд лоғайр.

3) Тасаввуроти зеҳнии башар мунҳасир нест ба он чӣ мунтабиқ ба афроди маҳсуса мешавад ва аз роҳи ҳавосси берунӣ ё дарунӣ мустақиман вориди зеҳн шудааст, (балки) тасаввурот ва мафоҳими зиёди дигаре ҳаст, ки аз роҳҳои дигар ва тартибҳои дигар вориди зеҳн шудааст.

4) Зеҳн ҳар мафҳумеро, ки месозад, пас аз он аст, ки воқеияте аз воқеиятҳоро ба наҳве ҳузуран ва бо илми ҳузурӣ пеши худ биёбад.

5) Нафс, ки дар ибтидо фоқиди ҳамаи тасаввурот аст, оғози фаъолияти идрокиаш аз роҳи ҳавосс аст.

Ин ҷиҳоти панҷгона ба тадриҷ дар зимни мақола ташреҳ хоҳад шуд.

Садрулмутааллиҳин аз роҳи басотати нафс бурҳон иқома мекунад, ки фаъолияти идрокии нафс аз роҳи ҳавосс оғоз мешавад ва ҳар як аз маълумот ва маъқулот ё мустақиман аз роҳи ҳисс ба даст омадааст ва ё он ки ҷамъ шудани идрокоти ҳиссӣ зеҳнро барои ҳусули он маълум омода кардааст ва нафс аз ноҳияи зоти худ (билфитра) наметавонад идроке аз ашёи хориҷӣ дошта бошад ва онҳоро таъаққул кунад.

Вай дар мабоҳиси ақлу маъқули “Асфор” фасле таҳти унвони “Дар ин ки нафс бо ин ки басит аст, чӣ гуна бар ин ҳама таъаққулоти бисёр қодир аст” мунъақид карда ва хулосаи он фасл ин аст:

Касрати маълулот, ба таври куллӣ, ё ба воситаи касрати илали эҷодкунанда аст ва ё ба воситаи касрати маҳалҳои қабулкунанда ва ё ба воситаи касрати олот ва ё ба воситаи тараттуби тӯлӣ ва иллат ва маълуле, ки байни худи маълулот аст. Дар мавриди нафс ва маълумоти вай, мумкин нест, ки ин такассур аз зоти нафс сарчашма бигирад, зеро нафс басит аст ва аз басит мумкин нест мутакассирот содир шавад. Ва бар фарзи тарккуб, ҷиҳоти таркибии нафс вофӣ нест ба ин ҳама таъаққулоти касира. Ва ҳамчунин мумкин нест, ки ин такассур мустанад ба ҷиҳоти мутакассираи қобил бошад, зеро дар мавриди маълумот, қобил низ худи нафс аст. Ва ҳамчунин мумкин нест такассури маълумотро аз роҳи тараттуби тӯлии маълумот тавҷеҳ кард, зеро медонем бисёре аз маълумот аст, ки робитаи тӯлӣ яъне иллият ва маълулият байни онҳо нест. Масалан, на метавон гуфт, ки тасаввури сафедӣ тавлидкунандаи тасаввури сиёҳӣ аст ва на метавон гуфт, тасаввури сиёҳӣ тавлидкунандаи тасаввури сафедӣ аст. Пас, аз ҳеч як аз ин се роҳ наметавон такассури маълумотро тавҷеҳ кард. Танҳо роҳи саҳеҳ, тавҷеҳи такассури маълумот касрати олоти ҳиссия аст.

Касрати олоти ҳиссия аз як тараф ва таъаддуди эҳсосҳои ҷузъӣ аз тарафи дигар, ки дар тӯли замон ба воситаи ҳолот ва шароит ва ҳаракот ва кӯшишҳои мухталиф, ки инсон барои ағроз ва ғоёти мухталиф мекунад пайдо мешавад, мӯҷиб мешавад, ки суратҳои маҳсусаи зиёде дар зеҳн ҷамъ шавад. Ин иҷтимоъ ва тарокуми идрокоти ҳиссӣ нафсро мустаъид (омода) мекунад барои пайдоиши бадеҳиёти тасаввурӣ ва бадеҳиёти тасдиқӣ. Пас аз пайдоиши бадеҳиёт, такассури маълумот ба таври дигаре оғоз мешавад, ба ин наҳв ки зеҳн онҳоро бо шаклҳо ва суратҳои мухталиф таркиб мекунад ва ҳудуд ва қиёсот месозад ва ба анвоъи натоиҷ ноил мешавад ва аз ин роҳ улуми назариро касб мекунад ва қудрати то бениҳоят ҷилав рафтанро пайдо мекунад. Ва хулоса ин ки пайдоиши бадеҳиёти аввалияи касира мустанад аст ба касрати олоти ҳиссия ва касрати эҳсосҳои ҷузъӣ. Ва пайдоиш ва такассури улуми назарӣ мустанад аст ба анвоъи таркиботе, ки дар бадеҳиёт сурат мегирад ва албатта дар хусуси маълумоти назарӣ ба ҳасби робитае, ки байни ҳар муқаддима ва натиҷааш ҳаст тараттуб иллӣ ва маълулӣ барқарор аст.”

Хонандагони мӯҳтарам огоҳанд, ки дар мушоҷираи азим ва тӯлонии ҳисгароён ва ақлгароён, ки дар муқаддимаи мақола баён шуд, танҳо роҳе, ки ҳисгароён дар мақоми радди ақидаи ақлгароён пайдо кардаанд, ҳамон роҳи озмоиш аст, ки ишора шуд, вале ин бурҳон ва бурҳоне, ки дар мақолаи 4 гузашт, барои касоне, ки ба усули фалсафӣ огоҳанд далели қотеъест бар нафйи идрокоти фитрӣ ба он тартибе, ки ақлгароён фарз кардаанд.

Нуктае, ки лозим аст тазаккур дода шавад ин аст, ки бурҳони мазбур танҳо ақидаи ақлгароёни ҷадидро ботил мекунад, аммо назарияи мансуб ба Афлотун мубтанӣ бар вуҷуди қаблии руҳ ва мушоҳидаи “мусул”, бо ин далел қобили ибтол нест. Дар мақоми радди назарияи Афлотун далелҳои дигаре мубтанӣ бар ҳудуси нафс ва моддӣ будани ибтидоии он мавҷуд аст, ки дар ҷойи худ мастур ва аз ҳудуди ин мақола хориҷ аст.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм



Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: